Пешбурди парвандаи айбдоркунии  хусусӣ

БОБИ 37.

Пешбурди парвандаи айбдоркунии  хусусӣ 
Моддаи 353. Тобеияти судии парвандаи айбдоркунии хусусӣ

Парвандаи айбдоркунии хусусӣ, ки дар қисми 2 моддаи 24 Кодекси мазкур пешбинӣ шудааст‚ аз тарафи судяи суди шаҳру ноҳия  баррасӣ карда мешавад.
Моддаи 354. Оѓоз кардани парвандаи айбдоркунии хусусӣ

1. Парвандаи айбдоркунии хусусӣ аз ҷониби ҷабрдида ё намояндаи қонунии ў бо роҳи ба суд додани ариза дар бораи ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани шахс оѓоз карда мешавад.

2. Парвандаи айбдоркунии хусусӣ аз ҷониби прокурор тибқи талаботи қисми 4 моддаи 24 Кодекси мазкур оѓоз карда мешавад.

3. Ариза бояд инҳоро дар бар гирад: 

– номи судеро, ки ариза ба он супурда мешавад;

– баёни ҳодисаи ҷиноят;

– маҳал ва вақти содир кардани ҷиноят бо нишон додани далелҳо;

– дархост ба суд оид ба қабул карда гирифтани парванда барои пешбурд;

– маълумот дар бораи шахсе, ки ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад;

– рўйхати шоҳидоне, ки даъваташон ба суд зарур аст;

– имзои шахси арзкарда.

4. Ариза ба суд бо нусхаҳои баробари шумораи шахсоне, ки дар ҳаққи онҳо парвандаи айбдоркунии хусусӣ оѓоз мегардад, пешниҳод карда мешавад.

5. Аз лаҳзаи аризаро барои пешбурд қабул кардани суд шахси онро пешниҳодкарда айбдоркунандаи хусусӣ ҳисобида шуда, ба ў бояд ҳуқуқҳои бо моддаи 43 Кодекси мазкур пешбинишуда фаҳмонда шаванд.
Моддаи 355. Ваколатҳои суд оид ба парвандаи айбдоркунии хусусӣ то оѓози муҳокимаи судӣ

1. Дар ҳолате ки аризаи пешниҳодшуда ба талаботи қисмҳои 3 ва 4 моддаи 354 Кодекси мазкур ҷавобгў набошад, судя бо қарори худ шахси арзнамударо вазифадор мекунад, ки далелҳо пешниҳод кунад, камбудиҳоро бартараф созад ва барои он мўҳлат муқаррар мекунад. Ҳангоми иҷро накaрдани қарор судя бо қарори худ ҷиҳати баррасӣ қабул намудани аризаро рад намуда, дар ин бора шахси арзнамударо огоҳ месозад.

2. Ба маҷлиси суд бе сабабҳои узрноки дар қисми 2 моддаи 224 Кодекси мазкур зикргардида ҳозир нашудани айбдоркунандаи хусусӣ ё намояндаи ў боиси қатъ кардани пешбурди парванда мегардад.

3. Бо дархости айбдоркунандаи хусусӣ судя бояд ба ў дар ҷамъоварии далелҳо мусоидат кунад.

4. Судя ҳангоми мавҷуд будани асосҳо барои таъини маҷлиси суд дар мўҳлати то ҳафт шабонарўз аз лаҳзаи ворид гардидани ариза ба суд вазифадор аст, шахсеро, ки нисбати ў шикоят карда шудааст, даъват намуда, ўро бо маводи парванда шинос кунад ва ҳуқуқҳои судшавандаро дар маҷлиси суд, ки моддаи 47 Кодекси мазкур пешбинӣ намудааст, фаҳмонад ва муайян кунад, ки киҳоро ба сифати шоҳид ва ҳимоятгар ба суд даъват кардан мумкин аст.

5. Судя вазифадор аст ба тарафҳо имконияти оштӣ шуданро фаҳмонад. 

6. Дар сурати аз ҷониби тарафҳо расидани ариза дар бораи оштӣ пешбурди парванда дар асоси сархати панҷуми қисми 1 моддаи 27 Кодекси мазкур бo қарори судя қатъ карда мешавад.

7. Агар тарафҳо бо ҳамдигар оштӣ нашаванд, судя пас аз иҷрои талаботи қисмҳои 3 ва 4 ҳамин модда тибқи қоидаҳои моддаи 262 Кодекси мазкур баррасии парвандаро таъин мекунад.
Моддаи 356. Баррасии парванда дар маҷлиси суд

1. Парванда дар маҷлиси суд аз тарафи судя тибқи қоидаҳои умумии муҳокимаи судӣ бо истиснои тартиби муқаррарнамудаи ҳамин модда, баррасӣ карда мешавад.

2. Муҳокимаи судӣ бояд дар мўҳлати на дертар аз чордаҳ шабонарўз аз лаҳзаи ба суд расидани ариза сар карда шавад.

3. Баррасии аризаро оид ба парвандаи айбдоркунии хусусӣ бо баррасии аризаи мутақобила якҷоя пеш бурдан мумкин аст. Якҷоя кардан тибқи қарори судя то оѓози тафтиши судӣ иҷозат дода мешавад. Ҳангоми якҷоя кардани аризаҳо дар як пешбурд, шахсоне, ки онро арз кардаанд, дар мурофиа ҳамзамон ба сифати айбдоркунандаи хусусӣ ва судшаванда иштирок мекунанд. Барои омодагӣ ба ҳимоя ва вобаста ба ворид шудани аризаи мутақобила ва якҷоя кардани пешбурд тибқи дархости шахсе, ки нисбати ў аризаи мутақобила дода шудааст, парвандаро ба мўҳлати на бештар аз се шабонарўз мавқуф гузоштан мумкин аст.

4. Пурсиши ин шахсон оид ба ҳолатҳои дар аризаҳо инъикоснамудаашон тибқи қоидаҳои пурсиши ҷабрдида, оид ба ҳолатҳои дар аризаҳои мутақобила инъикосёфта бошад, тибқи қоидаҳои пурсиши судшаванда анҷом дода мешавад.

5. Айбдоркунӣ дар маҷлиси суд аз ҷониби айбдоркунандаи хусусӣ ё намояндаи ў тақвият дода мешавад.

6. Тафтиши судӣ аз зикри ариза аз тарафи шахси онро арзкарда ё намояндаи ў оѓоз меёбад.

test

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *