Главная / Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон / ТАРТИБИ ПЕШБУРДИ ПАРВАНДАҲО ОИД БА ҶИНОЯТҲОИ НОБОЛИҒОН

ТАРТИБИ ПЕШБУРДИ ПАРВАНДАҲО ОИД БА ҶИНОЯТҲОИ НОБОЛИҒОН

ФАСЛИ XI.

ХУСУСИЯТҲОИ ПЕШБУРДИ ПАРВАНДАҲОИ ҶИНОЯТИИ КАТЕГОРИЯҲОИ АЛОҲИДА 
БОБИ 44.

 ТАРТИБИ ПЕШБУРДИ ПАРВАНДАҲО ОИД БА ҶИНОЯТҲОИ НОБОЛИҒОН
Моддаи 424.  Тартиби пешбурди парвандаҳо оид ба ҷиноятҳои ноболиѓон

1. Муқаррароти ҳамин боб дар бораи парванда марбут ба шахсе, ки дар лаҳзаи содир намудани ҷиноят ба ҳаждаҳсолагӣ нарасидааст, татбиқ мегардад.

2. Тартиби пешбурди  парвандаҳо оид ба ҷиноятҳои содиркардаи ноболиѓон бо қоидаҳои умумии Кодекси мазкур, инчунин бо назардошти моддаҳои ҳамин боб муайян карда мешавад.
Моддаи 425. Ҳолатҳое, ки бояд муқаррар карда шаванд

Ҳангоми гузаронидани тафтиши пешакӣ ва мурофиаи судӣ аз рўи парвандаҳои ҷиноятӣ нисбат ба ноболиғон дар баробари исботи ҳолатҳои дар моддаи 85 Кодекси мазкур зикршуда муайян кардан зарур аст:

– синну соли ноболиѓ (сана, моҳ, соли таваллуд);

– шароити зиндагӣ таълиму ва тарбия, дараҷаи инкишофи ақлӣ, ирода ва рўҳӣ, хислат ва миҷоз, талабот ва завқу раѓбат ва дигар ҳолатҳое, ки дар моддаи 25 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд; (ҚҶТ аз 02.08.11г.,№755)

– таъсири шахсони калонсол ва ноболиѓони дигар.
Моддаи 426. Ба пешбурди алоҳида ҷудо кардани парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба ноболиѓ 

Парванда нисбат ба ноболиѓе, ки дар содир намудани ҷиноят якҷоя бо калонсолон иштирок кардааст, дар марҳилаи тафтиши пешакӣ ба тафтиши алоҳида ҷудо карда мешавад. Агар ба тафтиши алоҳида ҷудо кардани парванда нисбати ноболиѓ барои таҳқиқи ҳамаҷониба ва холисонаи ҳолатҳои парванда монеаи ҷиддӣ ба вуҷуд оварда тавонад, нисбат ба айбдоршавандаи ноболиѓе, ки аз рўи як парванда бо калонсолон ба ҷавобгарӣ кашида шудааст, бояд қоидаҳои ҳамин боб татбиқ карда шаванд.
Моддаи 427. Татбиқи чораҳои пешгирӣ ва дастгир намудан нисбат ба гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшавандаи ноболиѓ

1. Ҳангоми татбиқи чораи пешгирӣ нисбат ба ноболиѓ дар ҳар як ҳолат бояд имконияти интихоби чораи пешгирии дар моддаи 108 Кодекси мазкур пешбинишуда муҳокима гардад.

2. Дастгир намудани гумонбаршуда, айбдоршаванда, ҳамчунин ба ҳабс гирифтан ба сифати чораи пешгирӣ дар сурати мавҷуд будани асосҳои дар моддаҳои 92, 93, 101, 111 Кодекси мазкур зикршуда танҳо дар ҳолатҳои истисно ҳангоми содир намудани ҷинояти вазнин ва махсусан вазнин татбиқ шуда метавонанд.

3. Мўҳлати дар ҳабс нигоҳ доштани айбдоршавандаи ноболиѓ ҳамчун чораи пешгирӣ дар давраи тафтиши пешакӣ бо тартиби муқаррарнамудаи моддаи 112 Кодекси мазкур метавонад ба муддати то шаш моҳ дароз карда шавад.

