ҚИСМИ ОМОДАСОЗИИ МАҶЛИСИ СУД

БОБИ 33.

ҚИСМИ ОМОДАСОЗИИ МАҶЛИСИ СУД
Моддаи 296. Оѓози маҷлиси суд

Раисикунанда маҷлиси судро дар вақти таъиншуда кушода, эълон мекунад, ки кадом парвандаи ҷиноятӣ мавриди баррасӣ қарор мегирад.
Моддаи 297. Муайян кардани ҳозиршавӣ ба суд 

Котиб дар бораи ба суд ҳозир шудани прокурор, судшаванда, ҳимоятгар, ҷабрдида, даъвогари гражданӣ, ҷавобгари гражданӣ ва намояндагони онҳо, тарҷумон, шоҳидон, коршиносон ва мутахассисон ва оид ба сабабҳои ҳозир нашудани дигар иштирокчиён ахборот медиҳад.
Моддаи 298. Ба тарҷумон фаҳмондани ҳуқуқу ўҳдадориҳояш 

1. Раисикунанда ба тарҷумон ўҳдадориҳои зерини ўро мефаҳмонад: 

– ба суд нишондод ва баёноти шахсони иштирокчии парвандаро, ки забони пешбурди мурофиаро намедонанд ва ба ин шахсон мазмуни нишондод, баёнот ва ҳуҷҷатҳоеро, ки дар суд эълон шудаанд, дақиқ ва пурра тарҷума кунад;

– амри раисикунанда ва қарори суд, судяро тарҷума кунад.

2. Ба тарҷумон инчунин бояд ҳуқуқҳои зерини ў фаҳмонда шаванд:

– савол додан ба иштирокчиёни парванда бо мақсади дақиқ намудани тарҷума;

– шинос шудан бо протоколи маҷлиси суд ва баён кардани эрод оид ба дурустии сабти тарҷумааш. 

3. Тарҷумон аз ҷониби раисикунанда дар бораи ҷавобгарии ҷиноятӣ барои дидаю дониста нодуруст тарҷума кардан огоҳонида шуда, дар ин бора аз ў забонхат гирифта мешавад ва он ба протоколи маҷлиси суд замима мегардад. 

4. Ба тарҷумон фаҳмонда мешавад, ки барои саркашӣ аз иҷрои ўҳдадорӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

Моддаи 299. Баровардани шоҳидон аз толори маҷлиси суд

Шоҳидони ҳозиршуда то оѓози пурсиш аз толори маҷлиси суд бароварда мешаванд. Раисикунанда барои он ки шоҳидони аз ҷониби суд пурсиданашуда бо шоҳидони пурсидашуда, инчунин бо дигар шахсони дар толори маҷлиси суд ҳузурдошта гуфтугў накунанд, чора меандешад.
Моддаи 300. Муайян намудани шахсияти судшаванда ва сари вақт ба ў супурдани нусхаи фикри айбдоркунӣ

Раисикунанда шахсияти судшаванда, ном, номи падар, фамилия, сол, моҳ, рўз ва ҷои таваллуд, донистани забоне, ки бо он пешбурди парванда гузаронида мешавад, инчунин ҷои истиқомат, машѓулият, таҳсилот, вазъи оилавӣ ва дигар маълумотро, ки ба шахсияти ў алоқаманд аст, пурсида муайян мекунад. Сипас раисикунанда муайян мекунад, ки оё ба судшаванда нусхаи фикри айбдоркунӣ ё қарори мақомоти таҳқиқ оид ба оѓози парвандаи ҷиноятӣ супурда шудааст ва кай ин кор анҷом дода шудааст. Муҳокимаи судиро дар мўҳлати на пештар аз се шабонарўз аз рўзи супоридани фикри айбдоркунӣ ё қарори мақомоти таҳқиқ оид ба оѓози парвандаи ҷиноятӣ сар кардан мумкин нест.
Моддаи 301. Эълони ҳайати суд, дигар иштирокчиёни мурофиа ва фаҳмондани ҳуқуқи рад кардан

1. Раисикунанда ҳайати судро эълон карда, маълум мекунад, ки кадоме аз иштирокчиён айбдоркунанда, ҳимоятгар, ҷабрдида ва намояндаи ў, даъвогари гражданӣ, ҷавобгари гражданӣ ва намояндаи онҳо, инчунин котиби маҷлиси суд, коршинос, мутахассис ва тарҷумон мебошанд. Раисикунанда ба тарафҳо ҳуқуқашонро дар бораи тибқи қоидаҳои боби 8 Кодекси мазкур изҳор намудани раддия нисбат ба ҳайати суд, яке аз судяҳо, инчунин нисбат ба ҳар як шахси иштирокчии мурофиаи дар ҳамин модда зикршуда мефаҳмонад.

