ТАЪИНИ МУҲОКИМАИ СУДӢ ВА ОМОДАГӢ БА ОН

БОБИ 31.

ТАЪИНИ МУҲОКИМАИ СУДӢ ВА ОМОДАГӢ БА ОН
Моддаи 261. Салоҳияти судя оид ба парвандаи ба суд воридшуда

1. Судя оид ба парвандаи ҷиноятии ба суд воридшуда яке аз  қарорҳои зеринро қабул мекунад:

– дар бораи таъин намудани маҷлиси суд;

– дар бораи баргардонидани парванда ба тафтиши иловагӣ;

– дар бораи боздоштани пешбурди парванда;

– дар бораи тибқи тобеияти судӣ фиристодани парванда;

– дар бораи  қатъ кардани парванда.

2. Оид ба парвандаи ҷиноятӣ судя санади худро дар шакли қарор қабул мекунад, ки дар он бояд инҳо нишон дода шаванд:

– вақт ва маҳалли қабул кардани қарор;

– мансаб, фамилия, ном ва номи падари судяе, ки қарор қабул кардааст;

– асос ва моҳияти қарорҳои қабулшуда.

3. Қарор бояд дар мўҳлати на дертар аз чордаҳ шабонарўз аз лаҳзаи ба суд ворид шудани парвандаи ҷиноятӣ қабул карда шавад. Барои парвандаҳои мураккаб ва ҳаҷман калон мўҳлат мумкин аст бо қарори раиси суд то як моҳ дароз карда шавад.
Моддаи 262. Муайян намудани ҳолатҳои вобаста ба парвандаи ҷиноятии ба суд воридшуда 

1. Ҳангоми ба суд ворид шудани парвандаи ҷиноятӣ судя бояд ҳолатҳои зеринро муайян кунад:

– парванда таҳти тобеияти ҳамин суд қарор дорад ё не;

– ҳолатҳое, ки боиси қатъ ё боздоштани пешбурди ҳамин парванда мегарданд, вуҷуд доранд ё не;

– ҳангоми пешбурди таҳқиқ ва тафтиши пешакӣ ба вайрон кардани қонуни мурофиавии ҷиноятӣ, ки барои таъин намудани маҷлиси суд монеа шуда метавонад, роҳ дода шудааст ё не;

– нусхаи фикри айбдоркунӣ ё қарори оѓоз намудани парвандаи ҷиноятӣ оид ба пешбурди суръатнок супурда шудаанд ё не;

– чораи пешгирии интихобгардидаро таѓйир додан ё бекор кардан зарур аст ё не;

– ҷиҳати таъмини рўёнидани товони зарар, ки дар натиҷаи содир намудани ҷиноят расонида шудааст ва эҳтимоли мусодираи молу мулк чора андешида шудааст ё не;

– ариза ва дархостҳо қобили қонеъ гардониданианд ё не.

2. Ҳангоми баррасии ариза ва дархостҳо судя ҳуқуқ дорад барои додани тавзеҳот шахс ё намояндаи ташкилотеро, ки дархостро пешниҳод кардааст, даъват кунад. 

3. Аз натиҷаи баррасии дархост шахс ё муассисаи дархостро пешниҳоднамуда хабардор карда мешавад. Рад намудани дархост мавриди шикоят қарор дода намешавад, аммо онро аз нав дар маҷлиси суд пешниҳод намудан мумкин аст. 
Моддаи 263. Таъин кардани маҷлиси суд

1. Судя мавҷуд набудани асосҳои барои баррасии парванда дар маҷлиси суд монеашавандаро муайян намуда, дар бораи таъини маҷлиси суд қарор мебарорад.

2. Дар қарори таъини маҷлиси суд масъалаҳои зайл ҳал карда мешаванд:

–  дар бораи ҷой ва вақти муҳокимаи судӣ;

–  дар бораи дар муҳокимаи судӣ иштирок доштани ҳимоятгар, ба шарте, ки иштироки вай ҳатмӣ бошад;

–  дар бораи шахсоне, ки ба маҷлиси суд даъват карда мешаванд;

– дар хусуси дар маҷлиси пўшидаи суд баррасӣ кардани парванда дар ҳолатҳои пешбининамудаи моддаи 273 Кодекси мазкур. 

3. Дар баробари масъалаҳои дар қисми 2 ҳамин модда зикршуда дар қарори таъини маҷлиси суд бояд чораи пешгирӣ нисбат ба шахсоне, ки аз рўи парвандаи ҷиноятӣ айбдор дониста мешаванд, маълумот дар бораи шахсияти онҳо‚ бандубасти ҷинояте, ки ба онҳо нисбат дода мешавад, инъикос гардад.

4. Тарафҳо бояд дар мўҳлати на камтар аз панҷ шабонарўз дар бораи вақти оѓози муҳокимаи суд огоҳ карда шаванд.
Моддаи 264. Баргардонидани парвандаи ҷиноятӣ барои тафтиши иловагӣ

1. Дар ҳолати ҷиддан риоя накардани талаботи қонуни мурофиавии ҷиноятӣ дар мурофиаи судӣ судя ҳуқуқ дорад парвандаро барои тафтиши иловагӣ баргардонад. 

