Манзараи муосири химиявии олам

Нақшаи дарс:

  1. Давраҳои асосии инкишоф ва ташаккули химияи муосир.
  2. Механикаи квантӣ – асоси назариявии химияи асри 20
  3. Сохти молекула, бандҳои химиявӣ ва намудҳои он
  4. Нақш ва мақоми химия дар ҷамъияти инсонӣ
  5. Давраҳои асосии инкишоф ва ташаккули химияи муосир

Химия яке аз соҳаҳои илми табиатшиносӣ буда, мавзӯи омӯзиши он элементҳои химиявӣ (атомҳо), моддаҳои содда ва мураккаби аз атомҳо ташкилёфта (молекулаҳо), табдилёбии моддаҳо ва қонунҳои ин табдилёбиҳо мебошад. Химия решаҳои чуқури таърихӣ дошта, одамон ҳанӯз ҳазорсолаҳои 4 – 3 пеш аз милод аллакай бо табдилёбиҳои моддаҳои гуногун шинос буда, онҳоро ба манфиати хеш истифода мебурданд. Яке аз шохаҳои қадимтарини илми химия металгудозӣ (металлургия) ба ҳисоб меравад. Гузаштагони дури мо гудохтани мис ва ҳосил намудани хӯлаи мису қалъагӣ – биринҷиро аз худ намуда буданд. Сонитар, дар ҳазорсолаи 2 то милод истихроҷи маъдани оҳан ва гудохтани он ба роҳ монда шуд. Дар натиҷаи ин асбобу анҷомҳои рӯзғори чӯбину сангин ба асбобҳои оҳанин иваз карда шуданд, ки он барои сабук гардонидани меҳнати ҷисмонӣ мусоидат намуд. Ин ҷо зикр намудан бамаврид аст, ки аз асрҳои 6 – 5 пеш аз милод то давраи Эҳё (асрҳои 15 – 16) химия дар асоси ду таълимоти натурфалсафии атомизм ва чор унсур (обу оташу хоку ҳаво) инкишоф меёфт.

Дар асрҳои 3 – 4 милодӣ, дар заминаи химияи амалии Миср ва натурфалсафаи Юнони қадим илми кимиё (алхимия) ба вуҷуд меояд, ки ҳадафи асосии он ба даст овардани симу зар (нуқра ва тилло) буд. Кимёгарон бовар доштанд, ки дар натиҷаи бо таносубҳои гуногун пайваст намудани симоб ва гӯгирд (сулфур) металҳои гуногун, аз ҷумла металҳои асилу қиматбаҳо ҳосил намудан мумкин аст. Мувофиқи ақидаи кимёгарони араб дар табиат гӯё моддаи махсус – иксир (эликсир) мавҷуд бошад, ки бо ёрии он металҳои гуногунро ба симу зар табдил додан мумкин аст. Кимёгарон дар тӯли зиёда аз ҳазор сол дар ин самт тадқиқот бурданд ва бо вуҷуди он, ки ба мақсад нарасиданд (зеро он ақидаи ғалат буд), кашфиётҳое карданд, ки ба инкишофи илми химия мусоидат намуданд. Дар асрҳои миёна (хусусан, асрҳои 13 – 15) кимиё ва химия то он дараҷа ба ҳам даромехта буданд, ки якеро аз дигар фарқ намудан ғайриимкон буд. Дар байни кимёгарон, дар қатори қаллобону фиребгарон, шахсиятҳое низ кам набуданд, ки ба ақидаи хеш самимона бовар доштанд ва дар инкишофи илми химия саҳми босазо гузоштанд.

Аз нимаҳои дуюми асри 17 сар карда ақидаҳои кимиёгарӣ оҳиста – оҳиста мавқеи худро аз даст медиҳад ва тасаввуроти амиқе пойдор мегардад, ки мувофиқи он табдилёбии моддаҳо ҳадди муайяне дорад ва ин ҳудуд аз таркиби моддаҳои химиявӣ вобаста аст. Ҳамин тавр, дар асрҳои 17 – 18 химия тадриҷан ба таълимот оид ба табдилёбии сифатии моддаҳо, ки дар натиҷаи тағйирёбии таркиби онҳо ба вуҷуд меояд, мубаддал мегардад.

