Манзараи муосири биологии Олам

Нақшаи дарс:

1. Самтҳои инкишофи биологияи муосир ва принсипҳои асосии он.

2. Инкилоб дар биологияи молекулавии нимаи дуюми асри 20

3. Табиати зинда, хусусиятҳо ва савияҳои ташаккули он

4. Пайдоиши хаёт дар руи Замин ва давраҳои эволютсияи он. Консепсияи пайдоиши инсон, муносибатҳои иҷтимоӣ, шуур ва забон.

  1. Самтҳои инкишофи биологияи муосир ва принсипҳои асосии он.

Дар ҳама давру замон яке аз масъалаҳои муҳимтарин, ҷолиби диққат, баҳснок ва хамзамон мураккабтарини табиатшиносӣ проблемаи пайдоиши ҳаёт ва табиати зинда ба шумор мерафт. Биология ҳамчун таълимот оид ба ҳаёт ва табиати зинда дар замонҳои қадим пайдо шуда, таърихан чун илми тасвирии щаклу намудҳои гуногуни олами наботот ва ҳайвонот инкишоф ёфтааст. Бино бар он дар биология усулҳои таҳлил ва таснифи маълумотҳои сершумори тачрибавӣ оид ба табиати зинда мавқеи муҳим дорад. Яке аз таснифоти (классификатсияи) аввалини олами растаниҳо ва хайвонот ба қалами олимони асри 18 Карл Линей ва Жорж Бюффон тааллук дорад, ки бо сабаби ба эътибор нагирифтани омилҳои пайдоиш ва инкишофи организмҳои зинда бештар хусусияти (характери) сунъӣ доштанд. Бо вуҷуди ин таснифоти зикршуда барои ҷамъбаст намудани донишҳои биологӣ, таҳлилу тадқиқи сабабҳо ва омилҳои пайдоиш ва инкишофи системаҳои зинда мусоидат намуданд. Дар заминаи маҳз ҳамин тадқиқот имкон пайдо гардид, ки олимон сохторҳои зиндаро аввал дар савияи ҳучайрагӣ ва сониян, дар савияи молекулавӣ таҳқиқ намоянд. Ғайр аз ин омӯзиши таҳлили танқидии тадқиқоти зикршуда биологҳоро водор сохт, ки аз таснифоти сунъӣ ба таснифоти табиӣ рӯй оваранд. Чунин кӯшишҳоро мо дар тадқиқотҳои табиатшиноси шинохтаи фаронсавӣ Жан Батист Ламарк мебинем. Вай маълумотҳои зиёди илмии дар биологияи ибтидои асри 19 ҷамъ шударо таҳлилу таҳқиқ намуда, дар таълимоти худ паҳлуҳои сифатан нави нақши муҳити атрофро дар инкишофи организмҳои зинда муайян намуд. Агар то Ламарк муҳитро ҳамчун омили ба организм зараровар, ё ҳеҷ набошад омили беасар шуморанд, пас ба туфайли Ламарк вазъи муҳити атроф шарти асосии эволютсияи шаклҳои зинда шинохта шуд.

Бо мафҳуми эволютсия мо дар мавзӯъҳои пештара низ дучор шуда будем (эволютсияи космологии Олам, эволютсияи геологӣ ва ғайра). Дар ин мавридҳо эволютсия просессҳои тӯлонӣ, тадриҷӣ ва тағйиротҳои оҳистаро ифода менамояд, ки дар ниҳояти кор ба тағйиротҳои қатъии сифатии ҳолати система меоварад. Дар таълимоти Ламарк мафҳуми эволютсия маҳз ҳамин маъноро ифода менамояд. Мувофиқи ин таълимот эволютсияи организмҳои зинда дар таҳти таъсири самтбахшии муҳити атроф ба амал меояд. Маҳз ба тавассути таьсири ин муҳит организмҳо хусусияти барои ҳаёт судбахшро соҳиб мешаванд ва минбаъд аз насл ба насл медиҳанд. Ҳамин тавр, мувофиқи ақидаи Ламарк ҳамаи аломатҳо ва хусусиятҳои судбахши ба даст овардаи организмҳои зинда меросӣ мебошанд ва самти минбаъдаи эволютсияро муайян менамоянд. Ин таьлимот дар таьрихи биология бо номи ламаркизм маълуму маъруф аст.

Мувофиқи ин таълимот намудҳои организми зинда аз ачдодони дури хеш бо роҳи мутобиқ шудан ба шароити тағйирёфтаи муҳити атроф пайдо шудаанд. Масалан заррофа гӯё барои ба барги дарахти баланд расидан гардани худро дароз кардааст ва гуё ин аломат тадриҷан ба наслҳои оянда гузаштааст. Ё худ гардани паррандаҳои обӣ барои ғӯта назада доштани сайди худ дар натиҷаи такрор ба такрор машқ кардан дароз шудааст. Ҳамин тавр, Ламарк ба шароити муҳити атроф мутобиқ шудани организми зиндаро натиҷаи машқҳои такрор ба такрор ҳисобида тағйирпазирии ирсӣ ва мутобиқшавиро хамон як просесс мефаҳмад. Ғайр аз ин камбудии дигари ламаркизм ба эътибор нагирифтани таъсири мутақобилаи диалектикии организми зинда ва муҳити атроф мебошад.

Ҳалли классикии ин масъала ба қалами табиатшиноси барҷастаи англис Чарлз Дарвин тааллуқ дорад. Вай масъалаҳои зиёди назариявӣ ва таҷрибавии олимони пештара, аз ҷумла Ламаркро таҳлил намуда, дар саёҳати илмии гирдизаминӣ иштирок намуд ва бо олами набототу ҳайвоноти минтақаҳои гуногуни Замин аз наздик шинос шуд. Дар натиҷаи ин тадқиқот Дарвин се қонуни асосии эволютсияи табиати зиндаро кашф намуд, ки принсипҳои назарияи классикии эволютсия дар биология номида мешавад. Принсипи якум муқаррар менамояд, ки тағйирпазирӣ хусусияти ҷудоинопазирии ҳар як мавҷудоти зинда аст. Яъне ҳар як организми зинда ҳар лаҳза ва доимо аломатҳои худро тағйир медиҳад. Ҳамин аст, ки дар табиат ду организми комилан монанд мавҷуд нест. Ҳар қадар табиатро омӯзем, ҳамон қадар боварии қатъӣ ҳосил мешавад, ки принсипи тағйирпазирӣ характери умумӣ ва универсалӣ дорад. Масалан ҳангоми мушоҳидаи рӯякӣ ба назар чунин менамояд, ки гӯё ҳамаи дарахтони себзор якхелаанд. Вале мушоҳидаҳои бодиққатона нишон медиҳанд, ки яке аз дарахтон решаҳои ғафстар ва чуқур рафта дошта, бино бар он ба хушкӣ тобовартар аст; пӯсти танаи дарахти дигар ғафстар ва ба хунукӣ тобовартар мебошад ва ҳоказо. Дар шароитҳои мӯътадил ин фарқиятҳо ба инкишофи дарахтон таъсири назаррас намерасонанд. Вале дар шароитҳои номусоид (хушксолӣ, зимистони қаҳратун) ҳар яке аз фарқиятҳои ночизи зикршуда ба ҳамон тайироти ҳалкунанда табдил меёбад, ки ҳаёт ва мамоти организмро муайян менамояд.

Дарвин бар хилофи Ламарк, ду намуди тайирпазириро фарқ мекунад. Тағйирпазирии фардӣ ё худ номуайян, тағйирпазириест, ки аз насл ба насл дода мешавад. Ба тағйирпазирии гурӯҳӣ, ё худ муайян ҳамон гурӯҳи организмҳо дучор мешаванд, ки дар таҳти таъсири омилҳои муайяни муҳити беруна қарор гирифтаанд. Мувофиқи тасаввуротҳои ҳозира тағйирпазирии муайян меросӣ намебошанд. Дар замони ҳозира тағйирпазирии фардӣ мутатсия ва тағйирпазирии гурӯҳӣ модификатсия номида мешаванд.

Принсипи дуюми назарияи Дарвин зиддиятҳои дохилии инкишофи табиати зиндаро ифода мекунад. Ин зиддият аз он иборат аст, ки аз як тараф ҳамаи навъҳои организмҳо майли аз рӯи прогрессияи геометрӣ афзудан доранд, вале, аз тарафи дигар танҳо қисми камтарини насл зинда монда, ба воя мерасад. Дар ҳақиқат растаниҳо ҳар сол садҳо ва ҳазорҳо тухм медиҳанд, моҳӣ бошад то миллион тухм мепошад, вале танҳо андаки ин тухмҳо ба дарахт ва моҳӣ табдил ёфта, ба воя мерасанд ва қобилияти насл додан пайдо мекунанд. Ин зиддияти дохилӣ, ки мубориза барои ҳаёт ном дорад, муносибатҳои мухталифи байни организмҳоро ифода мекунад. Ин муносибатҳо ҳам ҳамкории дохилинамудиро бар зидди шароитҳои номусоиди муҳити атроф, ҳам рақобати байни организмҳоро барои дарёфти ғизо ва ҳам мавқеи хубтари зист ишғол намуданро дар бар мегирад. Аз ин нуқтаи назар одатан муборизаи дохилинамудӣ ва байнинамудиро фарқ мекунанд.

Принсипи сеюм, ки принсипи интихоби табиӣ номида мешавад, дар назарияи эволютсияи Дарвин нақши фундаменталӣ мебозад. Ин принсип муқаррар менамояд, ки чаро аз насли сершумори имконпазири организмҳои зинда танҳо қисми ночизи он зинда монда ба балоғат мерасанд. Яьне дар табиат механизми махсуси интихоб мавҷуд аст, ки он организмҳои ба шароити мавҷуда ва ё тағйирёфтаи муҳити атроф мутобиқнашударо интихобан нобуд мекунад.

Тавре худи Дарвин кайд намудааст, ин натиҷаҳо оқибати қонуни умумӣ аст, ки инкишофи тамоми мавҷудоти зиндаро таьмин менамояд. Ин – қонуни афзоиш, тағйирёбӣ ва зинда мондани организмҳои аз ҳама қавитар ва фавтидани организмҳои аз ҳама заифтар мебошад.

Махсусияти хоси интихоби табиӣ аз он иборат аст, ки просесси тағйирот, аз як тараф тадриҷӣ ва суст буда, аз тарафи дигар, ин тағйиротҳо тадриҷан ҷамь шуда ба тағйироти бузург ва ҳалкунанда табдил меёбад ва дар ниҳоят ба пайдоиши намудҳои нав меоварад.

Назарияи эволютсионии ҳозиразамон, ки дар асоси таълимоти классикии Дарвин, қонунҳои ирсияти Мендел ва кашфиётҳои навтарин пайдо шудааст, назарияи синтетикии эволютсия номида мешавад ва асоси назариявии биологияи муосир маҳсуб меёбад.

Инқилоб дар биологияи молекулавии нимаи дуюми асри 20.

Назарияи эволютсионии Дарвин маҳсули ба ҳам даромехтани (синтези) донишҳои мухталифи назариявӣ ва амалии биологӣ мебошад. Аз ин рӯ, тасдиқу қабули ин назария соҳаҳои гуногуни биологияро дар бар гирифта, бештар таҳти баҳсу мунозираҳои беамон ва оштинопазири ақидаҳо суръат мегирифт. Бархӯрди ақидаҳо асосан дар атрофи мазмуну мундариҷа ва маънидоди принсипи интихоби табиӣ бардавом буд. Масъалаи асосӣ, ки бояд ҷавоби худро меёфт ва бо номи «даҳшати Ҷенкин» машҳур аст, худи Дарвинро низ ноором сохта буд. Математик ва муҳандиси англис Ф. Ҷенкин яке аз мухолифони ашаддии таълимоти Дарвин ба шумор мерафт. Далели ӯ иборат аз он ки, «чӣ тавр аломатҳои судманди организмҳои дар рафти интихоб зиндамонда дар насли онҳо тақвият меёбанд, ҳол он ки дар аснои ҷуфтшавии фарди ин аломатҳоро дошта бо фарди соҳиби аломатҳои дигар, аломатҳои судманд бояд аз насл ба насл суст шуда, оқибат нест шаванд?» Ба ин савол худи Дарвин низ ҷавоби қонеъкунанда дода натавонист ва бояд гуфт, ки дода ҳам наметавонист, зеро қонунҳои ирсият ҳоло кашф нашуда буданд.

Тасдиқу қабули принсипҳои назарияи Дарвин танҳо дар ибтидои асри 20, пас аз бунёди назарияи синтетикии эволютсия, ки таълимоти Дарвин, қонунҳои ирсияти Мендел ва экологияро муттаҳид карда буд, ба анҷом расид.

Донишҳо оид ба ирсият таърихи куҳан дошта бошанд ҳам, танҳо аз асри 18 сар карда олимон ба ин масъала таваҷҷӯҳи зарурӣ зоҳир намуданд. Аз ҷумла маълум гардид, ки на танҳо ҳайвонот, балки растаниҳо низ соҳиби ҷинсият мебошанд.

Дар таърихи таълимот оид ба ирсият, ки сонитар генетика ном гирифт, нақши олими франсуз, ботаник Огюстен Сажрэ назаррас аст. Ӯ аввалин шахсест, ки характери дискретӣ (фосиланок) доштани ирсиятро исбот намуд, таълимот оид ба ирсиятро ҳамчун илми мустақил эълон кард, яъне ба генетикаи илмӣ ибтидо гузошт.

Вале музаффарияти муҳимтарини охири асри 19 дар соҳаи генетика аз ҷониби биологи австриягӣ Грегор Мендел кашф карда шудани қонунҳои ирсият мебошад. Ӯ ақидаҳои баёнкардаи Сажреро инкишоф дода, қонунияти таҷзияи аломатҳои ирсиро муқаррар намуд, ки мувофиқи он аломатҳои алоҳидаи судбахши мутатсионӣ аз насл ба насл натанҳо суст намешаванд, балки нигоҳ дошта шуда, тавқият меёбанд. Ин қонуният проблемаи «даҳшати Ҷенкин» – ро ҳал намуда, пояҳои назарияи эволютсияи Дарвинро мустаҳкам намуд. Мутаассифона, ба кашфиёти Г. Мендел олимони он замон таваҷҷӯҳ зоҳир накарданд ва онро қабул нанамуданд, зеро барои ин ҳоло заминаи кофии илмӣ мавҷуд набуд. Ин замина танҳо дар ибтидои асри 20 ташаккул ёфт.

Ба ибтидои асри 20 марҳилаи инкишофи пуравҷи тадқиқотҳои таҷрибавии ҳодисаҳои ирсӣ ва ташаккулёбии генетикаи илмӣ рост омад. Соли 1900 қонуни ирсияти Менделро се нафар олимон – ботаники ҳолландӣ Хуго Де Фриз, ботаники немис Карл Корренс ва генетики австриягӣ Эрих Чермак новобаста аз ҳамдигар дубора кашф намуданд. Худи ҳамон сол мақолаи илмии Г. Мендел, ки ҳанӯз соли 1865, яъне 35 сол пештар чоп гардида буд, ёфт шуд (ва танҳо соли 1965 аҳли илм 100 – солагии кашфиёти Менделро ҳамчун таълимоти менделизм расман ҷашн гирифт). Асри 20 дар инкишофи биология боз аз он ҷиҳат муҳим аст, ки дар ин давра дар тадқиқотҳои илмии табиати зинда ба таври васеъ истифода бурдани усулҳои физикию химиявӣ ба роҳ монда шуд. Дар натиҷа дар савияи молекулавӣ таҳқиқ намудани таркиби ҳуҷайраҳо оғоз гардид. Муқаррар карда шуд, ки ҳуҷайраи тамоми мавҷудоти зиндаи рӯи Замин аз ҳамон 20 намуди аминокислотаҳо, 5 намуди асосҳо, ду намуди карбогидратҳо ва як намуди фосфатҳо иборатанд ва асосан аз 6 элементи химиявии органогенҳо номидашавандаи карбон, ҳидроген, оксиген, нитроген, гӯгирд (сулфур) ва фосфор таркиб ёфтаанд. Ҳамин тавр, ба самти нави тадқиқоти биологӣ – биологияи молекулавӣ замина гузошта шуд.

Муддатҳои тӯлонӣ дар аснои омӯзиши синтези моддаҳои органикӣ диққати олимонро таҳқиқи ҳамон қитъаи таркиби ҳуҷайра ба худ ҷалб намуда буд, ки аз сафедаҳо бой аст. Аксарият дар он ақида буданд, ки маҳз ҳамин сафедаҳо асоси фундаменталии ҳаётро ташкил медиҳанд ва аз ин рӯ, хусусияти системаҳои зиндаро бо хусусияту сохти сафедаҳо ифода мекарданд. (Яке аз асосгузорони назарияи марксистӣ Фридрих Энгелс ҳаётро тарзи мавҷудияти ҷисмҳои сафедадор номида буд ва ба хотири муаллифи ин ақида то дирӯз дар адабиёти илмии шӯравӣ ин таъриф бидуни танқид қабул шуда буд). Вале тадқиқотҳои дақиқ нишон доданд, ки на худи сафеда ва на ҷузъҳои таркибии он аз назари химиявӣ ягон хосияти нодире надорад.

Бинобар он тадқиқотҳои минбаъда ба омӯзиши қитъаи дигари ҳуҷайра, ки аз фосфор бой аст, равона карда шуд. Маълум шуд, ки дар ин қитъаи ҳуҷайра ду навъи пайвастаи химиявии кислотаи нуклеат номидашаванда мавҷуданд. Минбаъд дар таркиби

Расми 30. Шакли модели як қисми кислотаи КДН

он карбогидратҳои Д – дезоксирибоза ва Д – рибоза ёфт шуд, ки яке аз навъҳои онро кислотаи дезоксирибонуклеат (КДН) ва навъи дигари онро кислотаи рибонуклеат (КРН) номиданд (расми 30). Тавре сонитар маълум гардид ин кашфиёт яке аз кашфиётҳои муҳимтарини нимаи дуюми асри 19 дар соҳаи биология мебошад. Вале танҳо пас аз тақрибан сад сол ба олимон муяссар шуд, ки ба нақши кислотаҳои нуклеат дар организми зинда сарфаҳм раванд. Аз солҳои 40 – ӯм то 80 -ӯми асри 20 муқаррар карда шуд, ки ин кислотаҳо дар просессҳои ҳифз ва таҳвили аломатҳои ирсӣ, синтези сафеда ва мубодилаи модда нақши ҳалкунанда мебозанд. Ҳамин тавр, дар зарфи 50 соли охир дар соҳаи биологияи молекулавӣ натиҷаҳои илмии беназир, аз ҷумла кушодани сирру асрори сохти КДН, муқаррар намудани нақши КРН, ҳалли проблемаи биосинтези сафеда, синтези як қатор ферментҳо ва, ниҳоят, пайдоиши муҳандисии генетикӣ ба даст омаданд. Ҳадафи ниҳоии ин кашфиётҳо коркарди тасаввуротҳо оид ба моҳияти ҳаёт ва аломатҳои бунёдии он – ирсият, тағйирпазирӣ, мубодилаи модда ва ғ. мебошанд.

3. Табиати зинда, хусусиятҳо ва савияҳои ташаккули он

Табиати зиндаи рӯи Замин ниҳоят гуногуншаклу гуногунранг аст. Аз рӯи сохти ҳуҷайрагӣ организмҳои зинда ба беҳуҷайра ва ҳуҷайрадорҳо ҷудо мешаванд. Шакли беҳуҷайраи ҳаёт вирусҳо ва фагҳо мебошанд. Вирусҳо мавҷудотанд, ки байни организмҳои зинда ва ғайризинда ҷойгир шудаанд. Дар замони ҳозира зиёда аз 500 навъи вирусҳо ба қайд гирифта шудаанд.

Ҷадвали 3.

Намунаи гурӯҳбандии организмҳои зинда

Таксонҳо

Намояндаҳо

Инсон

Муш

Гандум

Олам (царство)

ҳайвонот

ҳайвонот

растаниҳо

Тип

Мӯҳрадорон

Мӯҳрадорон

Пӯшидатухмҳо

Синф

Ширхӯрҳо

Ширхӯрҳо

Якпаллагӣ

Гурӯҳ

Приматҳо

Хояндагон

Ғалладонаҳо

Оила

Гоминидҳо

Мушон

Ғалла

Авлод

Одам

Муш

Гандум

Намуд

Одами бошуур

Муши хонагӣ

Гандуми сахт

Олами растаниҳои муосир зиёда аз 500 ҳазор намудро дарбар мегирад (расми 31). Олами ҳайвоноти имрӯза зиёда аз 1,5 миллион намуд иборат мебошад (расми 32). Дар замони ҳозира тақрибан 100 ҳазор намуди замбӯруғҳо ба қайд гирифта шудаанд.

Расми 31. Таснифоти олами растаниҳо

Расми 32. Таснифоти олами ҳайвонот

Мавҷудоти ҳуҷайрадор ба чор гурӯҳ – бактерияҳо, растаниҳо, замбӯруғҳо ва ҳайвонот ҷудо мешаванд. Бактерияҳо яке аз шаклҳои қадимтарини ҳаёт дар рӯи Замин ба шумор мераванд. Ҳар яке аз ин гурӯҳҳо дар навбати худ аз синфҳо, оилаҳо, авлодҳо, намудҳо, популятсияҳо ва фардҳо иборатанд (ҷадвали 3). Пайдоиши чунин гуногунрангиву гуногуншаклӣ натиҷаи инкишофи таърихии олами мавҷудоти зинда ва эволютсияи вай мебошад.

Организми зинда системаи мураккаби просессҳои химиявӣ мебошад, ки дар ҷараёни он вайроншавӣ ва барқароршавии таркибҳои органикии молекулавӣ пайваста сурат мегирад. Биологияи молекулавии муосир муқаррар намудааст, ки тамоми мавҷудоти зинда, аз микроорганизмҳои соддатарин то инсони бошуур, таркиби якхела дорад. Оне, ки мо ҳаёт меномем натиҷаи таъсири мутақобилаи ду намуди молекулаҳо – кислотаҳои нуклеат ва сафедаҳо мебошад. Дар якҷоягию ҳамбастагӣ ин ду навъи молекула асоси ҳаёти биологиро ташкил медиҳанд.

Бунёди организми зинда аз ҳисоби синтези сафеда дар ҳуҷайраи он ба амал меояд. Синтези сафеда бошад бо ёрии кислотаҳои нуклеат сурат мегирад. Сафедаҳо макромолекулаҳои мураккабанд, ки аз пайвастаҳои химиявии аминокислотаҳо номида шаванда таркиб ёфтаанд. Яке аз муаммоҳои ҳаёт аз он иборат аст, ки аз 100 аминокислотаҳои маълум танҳо 20 – тояш дар ташаккули сафедаҳо иштирок менамоянд. То ба ҳол маълум нест, ки чаро маҳз ҳамин 20 – тои аминокислота дар синтези сафедаҳо иштирок мекунанд.

Масъалаи дигар – аломатҳое, ки организми зиндаро аз ғайризинда фарқ мекунад, яъне «зинда аз ғайризинда бо кадом хосиятҳо фарқ мекунад?».

Аломатҳои ба мавҷудоти зинда хос зеринҳоянд:

– мубодилаи модда, яъне истеъмоли ғизо;

– нашъунамо, яъне қад ёзондан ва тануманд шудан;

– ҳаракатнокӣ, яъне дар фазову вақт мавқеъ ва хосияти худро дигар кардан;

– афзоиш, яъне аз худ насл боқӣ гузоштан;

– мутобиқшавӣ ба шароити додашуда ва ё тағйирёфтаи муҳити атроф;

– ангезишнокӣ, яъне ба таъсири беруна эътино кардан (ҷавоб гардонидан);

Ҳар яке аз ин аломатҳо дар алоҳидагӣ ба объектҳои ғайризинда низ хос мебошад. Вале дар якҷоягӣ ин шаш аломатро танҳо организми зинда соҳиб мебошад. Ин аломатҳо дар маҷмӯъ меъёрест, ки зиндаро аз ғайризинда фарқ мекунад.

Биоценоз

Расми 33. Биосенози обанбор

Биоценоз1

Расми 34. Биосенози ҷангал

Системаҳои зиндаи табиат савияҳои гуногуни ташаккули хешро доранд.

Савияи нахустини ташаккули системаҳои зинда – популятсияро маҷмӯи фардҳои як намуди организмҳои зинда ташкил медиҳанд, ки генофонд ва муҳити зисти ягона дошта, байни худ дар робита мебошанд. Мувофиқи тасаввуротҳои ҳозиразамон на фардҳои алоҳида, балки маҳз популятсияҳо воҳидҳои элементарии эволютсия шуморида мешаванд.

Савияи дигари ташаккули олами зиндаро системаи популятсияҳои гуногун ташкил медиҳад, ки биосеноз номида мешавад. Биосеноз маҷмӯи растаниҳо, ҳайвонот ва микроорганизмҳоянд, ки муҳити зисти шароити якхелаи ҳаётӣ доштаро ишғол мекунад (масалан, марғзор, бешазор, соҳили дарё, кӯл ва ғ) (расмҳои 33,34).

Маҷмӯи биосенозҳои гуногун, ки аз шароитҳои географӣ, иқлимӣ, атмосферӣ ва ғ. боз ҳам бештар вобаста аст, савияи биогеосенози табиати зиндаро ташкил медиҳад (расмҳои 35,36).

Расми 35. Биогеосеноз ва элементҳои он

Расми 36. Биогеосеноз (экосистема) а) дар хушкӣ; б) дар об

Ниҳоят, маҷмӯи биосенозҳои гуногуни рӯи Замин савияи охирини ташаккули системаҳои зиндаро ташкил медиҳад, ки биосфера номида мешавад.

Биосфера, ки «қабати ҳаётӣ» – и сайёраи Замин мебошад, қисми поёнии атмосфера, қабати болоии қишри Замин ва тамоми гидросфераро дар бар мегирад(расми 37).

Расми 37. Сарҳадҳои биосфера

Нахустасоси мавҷудияти биосфера мавқеи астрономии сайёраи мо нисбат ба Офтоб (пеш аз ҳама масофаи байни Замину Офтоб) ва хамии меҳвари Замин нисбат ба ҳамвории эклиптика, ё худ ҳамвории мадори Замин ба шумор меравад. Ҳамин гуна ҷойгиршавии фазоии Замин иқлими онро муайян мекунад. Иқлим, дар навбати худ, сиклҳои ҳаётии тамоми мавҷудоти зиндаро муқаррар менамояд. Офтоб манбаи асосӣ ва ягонаи энергияи биосфера буда, кулли просессҳои физикӣ, химиявӣ, геологӣ ва билогиро ба низом медарорад. Аз ин ҷост, ки яке аз кашшофони қонуни бақо ва табдили энергия, табиатшиноси немис Юлиус Майер ҳаётро офаридаи нури Офтоб номидааст.

Пайдоиши ҳаёт дар рӯи Замин ва давраҳои эволютсияи он. Консепсияҳои пайдоиши инсон, муносибатҳои иҷтимоӣ, шуур ва забон.

Оид ба пайдоиши ҳаёт дар рӯи Замин, ки яке аз проблемаҳои муҳимтарини табиатшиносӣ мебошад, дар давраҳои гуногуни таърихи инсоният ақидаҳои мухталиф, ва аксар вақт соддалавҳона, баён шуда буданд. Аз назари илми муосир се ақида оид ба пайдоиши ҳаёт дар рӯи Замин ба ҳақиқат наздик ҳисобида мешавад.

а) нишонаҳои ҳаёт дар қитъаҳои гуногуни Олам ҳама вақт мавҷуд буд;

б) нишонаҳои соддатарини ҳаёт ба Замин аз кайҳон оварда шудаанд (гипотезаи панспермия);

в) ҳаёти биологӣ хоси сайёраи Замин буда, дар марҳилаи муайяни эволютсияи он маҳз дар рӯи Замин пайдо шудааст.

Табиатшиносии асри 20 дар масъалаи омӯзиши ҳаёт ва пайдоиши он дар рӯи Замин қадами қатъӣ гузошта, дар ҳалли ин масъала ба натиҷаҳои назаррас соҳиб шуд. Дар натиҷаи таъсири мутақобилаи соҳаҳои гуногуни табиатшиносӣ дар хатти пайвасти онҳо самтҳои нави тадқиқот, аз ҷумла биофизика, биохимия, биологияи молекулавӣ, генетика, биохимияи кайҳонӣ ва ҳоказо пайдо шуданд. Дар натиҷа оид ба моҳияти ҳаёт дар рӯи Замин маълумотҳои боэътимоди илмӣ ба даст омад. Дар замони ҳозира дақиқан маълум аст, ки мавҷудоти зинда (аз соддатаринҳо то ширхӯрҳо) аз ҳамон як пайвастаҳои химиявии органикӣ иборатанд ва бино бар он, пайдоиши умумӣ доранд. Ғайр аз ин мувофиқи принсипҳои илми муосир организмҳои зинда аз ғайризинда дар натиҷаи эволютсия ва бо просессҳои соф табиӣ пайдо шудааст. Ҳаёт яке аз хосиятҳои материя буда, дар як марҳилаи муайяни таърихи Замин, чун натиҷаи просессҳои тӯлонӣ (миллионҳо ва миллиардҳо солро дарбар гиранда) ба вуҷуд омадааст.

Аз ин нуқтаи назар аз се ақидаи зикршуда оид ба пайдоиши ҳаёт, ақидаи якӯм, ки гӯё ҳаёт дар Олам ҳамеша мавҷуд будааст, асоси илмӣ надорад ва фикри ботил ҳисобида мешавад. Вале ду ақидаи дигар, яъне б) «ҳаёт аз кайҳон ба Замин омадааст» ва в) «ҳаёт маҳсули просессҳои хоси заминӣ мебошад», аз ҳақиқати илмӣ дур нестанд. Ба тарафдории ақидаи (б) гуфтан кифоя аст, ки дар таркиби метеоритҳо ҳамон аминокислотаҳо, асосҳо, карбогидратҳо ва фосфатҳое, ки маҳз аз онҳо организмҳои зиндаи рӯи Замин таркиб ёфтаанд, мавҷуд мебошад. Ба тарафдории ин ақида олимони машҳури асрҳои 19 ва 20, физики англис У. Томсон (барон Келвин), физик ва математики немис Г. Гелмголтс, физик ва химики шведӣ (муаллифи гипотезаи панспермия) С. Аррениус, табиатшинос ва мутафаккири баҷастаи рус В.И.Вернадский ва дигарон далелҳои зиёди илмӣ пешниҳод карда буданд. Баҳсҳои илмӣ оид ба афзалияти яке аз ин ду ақида то замони ҳозира давом доранд, вале аксари олимон имрӯз бар онанд, ки ҳаёт маҳз дар сайёраи мо пайдо шудааст. Ба тарафдории ин ақида олимони асри 20, биохимики рус А. Н. Опарин ва физик ва биохимики инглис Ҷ. Бернал фикрҳои тозаи эътимодноки илмӣ баён кардаанд.

Ҷадвали 4

Эволютсияи олами зинда

Эраҳо

Хусусиятҳои асосии фарқкунанда

Ибтидои эра

Давомнокӣ

Хотимаи давраи яхбандии охирин, ба вуҷуд омадани тамаддун

11 ҳазор сол пеш

Мурда рафтани ширхӯрҳои калонҷусса, пайдоиши инсон

2,5 миллион сол пеш

2,5 миллион сол

Падоиши аввалин маймунҳои одамшакл

34 миллион сол пеш

31,5 миллион сол

Пайдоиши аввалин ширхӯрҳои муосир

60 миллион сол пеш

26 миллион сол

Пайдоиши ширхӯрҳои халтадор ва паррандагон

200 миллион сол пеш

140 миллион сол

Аввалин динозаврҳо ва ширхӯрҳои тухмзо

250 миллион сол пеш

50 миллион сол

Кайнозой

Мурда рафтани аксари намудҳои организмҳои зинда (қариб 95 фоиз)

300 миллион сол пеш

50 миллион сол

Пайдоиши дарахтон ва хазандагон (ангиштсанг)

360 миллион сол пеш

60 миллион сол

Пайдоиши обхокиҳо ва растаниҳои спорадор

420 миллион сол пеш

60 миллион сол

Мезозой

Пайдоиши растаниҳои олӣ, баромадани организмҳои зинда ба хушкӣ

450 миллион сол пеш

30 миллион сол

Пайдоиши мӯҳрадорон

525 миллион сол пеш

75 миллион сол

Неопротерозой

Оғози тақсимшавии суперқитъа

1 миллиард сол пеш

0,5 миллиард сол

Пайдоиши суперқитъа (хушкӣ) ва суперуқёнус

1,2 миллиард сол пеш

0,2 миллиард сол

Мезопротерозой

Пайдоиши аввалин обсабзҳо

1,4 миллиард сол пеш

0,2 миллиард сол

Протерозой

Пайдоиши организмҳои бисёрҳуҷайра

1,7 миллиард сол пеш

0,3 миллиард сол

Ба вуҷуд омадани раванди фотосинтез дар ҳуҷайраҳо

2,5 миллиард сол пеш

0,8 миллиард сол

Архей

Ба вуҷуд омадани аввалин организмҳои зинда (соддатаринҳои беҳуҷайра ва ҳуҷайрагӣ)

3,7 миллиард сол пеш

1,2 миллиард сол

Катархей

Пайдоиши қишри Замин, уқёнусҳо

4,5 – 4,6 миллиард сол пеш

0,9 – 0,7 миллиард сол

Ҳамин тавр, ҳаёти биологии рӯи Замин маҳсули просессҳои тӯлонии заминӣ ҳисобида мешавад. Агар синну соли Замин тақрибан 4,5 – 4,7 миллиард сол тахмин карда шавад, пас ҳаёт таърихи 3,8 миллиард сола дорад, зеро дар ҷинсҳои ба давраи токембрий ростоянда нишонаҳои фаъолияти организмҳои зинда ба қайд гирифта шудаанд (ҷадвали 4).