4. Дар бораи дастгир намудан, ба ҳабс гирифтан ё дароз кардани мўҳлати дар ҳабс нигоҳ доштани айбдоршавандаи ноболиѓ ба намояндагони қонунии ў хабар дода мешавад. 
Моддаи 428. Тартиби даъвати гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшавандаи ноболиѓ

Гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшавандаи ноболиѓе, ки дар ҳабс қарор надорад, ба воситаи падару модари ў ё намояндагони дигари қонунии вай ва агар ноболиѓ дар муассисаи махсуси кўдакон бошад‚ ба воситаи маъмурияти ин муассиса ба назди муфаттиш ё ба суд даъват карда мешавад.
Моддаи 429. Пурсиши гумонбаршуда, айбдоршавандаи ноболиѓ

Пурсиши гумонбаршуда, айбдоршавандаи ноболиѓ наметавонад дар як рўз бетанаффус зиёда аз ду соат ва дар маҷмўъ бештар аз чор соат давом ёбад.
Моддаи 430. Иштироки омўзгор ва равоншинос (психолог)

1. Ҳангоми пурсиши гумонбаршуда, айбдоршавандае, ки ба синни шонздаҳ нарасидааст, ҳамчунин ба ин син расидаасту ноқисулақл дониста шудааст, иштироки омўзгор ва равоншинос ҳатмист. Омўзгор ё равоншинос ҳангоми пурсиши гумонбаршуда, айбдоршавандаи калонтар аз шонздаҳсола бо салоҳдиди муфаттиш, прокурор ва ё бо дархости ҳимоякунанда иштирок мекунад.

2. Омўзгор ва равоншинос ҳуқуқ доранд бо иҷозати муфаттиш ба гумонбаршуда, айбдоршаванда саволҳо диҳанд ва баъди ба охир расидани пурсиш бо протоколи пурсиш шинос шаванд ва доир ба дурустӣ ва пуррагии сабтҳои он мулоҳизаҳояшонро навишта диҳанд. Ин ҳуқуқро муфаттиш пеш аз пурсиши ноболиѓ ба омўзгор ё равоншинос мефаҳмонад. Дар ин бобат дар протоколи пурсиш сабт карда мешавад.

3. Иштироки омўзгор ё равоншинос ҳангоми пурсиши судшавандаи ноболиѓ дар суд бо қоидаҳои қисмҳои 1 ва 2 ҳамин модда муайян карда мешавад.
Моддаи 431. Иштироки намояндаи қонунии гумонбаршуда, айбдоршавандаи ноболиѓ дар тафтиши пешакӣ

1. Намояндаи қонунӣ барои иштирок дар парванда бо қарори  муфаттиш аз лаҳзаи пурсиши аввалини гумонбаршуда, айбдоршавандаи ноболиѓ роҳ дода мешавад. Ҳангоми иҷозат додан барои иштирок дар парванда ба намояндаи қонунӣ ҳуқуқи дар қисми 2 ҳамин модда фаҳмонда мешавад.

2. Намояндаи қонунӣ ҳуқуқ дорад:

– донад, ки ноболиѓ бо кадом гуноҳ гумонбар ё айбдор карда мешавад; 

– ҳангоми эълон кардани айб ҳозир бошад, дар вақти пурсиши ноболиѓ, ҳамчунин бо иҷозати муфаттиш дар амалҳои дигари тафтишӣ, ки бо иштироки гумонбаршуда, айбдоршавандаи ноболиѓ ва ҳимоятгари ў сурат мегиранд, иштирок намояд;

– бо протоколи амалҳои тафтишӣ, ки ў иштирок дошт, шинос шавад ва доир ба дуруст ва пуррагии сабтҳои он мулоҳизаҳояшро навишта диҳад;

– дархост ва раддия диҳад;

– оид ба амалҳо ва қарорҳои муфаттиш ва прокурор шикоят пешниҳод намояд;

– далелҳо пешниҳод кунад;

– баъди анҷоми тафтиш бо тамоми маводи парванда шинос шавад, аз он ҳама гуна маълумотро ба андозаи дилхоҳ нависад.

3. Баъди анҷоми тафтиш муфаттиш ҳуқуқ дорад дар бораи ба ноболиѓ ҷиҳати шиносоӣ пешниҳод накардани маводе, ки метавонанд ба ў таъсири манфӣ расонанд, қарор барорад ва бо ин мавод намояндаи қонунии ноболиѓро шинос намояд.

4. Агар асосҳое мавҷуд бошанд, ки иштироки намояндаи қонунӣ ба манфиатҳои ноболиѓ зарар мерасонад ё ба тафтиши холисонаи парванда монеъ мешавад, намояндаи қонунӣ аз иштирок дар пешбурди парванда дур карда мешавад. Муфаттиш дар ин бобат қарори асоснок қабул мекунад. Барои иштирок дар парванда, мумкин аст ба намояндаи дигари қонунии ноболиѓ иҷозат дода шавад.
Моддаи 432. Қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ бо истифодаи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тарбиявӣ

1. Агар дар ҷараёни тафтиши пешакӣ аз рўи парванда оид ба ҷинояти на чандон вазнин ё дараҷаи миёна муқаррар гардад, ки ноболиѓ ин ҷиноятро бори аввал содир намудааст ва ислоҳи ў метавонад бе ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан имкон дошта бошад, прокурор, ҳамчунин муфаттиш бо ризои прокурор ҳуқуқ доранд, ки парвандаро дар ҳаққи ноболиѓ бо татбиқи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тарбиявии дар қисми 2 моддаи 89 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда қатъ намоянд. Ин гуна қарор танҳо дар ҳолате қабул шуда метавонад, ки ба он айбдоршавандаи ноболиѓ ва намояндаи қонунии ў розӣ бошанд. Нусхаи қарор дар бораи қатъи парванда нисбат ба ноболиѓ бо татбиқи чораҳои зикршуда ба комиссия оид ба ҳуқуқи кўдак  фиристода мешавад.

2. Дар ҳолати аз тарафи ноболиѓ мунтазам иҷро нагардидани талаботе, ки бо чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тарбиявии нисбат ба ў таъингардида пешбинӣ шудаанд, прокурор бо пешниҳоди комиссия оид ба ҳуқуқи кўдак қарорро дар бораи қатъи парванда бекор мекунад ва он баъди ба охир расидани тафтиш мувофиқи қоидаҳои умумӣ бо фикри айбдоркунӣ ба суд фиристода мешавад. Чунин қарор метавонад то гузашти як сол аз рўзи қабули қарор дар бораи қатъи парванда бароварда шавад.
Моддаи 433. Иштироки намояндаи қонунии судшавандаи ноболиѓ дар муҳокимаи судӣ

1. Намояндагони қонунии судшавандаи ноболиѓ бояд ба маҷлиси суд даъват карда шаванд. Онҳо ҳуқуқ доранд дар таҳқиқи далелҳо дар тафтиши судӣ иштирок намоянд, нишондод диҳанд, далелҳо пешниҳод кунанд, дархостҳо ва раддияҳо баён намоянд, доир ба амалҳо ва қарорҳои суд шикоят кунанд, дар маҷлиси суде, ки парвандаро бо тартиби кассатсионӣ баррасӣ мекунад, иштирок намоянд ва шикоятҳои худро шарҳ диҳанд. Ҳуқуқи мазкур бояд ба онҳо дар қисми тайёрии мурофиаи судӣ фаҳмонда шавад. Намояндагони қонунӣ дар толори маҷлиси суд дар давоми тамоми мурофиаи суд ҳозир мебошанд. Бо ризои намояндагони қонунӣ суд метавонад онҳоро ҳамчун шоҳид пурсиш намояд.

2. Намояндаи қонунӣ метавонад бо таъиноти (қарори) асосноки суд, судя агар асос мавҷуд бошад, ки амалҳои ў ба манфиатҳои судшавандаи ноболиѓ зарар мерасонанд ё барои баррасии холисонаи парванда монеа ба вуҷуд меоранд, аз ширкат дар мурофиаи суд дур карда шавад. Дар ин ҳолат ба мурофиаи суд намояндаи дигари қонунии судшавандаи ноболиѓ роҳ дода мешавад.

3. Ҳозир нашудани намояндаи қонунии судшавандаи ноболиѓ‚ ба шарте ки суд иштироки ўро ҳатмӣ нашуморад, боиси боздоштани баррасии парванда намегардад.

4. Агар намояндаи қонунии судшавандаи ноболиѓ барои иштирок дар парванда ҳамчун ҳимоятгар ё ҷавобгари гражданӣ ҷалб шуда бошад, ў дорои ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои иштирокчиёни зикршудаи мурофиа мегардад.
Моддаи 434.  Аз толори маҷлиси суд берун кардани судшавандаи ноболиѓ

1. Бо дархости ҳимоятгар ё намояндаи қонунӣ ё пешниҳоди прокурор, инчунин бо ташаббуси худ суд ҳуқуқ дорад дар асоси ақидаҳои тарафҳо бо таъиноти худ дар муддати таҳқиқи ҳолатҳое, ки ба судшавандаи ноболиѓ таъсири манфӣ расониданашон мумкин аст, ўро аз толори маҷлиси суд берун кунад.

2. Баъди баргашта овардани ноболиѓ раисикунанда дар ҳаҷм ва андозаи зарурӣ ба ў мазмуни амалҳоеро, ки дар набудани ў доир гардидааст, хабар медиҳад ва ба ноболиѓ имкон медиҳад, ки ба шахсони дар набудани ў пурсидашуда саволҳо  диҳад.
Моддаи 435. Масъалаҳое, ки суд ҳангоми қабули ҳукм нисбат ба судшавандаи ноболиѓ ҳал менамояд

1. Ҳангоми баровардани ҳукм дар ҳаққи судшавандаи ноболиѓ суд ѓайр аз масъалаҳои дар моддаи 335 Кодекси мазкур зикршуда вазифадор аст масъалаи шартан аз озодӣ маҳрум кардан, таъини ҷазое, ки ба маҳрум кардан аз озодӣ вобаста нест, ҳамчунин аз ҷазо озод карданро дар ҳолатҳои пешбининамудаи моддаи 90 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокима намояд.

2. Дар ҳолатҳои шартан аз озодӣ маҳрум кардан, таъини чораи ҷазое, ки бо маҳрум кардан аз озодӣ вобаста нест, дар муассисаи махсуси тарбиявӣ ё табобатию тарбиявӣ ҷойгир кардан ва ё татбиқи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тарбиявӣ суд ба комиссия оид ба ҳуқуқи кўдак дар ин бобат хабар медиҳад ва назорати рафтори маҳкумшударо ба зиммаи он мегузорад.
Моддаи 436. Бо татбиқи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тарбиявӣ ноболиѓро аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод кардани суд 

Агар ҳангоми баррасии парванда оид ба ҷинояти на чандон вазнин ё дараҷаи миёна эътироф гардад, ки ноболиѓи ҷинояти мазкурро содиркарда метавонад бе татбиқи чораҳои ҷазои ҷиноятӣ ислоҳ шавад, суд ҳуқуқ дорад парвандаро қатъ намуда, нисбат ба ноболиѓ чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тарбиявии дар қисми 2 моддаи 89 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо татбиқ намояд. Нусхаи қарор ба комиссия оид ба ҳуқуқи кўдак ва прокурор фиристода мешавад.
Моддаи 437. Ноболиѓро аз ҷазо озод кардани суд бо равон кардани ў ба муассисаи махсуси тарбиявӣ ё табобатию тарбиявӣ 

1.Агар ҳангоми баррасии парвандаи ҷиноятӣ муайян карда шавад, ки ислоҳи ноболиѓи бори аввал ҷинояти на чандон вазнин ё дараҷаи миёна содирнамуда бо роҳи татбиқи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тарбиявӣ ё табобатию тарбиявӣ имконпазир аст, суд ҳуқуқ дорад ҳукми айбдоркунанда бароварда, ўро аз адои ҷазо озод намояд ва ба яке аз муассисаҳои махсуси тарбиявӣ ё табобатию тарбиявӣ равон кунад.

2. Дар муассисаи махсуси тарбиявӣ ё табобатию тарбиявӣ қарор доштани ноболиѓ метавонад то ба синни балоѓат расидан, ба шарте, ки бо сабаби ислоҳшавии ноболиѓ ба татбиқи минбаъдаи чораҳои таъсиррасонии мазкур зарурат боқӣ намонад, қатъ карда шавад. Дароз кардани мўҳлати дар муассисаҳои махсуси тарбиявӣ ё табобатию тарбиявӣ қарор доштани шахс пас аз расидан ба синни ҳаждаҳ танҳо то давраи хатми таҳсилоти умумӣ ё омодагии касбӣ иҷозат дода мешавад. Масъалаи қатъ намудан ё дароз кардани мўҳлати дар муассисаи махсуси тарбиявӣ ё табобатию тарбиявӣ қарор доштани шахс бо пешниҳоди комиссия оид ба ҳуқуқи кўдак судяи суде, ки ҳукмро баровардааст ё суди маҳалли зисти маҳкумшудаи ноболиғ дар мўҳлати даҳ шабонарўз аз рўзи ворид гардидани пешниҳод танҳо баррасӣ ва ҳал мекунад.

3. Ба маҷлиси суд маҳкумшудаи ноболиѓ, намояндаи қонунии ў, ҳимоятгар, прокурор ва намояндаи комиссия оид ба ҳуқуқи кўдак даъват карда мешаванд. Ҳозир нашудани шахсони мазкур монеи баррасии парванда намегардад.

4. Дар маҷлиси суд пешниҳоди комиссия оид ба ҳуқуқи кўдак таҳқиқ ва ақидаҳои шахсони иштироккунандаи парванда шунида мешаванд.

5. Аз натиҷаи баррасии парванда судя дар хонаи машваратӣ қарор қабул мекунад, ки он бояд дар маҷлиси суд эълон карда шавад.

6. Нусхаи қарор дар мўҳлати панҷ шабонарўз ба намояндаи қонунии маҳкумшудаи ноболиѓ, комиссия оид ба ҳуқуқи кўдак, прокурор ва суде, ки ҳукм баровардааст, фиристода мешавад.

7. Оид ба қарор шикоят ва эътироз кардан мумкин нест.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *