Манзараи табиию илмии Олам

Нақшаи мавзӯъ:

  1. Мавзӯъ ва ҳадафҳои табиатшиносӣ, давраҳо ва марҳилаҳои инкишофи табиатшиносӣ.
  2. Заминаҳои илмии манзараҳои табиию илмии Олам
  3. Проблемаҳои методологии табиатшиносӣ
  4. Давраҳои инқилобии инкишофи табиатшиносӣ
  5. Мавзӯъ ва ҳадафҳои табиатшиносӣ, давраҳо ва марҳилаҳои инкишофи табиатшиносӣ.

Табиатшиносӣ системаи илмҳо оид ба табиат ва олами ҳастӣ буда, ҳодисаҳо ва протсессҳое, ки дар он ба амал меоянд, мавриди муҳокима ва таҳқиқ қарор медиҳад. Дар айни замон табиат ҳамчун мавзӯи табиатшиносӣ на ба таври абстрактӣ ва берун аз фаъолияти инсон, балки ба таври конкретӣ ва таҳти нуфузи инсон мавриди назар қарор мегирад.

Ин ҷо қайд намудани вазъияте, ки солҳои охир дар соҳаҳои мухталифи илм пайдо шудааст, аз манфиат холӣ нест. Тавре маълум аст илм, аз ҷумла табиатшиносӣ, яке аз рукнҳои иҷтимоии ҷамъият буда, ба ҷараёни инкишофи он алоқамандии ногусастанӣ дорад. Мураккабӣ ва ихтилофнокии ҳолати имрӯзаи илм аз он иборат аст ки вай бечунучаро яке аз сабабгарони ба миён омадани проблемаҳои ҷаҳонии номатлуб (масалан, экологӣ) ҳисобида мешавад. Айни замон бидуни илм ҳалли ин проблемаҳо имконнопазиранд. Аз ин рӯ, нақшу мақоми илм пайваста меафзояд ва паст задану ба эътибор нагирифтани ин нақшу мақоми хосаи илм хавфу хатари калон дорад. Чунин беэътиноӣ нисбат ба илми муосир инсониятро дар назди проблемаҳои зикршуда нотавону заиф мегардонад. Боиси таассуф аст, ки чунин беэътиноӣ нисбат ба дастовардҳои илм дар ибтидои асри 21 ҳам ҷой дорад ва ин ҳолат бо сабабҳои объективӣ ба амал омадааст.

Азбаски илм яке аз ҷузъҳои фарҳанги ботинист, равандҳои дар системаи фарҳанг ба амал омада пайдост, ки нақши хешро дар илм мегузоранд. Масалан, хурӯҷи навбатии асотиргароӣ дар фарҳанги маънавии охири асри 20 ва ибтидои асри 21 ба илми муосир беасар намонд. Сабаби ин ҳодиса дар он аст, ки имрӯзҳо дар системаи фарҳанги маънавӣ намудҳои ба ҳамдигар куллан зидду якҷоянашавандаи шуур – илму асотир ба ҳам даромехтанд. Акнун ба сегонаи асотири классикии аждари кӯли Лох-Несс, одами барфӣ ва муаммои секунҷаи Бермуд, ки солҳои 60-уми асри 20 машҳур буд, хаёлу бофтаҳои нав аз қабили ҷустуҷӯи объектҳои паррони номаълум (кӯтоҳшудаи русиаш НЛО), полтергейтс (таҳти қувваҳои номаълум ба ҳаракат омадани ҷисмҳо), реинкарнатсия (ҳаёти баъди марг) ва ҳоказо илова шудаанд. Ҳамзамон, шаклҳои анъанавии оккултизм ба монанди сеҳру ҷоду, астрология (фолбинӣ аз рӯи ситораҳо), спиритизм (робита бо арвоҳи мурдагон) ва ғайра аз сари нав хурӯҷ гирифтанд. Ин ва дигар омилҳо боиси махлутшавии аҷиби илму асотир мегарданд.