2. Агар дар маҷлиси суд машваратчии эҳтиётӣ иштирок намояд, раисикунанда дар ин бора эълон мекунад. Ба машваратчии эҳтиётӣ низ раддия арз кардан мумкин аст.
Моддаи 302. Ба судшаванда фаҳмондани ҳуқуқҳояш

Дар муҳокимаи судӣ раисикунанда ба судшаванда ҳуқуқҳояшро, ки дар моддаи 47 Кодекси мазкур пешбинӣ шудаанд, мефаҳмонад.
Моддаи 303. Ба ҷабрдида, даъвогари гражданӣ ва ҷавобгари гражданӣ фаҳмондани ҳуқуқҳояшон

Раисикунанда ба ҷабрдида, даъвогари гражданӣ, ҷавобгари гражданӣ ва намояндагони онҳо ҳуқуқҳояшонро, ки мувофиқан мутобиқи моддаҳои 42, 44, 54 ва 55 Кодекси мазкур пешбинӣ гардидаанд, мефаҳмонад. Ба ҷабрдида оид ба парвандаҳои айбдоркунии хусусӣ ва хусусӣ-умумӣ, инчунин оид ба ҷиноятҳои начандон вазнин ва дараҷаи миёна ҳуқуқҳояш дар бораи оштӣ шудан бо судшаванда фаҳмонда мешавад.
Моддаи 304. Ба коршинос фаҳмондани ҳуқуқу ўҳдадориҳояш

Раисикунанда ба коршинос ҳуқуқу ўҳдадориҳояшро, ки дар моддаи 58 Кодекси мазкур пешбинӣ намудааст, фаҳмонда, ўро дар бораи ҷавобгарии ҷиноятӣ барои додани хулосаи бардурўѓ огоҳ месозад ва аз ў забонхат мегирад, ки он ба протоколи маҷлиси суд ҳамроҳ карда мешавад.
Моддаи 305. Ба мутахассис фаҳмондани ҳуқуқу ўҳдадориҳояш

Раисикунанда ба мутахассис ҳуқуқу ўҳдадориҳояшро, ки моддаи 57 Кодекси мазкур пешбинӣ намудааст, фаҳмонда, ўро дар бораи ҷавобгарии ҷиноятӣ барои рад ё саркашӣ аз иҷрои ўҳдадориҳои пешбиникардаи Кодекси мазкур огоҳ намуда, аз ў забонхат мегирад, ки он ба протоколи маҷлиси суд ҳамроҳ карда мешавад. 
Моддаи 306. Изҳори дархост ва баррасии он

1. Раисикунанда аз тарафҳо мепурсад, ки оё онҳо дар хусуси даъвати шоҳидону, коршиносон, мутахассисони нав ва талаб карда гирифтани далелҳои шайъӣ ё ҳуҷҷатҳо дархост доранд ё не. Шахсе, ки ба суд дархост пешниҳод кардааст, бояд нишон диҳад, ки барои муайян кардани маҳз кадом ҳолатҳо далелҳои иловагӣ заруранд.

2. Суд, судя фикри дигар иштирокчиёни муҳокимаи судиро шунида, бояд ҳар як дархости баёншударо мавриди баррасӣ қарор дода, онҳоро қонеъ гардонад ё дар бораи рад кардани дархост таъиноти (қарори) асоснок барорад.

3. Суд, судя ҳуқуқ надорад, ки қонеъ кардани дархости пурсиши шоҳидонро дар маҷлиси суд, ки бо ташаббуси тарафҳо ҳозир шудаанд, рад намояд.

4. Шахсе, ки дархосташ аз тарафи суд, судя рад шудааст, ҳуқуқ дорад минбаъд низ ба суд дархост пешниҳод кунад.
Моддаи 307. Ҳалли масъала дар бораи имконпазирии баррасии парвандаи ҷиноятӣ ҳангоми иштирок надоштани  яке аз иштирокчиёни муҳокимаи судӣ

1. Ҳангоми ҳозир нашудани яке аз иштирокчиёни муҳокимаи судӣ, аз ҷумла шоҳид, коршинос ё мутахассис суд фикру андешаи тарафҳоро дар хусуси имконпазирии муҳокимаи парвандаи ҷиноятӣ шунида, оид ба идомаи муҳокима ё мавқуф гузоштани он таъиноти (қарори) асоснок мебарорад.

2. То ҳалли масъала мавқуф гузоштани муҳокимаи парванда суд, судя метавонад тафтиши судиро оѓоз намуда, шоҳидони ҳозиршуда, коршинос ё мутахассис, ҷабрдида, даъвогари гражданӣ, ҷавобгари гражданӣ, намояндагони онҳоро пурсиш кунад ва сипас дар бораи мавқуф гузоштани муҳокима таъинот (қарор) барорад. Агар пас аз ин парванда дар ҳамон ҳайати суд баррасӣ карда шавад, шахсони пурсидашуда ба маҷлиси суд танҳо дар ҳолатҳои зарурӣ такроран даъват карда мешаванд.

test

Добавить комментарий