Ба инкишофи минбаъдаи химия эҳёи ақидаи қадимаи атомизм мусоидат намуд. Физик ва химики англис Роберт Бойл дар қатори аввалинҳо ақидаи атомистиро инкишоф дода, онро дар химия татбиқ намуд ва ӯ мегуфт, ки химия канизаки косибию табибӣ набуда, балки илми мустақил аст. Ӯ комилан боварӣ дошт, ки хусусиятҳои сифатӣ ва табдилёбии моддаҳоро танҳо бо назардошти шаклу андоза, ҳаракат ва ҷойгиршавии атомҳо маънидод кардан мумкин аст. Бойл чунин меҳисобид, ки моддаҳои гуногуни табиатро ба моддаҳои содда (элементҳо), моддаҳои мураккаб ва омехтаҳо ҷудо кардан мумкин аст.

Қадами дигари қатъиро дар ташаккулёбии химия олими фаронсавӣ Антуан Лавуазйе гузошт. Ӯ назарияи оксигении сӯзишро бунёд намуда, нишон дод, ки организми зинда ба монанди оташ моддаҳои ғизоиро сӯзонда, энергияи гармиро ба вуҷуд меорад. А.Лавуазйе дар соҳаи химия инқилоби илмӣ ба вуҷуд овардааст. Вай химияро аз маҷмӯаи ақидаҳои ҷудогонаи ба ҳам новобаста ба назарияи ягонае табдил дод, ки дар асоси он на танҳо ҳодисаҳою просессҳои маълум маънидод гардиданд, балки ҳодисаву просессҳои нав пешгӯӣ карда шуданд.

Дар ташаккулу такомули химия нақши олими барҷастаи рус М.В.Ломоносов низ бузург аст. Маҳз бо саъю кӯшишҳои вай дар миёнаҳои асри 18 дар Россия аввалин лабораторияи химиявӣ сохта шуда, дар он худи олим бо ҳалли як қатор масъалаҳои назариявӣ ва амалӣ машғул шуд. Аз ҷумла, Ломоносов бо тадқиқотҳои таҷрибавии Р.Бойл шинос шуда, онҳоро дар лабораторияи худ такрор мекунад ва дар натиҷа яке аз қонунҳои муҳимтарини табиат – қонуни бақои моддаро кашф кард.

Инкишофи таълимоти атомию молекулавӣ дар ибтидои асри 19 ба ақидаи сохти мураккаб доштани на танҳо молекулаҳо, балки атомҳо низ овард. Вале танҳо дар нимаи дуюми асри 19 (соли 1869), бо кашфиёти бузурги Д.И. Менделеев оид ба системаи даврии элементҳои химиявӣ, ақидаи сохти мураккаб доштани атомҳо тасдиқи илмӣ гирифт. Бо вуҷуди ин ҳама кашфиётҳо ва тасаввуротҳои навтарин то ибтидои асри 20 химия ҳамчун илми амалӣ боқӣ монд.

Танҳо пас аз бунёди механикаи квантӣ (нигар мавзӯи 3) ва дар асоси он сохта шудани химияи квантӣ системаи донишҳои химиявӣ асоси назариявӣ пайдо намуд.

Одатан вақте, ки шахс (аз ҷумла, донишҷӯ) бо мазмуну мундариҷаи илмҳои физика ва химия шинос мешавад, байни онҳо фарқи зиёде намебинад, зеро ҳам физика ва ҳам химия таълимот оид ба табиати ғайризинда мебошанд. Ин ҷо мушкилот дар он аст, ки химия ҳамон савияи ташаккули материяро меомӯзад, ки дар байни ду савияи бо физика вобастаи олам (моддаҳои макроскопӣ ва атомҳо) ҷойгир шудааст.

Вақте, ки дар асри 17 химия бунёд гардид, олимон гумон доштанд, ки соҳаи омӯзиши он микроолам мебошад. Вале бо бунёди физикаи атом ва физикаи ядроӣ дар асри 20 омӯзиши микроолам ба ихтиёри физика гузошта шуд.

Химия просессҳои табдилёбии моддаҳо ва таъсири омилҳои беруна (гармӣ, рӯшноӣ, майдонҳои физикӣ ва ғайра) – ро ба ин просессҳо меомӯзад. Ғайр аз ин, химия робитаи байни атомҳои дохили молекуларо низ меомӯзад. Маълум гардид, ки дар ин робита нақши электронҳо асосӣ мебошад (бандҳои химиявӣ). Бунёди механикаи квантӣ ба шохаи нави химия – химияи квантӣ асос гузошт, ки он асоси назариявии химияи муосир ҳисобида мешавад.

