Главная / Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон / ҲАМКОРИИ МУТАҚОБИЛАИ СУДҲО, ПРОКУРОРҲО, МУФАТТИШОН ВА МАҚОМОТИ ТАҲҚИҚ БО МАҚОМОТ ВА ШАХСОНИ МАНСАБДОРИ ДАХЛДОРИ ДАВЛАТҲОИ ХОРИҶӢ ДАР ТАРТИБИ РАСОНИДАНИ КӮМАКИ ҲУҚУҚӢ ОИД БА ПАРВАНДАҲОИ ҶИНОЯТӢ

ҲАМКОРИИ МУТАҚОБИЛАИ СУДҲО, ПРОКУРОРҲО, МУФАТТИШОН ВА МАҚОМОТИ ТАҲҚИҚ БО МАҚОМОТ ВА ШАХСОНИ МАНСАБДОРИ ДАХЛДОРИ ДАВЛАТҲОИ ХОРИҶӢ ДАР ТАРТИБИ РАСОНИДАНИ КӮМАКИ ҲУҚУҚӢ ОИД БА ПАРВАНДАҲОИ ҶИНОЯТӢ

ФАСЛИ XII.

 МУҚАРРАРОТИ  АСОСИИ ТАРТИБИ ҲАМКОРИИ МУТАҚОБИЛАИ СУДҲО, ПРОКУРОРҲО, МУФАТТИШОН ВА МАҚОМОТИ ТАҲҚИҚ БО МАҚОМОТ ВА ШАХСОНИ МАНСАБДОРИ ДАХЛДОРИ ДАВЛАТҲОИ ХОРИҶӢ ДОИР БА ПАРВАНДАҲОИ ҶИНОЯТӢ
БОБИ 48.

ҲАМКОРИИ МУТАҚОБИЛАИ СУДҲО, ПРОКУРОРҲО, МУФАТТИШОН ВА МАҚОМОТИ ТАҲҚИҚ БО МАҚОМОТ ВА ШАХСОНИ МАНСАБДОРИ ДАХЛДОРИ ДАВЛАТҲОИ ХОРИҶӢ ДАР ТАРТИБИ РАСОНИДАНИ КӮМАКИ ҲУҚУҚӢ ОИД БА ПАРВАНДАҲОИ ҶИНОЯТӢ
Моддаи 470. Равон кардани супориш доир ба гузаронидани амалиёти мурофиавӣ

1. Суд, прокурор, муфаттиш, мақомоти таҳқиқ ҳангоми зарурати гузаронидани пурсиш, муоина, ёфта гирифтан, кофтуков, экспертиза ва амалиёти дигари алоҳидаи мурофиавии пешбининамудаи Кодекси мазкур дар қаламрави давлати хориҷӣ гузаронидани онҳоро ба мақомоти дахлдори давлати хориҷие, ки бо он доир ба расонидани кўмаки мутақобили ҳуқуқӣ шартнома ё созишномаи байналмилалӣ мавҷуд аст, супориш медиҳад.

2. Супориши гузаронидани амали алоҳидаи тафтишӣ ба воситаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гузаронидани амали суд ба воситаи Раиси Шўрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё мутобиқан тавассути муовинони онҳо фиристода мешавад, ки онҳо дар ҳолатҳои зарурӣ барои мусоидат ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат мекунанд.

3. Ҳангоми ба расмият даровардани супориш, ба шарте, ки дар шартномаи байналмилалӣ ҳолати дигар пешбинӣ нашуда бошад, забони ҳамон давлате татбиқ мегардад, ки супориш ба он равон карда мешавад.
Моддаи 471. Мазмуни супориши гузаронидани амалиёти мурофиавӣ

Супориши гузаронидани амалҳои алоҳидаи тафтишӣ ва судӣ бояд ба тариқи хаттӣ тартиб дода, аз тарафи шахси мансабдоре, ки супоришро мефиристад, имзо ва бо мўҳри нишондори мақомот тасдиқ карда шавад ва маълумоти зеринро дошта бошад:

– номи мақомоте, ки супоришро мефиристад;

– ном ва суроѓаи мақомоте, ки супориш ба он фиристода мешавад;

– номи парванда ва мушаххасоти супориш;

– маълумот дар бораи шахсоне, ки нисбат ба онҳо супориш дода мешавад, шаҳрвандии онҳо, шуѓл, ҷои зист ё маҳалли будубош ва барои шахсони ҳуқуқӣ – ном ва маҳалли ҷойгиршавии онҳо;

– баёни ҳолатҳое, ки бояд муайян карда шаванд, ҳамчунин номгўйи ҳуҷҷатҳо, далелҳои шайъӣ ва далелҳои дигари дархостшаванда;

– маълумот доир ба ҳолатҳои воқеии ҷинояти содиршуда ва бандубасти он бо замимаи нусхаи матни моддаи дахлдори Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мавриди зарурат маълумот дар бораи андозаи зараре, ки дар натиҷаи амали содиргардида расонида шудааст.
Моддаи 472. Даъват ва пурсиш кардани шоҳид, ҷабрдида, коршинос, даъвогари гражданӣ, ҷавобгари гражданӣ, намояндагони онҳо, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд

1. Агар шоҳид, ҷабрдида, даъвогари гражданӣ, ҷавобгари гражданӣ, намояндагони онҳо ва коршинос шаҳрвандони давлати хориҷӣ бошанд, метавонанд бо ризоии онҳо аз тарафи шахси мансабдоре, ки парвандаи ҷиноятиро тафтиш мекунад, барои гузаронидани амалҳои тафтишӣ ё судӣ ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда шаванд.

