БА ИҶРО РАСОНИДАНИ ҲУКМ, ТАЪИНОТ ВА ҚАРОР

БОБИ 40.

БА ИҶРО РАСОНИДАНИ ҲУКМ, ТАЪИНОТ ВА ҚАРОР
Моддаи 386. Эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукм ва иҷрои он

1. Ҳукми суди марҳилаи якум пас аз гузаштани мўҳлати овардани шикоят ё эътирози кассатсионӣ, ба шарте ки аз он шикоят ё ба он эътироз оварда нашуда бошад, эътибори қонунӣ пайдо мекунад ва бояд ба иҷро расонида шавад. Дар сурати шикоят ё эътироз овардан ба тариқи кассатсионӣ ҳукм, ба шарте ки бекор карда нашуда бошад, дар рўзи баровардани таъинот эътибори қонунӣ пайдо мекунад.

2. Ҳукм аз ҷониби суди марҳилаи якум дар мўҳлати на дертар аз се шабонарўз аз рўзи эътибори қонунӣ пайдо кардани он ё баргардонидани парванда аз суди марҳилаи кассатсионӣ ба иҷро расонида мешавад.

3. Агар ҳукми айбдоркунанда дар мўҳлатҳои муқаррарнамудаи моддаи 81 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро нашуда бошад, шахси барои ҷиноят маҳкумшуда аз адои ҷазо озод карда мешавад. 

4. Агар ҳукм танҳо нисбат ба яке аз маҳкумшудагон шикоят ё эътироз оварда шуда бошад, он то баррасии тамоми ҳукм дар суди марҳилаи кассатсионӣ ба андозаи пуррааш эътибори қонунӣ пайдо намекунад.
Моддаи 387. Эътибори қонунӣ пайдо кардани таъиноти (қарори) суд ва иҷрои он

1. Таъиноти (қарори) суди марҳилаи якум пас аз гузаштани мўҳлати шикоят ё эътироз, вале дар сурати арзи шикояти хусусӣ ё эътироз кардан пас аз баррасии парванда аз ҷониби суди болоӣ эътибори қонунӣ пайдо мекунад ва ба иҷро расонида мешавад.

2. Таъиноти (қарори) суде, ки аз он шикоят ё ба он эътироз кардан мумкин нест, пас аз баровардани он фавран эътибори қонунӣ пайдо мекунад ва ба иҷро расонида мешавад.

3. Таъиноти (қарори) суд дар бораи қатъ кардани пешбурди парванда ҳангоми ҳалли масъалаи таъини маҷлиси суд ё дар маҷлиси суд дар он қисме, ки ба озод кардани айбдоршаванда ё судшаванда аз ҳабс марбут аст, бояд фавран иҷро карда шавад.

4. Таъиноти суди марҳилаи кассатсионӣ аз лаҳзаи эълони он эътибори қонунӣ пайдо мекунад ва танҳо бо тартиби пешбининамудаи бобҳои  42 ва 43 Кодекси мазкур аз нав дида баромада мешавад.

5. Таъиноти суди марҳилаи кассатсионӣ, инчунин таъинот ё қарори суди марҳилаи назоратӣ бо тартиби пешбининамудаи моддаи 388 Кодекси мазкур иҷро карда мешавад.
Моддаи 388. Тартиби иҷрои ҳукм, таъинот ва қарори суд

1. Ҳукм, таъинот ва қарори суд, ки эътибори қонунӣ пайдо кардаанд, барои ҳамаи корхонаҳо, ташкилотҳо ва муассисаҳо, шахсони мансабдор ва шаҳрвандон ҳатмӣ буда, дар тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ба иҷро расонида шаванд.

2. Иҷрои ҳукм, таъинот ва қарор ба зиммаи суде гузошта мешавад, ки парвандаро дар марҳилаи якум баррасӣ намудааст. Фармоиши иҷрои ҳукм аз тарафи судя якҷоя бо нусхаи ҳукм ба он мақомоте, ки тибқи қонунгузории иҷрои ҷазои ҷиноятӣ иҷрои ҳукм ба зиммааш гузошта шудааст, ирсол мегардад. Дар сурати бо тартиби кассатсионӣ баррасӣ намудани парванда таѓйир додани ҳукми суди марҳилаи якум ба нусхаи ҳукм нусхаи таъиноти суди марҳилаи кассатсионӣ замима карда мешавад.

3. Мақомоти иҷрокунандаи ҳукм фавран ба суде, ки ҳукмро баровардааст, аз иҷрои он хабар медиҳанд. Маъмурияти муассисаи ислоҳӣ судеро, ки ҳукм баровардааст, бояд аз маҳалли адои ҷазо аз тарафи маҳкумшуда огоҳ созад.

4. Иҷро накардани ҳукм, таъинот ва қарори эътибори қонунӣ пайдонамудаи суд боиси ҷавобгарии ҷиноятии пешбининамудаи моддаи 363 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардад.
Моддаи 389. Хабар додан ба хешовандони наздики маҳкумшуда ва даъвогари гражданӣ дар бораи иҷрои ҳукм

1. Пас аз эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукм, ки тибқи он маҳкумшудаи таҳти ҳабси пешакӣ қарордошта аз озодӣ маҳрум карда шудааст, маъмурияти маҳалли адои ҷазо вазифадор аст яке аз хешовандони наздики маҳкумшударо огоҳ созад, ки ў барои адои ҷазо ба куҷо равон карда мешавад.

2. Барои вохўрӣ бо маҳкумшудае, ки таҳти ҳабси пешакӣ қарор дорад, то ба иҷро расонидани ҳукм тибқи муқаррароти моддаи 352 Кодекси мазкур имконият дода мешавад.

3. Дар ҳолати қонеъ гардонидани даъвои гражданӣ дар хусуси иҷрои ҳукм даъвогари гражданӣ огоҳ карда мешавад.

test

Добавить комментарий