Посухи илм ба ин ҳодисаҳо як аст: вай (яъне илм) чӯбчаи сеҳрнок ё сандуқчаи зулбиё нест, ки дар як он ҳамаи сирру асрори табиатро кашф намояд. Як қатор ҳодисаҳои табиат на барои он то ҳол маънидод нашудаанд, ки моҳиятан даркнашавандаанд, балки усулу воситаҳои дарки онҳо то ба ҳол ташаккул наёфтаанд. Вале бо боварии том метавон гуфт: ҳар он чизе, ки имрӯз муаммост, дер ё зуд таҳқиқ ва маънидод хоҳад шуд. Асоси ин бовариро дар таърихи илми табиатшиносӣ, дар таърихи тамаддун метавон ҷуст, ки иқтидору музаффарияти ақлу хиради инсонро яқинан нишон медиҳад. Ҳамин аст, ки имрӯз табиатшиносӣ ҳамчун таҳкурсии пешрафти илмию техникии замон ва асоси илмии дарки диалектикии табиат шинохта мешавад.

Илми табиатшиносии муосир дар заминаи маълумотҳо оид ба табиат, ки инсон тадриҷан ҷамъ намуда, аз насл ба насл медод, дар охирҳои асри 15 (давраи эҳёи Аврупо) чун тадқиқоти амалии бисёрҷабҳаи табиат ба вуҷуд омадааст.

Табиатшиносӣ ду ҳадаф дорад:

а) дарёфти ҳодисаҳои табиат, кашф ва омӯзиши қонуниятҳои ин ҳодисаҳо ва дар ин асос, пешгӯӣ намудан ва кашф кардани ҳодисаҳо ва моддаҳои нави табиат;

б) муайян намудани роҳу усулҳои истифодаи қонунҳои муқарраршуда, ҳодисаҳо ва қувваҳою моддаҳои кашфшудаи табиат ба манфиати инсон.

Ҳамин тавр, агар дарки қонунҳои табиат ҳадафи бевосита ва наздиктарини табиатшиносӣ бошад, татбиқи амалии онҳо ҳадафи ниҳоии он аст (расми 1).

Таърихи инкишофи табиатшиносӣ бо таърихи ҷамъият робитаи зич дорад, зеро ба ҳар як давра ва марҳилаи таърихи инсоният, ба ҳар як навъ ва дараҷаи инкишофи қувваҳои истеҳсолкунанда ва техника давраи ба худ хоси табиатшиносӣ мувофиқ меояд. Тавре зикр гашта буд, табиатшиносӣ ҳамчун тадқиқоти мунтазам ва мустақилонаи табиат нимаҳои дуюми асри 15 арзи вуҷуд намудааст. Давраҳои пештараи донишҳои табиию илмиро чун давраҳои ҷанинӣ ё худ давраҳои тайёрӣ ба таҳқиқи муттасили табиат баҳо додан равост. Одатан давраҳои зайли инкишофи табиатшиносиро фарқ мекунанд.

Давраи якуми тайёрӣ, ки онро давраи натурфалсафӣ меноманд ва дар давоми он элементҳои табиатшиносии минбаъда ба вуҷуд омаданд. Ин давра ба дунёи қадим, вақте ки техника ҳоло суст тараққӣ ёфта буд, рост меояд. Бояд гуфт, ки дар он замон ҳам кашфиётҳои алоҳидаи назарраси техникӣ дастраси одамон гашта буд. Статика (як бахши механика), астрономия ҳамчун соҳаҳои мустақили илм ва математика чун забони илмҳо ташаккул меёфтанд. Сонитар химия дар шакли кимиё (алхимия) пайдо шуд. Физика ва тиббиёт бошад ҳоло дар ҳолати ҷанинӣ буд. Дар ин замон кулли донишҳои табиию илмӣ ба илми ягонаву ҷудонашананда ва тобеъи фалсафа (фалсафаи табиат) дохил мешуданд.

Давраи дуюми тайёрӣ дар табиатшиносӣ ба давраи ҳокимияти зоҳирбинӣ (схоластика) ва фиқҳ (теология) дар Аврупои ғарбӣ ва кашфиётҳои ғайримунтазам рӯйдиҳанда дар Шарқ рост меояд. Дар мамолики ғарб илм ба замимаи фиқҳ (астрология, алхимия, сеҳру ҷоду, муаммои ададҳо) табдил ёфта буд. Пешравии техника дар ғарб ниҳоят суст ҷараён мегирифт. Техника ба омӯзиши мунтазами табиат эҳтиёҷот надошт ва бинобар он ба тараққиёти донишҳои табиию илмӣ таъсири назаррасе надошт. Бо вуҷуди он дар ин давра ҳам оҳиста-оҳиста ҷамъшавии донишҳо давом дошт, ки гузаришpo ба давраҳои минбаъда тайёр мекард.