Яке аз комёбиҳои нодир дар химия аз он иборат мебошад, ки вай вобастагии сохтори моддаҳоро бо хосияти онҳо нишон дод. Масалан, алмос ва графит таркиби якхела доранд (ҳар ду аз карбон иборатанд), вале сохти сохтории гуногун (панҷарагӣ дар алмос ва варақ – варақӣ дар графит) ба онҳо хосиятҳои комилан фарқкунанда медиҳад: алмос яке аз моддаҳои сахттарин ба шумор меравад, вале графит, баръакс, хеле мулоим аст.

Комёбии дигари химияи асри 20 омӯзиш ва истифодаи катализаторҳо мебошад. Катализаторҳо моддаҳоеанд, ки суръати реаксияҳои химиявиро тағйир медиҳанд, вале ба таркиби моддаҳои ҳосилшуда дохил намешаванд. Катализаторҳо дар просессҳои дохили организмҳои зинда гузаранда аҳамияти беандоза калон доранд. Масалан, просесси фотосинтези растаниҳо танҳо бо иштироки катализатори махсус – хлорофилл имконпазир мегардад.

Химия аҳамияти калони амалӣ низ дорад, зеро ҳаёти имрӯзаи одамонро бе истифода аз маҳсулоти саноати химиявӣ тасаввур намудан имкон надорад.

Механикаи квантӣ – асоси назариявии химияи асри 20

Тавре қайд намуда будем, танҳо пас аз пайдоиши механикаи квантӣ ва дар асоси он бунёд шудани химияи квантӣ, илми химия асоси назариявӣ пайдо намуда, системаи донишҳои химиявӣ аз савияи таҷрибавӣ то ба дараҷаи назариявӣ бароварда шуд.

Мафҳумҳо ва объектҳои асосии химия атомҳо ва молекулаҳо мебошанд. Атом – зарраи майдатарини элементи химиявӣ мебошад, ки хосиятҳои ин элементро дорад. Атомҳо бо ёрии бандҳои химиявӣ пайваст шуда, молекулаҳоро ба вуҷуд меоранд. Молекула – зарраи майдатарини модда мебошад, ки хосиятҳои ин моддаро соҳиб аст.

Шумораи атомҳои маълум, ё худ элементҳои химиявӣ имрӯз зиёда аз 100 (~110) мебошад. Дар айни замон шумораи молекулаҳои табиӣ ва бо роҳи сунъӣ ҳосил шуда зиёда аз 18 миллион мебошад. Ин қадар шумораи зиёд аз он сабаб аст, ки аксари атомҳо (ғайр аз газҳои инертӣ) ба ҳамдигар таъсир намуда, молекулаҳоро ба вуҷуд оварда метавонанд. Сониян дар молекулаҳо шумораи атомҳо гуногунанд. Масалан, молекулаҳои газҳои инертӣ якатома, ҳидроген ва нитроген дуатома, об – сеатома ва ҳоказо. Молекулаҳои моддаҳои мураккаб ба монанди сафедаҳо ва кислотаҳои нуклеат (макромолекулаҳо) аз даҳҳо ва садҳо ҳазор атомҳо иборатанд. Атомҳо дар молекулаҳо бо тартиб ва ҷойгиршавии фазоии муайян алоқаманданд. Аз ин рӯ, бо вуҷуди нисбатан кам будани элементҳои химиявӣ (~110), шумораи моддаҳои химиявӣ ниҳоят зиёданд (~18 миллион).

Химияи квантӣ таълимотест, ки дар асоси мафҳумҳо ва принсипҳои механикаи квантӣ ва физикаи статистикӣ бунёд гардида, барои омӯхтани хосияти атомҳо, молекулаҳо ва моддаҳои химиявӣ татбиқ карда мешавад. Ба хотир меорем, ки яке аз муваффақиятҳои механикаи квантӣ бунёди назарияи квантии сохти атом мебошад. Таҷрибаҳои дақиқтарин ва борҳо такроршуда нишон доданд, ки атомҳо аз ядрои заряди мусбат дошта иборат буда, дар атрофи он электронҳои заряди манфӣ дошта давр мезананд. Дар айни замон, андозаи атом тақрибан ба 10-10 м ва андозаи ядрои он наздик ба 10-15 м мебошад.