2. Парвандаи ҷиноятӣ барои тафтиши иловагӣ ба прокурор баргардонида мешавад. Судя бояд дар қарори худ зикр кунад, ки парванда дар кадом асос баргардонида шудааст ва ба таври мушаххас кадом амали тафтиширо ҳангоми тафтиши иловагӣ гузаронидан зарур аст. 

3. Ҳангоми ба тафтиши иловагӣ баргардонидани парванда судя бояд масъалаи татбиқи чораи пешгириро нисбат ба айбдоршаванда ҳал кунад.
Моддаи 265. Боздоштани пешбурди парвандаи ҷиноятӣ

1. Суд, судя пешбурди парвандаи ҷиноятиро дар ҳолатҳои зайл бозмедорад:

– ҳангоме ки айбдоршаванда пинҳон шудааст ва маҳалли будубоши ў маълум нест;

– ҳангоми бемори вазнин будани айбдоршаванда, ки аз ҷониби духтури муассисаи давлатӣ тасдиқ карда шудааст;

– ҳангоми пешниҳоди суд, судя ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи конститутсионӣ будани қонуни дар ҳамин парванда татбиқшуда;

– ҳангоми таъин намудани экспертиза.

2. Судя дар бораи боздоштани пешбурди парванда қарор қабул мекунад.

3. Ҳангоми боздоштани пешбурди парванда бо асосҳои пешбининамудаи сархати якуми қисми 1 ҳамин модда парвандаи ҷиноятӣ барои кофтукови айбдоршаванда ба прокурор баргардонида мешавад. Агар асосҳои боздоштани парванда аз байн рафта бошанд, пешбурди он аз сари нав оѓоз карда мешавад.
Моддаи 266. Равон кардани парвандаи ҷиноятӣ аз рўи тобеияти судӣ

Агар судя масъалаи таъини муҳокимаи судиро ҳаллу фасл намуда, муайян намояд, ки парвандаи ҷиноятӣ ба ҳамин суд тобеият надорад, онро бо қарори худ тибқи талаботи боби 30 Кодекси мазкур аз рўи тобеият равон мекунад. 
Моддаи 267. Чораҳои таъмини даъвои гражданӣ ва мусодираи  молу мулк

Дар сурати аз ҷониби таҳқиқбаранда, муфаттиш ва прокурор наандешидани чорае, ки рўёнидани товони зарари бо ҷиноят расонидашуда ва эҳтимоли мусодираи молу мулкро таъмин менамояд, судя бо қарори худ мақомоти тафтишотро вазифадор мекунад, ки чораҳои зарури таъминотӣ андешанд.
Моддаи 268. Қатъ кардани пешбурди парвандаи ҷиноятӣ

1. Судя ҳангоми мавҷуд будани асосҳои дар сархатҳои сеюм-нўҳуми қисми 1 моддаи 27 Кодекси мазкур нишондодашуда оид ба қатъ намудани парванда қарор мебарорад. Судя дар бораи қатъ намудани парванда қарор бароварда, чораи пешгирӣ, даъвои гражданӣ, мусодираи молу мулкро таѓйир медиҳад ва масъалаи далелҳои шайъиро ҳал мекунад. Нусхаи қарори судя дар бораи қатъ намудани парванда ба прокурор, инчунин ба шахси ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидашуда  ва ба ҷабрдида супурда мешавад.

2. Судя инчунин ҳангоми мавҷуд будани асосҳои дар моддаи 28 Кодекси мазкур нишондодашуда бо дархости прокурор ва ризои ҷабрдида метавонад парвандаро қатъ кунад.

3. Нисбати қарор дар бораи қатъ кардани пешбурди парвандаи ҷиноятӣ шикоят ва эътироз кардан мумкин аст.
Моддаи 269. Тайёр намудани муҳокимаи судӣ

Баъди аз ҷониби судя баровардани қарор дар бораи таъин намудани маҷлиси суд бо супориши ў котиби маҷлиси суд:

– ба судшаванда ва ҷабрдида нусхаи қарори чораи пешгириро нисбат ба судшаванда мефиристад, ба шарте, ки он аз тарафи судя таѓйир дода шуда бошад;

– ба маҷлиси суд шахсонеро даъват менамояд, ки дар бораи зарурати даъвати онҳо судя дар қарори таъин кардани маҷлиси суд нишон додааст;

– дигар чораҳоро оид ба тайёр кардани муҳокимаи судӣ меандешад.
Моддаи 270. Ба тарафҳо таъмин намудани имконияти шиносоӣ бо маводи парванда

Судя баъди таъини маҷлиси суд вазифадор аст ба тарафҳо дар асоси дархости онҳо барои шиносоӣ бо ҳамаи маводи парвандаи ҷиноятӣ ва аз он рўйнавис кардани маълумоти зарурӣ имконият фароҳам оваранд.
Моддаи 271. Мўҳлати оѓози муҳокимаи парвандаи ҷиноятӣ дар маҷлиси суд

Баррасии парвандаи ҷиноятӣ бояд дар мўҳлати на дертар аз чордаҳ шабонарўз аз лаҳзаи баровардани қарори судя дар бораи таъин намудани маҷлиси суд, дар ҳолатҳои истисноӣ бошад, дар мўҳлати сӣ шабонарўз дар маҷлиси суд оѓоз карда шавад.

test

Добавить комментарий