ПЕШБУРДИ СУРЪАТНОК

БОБИ 46.

ПЕШБУРДИ СУРЪАТНОК
Моддаи 453. Тартиби пешбурди суръатнок

1. Ҳангоми мавҷуд будани аломатҳои ҷиноятҳои бо қисми 1 моддаи 111, қисми 1 моддаи 125, қисми 1 моддаи 126, қисми 1 моддаи 131, қисми 4 моддаи 196, қисми 1 моддаи 230, қисми 1 моддаи 232, қисми 1 моддаи 234, қисми 1 моддаи 237, қисми 1 моддаи 247, қисми 1 моддаи 253, қисми 1 моддаи 254, қисми 1 моддаи 255, қисми 1 моддаи 294, моддаи 334, ва моддаи 339 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда, дар ҳолатҳое ки воқеияти ҷиноят аён асту шахси гумонбар барои содир кардани ҷиноят маълум ва ў дар содир кардани ҷиноят алоқаманд будани худро рад намекунад, мақомоти таҳқиқ дарҳол ба пешбурди суръатнок шурўъ менамояд. (ҚҶТ аз 02.08.11г.,№755)

2. Тартиби пешбурди суръатнок бо қоидаҳои умумии Кодекси мазкур, бо назардошти муқаррароти моддаҳои ҳамин боб муайян карда мешаванд.

3. Ҳангоми пешбурди суръатнок мақомоти таҳқиқ то оѓоз кардани парвандаи ҷиноятӣ дар муддати ҳафт шабонарўз аз шахси ҷиноят содиркарда, шоҳидон ва дигар шахсон дар бораи ҳолатҳои ҷинояти содиршуда баёнот мегирад, маълумотро дар бораи мавҷуд будан ё набудани доѓи судии шахси ҷиноят содиркарда, маълумот доир ба шахсият ва дигар маълумотҳоро, ки барои баррасии парванда дар маҷлиси суд аҳамият дорад, талаб менамояд.

4. Шахси ҷиноят содиркарда барои аз рўи даъват ҳозир шудан ба мақомоти таҳқиқ ва суд, хабар додан аз таѓйири ҷои истиқомат ўҳдадор карда мешавад. Дар ҳолати ҳозир нашудан ба мақомоти таҳқиқ ё ба маҷлиси суд шахс маҷбуран оварда мешавад.
Моддаи 454. Мўҳлати пешбурди суръатнок

Пешбурди суръатнок бояд на дертар аз даҳ шабонарўз аз рўзи ба мақомоти таҳқиқ ворид шудани ариза ё хабар дар бораи ҷиноят то ба прокурор фиристодани парванда тамом карда шавад.
Моддаи 455. Анҷом додани пешбурди суръатнок

1. Мақомоти таҳқиқ маводи ҷамъовардаро барои оѓоз кардани парвандаи ҷиноятӣ ва ба суд равон кардани он кифоя эътироф карда, дар бораи оѓоз кардани парвандаи  ҷиноятӣ қарор  қабул  карда,  онро 

ба пешбурди худ қабул мекунад ва шахси ҷиноят содиркардаро бо тартиби муқаррарнамудаи моддаҳои 221 –228 Кодекси мазкур ба сифати айбдоршаванда ҷалб менамояд, масъаларо дар бораи чораи пешгирӣ нисбат ба айбдоршаванда мутобиқи моддаҳои 101-111 Кодекси мазкур ҳал менамояд, ҳамчунин дар бораи эътироф намудани шахс ба сифати ҷабрдида, даъвогари гражданӣ, ҷавобгари гражданӣ қарор қабул мекунад.

2. Мақомоти таҳқиқ амалиёти дар қисми 1 ҳамин модда зикршударо иҷро намуда, аз рўи асосҳо ва бо тартиби пешбининамудаи моддаҳои 239-246 Кодекси мазкур мурофиаи суръатнокро ба анҷом мерасонад.
Моддаи 456. Амали прокурор оид ба парвандаи ҷиноятӣ

Ҳангоми аз мақоми таҳқиқ ворид шудани парвандаи ҷиноятӣ, ки бо тартиби пешбурди суръатнок анҷом дода шудааст, прокурор ё муовини ў вазифадоранд дар муддати на зиёда аз 24 соат парвандаро санҷида, бо асосҳо ва бо тартиби дар моддаҳои 247-250 Кодекси мазкур пешбинишуда дар бораи он қарор қабул намояд.
Моддаи 457. Пешбурди таҳқиқ

1. Таҳқиқи парвандаҳои ҷиноятӣ дар бораи ҷиноятҳои дар моддаи 453 Кодекси мазкур номбаркардашуда аз ҷониби мақомоти таҳқиқ аз рўи қоидаҳои умумии Кодекси мазкур дар ҳолатҳои зерин анҷом дода мешавад:

– ҳангоми аз ҷониби сардори мақомоти таҳқиқ оѓоз кардани парвандаи ҷиноятӣ, ба шарте, ки дар давоми ҳафт шабонарўз муайян намудани ҳолатҳои муҳими содир шудани ҷиноят аз имкон берун бошад;

– ҳангоми аз ҷониби прокурор барои пешбурди таҳқиқ баргардонидани парвандаи ҷиноятие, ки бо тартиби пешбурди суръатнок анҷом дода шудааст;

– ҳангоми дар муддати се шабонарўз аз имкон берун будани иҷрои амалҳои мурофиавии дар моддаи 453 Кодекси мазкур пешбинишуда.

2. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур таҳқиқ бояд на дертар аз бист шабонарўз аз рўзи оѓози парвандаи ҷиноятӣ ё баргардонидани он анҷом дода шавад.
Моддаи 458. Пешбурди тафтиши пешакӣ

1. Доир ба ҷиноятҳои дар моддаи 453 Кодекси мазкур пешбинишуда, ба шарте, ки онҳо аз ҷониби ноболиѓон содир шуда бошанд, ҳамчунин дар бораи кирдори барои ҷамъият хавфноки бо қонуни ҷиноятӣ пешбининамудаи номукаллафон ё шахсоне, ки баъди содир кардани ҷиноят ба касалии рўҳӣ дучор шудаанд, тафтиши пешакӣ анҷом дода мешавад.

2. Тафтиши пешакӣ бояд на дертар аз як моҳ аз рўзи оѓоз кардани парвандаи ҷиноятӣ анҷом дода шавад.
Моддаи 459. Салоҳияти судя доир ба парвандаи ҷиноятии ба суд воридшуда

1. Доир ба парвандаи ҷиноятии аз прокурор ба суд воридшуда судя амалиёти тайёриро гузаронида, мутобиқи қоидаҳои боби 31 Кодекси мазкур қарор қабул менамояд.

2. Доир ба парвандаи ҷиноятӣ судя бояд на дертар аз панҷ шабонарўз аз рўзи ба суд ворид шудани он қарор қабул кунад.
Моддаи 460. Баррасии парвандаи ҷиноятӣ дар маҷлиси суд

Баррасии парвандаи ҷиноятӣ дар маҷлиси суд аз ҷониби судя мутобиқи қоидаҳои умумии муҳокимаи судӣ анҷом дода мешавад.

test

Добавить комментарий