Аз физикаи ядроӣ маълум аст, ки ядрои атомҳо аз протонҳои заряди мусбати электрикӣ дошта ва нейтронҳои безаряд таркиб ёфтаанд. Аз ин рӯ, ба протон ва нейтрони дохили ядро номи махсус – нуклон додаанд. Яке аз характеристикаҳои муҳимтарини атом заряди ядрои вай мебошад. Дар навбати худ заряди ядро аз шумораи протонҳои он вобаста буда, ба ин ё он атом мансуб будани ин ядроро нишон медиҳад.

Ҳамин тавр, ядрои атоми рақами тартибиаш N ва адади массавиаш М аз N протонҳо ва (М – N) нейтронҳо иборат буда, дар атрофи он электронҳои шумораашон ба шумораи протонҳо баробар давр мезананд. Азбаски заряди протонҳо ба заряди электронҳо ададан баробар, вале мусбат мебошад, пас заряди ядрои атоми додашуда ба +eN, суммаи заряди электронҳо ба -eN баробар ва, бинобар он, атом дар ҳолати нормалӣ нейтрал, яъне безаряд мебошад. Агар атоми нейтрал як ва ё якчанд электрони худро гум кунад, ба иони мусбат (катион) ва агар электронҳои изофа қабул намояд, ба иони манфӣ (анион) табдил меёбад. Массаи атомро асосан массаи ядрои вай ташкил медиҳад, зеро массаи электрон аз массаи протону нейтрон (нуклонҳо) тақрибан 2000 маротиба хурд мебошад. Дар айни замон ядрои ҳамон як элемент шумораи гуногуни нейтронҳо дошта метавонад. Дар натиҷа ин ядроҳо ба заряди якхела, вале адади массавии гуногун соҳибанд. Атомҳое, ки ядрои онҳо танҳо ба шумораи нейтронҳояш фарқ мекунанд, изотопҳо номида мешаванд. Масалан, элементи химиявии ҳидроген, ки ядрои он танҳо аз як протон иборат аст, се изотоп – протий, дейтерий ва тритий дорад. Ядрои ин изотопҳо, мувофиқан, нейтрон надорад, як ва ду нейтрон дорад (расми 18).

Расми 18. Изотопҳои гидроген

Электронҳои атом дар атрофи ядрои он қабат-қабат ҷойгир шудаанд ва тақсимоти электронҳо дар қабатҳо ба қонуне итоат мекунад, ки принсипи Паулӣ номида мешавад. Мувофиқи ин принсип дар ҳар як ҳолати квантии атрофи ядро зиёда аз як электрон мавҷуд буда наметавонад. Ҳолати квантии электронҳоро чор адади квантӣ – адади квантии асосӣ, адади квантии орбиталӣ, адади квантии орбиталии магнитӣ ва адади квантии хусусӣ (спин) муайян мекунанд. Онгоҳ, мувофиқи принсипи Паулӣ, ҳар як электрони атрофи ядрои атом аз дигараш аққалан бо як адади квантиаш бояд фарқ кунад. Ҳамин аст, ки ин принсипро одатан принсипи манъи (ё худ манъкунандаи) Паулӣ меноманд.

Мувофиқи принсипи Паулӣ электронҳо қабатҳоро танҳо бо тарзи муайян пур мекунанд. Инак, дар қабати якуми ба ядро наздиктарин то ду электрон, дар қабатҳои дуюм ва сеюм то 8 электрон, дар қабатҳои чорум ва панҷум то 18 электрон ва дар қабатҳои шашум ва ҳафтум то 32 электрон ҷойгир шуда метавонанд.

Дар ҳосилшавии бандҳои химиявӣ танҳо электронҳои қабати берунӣ иштирок мекунанд. Бинобарон шумораи электронҳои қабати берунӣ дараҷаи фаъолнокии химиявии элементҳо ва валентнокии онҳоро муайян мекунад. Тартибу низоми пуршавии қабатҳои электронӣ ҷойгиршавии элементҳоро дар системаи даврии Менделеев муқаррар менамояд. Мувофиқи ин низом шумораи элементҳои химиявӣ дар ҳар як давр ба шумораи электронҳои қабати берунӣ баробар аст.