Давраи механикӣ ва метафизикии табиатшиносӣ, ки ибтидои он ба замони пайдоиши табиатшиносӣ чун илми таҷрибавии мунтазам дар давраи Эҳё рост меояд, аз рӯи тамоюли xeш инқилобӣ аст. Азбаски усули хукмрони тафаккур метафизика ҳисоб меёфт, ин давраро метафизикӣ номидан мумкин аст. Табиатшиносии ин давра механикӣ буд, зеро ҳамаи равандҳои табиат танҳо аз нуқтаи назари механикӣ баҳо дода мешуд. Бо вуҷуди ҳамин ихтирои таҳлили бузургиҳои беохир хурд дар математика (Нютон ва Лейбнитс), назарияи космогонии Кант ва Лаплас, геометрияи аналитикии Декарт, таълимоти молекулавӣ-кинетикии Ломоносов ва назарияи инкишофи Волф дар биология ба назари метафизикӣ ба табиат зарбаи ҳалокатовар заданд. Ниҳоят, се кашфёти бузурги миёнаҳои асри 19 назарияи ҳуҷайраҳо, таълимот оид ба бадалшавии энергия ва назарияи эволютсияи Дарвин ба метафизика зарбаи ниҳоӣ заданд. Сонитар кашфиётҳое паи ҳам омаданд, ки диалектикаи табиатро пурратар маънидод карданд. Ин кашфиётҳо зеринҳоянд: пешниҳоди назарияи сохти химиявии пайвастаҳои органикӣ (Бутлеров), системаи даврии элементҳо (Менделеев), термодинамикаи химиявӣ (Гиббс), асосҳои физиологияи илмӣ (Сеченов), назарияи электромагнитии рӯшноӣ (Максвелл) ва ҳоказо.

Давраи инқилоб дар табиатшиносӣ пеш аз ҳама бо инкишофи физика алоқаманд аст. Физика ҳамчун соҳаи пешбари табиатшиносӣ нисбат ба дигар соҳаҳои он нақши ҳавасмандкунанда ва такягоҳро иҷро мекунад. Масалан ихтирои микроскопи электронӣ ва истифодаи усули атомҳои нишонадор дар тамоми соҳаҳои биология, физиология ва биохимия табаддулот ба амал овард. Усулҳои физикӣ муваффақиятҳои назарраси химия, геология ва астрономияро таъмин намуда, ба инкишофи илм оид ба кайҳон ва фатҳи он мусоидат намуданд.

Марҳилаи аввали инқилоб дар физика ва умуман дар табиатшиносӣ бо кашфи мавҷҳои электромагнитӣ (Гертс), нурафкании электромагнитии дарозии мавҷаш хурд (Рентген), радиоактивнокӣ (Беккерел), электрон (Ҷ. Томсон), фишори рӯшноӣ (Лебедев), пешниҳоди назарияи нисбият (Эйнштейн), таҷзияи радиоактивӣ (Резерфорд ва Содди), ихтирои радио (Попов), бунёди генетика дар асоси қонунҳои Мендел ва аз ҷониби Бор пешниҳод шудани модели сохти атом алоқаманд аст. Марҳилаи мазкур бо таназзулёбии тасаввуроти пештараи метафизикӣ оид ба материя, сохти вай, хусусиятҳо ва шаклҳои ҳаракатҳо ва навъҳои қонуниятҳо оид ба фазо ва вақт сурат гирифта, хотима меёбад.

Марҳилаи дуюми инқилоб дар табиатшиносӣ миёнаи солҳои 20-уми асри 20 оғоз ёфта, дар давоми он дар асоси механикаи квантӣ ва назарияи нисбият консепсияи умумии квантию релятивӣ бунёд мегардад, инкишофи суръатноки табиатшиносӣ идома меёбад ва чун натиҷа тасаввуротҳо ва мафҳумҳои пешина, ки ба механикаи классикӣ асос ёфта буданд, қатъиян аз байн мераванд.

Ибтидои марҳилаи сеюми инқилоб дар табиатшиносӣ ба давраи аз худ намудани энергияи атом (соли 1939) ва тадқиқҳои минбаъда (соли 1940-1945), ки дар натиҷаи он кибернетика ва МЭҲ тавлид мешаванд, рост меояд. Хусусияти марҳилаи сеюм аз он иборат аст, ки акнун дар қатори физика гурӯҳи дигари илмҳо ба амсоли биология (хусусан генетика ва биологияи молекулавӣ), химия (махсусан макрохимия ва химияи полимерҳо) ва инчунин илмҳои бо табиатшиносӣ ҳамрадиф – кайҳоннавардӣ ва кибернетика ҳамчун илмҳои пешбари табиатшиносӣ шинохта мешаванд. Агар дар ибтидои асри 20 кашфиётҳои физикӣ мустақилона ба амал оянд, акнун, яъне миёнаҳои асри 20, инқилоб дар табиатшиносӣ бо инқилоб дар соҳаи техника якҷоя сурат мегирад, ки ин боиси инқилоби илмию техникии муосир мегардад. Аз назари амалия минбаъд нақши ҳалкунандаро илмҳои бунёдӣ (фундаменталӣ) иҷро мекунанд, ки бидуни онҳо тараққиёти техникаи ҳозиразамон ғайриимкон аст.

Курси «Консепсияњои табиатшиносии муосир»

Принсипњои илмї ва методњои тафаккур

Манзарањои табиию илмии Олам

Натиљањои асосии тадќиќот дар соњаи илмњои табиатшиносї

Консепсияњои асосї, проблемањо, аќидањо, назарияњо

Дар проссеси инкишофи таърихї ва дар марњилаи муосир

Расми 1. Сохтори омӯзиши курси «Консепсияҳои табиатшиносии муосир»

  1. Заминаҳои илмии манзараҳои табиию илмии Олам

Дар ҳар давру замон қисми муҳимтарини ҷаҳонбинии инсонро манзараи илмии Олам ташкил медиҳад, ки асоси онро дастовардҳои онзамонаи илмҳои табиатшиносӣ ва ҷомеашиносӣ ташкил медиҳад.

Манзараи табиию илмии Олам тасаввуротест, ки дар асоси донишҳои илми табиатшиносӣ ташаккул меёбад. Одатан дар ташаккули ин манзара консепсияҳои он соҳаи табиатшиносӣ нақши асосӣ мебозанд, ки дар давраи муайяни таърихӣ бештар рушд ёфта, ба сифати илми пешбар (лидер) эътироф шудааст. Бешубҳа чунин илмҳои пешбар ба ҷаҳонбинии илмии олимону омиёни замони худ нақши худро мегузоранд.

Аз асри 17 то ба имрӯз физика ба сифати илми пешбари табиатшиносӣ шинохта мешавад, зеро дар тӯли зиёда аз 300 соли охир кашфиётҳои бузурге, ки тасаввуроти инсонро оид ба табиат қатъиян тағйир дод, асосан дар соҳаи физика ба даст оварда шуд. Албатта дар соҳаҳои дигари табиатшиносӣ (хусусан дар биология) ҳам кашфиётҳои инқилобӣ ба вуҷуд омад, вале физика дар тӯли ин солҳо нақши пешбарии хешро аз даст надод. Солҳои охир дар рисолаҳои илмӣ ақидае баён мешавад, ки дар асри 21 нақши илми пешбарро биология хоҳад бозид. Шояд ҳамин тавр ҳам шавад, вале тадқиқотҳо ва натиҷаҳои аввалине, ки дар Коллайдери калони адронии Маркази аврупои тадқиқотҳои ядроӣ дар Швейтсария ба даст омаданд, аз он шаҳодат медиҳанд, ки физика нақши пешбарии худро нигоҳ хоҳад дошт.

Манзараи илмии Олам, ки табиатшиносӣ пешниҳод менамояд, ба соҳаҳои дигар илм, аз ҷумла ба илмҳои иҷтимоию гуманитарӣ низ таъсири хешро мерасонад. Гузашта аз он, маҳз консепсияҳо ва усулҳои тадқиқот оид ба табиат ва манзараи табиию илмии Олам фазои илмӣ ва ҷаҳонбинии ҳар як замонро муайян мекунад.

Тӯли солҳои зиёд, ки қисми бештари таърихии инсониятро дар бар мегирад, донишҳо ба маънои томаш илмӣ набуданд. Тасаввуроти одамон дар бораи табиату олами ҳастӣ, сохт ва пайдоиши он соддалавҳона буд. Донишҳо дар шакли асотир арзи вуҷуд мекард ва онҳо бо воситаи расму оинҳо, рамзу афсона ва ривоятҳо аз як насл ба насли дигар мегузашт.

