МУЗОКИРАИ СУДӢ ВА СУХАНИ  ОХИРИНИ СУДШАВАНДА

БОБИ 35.

МУЗОКИРАИ СУДӢ ВА СУХАНИ  ОХИРИНИ СУДШАВАНДА
Моддаи 328. Мазмун ва тартиби музокираи судӣ

1. Суд, судя баъди анҷоми тафтиши судӣ ба музокираи судӣ мегузарад, ки он аз нутқи айбдоркунанда, ҷабрдида ё намояндаи ў, даъвогари гражданӣ, ҷавобгари гражданӣ ё намояндагони онҳо, судшаванда дар ҳолати даст кашидан аз ҳимоятгар ва ҳимоятгар иборат мебошад. Пайдарҳамии баромади иштирокчиёни музокираи судӣ тибқи пешниҳоди онҳо аз ҷониби суд муайян гардида, вале дар ҳама ҳолат айбдоркунандаи давлатӣ ё хусусӣ, ки мутобиқи натиҷаҳои тафтиши судӣ бояд хулосаро дар бораи айбдории судшаванда асоснок намоянд, ба кирдори ў баҳо диҳанд, ақидаи худро дар бораи ҷазое, ки бояд дода шавад, изҳор намоянд ё ҳуқуқ доранд аз айбдоркунӣ даст кашанд, аввалин шуда суханронӣ мекунанд.

2. Иштирокчиёни музокираи судӣ ҳуқуқ надоранд, суханронии худро бо далелҳое, ки дар маҷлиси суд баррасӣ нашудаанд, асоснок кунанд. Онҳо ҳангоми зарурат барои таҳқиқ ба суд пешниҳод намудани далелҳои навро дар бораи аз нав оѓоз намудани тафтиши судӣ дархост карда метавонанд.

3. Суд, судя ҳуқуқ надоранд давомнокии музокираи тарафҳоро бо вақти муайян маҳдуд созанд, вале раисикунанда ҳуқуқ дорад суханронии шахсони ширкаткунандаи музокираро, агар онҳо ҳолатҳоеро дар бар гиранд, ки бо парвандаи баррасишаванда иртибот надоранд, қатъ намояд.

4. Баъди суханронии иштирокчиёни музокираи судӣ ҳар кадоми онҳо метавонанд дар ҷавоби нутқи намояндагони тарафҳо бо эродҳо (норизоии ҷавобӣ, луқмапартоӣ) боз якмаротибагӣ баромад кунанд. Ҳуқуқи изҳори эроди охирин ба судшаванда ё ҳимоятгари ў тааллуқ дорад.

5. Ҳар як иштирокчии музокираи судӣ метавонад ба тариқи хаттӣ ба суд тавсияи қарори таклифнамудаашро оид ба масъалаҳои дар сархатҳои якум-шашуми қисми 1 моддаи 335 Кодекси мазкур нишондодашуда пешниҳод кунад. Тавсияи пешниҳодгардида барои суд, судя ҳатмӣ нест.
Моддаи 329. Сухани охирини судшаванда

1. Пас аз хотима ёфтани музокираҳои судӣ раисикунанда ба судшаванда сухани охирин медиҳад. Ҳангоми сухани охирин ба судшаванда додани ҳама гуна савол манъ аст.

2. Суд, судя наметавонанд давомнокии сухани охирини судшавандаро бо вақти муайян маҳдуд созад, вале раисикунанда ҳуқуқ дорад, агар судшаванда ба ҳолатҳое дахолат намояд, ки ба парвандаи баррасишаванда марбут  намебошанд, ўро аз суханронӣ боздорад.
Моддаи 330. Аз нав сар кардани тафтиши судӣ

Агар иштирокчиёни музокираи судӣ ё судшаванда дар сухани охирин оид ба ҳолатҳои наве, ки барои парванда аҳамият дорад, маълумот диҳанд ё ба далелҳои қаблан таҳқиқнашудаи ба парванда дахлдошта истинод кунанд, суд, судя бо дархости тарафҳо ё бо ташаббуси худ тафтиши судиро аз нав оѓоз мекунад. Пас аз хатми тафтиши судии аз нав оѓозшуда суд, судя аз сари нав музокираи судиро кушода, ба судшаванда сухани охирин медиҳад.
Моддаи 331. Ба хонаи машваратӣ даромадани суд, судя

1. Суд, судя баъди шунидани сухани охирини судшаванда барои баровардани ҳукм дарҳол ба хонаи машваратӣ медароянд ва дар ин бора раисикунанда дар маҷлиси суд эълон мекунад.

2 Раисикунанда вақти хондани ҳукмро ба иштирокчиёни мурофиаи суд пеш аз даромадан ба хонаи машваратӣ эълон мекунад. 

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.