Бунёди назарияи квантии атомҳо натанҳо муҳимияти фундаменталии назариявӣ, балки аҳамияти сирф амалӣ низ дорад. Пеш аз ҳама ин назария ба рушду такомули энергетикаи атомӣ мусоидат намуд. Сониян вай барои васеътар намудани ҳудуди олами атомҳо такони ҷиддӣ дод. Дар замони Менделеев 63 элементи химиявӣ маълум буд. Солҳои 30 – уми асри 20 давраи кашфи элементҳои химиявии табиӣ ба охир расида, системаи даврии Менделеев бо элементи уран (рақами тартибиаш 92) анҷом ёфт (расми 20).

Дар давоми солҳои 1940 – 1955 бо усули синтези ядрои атомҳо як қатор элементҳои нави химиявӣ ҳосил карда шуд. Дар замони ҳозира шумораи элементҳои системаи даврӣ ба 110 баробар аст. Суръатфизоҳои зарраҳои элементарӣ ҳоло имкон медиҳанд, ки ядроҳои боз ҳам вазнинтар синтез карда шаванд, аммо онҳо бениҳоят ноустуворанд, ё худ давраи ҳаёташон ниҳоят ночизанд (аз миллионҳо як ҳиссаи сония ва аз ин ҳам кӯтоҳтар). Вале ақидае маълум аст, ки мувофиқи он баъзе элементҳои рақами тартибиашон аз 120 боло эҳтимол устуворанд. Бино бар он проблемаи номгӯи пурраи системаи даврии Менделеев масъалаи кушода ҳисобида мешавад.

Дар хотима зикри он нукта аз фоида холӣ нест, ки физикаи атомии муосир ба орзуву ормони кимиёгарони асримиёнагӣ ҷомаи амал пушид. Суръатфизоҳои зарраҳои элементарӣ имкон медиҳанд, ки бо роҳи синтез аз як модда моддаи дигар ҳосил карда шавад. Бо ин роҳ масалан, аз симоб тилло ҳосил кардан мумкин аст, яъне орзуи деринаи кимиёгаронро амалӣ гардонидан мушкил нест, вале тиллои бо ин усул ҳосилшуда хеле ва хеле қимат хоҳад буд.

Сохти молекула. Бандҳои химиявӣ ва намудҳои он

Назарияи сохти молекулии моддаҳо яке аз қисмҳои асосии химияи квантӣ ба шумор меравад. Тавре қайд намуда будем, атомҳо тавассути алоқаҳои химиявӣ пайваст шуда, молекулаҳоро ба вуҷуд меоранд. Молекулаҳо ба монанди атомҳо объектҳои квантианд. Онҳо бо таркиб, сохтор ва массаи молекулавӣ ифода карда шуда, аз якдигар бо хосиятҳои физикӣ ва химиявиашон фарқ мекунанд.

Масалан, таркиби об бо формулаи Н2О ифода карда шуда, массаи молекулавиаш ба 18 баробар ва формулаи хаттиаш (сохториаш) Н – О – Н мебошад. Андозаи молекулаҳо аз масса ва сохтор вобаста буда, тақрибан ба 10-7 м (аз 10 миллион як ҳиссаи 1 метр) баробар аст. Молекулаҳои таркиби якхела дошта, бо ҷойгиршавии атомҳо ва пайдарпаии бандҳои химиявӣ аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Ин гуна молекулаҳо изомерҳо номида шуда, формулаҳои сохтории гуногун доранд ва хосиятҳои химиявиашон якхела намебошанд.

Бандҳои химиявӣ яке аз мафҳумҳои асосии назарияи квантии молекулаҳо ба шумор меравад. Банди химиявӣ – василаест, ки ба тавассути он аз атомҳо молекулаҳо ҳосил мешаванд. Бандҳои химиявӣ танҳо аз ҳисоби таъсири мутақобилаи электромагнитии электронҳои тоқ ва ядрои атомҳои молекуларо ташкилдиҳанда ба вуҷуд меоянд (расми 19). Ду намуди асосии бандҳои химиявӣ – ионӣ ва ковалентӣ мавҷуд аст. Банди ионӣ дар натиҷаи аз як

Расми 19. Бандҳои химиявӣ

атом ба атоми дигар гузаштани электронҳо ва ҳосил шудани ионҳои мусбату манфӣ, ки бо якдигар алоқаи электростатикӣ дорад, ҳосил мешавад (масалан, NaСl). Банди ковалентӣ дар натиҷаи умумигардии электронҳои атомҳои молекуларо ташкилдиҳанда ҳосил мешавад. Дар ин ҳол электронҳои қабати берунаи атомҳои ба молекула дохилшаванда барои ин атомҳо умумӣ мегарданд (масалан, Н2, О2, СО2, СН4 ва ҳ.). Ғайр аз ин бандҳои металлӣ ва гидрогенӣ вуҷуд доранд. Дар расми 19 в) банди металлӣ дар мисоли нуқра Ag ва г) банди гидрогенӣ дар мисоли об, фториди гидроген ва сирко нишон дода шудааст.

Нақш ва мақоми химия дар ҷамъияти инсонӣ

Вақте сухан дар бораи нақшу мақоми химия ва саноати химиявӣ меравад, ҳар як инсони ҳамзамони мо, новобаста аз он, ки оид ба ин соҳа маълумоти илмии кофӣ дорад ё надорад, албатта чанд сухане гуфта метавонад. Ба ҳамагон маълум аст, ки имрӯз баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ бе истифодаи нуриҳои минералӣ ва заҳрхимикатҳо ғайриимкон аст. Вале дар айни замон истифодаи онҳо ба ифлосшавии обу ҳаво, замин ва маҳсулоти ҳосилшуда сабаб гардиданд. Аз ин рӯ, маҳсулотҳое, ки бе истифода аз маводи химиявӣ ҳосил шудаанд, талабот ва арзиши бештар доранд. Ҳатто ибораи «маҳсулоти аз назари экологӣ тоза» пайдо шудааст. Дар саноат истифодаи моддаҳои нави химиявӣ иқтидори истеҳсолиро ғанитар гардонид. Вале ин дастовардҳо низ ба оқибатҳои нохуши экологӣ оварданд, зеро аксарияти моддаҳои химиявӣ дар муҳити табиӣ ҳалнашаванда буда, муҳитро ифлос менамоянд.

Имрӯз химия дар саноати хӯрокворӣ ва маҳсулоти рӯзгору хоҷагидорӣ низ татбиқи

Ҷадвали даврии элементҳои химиявии Д.И.Менделеев

Расми 20. Ҷадвали даврии элементҳои химиявии Д.И.Менделеев

васеъ пайдо кардааст, вале дар ин самт ҳам оқибатҳои манфии экологӣ мушоҳида карда мешаванд.

Манбаи асосии ифлоскунандаи табиат корхонаҳои металлгудозии сиёҳ ва ранга,

нерӯгоҳҳои барқии гармӣ, воситаҳои нақлиёти автомобилӣ, сӯзондани партовҳо ва ҳоказо мебошанд. Ҳамасола ба муҳити атроф тақрибан 20 миллиард тонна гази карбонат (СО2), 300 миллион тонна гази карбон (СО), 50 миллион тонна оксидҳои нитроген (NO, NO2), 150 миллион тонна дуоксиди сулфур SO2 ва газҳои дигари зараровар, 400 миллион тонна дудаю чангу хокистар партофта мешавад. Ин рақамҳо аз сол ба сол тамоюли зиёдшавӣ доранд. Танҳо як мисол: гази карбонат нури офтобро пурра мегузаронад, вале гармии Заминро нигоҳ медорад. Дар натиҷа ҳодисаи «эффекти гармхона» ба вуҷуд меояд. Бино бар он зиёд шудани миқдори СО2 дар атмосфера сабаби гармшавии иқлим гардида ба обшавии яхҳои қутбҳои Замин ва пиряхҳои кӯҳистон мусоидат мекунад, ки оқибатҳои бади экологӣ дорад.

Миқёси ифлосшавии муҳити табиӣ ба он дараҷа калон аст, ки просесҳои табиии метаболизм ва имкониятҳои ҳалкунии атмосфераи Замин ба таъсири зараровари фаъолияти истеҳсолии инсон муқовимат карда наметавонад. Дар натиҷа қобилияти худтанзимкунии биосфера, ки дар тӯли миллион солҳо дар ҷараёни эволютсия соҳиб шудааст, бебозгашт рӯ ба таназзул овардааст. Агар ин просесс боздошта нашавад, биосфера ва дар радифи он инсоният оқибати маҳвшавӣ дорад.

Саволҳои тести

1. Дар қабати якӯми атрофи ядрои атом то чанд электрон мавҷуд буда метавонад?

А) то 2 электрон

Б) то 8 электрон

В) то 18 электрон

Г) то 32 электрон

2. Дар қабатҳои дуюм ва сеюми атрофи ядрои атом то чанд электрон мавҷуд буда метавонад?

А) то 2 электрон

Б) то 8 электрон

В) то 18 электрон

Г) то 32 электрон

3. Дар қабатҳои чорӯм ва панҷӯми атрофи ядрои атом то чанд электрон мавҷуд буда метавонад?

А) то 2 электрон

Б) то 8 электрон

В) то 18 электрон

Г) то 32 электрон

4. Дар қабатҳои шашӯм ва ҳафтӯми атрофи ядрои атом то чанд электрон мавҷуд буда метавонад?

А) то 2 электрон

Б) то 8 электрон

В) то 18 электрон

Г) то 32 электрон

5. Электронҳо дар қабатҳои атрофи ядрои атом аз рӯи кадом қонун ва ё принсип ҳаракат мекунанд?

А) қонуни ҷозибаи Нютон

Б) принсипи нисбияти Эйештейн

В) принсипи манъи Паулӣ

Г) принсипи номуайянии Гейзенберг

6. Шумораи элементҳои химиявии маълум чанд аст?

А) 63

Б) 92

В) зиёда аз 100

Г) зиёда аз 18 миллион

7. Шумораи молекулаҳои маълум чанд аст?

А) 63

Б) 92

В) зиёда аз 100

Г) зиёда аз 18 миллион

8. Андозаи ядрои атом кадом аст?

А) 10 ^ (- 15) м

Б) 10 ^ (- 10) м

В) 10 ^ (- 5) м

Г) 10 ^ (- 3) м

9. Андозаи атом кадом аст?

А) 10 ^ (- 15) м

Б) 10 ^ (- 10) м

В) 10 ^ (- 5) м

Г) 10 ^ (- 3) м

10. Андозаи молекула кадом аст?

А) 10 ^ (- 15) м

Б) 10 ^ (- 10) м

В) 10 ^ (- 5) м

Г) 10 ^ (- 3) м

11. Изотоп чист?

А) атоме, ки бо шумораи электронҳояш аз атоми элементи додашуда фарқ мекунад.

Б) атоме, ки бо шумораи протонҳояш аз атоми элементи додашуда фарқ мекунад.

В) атоме, ки бо шумораи нейтронҳояш аз атоми элементи додашуда фарқ мекунад.

г) чавоби дуруст нест

12. Атоми элементи химиявӣ аз кадом зарраҳои элементарӣ иборат аст?

А) электрон, протон, нейтрон;

Б) электрон ва протону нейтрони дохили ядро;

В) протон ва электрону нейтрони дохили ядро;

Г) нейтрон ва протону электрони дохили ядро;

13. Ядрои атом аз кадом зарраҳои элементарӣ иборат аст?

А) электрон ва протон;

Б) протон ва нейтрон;

В) нейтрон ва электрон;

Г) электрон, протон ва нейтрон.

14.Таълимоти А.Лавуазйе ба кадом соҳаи илм тааллуқ дорад?

А) физика

Б) химия

В) астрономия

Г) биология

15. Дар системаи даврӣ Д.Менделеев атомҳоро аз рӯи кадом аломаташон ҷойгир кардааст?

А) массаи атомӣ

Б) заряди ядро

В) шумораи нейтронҳо

Г) шумораи протонҳо

16. Дар замони кашфи Системаи даврии Менделеев чанд элементи химиявӣ маълум буд?

А) 44

Б) 54

В) 63

Г) 74

17. Дар кадом соҳаи илм таълимоти Р.Бойл инқилоб ба вуҷуд овард?

А) физика

Б) химия

В) астрономия

Г) биология

18. Дар кадом соҳаи илм таълимоти А.Лавуазйе инқилоб ба вуҷуд овард?

А) физика

Б) химия

В) астрономия

Г) биология

test

Добавить комментарий