Нахустин манзараи табиию илмии Олам, ки асосашро донишҳои олимони Юнони қадим ташкил медод, манзараи натурфалсафии Олам ном дорад. Истилоҳи «натурфалсафа» маънои фалсафаи табиатро дошта, то давраи Эҳё (асри 15-16) кулли илмҳоро оид ба табиат ифода менамуд.

Дар асри 17, баробари пайдоиши табиатшиносии таҷрибавӣ, пеш аз ҳама механикаи классикӣ, манзараи натурфалсафиро манзараи механикии Олам иваз мекунад, зеро омӯзиши табиат аз тадқиқи шакли соддатарини ҳаракати материя – ҳаракати механикии ҷисмҳо оғоз ёфт. Асоси ин манзараро механикаи классикӣ ташкил медиҳад. Афзалияти ин манзара аз манзараи натурфалсафӣ иборат аз он мебошад, ки минбаъд меъёри ҳақиқат танҳо ва танҳо таҷриба ва ченкуниҳои бузургиҳои физикӣ қабул карда мешавад (расми 2).

Натурфал-сафа

Манзараи механикии Олам

Манзараи электромаг-нитии Олам

Манзараи муосири табиию илмии Олам

Асри 6 то милод

Асри 17

Асри 19

Асри 21

Расми 2. Ташаккули манзараҳои табиию илмии Олам

Расми 3. Спектри мавҷҳои электромагнитӣ

Дар нимаҳои дуюми асри 19, пас аз бунёди назарияи электромагнетизм ва кашфи мавҷҳои электромагнитӣ, манзараи электромагнитии Олам ба вуҷуд меояд. Нишон дода шуд, ки дар олам натанҳо моддаҳо ба намуди ҷисмҳои гуногун, балки майдонҳои мухталифи физикӣ ҳам ба таври объективӣ мавҷуданд, на танҳо моддаҳо, балки майдонҳои физикӣ низ яке аз шаклҳои мавҷудияти материя мебошанд (расми 3). Пас аз он, ки дар баробари моддаҳо ба қатори объектҳои омӯзиши физика майдонҳои физикӣ низ дохил шуданд, манзараи олам намуди мураккабтар ва дар айни замон, рангинтарро гирифт. Одатан мегӯянд, ки дар натиҷа манзараи механикиро манзараи электромагнитӣ иваз кард. Вале беҳтар мебуд агар гӯем, ки манзараи механикиро манзараи электромагнитӣ пурратар гардонд, зеро тасаввурот – ҳамон тасаввуроти физикаи классикӣ, тасаввурот оид ба макроолами шинос боқӣ монда буд. Аз ин рӯ манзараи илмии ин давраро манзараи механикию электромагнитии Олам номидан дақиқтар аст.

Охирҳои асри 19 ва ибтидои асри 20 олимон ба омӯзиши микроолам шурӯъ намуда, ба ҳодисаҳои навтарини хосиятҳои фавқуллода дошта дучор омаданд. Ин кашфиётҳо тасаввуротро оид ба табиат қатъиян дигаргун сохт. Акнун бо дарназардошти кашфиётҳои астрофизикӣ олам вобаста аз хусусиятҳои физикии ҳодисаҳо ва объектҳои дар ин ҳодисаҳо ширкаткунанда ба се сатҳу дараҷа – микроолам, макроолам ва мегаолам ҷудо карда шуд (ҷадвали 1, расмҳои 4,5,6,7).

Ҷадвали 1

Савияҳои Олам

Савияҳо

Ҳудудҳои шартӣ

Дарозӣ, м

Масса, кг

Микроолам

r <= 10-5

m ~ 10-10

Макроолам

r ~ 10-5 – 107

m ~ 10-10 – 1020

Мегаолам

r > 107

m > 1020

Диаметри ќисми намоёни Олам

Радиуси протон

Радиу-си атом

Њуљай-ра

Себ

Ќади инсон

Радиуси Замин

Диаметри Офтоб

Диаметри системаи Офтобї

АНДОЗА, метр

Расми 4. Савияҳои Олам бо андоза

МАССА, килограмм

Молеку-лаи КДН

Ма-гас

Инсон

Тайёра

Замин

Офтоб

Системаи галактикањо

Галактика

Расми 5. Савияҳои Олам бо масса

Тасаввуроти илмие, ки дар асоси кашфиётҳо, назарияҳо ва консепсияҳои илмии ин давра ба вуҷуд омада, ташаккулу такомули он то ҳол давом дорад, асоси манзараи муосири табиию илмии Оламро ташкил медиҳад.

Фаслҳои ояндаи ин китоб барои шиносоӣ бо консепсияҳои муҳимтарини ин манзара бахшида мешавад.

Расми 6. Савияҳои вақт

Расми 7. Савияҳои ҳарорат

3.Проблемаҳои методологии табиатшиносӣ

Методология худ назарияи фалсафӣ оид ба принсипҳо ва усулҳои тадқиқу таҳқиқи илмӣ буда, ба маънои васеътар таълимот оид ба аслу усули фаъолияти назариявӣ ва амалии инсон мебошад. Масъалаҳои методологӣ алалхусус дар асрҳои 16 ва 17, замоне ки табиатшиносии муосир ташаккул меёфт ва проблемаи таносуби байни усули илмӣ ва усули натурфалсафӣ пеш омада буд, дар мадди назар буданд. Ниҳоят, дар асри 19 ба тавассути тадқиқотҳои саромадони фалсафаи классикии немис (И. Кант, Г. Гегел ва дигарон) муяссар шуд, ки нақши диалектика ҳамчун усули умумии идрок эътироф гардад.

Проблемаҳои методологии табиатшиносии муосир масъалаҳоеро дарбар мегиранд, ки тамоми соҳаи илмҳои ба тадқиқи табиат вобаста бударо ба ҳам мепайванданд, аз ҷумла:

  • ошкор намудани робитаи умумии ҳодисаҳои табиат;
  • сарфаҳм рафтан ба моҳияти ҳодисаҳо, васеътар намудани ҳудудҳои пештар ноил гашта ҳам ба қаъри материя (микроолам) ва ҳам ба макро ва мегаолам;
  • зоҳир намудани ҷудоинопазирии материя ва шаклҳои мавҷудияти он –ҳаракат, фазо ва вақт;
  • ошкор намудани зиддиятҳои воқеии ҳодисаҳои табиат ва ҳоказо.

Ҳалли объективонаи ин масъалаҳо пешниҳоди системаи нишондодҳои методологиро тақозо дорад, ки қисми муҳими таркибӣ ва принсипи методологии умумитарини ҳар як соҳаи илм ба шумор меравад. Ин нишондодҳо нақши танзимкунандаи фаъолияти илмиро бозида, ба бунёди хулосаҳои ҳақиқии назариявӣ ва таҷрибавӣ мусоидат мекунанд. Аз рӯи мазмуну мундариҷа нишондодҳои методологӣ системаи тасаввуротҳо оид ба объекти омӯхташаванда ва раванди тадқиқи ин объект буда, шаклу мазмуни натиҷаи тадқиқотро муайян менамояд.

Азбаски дар рафти инкишофи таърихии ҳар як соҳаи илм дер ё зуд объекти таҳқиқшаванда тағйир меёбад ва, аз ин рӯ, раванди омӯзиш низ дигар мегардад, системаи нишондодҳои методологӣ хусусиятҳои таърихию воқеии фаъолияти илмиро муайян менамояд. Гузашта аз он, ҳар як соҳаи тадқиқоти илмӣ маҳз аз рӯи нишондодҳои методологии худ дар системаи фарҳанг мақоми худро пайдо мекунад. Бинобар он ҳамон соҳаи табиатшиносӣ, ки нишондодҳои методологиаш дар давраи додашудаи таърихӣ барои тамоми табиатшиносӣ хос ва муайянкунанда аст, илми пешбар шинохта мешавад. Ҳамин аст, ки аз асри 17 сар карда то имрӯз физика илми пешбари табиатшиносӣ ҳисобида мешавад. Тавре қайд намуда будем, аз солҳои охири асри 20 сар карда андешаҳое баён карда мешавад, ки ин нақш тадриҷан ба ихтиёри биология гузашта истодааст. Ба ақидаи инҷониб бо дарназардошти он тадқиқотҳое, ки солҳои охир дар Коллайдери калони адронӣ (ЦЕРН, Швейтсария) гузаронида шуда истодаанд ва он натиҷаҳои илмие ки ба даст омаданд, бо итминони комил гуфтан мумкин аст, ки имрӯз ва солҳои наздиктарин физика мақоми пешбарии худро аз даст доданӣ нест.