2. Дархост дар бораи даъвати шахс бо тартиби дар Кодекси мазкур пешбинишуда фиристода мешавад.

3. Амалҳои тафтишӣ ва судӣ бо иштироки шоҳид, ҷабрдида, дигар иштирокчиёни мурофиа, ки дар қисми 1 ҳамин модда зикр шудаанд, аз рўи қоидаҳои Кодекси мазкур гузаронида мешавад.

4. Шахсони дар қисми 1 ҳамин модда нишондодашуда, ки ба даъват ҳозир шудаанд наметавонанд дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шаванд, ба ҳабс гирифта шаванд ё ҳуқуқҳои шахсии дигари онҳо маҳдуд карда шаванд, ба шарте, ки ҳукми суд то ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудани ин  шахсон бароварда шуда бошад. Масуният ба шарте қатъ меёбад, ки шахси бо даъват ҳозиршуда имкони тарк кардани қаламравии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта, дар мўҳлати 15 шабонарўз аз лаҳзаи аз байн рафтани зарурати ҳузури ў қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистонро тарк намекунад ва ё баъди тарки қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дубора ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бармегардад.
Моддаи 473. Иҷрои супориш оид ба гузаронидани амалҳои мурофиавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 

1. Суд, прокурор, муфаттиш, мақомоти таҳқиқ супоришҳои бо тартиби муқарраргардида ба онҳо додаи мақомот ва шахсони мансабдори дахлдори давлатҳои хориҷиро оид ба гузаронидани амалҳои тафтишӣ ё судӣ мувофиқи қоидаҳои умумии Кодекси мазкур иҷро мекунанд.

2. Ҳангоми иҷрои супориш метавонанд меъёрҳои  мурофиавии давлати хориҷӣ истифода шаванд, ба шарте, ки ин амал дар шартномаи байналмилалӣ бо он давлат пешбинӣ шуда бошад. 

3. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи шартномаи байналмилалӣ, ҳангоми иҷрои супориш намояндаи мақомоти дахлдори давлати хориҷӣ иштирок карда метавонад.

4. Агар иҷрои супориш имкон надошта бошад, ҳуҷҷатҳои воридшуда мутобиқан тавассути Прокурори  генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Шўрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти хориҷие, ки супориш аз он омадааст, бо зикри сабабҳое, ки ба иҷрои он монеъ гардидаанд, баргардонида мешаванд. Агар иҷрои супориш ба истиқлолият ё амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон зарар расонида тавонад ва ё мухолифи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, бе иҷро баргардонида мешавад.
Моддаи 474. Барои идома додани таъқиби ҷиноятӣ равон кардани маводи парванда

Дар ҳолати содир шудани ҷиноят дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи шаҳрванди давлати хориҷие, ки аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон берун рафтааст, тамоми маводи парвандаи оѓозшуда ва таҳқиқшаванда ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад, то ки масъалаи фиристодани маводро ба мақомоти дахлдори давлати хориҷӣ барои идома додани таъқиби ҷиноятӣ ҳал кунад.

Моддаи 475. Иҷрои дархости идома додани таъқиби ҷиноятӣ ё оид ба оѓоз кардани парвандаи ҷиноятӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муроҷиати мақомоти дахлдори давлати хориҷӣ доир ба додани парвандаи ҷиноятӣ нисбати шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қаламрави давлати хориҷӣ ҷиноят содир карда, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргаштааст, барои тафтиши минбаъда аз ҷониби Прокуратураи генералӣ баррасӣ карда мешавад. Тафтиши пешакӣ, таҳқиқ ва мурофиаи суд дар чунин ҳолатҳо бо тартиби пешбининамудаи Кодекси мазкур анҷом дода мешавад.

2. Далелҳое, ки дар ҷараёни таҳқиқи парванда дар қаламрави давлати хориҷӣ аз ҷониби шахси мансабдори  ваколатдоршуда дар доираи салоҳияти ў ва бо тартиби муқарраршуда ба даст оварда шудаанд, ҳангоми идома додани тафтиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари дигар далелҳои доир ба парвандаи ҷиноятӣ ҷамъшуда эътибори ҳуқуқӣ доранд.

3. Дар ҳолати аз тарафи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави давлати хориҷӣ содир кардани ҷиноят ва то нисбат ба ў оѓоз шудани таъқиби ҷиноятӣ дар маҳалли содир шудани ҷиноят ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргаштанаш парвандаи ҷиноятӣ метавонад аз тарафи мақомоти босалоҳияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси маводе, ки мақомоти давлати хориҷӣ ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудааст, оѓоз ва тафтиш карда шавад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *