ШИКОЯТ ВА ЭЪТИРОЗИ КАССАТСИОНӢ АЗ ҚАРОРИ СУД, КИ ЭЪТИБОРИ ҚОНУНӢ ПАЙДО НАКАРДААСТ

ФАСЛИ IX.

АЗ НАВ  ДИДА БАРОМАДАНИ  ҲУКМ,  ТАЪИНОТ ВА ҚАРОРЕ, КИ ЭЪТИБОРИ ҚОНУНӢ ПАЙДО НАКАРДААНД
БОБИ 38.

ШИКОЯТ ВА ЭЪТИРОЗИ КАССАТСИОНӢ АЗ ҚАРОРИ СУД, КИ ЭЪТИБОРИ ҚОНУНӢ ПАЙДО НАКАРДААСТ
Моддаи 357. Ҳуқуқи овардани шикоят ва эътирози кассатсионӣ аз ҳукм

1. Мутобиқи қоидаҳои пешбининамудаи боби мазкур аз ҳукми суд, ки эътибори қонунӣ пайдо накардааст, аз ҷониби тарафҳо тибқи тартиби кассатсионӣ шикоят ва эътироз овардан мумкин аст.

2. Тибқи тартиби кассатcионӣ шикоят ва эътирозҳо ба ҳукмҳои эътибори қонунӣ пайдонакардаи суди марҳилаи якум баррасӣ карда мешаванд.

3. Ҳуқуқи шикоят оварданро ба ҳукм маҳкумшуда, сафедшуда, ҳимоятгари онҳо ва намояндагони қонунии онҳо, ҷабрдида ва намояндаи ў доранд.

4. Даъвогари гражданӣ, инчунин дигар шахсоне, ки ҳуқуқу манфиятҳои молумулкии онҳо бо ҳукм халалдор шудааст, дар қисми ҳуқуқу манфиятҳои молумулкии халалдоршуда  ҷавобгари гражданӣ ё намояндагони онҳо ҳуқуқ доранд ба ҳукм дар қисми вобаста ба даъвои гражданӣ шикоят оваранд.(ҚҶТ аз 28.12.12с №932)

5. Ҳуқуқи эътироз овардан ба ҳукм ба прокуроре тааллуқ дорад, ки дар суд ба сифати айбдоркунандаи давлатӣ баромад кардааст. Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, прокурорҳои Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, шаҳри Душанбе, вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо, прокурорҳои ба онҳо баробаркардашуда ва муовинони онҳо дар доираи салоҳияти худ ҳуқуқ доранд, сарфи назар аз ширкаташон дар мурофиаи судии парвандаи ҷиноятӣ, ба ҳукм эътироз оваранд.
Моддаи 358. Тартиби шикоят кардан ва эътироз овардан ба ҳукмҳо

1. Бо тартиби кассатсионӣ шикоят карда ва эътироз оварда мешаванд аз:

– ҳукмҳои судҳои шаҳрӣ ва ноҳиявӣ ба суди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва ҳукмҳои судҳои ноҳиявии шаҳри Душанбе ба суди шаҳри Душанбе;

– ҳукмҳои судҳои ноҳияҳо ва шаҳрҳои тобеи ҷумҳурӣ ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– ҳукмҳои суди  Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, суди вилоятӣ ва суди шаҳри Душанбе ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– ҳукмҳои судҳои ҳарбии гарнизонҳо ба Коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– ҳукмҳои коллегияҳои судии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

2. Шикоятҳо ва эътирозҳои кассатсионӣ ба воситаи суде, ки ҳукмро баровардааст, пешниҳод мегардад, аммо бевосита ба марҳилаи кассатсионӣ овардани шикоят ё эътироз ба баррасии шикоят ё эътироз монеъ намешавад.

3. Аз ҳукме, ки ҳангоми баррасии такрории парванда бароварда шудааст‚ бо тартиби умумӣ шикоят ва эътироз овардан мумкин аст.

Моддаи 359. Мўҳлатҳои шикоят кардан ва эътироз овардан ба ҳукмҳо

1. Тарафҳо метавонанд аз ҳукми суд дар мўҳлати даҳ шабонарўз аз лаҳзаи эълони он, агар маҳкумшуда таҳти ҳабс қарор дошта бошад‚ дар ҳамин мўҳлат аз лаҳзаи ба ў супорида шудани нусхаи ҳукм  шикоят кунанд ё эътироз оваранд.

2. Дар ҷараёни мўҳлати барои шикоят кардан аз ҳукм муайянгардида парвандаро аз суд талаб карда гирифтан мумкин нест.

3. Шикоят ва эътирозҳое, ки бо гузаронидани мўҳлат арз шудаанд, мавриди баррасӣ қарор дода намешаванд.
Моддаи 360. Тартиби барқарор намудани мўҳлати шикоят  кардан ва эътироз овардан

1. Дар сурати бо сабаби узрнок гузаронидани мўҳлати шикоят кардан ва эътироз овардан шахсоне, ки барои шикоят кардан ва эътироз овардан ҳуқуқ доранд, метавонанд ба суди ҳукмбароварда дар хусуси барқарор намудани мўҳлат дархост пешниҳод намоянд Дархости барқарор намудани мўҳлат дар муҳокимаи судии парванда мавриди баррасӣ қарор дода шуда, судя ҳуқуқ дорад, шахсеро, ки дархостро пешниҳод кардааст, барои додани баёнот ё хулоса даъват кунад.

