БА ПРОКУРОР ИРСОЛ КАРДАНИ ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ БО ФИКРИ АЙБДОРКУНӢ

БОБИ 28.

БА ПРОКУРОР ИРСОЛ КАРДАНИ ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ БО ФИКРИ АЙБДОРКУНӢ

Моддаи 239.
Эълони анҷоми тафтиши пешакӣ оид ба парвандаи ҷиноятӣ

1. Муфаттиш бо эътирофи он ки тамоми амалҳои тафтишӣ аз рўи парвандаи ҷиноятӣ анҷом дода шудаанд ва далелҳои ҷамъоварда барои тартиб додани фикри айбдоркунӣ кифояанд, вазифадор аст, ки дар ин бора айбдоршавандаро огоҳ созад ва ба ў фаҳмонад, ки ҳуқуқ дорад шахсан ё бо ёрии ҳимоятгар ба тамоми маводи парванда шинос шуда, дар бораи пурра кардани тафтиши пешакӣ барои қабул кардани қарори дигар нисбат ба парванда дархост кунад.

2. Муфаттиш дар бораи анҷоми тафтиши пешакӣ ва ҳуқуқи шинос шудан бо маводи парванда ва арзи дархост вазифадор аст, ки ҳимоятгари айбдоршавандаро, ба шарте, ки ў дар парванда иштирок намояд, инчунин ҷабрдида ва намояндаи ў, даъвогари гражданӣ, ҷавобгари гражданӣ ва намояндагони онҳоро огоҳ созад.

3. Агар ҳимоятгари айбдоршаванда ё намояндаи ҷабрдида, даъвогари гражданӣ, ҷавобгари гражданӣ бо сабабҳои узрнок барои шинос шудан бо парванда дар вақти муайяншуда ҳозир шуда натавонад, муфаттиш мўҳлати шиносшавиро ба муддати на бештар аз панҷ шабонарўз ба таъхир мегузорад. 

4. Дар сурати ҳозир нашудани ҳимоятгар ё намоянда дар давоми ин мўҳлат муфаттиш барои ҳозир шудани ҳимоятгар ё намояндаи дигар чора меандешад.

Моддаи 240
. Бо маводи парвандаи ҷиноятӣ шинос кардани ҷабрдида, даъвогари гражданӣ, ҷавобгари гражданӣ ва намояндагони онҳо

1. Муфаттиш дар ҳолати изҳори дархости шифоҳӣ ё хаттии ҷабрдида, намояндаи ў, даъвогари гражданӣ, ҷавобгари гражданӣ ва намояндагони онҳо ин шахсонро бо ҳамаи маводи парванда ё бо он қисмати парванда, ки онҳо шинос шудан мехоҳанд, шинос мекунад. Агар даъвогари гражданӣ, ҷавобгари гражданӣ ё намояндаи онҳо дар бораи шинос шудан бо маводи парванда дархост арз карда бошанд, танҳо бо он қисме, ки ба даъвои гражданӣ дахл дорад, шинос карда мешавад.

2. Шинос кардан бо тартиби пешбиникардаи моддаи 241 Кодекси мазкур сурат мегирад.

Моддаи 241
. Шинос кардани айбдоршаванда ва ҳимоятгари ў бо маводи парванда

1. Муфаттиш талаботи моддаҳои 239-240 Кодекси мазкурро иҷро намуда, ба айбдоршаванда ва ҳимоятгари ў тамоми маводи парвандаро, ки бояд дўхта ва рақамгузорӣ шаванд, пешниҳод мекунад. Барои шиносоӣ инчунин далелҳои шайъӣ пешниҳод гардида, бо хоҳиши айбдоршаванда ё ҳимоятгари ў фонограмма, сабти видео, кинофилмҳо, слайдҳо, ба шарте, ки онҳо ба протоколи амали тафтишӣ замима гардида бошанд, барои шунидан ва тамошо кардан низ пешниҳод мешаванд. Бо хоҳиши айбдоршаванда ё ҳимоятгари ў онҳо метавонанд бо маводи парванда якҷоя ё дар алоҳидагӣ шинос карда шаванд.

2. Агар парванда аз якчанд ҷилд иборат бошад, айбдоршаванда ва ҳимоятгар дар ҷараёни шиносшавӣ бо маводи парванда ҳуқуқ доранд такроран ба ҳар як ҷилди он баргарданд, аз онҳо ҳама гуна маълумотро ба андозаи гуногун рўйнавис кунанд, аз ҷумла ҳуҷҷатҳоро бо ёрии воситаҳои техникӣ нусхабардорӣ намоянд, ки бояд аз ҷониби муфаттиш тасдиқ карда шаванд. Рўйнависҳо ва нусхаи ҳуҷҷатҳои парванда, ки дорои маълумоти сирри давлатӣ, тиҷоратӣ ё дигар сирри бо қонун ҳифзшаванда мебошанд, дар парванда нигоҳ дошта шуда‚ ба айбдоршаванда ва ҳимоятгари ў ҳангоми муҳокимаи судӣ супурда мешаванд.

3. Мўҳлате, ки барои шинос шудани айбдоршаванда ва ҳимоятгари ў бо ҳамаи маводи парванда зарур аст, маҳдуд карда намешавад. Агар айбдоршаванда ё ҳимоятгар мўҳлати шиносшавиро бо маводи парванда кашол диҳанд, муфаттиш хуқуқ дорад бо қарори асосноки худ мўҳлати муайянро, ки барои шинос шудан бо маводи парванда кифоя аст, муқаррар намояд.

4. Пас аз анҷоми шиносоии айбдоршаванда ва ҳимоятгар бо маводи парванда муфаттиш вазифадор аст аз онҳо пурсад, ки оё онҳо мехоҳанд дархост арз намоянд ва боз дар бораи чӣ арз кардан мехоҳанд.

Моддаи 242
. Протокол дар бораи шиносоӣ бо маводи парвандаи ҷиноятӣ

1. Дар хусуси ба айбдоршаванда эълон кардани анҷоми тафтиши пешакӣ ва шиносоӣ бо ҳамаи маводи парванда протоколи ягона тартиб дода, дар он маҳал ва санаи гузаронидани амалҳои тафтишӣ, вақти оѓоз ва анҷоми он, вазифа, фамилия, ном ва номи падари шахси протоколро тартибдода, бо кадом парвандаи ҷиноятӣ шиносоӣ сурат мегирад, фамилия, ном, номи падари  айбдоршаванда ва моддаи Кодекси ҷиноятӣ, ки дар асоси он ба ў айб эълон карда шудааст, хоҳиши айбдоршаванда бобати шиносоӣ бо иштироки ҳимоятгар ё бе иштироки ў (оид ба парвандаҳое, ки иштироки ҳимоятгар дар онҳо ҳатмӣ нест), дар бораи таъмин бо тарҷумон, варақа ва ҷилди парванда бо нишон додани вақт ва санаи шиносшавӣ, дархости айбдоршаванда ва ҳимоятгар баъди шиносоӣ бо парванда, ба шарте, ки бошанд, нишон дода мешавад. Протоколро шахсони дар шиносоӣ иштирокдошта имзо мекунанд. Зимни тартиб додани протокол талаботи моддаи 172 Кодекси мазкур низ риоя карда мешавад. Дар бораи шиносоии ҷабрдида ва намояндаи ў, даъвогари гражданӣ ва ҷавобгари гражданӣ ё намояндагони онҳо тибқи талаботи ҳамин модда протокол тартиб дода мешавад.

2. Агар шиносоӣ бо маводи парванда аз ҷониби айбдоршаванда ва ҳимоятгари ў ё ҷабрдида ва намояндаи ў якҷоя сурат гирифта бошад, протоколи ягона тартиб дода мешавад.

Моддаи 243
. Арзи дархост ва баррасии он

1. Дархости айбдоршаванда ва ҳимоятгари ў, инчунин ҷабрдида, даъвогари гражданӣ, ҷавобгари гражданӣ ва намояндагони онҳо, ки пас аз шиносоӣ бо маводи парванда шифоҳӣ изҳор шудаанд, дар протоколи шиносоӣ бо маводи парванда инъикос карда мешаванд.

2. Агар иштирокчии парванда дар бораи додани дархости хаттӣ арз кунад, барои таҳияи он вақти муайян ҷудо карда‚ дар ин бора дар протокол сабт карда, сипас он хаттӣ ба парванда замима карда мешавад.

3. Мутобиқи моддаи 175 Кодекси мазкур муфаттиш ҳуқуқ надорад қонеъ намудани дархостро дар бораи муайян кардани ҳолатҳое, ки барои парванда дорои аҳамият мебошанд, рад кунад. Дар чунин ҳолатҳо муфаттиш вазифадор аст тафтиши пешакиро пурра намояд, зимнан бо маводи парвандаи ҷиноятӣ шинос шудани иштирокчиёни дигари мурофиа ба ҳалли дархост ва дар сурати ҳал гаштани он ба гузаронидани тафтиш монеъ намешавад.

4. Пас аз гузарондани амали иловагии тафтишӣ муфаттиш вазифадор аст иштирокчиёни мурофиаро аз хатми тафтиши пешакӣ аз нав огоҳ созад ва ба онҳо шароит фароҳам оварад, ки бо маводи иловагии парванда шинос шаванд.

5. Дар сурати пурра ё қисман рад намудани қонеъгардонии дархост муфаттиш қарор бароварда, тартибу мўҳлати шикоят оварданро фаҳмонида, нусхаи қарорро ба аризадиҳанда равон мекунад.

Моддаи 244
. Фикри айбдоркунӣ

1. Пас аз анҷоми тафтиши пешакӣ ва бо маводи парванда шинос кардани шахсони дар моддаи 239 Кодекси мазкур номбаршуда муфаттиш фикри айборкуниро тартиб медиҳад.

2. Фикри айбдоркунӣ аз қисми муқаддима, баёнию асосноккунӣ ва хулоса иборат аст.

3. Дар қисми муқаддима муфаттиш ном, номи падар ва фамилияи айбдоршаванда (айбдоршавандагон)-ро, ки нисбат ба ў (онҳо) фикри айбдоркунӣ таҳия мегардад, модда, қисм ва банди қонуни ҷиноятӣ, ки мувофиқи он амали ў бандубаст мешавад, инъикос мекунад.

4. Дар қисми баёнию асосноккунӣ инҳо инъикос мегарданд:

– моҳияти айбдоркунӣ;

– маҳал ва вақти содир намудани ҷиноят;

– усул, сабаб, оқибат ва ҳолатҳои дигари муҳим;

– маълумот дар бораи ҷабрдида, хусусият ва андозаи зарари ба ў расонидашуда, даъвогар ва ҷавобгари гаражданӣ;

– далелҳои тасдиқкунандаи гуноҳи айбдоршаванда;

– ҳолатҳои сабуккунанда ва вазнинкунандаи ҷазо;

– ваҷҳҳое, ки айбдоршаванда барои ҳимояи худ пеш меорад ва натиҷаи санҷиши ин ваҷҳҳо.

5. Фикри айбдоркунӣ бояд истинод ба ҷилд ва саҳифаҳои парвандаро дар бар гирад.

6. Дар қисми хулоса маълумоти шахсияти айбдоршаванда, ифодаи айби эълоншуда бо нишон додани қонуни ҷиноятӣ (модда, қисм, банд), ки барои ҳамин ҷиноят ҷавобгариро пешбинӣ мекунад, зикр мегардад.

7. Муфаттиш маҳал ва санаи таҳияи фикри айбдоркуниро нишон дода, онро имзо мекунад.

Моддаи 245
. Замима ба фикри айбдоркунӣ

1. Ба фикри айбдоркунӣ рўйхати айбдоршаванда, ҷабрдида, шоҳидон, коршинос, ки бояд ба маҷлиси суд даъват шаванд, замима мегардад. 

2. Ба фикри айбдоркунӣ инчунин маълумотнома дар бораи мўҳлати тафтиш, чораҳои интихобшудаи пешгирӣ бо нишон додани мўҳлати нигоҳ доштан дар ҳабс ва ҳабси хонагӣ, дар хусуси далелҳои шайъӣ ва ҷойи нигоҳдошти онҳо, даъвои гражданӣ, дар бораи чораҳое, ки барои таъмини даъвои гражданӣ ва имконпазирии мусодираи молу мулк андешида шудаанд, хароҷоти мурофиавӣ замима карда мешаванд.

3. Дар рўйхати шахсоне, ки бояд ба маҷлиси суд даъват карда шаванд,  ном, номи падар ва фамилия, маҳалли зист ё будубоши онҳо ва варақаҳои парванда, ки дар он нишондоди онҳо ё хулосаҳо инъикос гардидаанд, зикр мешаванд. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун ва Кодекси мазкур дар ин рўйхат танҳо тахаллуси  шахсоне, ки бояд ба маҷлиси суд даъват карда шаванд, сабт мегардад.

Моддаи 246
. Ба прокурор ирсол кардани парвандаи ҷиноятӣ

Баъди аз ҷониби муфаттиш имзо шудани фикри айбдоркунӣ парвандаи ҷиноятӣ фавран ба прокурор равон карда мешавад.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.