Таърихи табиатшиносӣ нишон медиҳад, ки пешниҳоди системаи нишондодҳои методологӣ ва ивази он дар ҷараёни инқилобҳои илмӣ сурат мегирад. Бо омилҳою сабабҳои ивазу тағйири нишондодҳои методологии муҳимтарини илмҳои физика ва астрономия дар мавзӯъҳои оянда шинос хоҳем шуд.

4. Давраҳои инқилобии инкишофи табиатшиносӣ

Дар таърихи табиатшиносӣ давраҳои эволютсионӣ ва инқилобии инкишофи онро фарқ мекунанд. Ба инқилобҳои илмӣ дар табиатшиносӣ пешниҳоди Системаи гелиосентрии Олам (Коперник, асри 16), кашфи қонунҳои механика ва бунёди механикаи классикӣ (Г.Галилей ва И.Нютон, асри 17), бунёди назарияи классики эволютсия дар биология (Ч.Дарвин, асри 19), пешниҳоди физикаи релятивӣ (А.Эйнштейн, асри 20), механикаи квантӣ (М.Планк, Л. де Бройл, Н.Бор ва дигарон, охири асри 19 ва ибтидои асри 20) ва ниҳоят бунёди биологияи молекулавӣ ва генетика (Ф.Крик, Ҷ.Уотсон ва дигарон, асри 20)-ро дохил намудан мумкин аст. Ҳар яке аз ин кашфиёту пешниҳодҳо барои ташаккулёбии тарзу усулҳои нави тадқиқот дар соҳаи додашудаи табиатшиносӣ нақши асосӣ бозидаанд.

Моҳияти ин инқилобҳои илмиро дар мавзӯъҳои оянда муҳокима ҳоҳем кард. Ин ҷо танҳо ҳаминро қайд намудан зарур аст, ки инқилоби илмӣ чунин просесси қонунӣ мебошад, ки дар таърихи илм ба таври даврӣ такрор мешавад ва дар рафти он як тарзу усули дарки ҳодисаҳои табиат ба тарзу усули сифатан нав иваз карда мешавад. Дар натиҷа робитаю муносибатҳои амиқтари табиат кашф мешаванд, ба ҷои мафҳумҳо ва принсипҳои пештара ақидаҳои нав ҷорӣ мегарданд.

Инқилоби илмӣ давраҳои инкишофи худро дорад. Дар марҳилаи аввала тарзу усулҳои нави дарки ҳодисаҳо пайдо шуда, бо пешниҳоди назарияи нав ва коркарди пешниҳодҳои методологии ҷадид хотима меёбад. Дар марҳилаи дуюм тарзи усули сифатан нави идрок қабул карда шуда, дурустии назарияи нав мавриди тадқиқ қарор дода мешавад. Бо ҳамин давраи инқилоби илмӣ хотима ёфта, давраи эволютсионии инкишофи илм оғоз меёбад. Дар ин давра, ки одатан тӯлонист, он тарзу усули дарки табиат, ки давраи инқилобӣ пешниҳод кардааст, ҳамчун воситаи нави тадқиқот қабул шуда, мавриди истифода қарор меёбад.

Саволҳои тестӣ

  1. Мавзӯи табиатшиносӣ кадом аст?

а) Ҳодисаҳои табиати зинда

б) Ҳодисаҳои табиати ғайризинда

в) Ҳодисаҳои табиати зинда ва ғайризинда

г) Ҷавоби дуруст нест.

  1. Илми табиатшиносӣ чанд ҳадафи асосӣ дорад?

а) 1

б) 2

в) 3

г) 4

  1. Заминаи илмии манзараи натурфалсафии Оламро чӣ ташкил медиҳад?

а) Донишҳои олимони Юнони Қадим

б) Донишҳои олимони асрҳои миёна

в) Донишҳои олимони асри 20

г) Ҷавоби дуруст нест.

  1. Асоси манзараи механикии Оламро кадом назария ташкил медиҳад?

а) механикаи классикии Нютон

б) механикаи квантӣ

в) назарияи Максвелл

г) ҷавоби дуруст нест.

  1. Манзараи электромагнитии Олам дар асоси кадом назария пайдо шудааст?

а) механикаи классики Нютон

б) механикаи квантӣ

в) назарияи Максвелл

г) назарияи Эйнштейн

test

Добавить комментарий