2. Аз қарори суд дар хусуси рад намудани барқарор кардани мўҳлати гузаронидашуда ба суди болоӣ, ки ҳуқуқ дорад, мўҳлати гузаронидашударо барқарор ва парвандаро тибқи шикоят ё эътироз баррасӣ намояд, шикоят кардан ва эътироз овардан мумкин аст.
Моддаи 361. Огоҳ кардани тарафҳо аз шикоят ва эътирози пешниҳодшуда

1. Дар хусуси шикоят ва эътирози дохилшуда судяе, ки ҳукм баровардааст, маҳкумшуда ё сафедшуда, ҳимоятгар, айбдоркунанда, ҷабрдида ё намояндаи ў, инчунин даъвогари гражданӣ, ҷавобгари гражданӣ ва намояндагони онҳоро, ба шарте ки эътироз ё шикоят ба манфиати онҳо дахолат кунад, огоҳ намуда, мефаҳмонад, ки онҳо ҳуқуқ доранд, бо шикоят ё эътироз шинос шаванд ва ба таври хаттӣ эродҳои худро ба шикоят ё эътироз пешниҳод кунанд. 

2. Бо хоҳиши онҳо суд нусхаи эътироз ё шикоятро, ки тарафи дигар додааст, ба онҳо месупорад.

3. Эродҳое, ки нисбат ба эътироз ё шикоят расидаанд‚ ба парванда ҳамроҳ карда мешаванд.
Моддаи 362. Оқибатҳои шикоят кардан ва эътироз овардан

1. Шикоят кардан ва эътироз овардан иҷрои ҳукмро бозмедорад.

2. Пас аз гузаштани мўҳлати барои шикоят ё эътирози ҳукм муайянгардида судяе, ки ҳукмро баровардааст, парвандаро бо шикоят, эътироз ва эродҳои нисбат ба он расида ба суди марҳилаи кассатсионӣ мефиристад ва дар ин бора тарафҳоро огоҳ мекунад.

3. Шахсе, ки аз ҳукм шикоят кардааст ва эътироз овардааст, ҳуқуқ дорад онро то оѓози маҷлиси суди марҳилаи кассатсионӣ бозхонад.

4. Шахсе, ки аз ҳукм шикоят кардааст ва эътироз овардааст, ҳуқуқ дорад онро таѓйир диҳад ё шикоят ё эътирози худро бо далелҳои нав пурра кунад. Зимнан дар эътирози иловагии прокурор ё дар шикояти шахс дар бораи таѓйир додани шикоят, ҳамчунин дар шикояти иловагии ҷабрдида, айбдоркунандаи хусусӣ ё намояндагони онҳо, ки пас аз гузаштани мўҳлати овардани шикоят ё эътироз ба ҳукм пешниҳод шудааст‚ дар бораи бад кардани вазъи маҳкумшуда, ба шарте ки чунин талаб дар шикоят ё эътирози пештар овардашуда ҷой надошта бошад, масъала гузоштан мумкин нест.
Моддаи 363. Шикоят кардан ва эътироз овардан аз таъиноти (қарори) суди марҳилаи якум

1. Аз таъиноти (қарори) суди марҳилаи якум‚ ба истиснои муқаррароти қисми 3 ҳамин модда‚ аз ҷониби шахсони дар моддаи 357 Кодекси мазкур зикршуда шикояти хусусӣ кардан ё эътирози хусусӣ овардан мумкин аст.

2. Мутобиқи қоидаҳои ҳамин модда аз таъиноте (қароре), ки дар рафти муҳокимаи судӣ дар бораи таҳқиқи далелҳо, дархости иштирокчиёни мурофиа, интихоб, таѓйир додан ё бекор кардани чораҳои пешгирӣ, инчунин риояи тартибот дар толори маҷлиси суд, ѓайр аз таъиноти (қарори) дар хусуси ситонидани ҷарима баровардашуда, шикоят ё эътироз карда намешавад. Эрод ба қарорҳои дар боло зикршуда мумкин аст ба тариқи шикояти кассатсионӣ ё эътироз нисбати ҳукм пешниҳод шавад.

3. Шикояти хусусӣ ё эътироз аз таъиноти (қарори) суди марҳилаи якум аз ҷониби тарафҳо дар мўҳлати даҳ шабонарўз аз лаҳзаи бароварда шуданашон дода шуда, тибқи талаботи боби 39 Кодекси мазкур баррасӣ карда мешаванд.

4. Дар сурати шикоят кардан ва эътироз овардан ба таъиноте (қароре), ки дар ҷараёни муҳокимаи судӣ бо баровардани ҳукм хотима ёфтааст, парванда танҳо пас аз гузаштани мўҳлати барои шикояти ҳукм муайянгардида ба суди марҳилаи болоӣ фиристода мешавад. Зимнан, агар ба ҳукм шикояти кассатсионӣ оварда шуда бошад, тафтиши шикояти хусусӣ ё эътирози хусусӣ аз ҷониби он марҳилаи судӣ анҷом дода мешавад, ки парвандаро бо тартиби кассатсионӣ баррасӣ мекунад.

5. Ҳуқуқи шикоят кардан аз таъиноти суд ва қарори судя, инчунин ба шахсоне тааллуқ дорад, ки дар парвандаи мазкур ба сифати тараф иштирок надоштанд, вале таъинот ё қарор ба манфиати онҳо дахолат мекунад.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.