Просесси пайдоиши ҳаётро дар рӯи Замин ба якчанд марҳилаҳо ҷудо кардан мумкин аст:

а) марҳилаи пайдоиши пайвастаҳои органикии соддатарин аз моддаҳои ғайриорганикӣ. Дар ин давра аз элементҳои химиявии сабуки гидроген, карбон, нитроген ва оксиген пайвастаҳои химиявии об, метан, гази ангидриди карбон, аммиак ва молекулаҳои оксигену, гидрогену, нитроген пайдо шудаанд. Дар ин марҳила атмосфераи ибтидоии Замин ба вуҷуд меояд, ки характери барқароркунанда дошт. Бо пастшавии ҳарорати сатҳи Замин буғҳои оби дар атмосфера мавҷуд буда моеъ гашта, баҳрҳо ва уқёнусҳоро ба вуҷуд овардаанд. Дар натиҷа тадриҷан дар сатҳи сайёраи Замин миқдори зиёди пайвастаҳои органикии соддатарин ҷамъ шудаанд.

б) марҳилаи пайдоиши пайвастаҳои органикии мураккаб. Да ин марҳила дар таҳти таъсири ҳарорати баланд, разрядҳои барқӣ ва таъсири нурҳои ултрабунафши Офтоб аз пайвастаҳои органикии содда пайвастаҳои мураккаб, ба монанди карбогидратҳо, аминокислотаҳо, сафедаҳо, кислотаҳои нуклеат ва ғайра пайдо мешаванд. Имконияти ин гуна просессҳои химиявӣ бо таҷрибаҳои лабораторӣ борҳо исбот карда шудааст. Ин таҷрибаҳо, аз ҷумла, нишон доданд, ки молекулаи сафедаҳо натанҳо дар просессҳои дохилиҳуҷайрагӣ, балки дар шароити лабораторӣ аз моддаҳои органикӣ ҳосил мешаванд. Ғайр аз ин, дар ин давра бо зиёд шудани миқдори оксиген атмосфераи Замин хосияти барқароркунии худро гум карда, хосияти оксидкунанда (туршкунанда) пайдо мекунад. Дар натиҷаи оксидшавии моддаҳои органикии мавҷуда, пайвастаҳои органикии боз ҳам мураккабтар, ки асоси организмҳои зиндаро ташкил медиҳанд, ба вуҷуд меоянд. Дар давраҳои охирини ин марҳила пайвастаҳои органикие пайдо мешаванд, ки ба нахустҳуҷайраҳо монанд буда, баъзе аломатҳои ҳаётӣ зоҳир мекунанд.

в) марҳилаи пайдоиши шаклҳои соддатарини ҳаёт. Марҳилаи муҳимтарин ва аз назари маънидод мушкилтарин ба шумор меравад. Дар ин марҳила макромолекулаҳои пайвастаҳои органикии ҳосилшуда хосияти синтези матритсавии сафеда (синтези дохилиҳуҷайрагии сафеда), яъне худафзоишёбӣ пайдо мекунанд, ки аломати нодиртарини организмҳои зинда мебошанд. Мутаассифона, то ба ҳол механизми ин гузариш аён нест. Оид ба маънидоди ин механизм як қатор гипотезаҳо баён шудаанд, вале ҳамаи онҳо аз камбудӣ холӣ нестанд. Дар замони ҳозира яке аз гипотезаҳои боэътимод дар асоси принсипҳои назарияи худташкилёбӣ (синергетика) пешниҳод шудааст, ки мувофиқи он системаҳои кушода, ғайрихаттӣ ва диссипативӣ хосияти худташкилёбӣ зоҳир мекунанд. Аз ин нуқтаи назар организмҳои зинда объектҳои синергетикӣ мебошанд (нигар ба мавзӯи 8).

Гузариш ба синтези матритсавии сафедаҳоро просесси ҷаҳишноки сифатии эволютсияи материя номидан мумкин аст. Ин просесс танҳо дар шароити муайяни муҳити атроф имконпазир буда, фаъолияти минбаъдаи организмҳои зиндаи пайдошуда ин шароитро тадриҷан тағйир медиҳанд. Бино бар он дар замони ҳозира мавҷудоти зинда танҳо ва танҳо бо роҳи афзоишёбӣ ба дунё меоянд.

Пас аз пайдоиши ҳаёт инкишофи он бошитоб суръат мегирад. Агар марҳилаи аз нахустҳуҷайра ба вуҷуд омадани ҳуҷайраҳои аэробӣ (фурӯбарандаи оксиген) тақрибан 2 миллиард солро дар бар гирифта бошад, пас пайдоиши растаниҳо ва ҳайвонот таърихи ҳамагӣ 500 миллионсола дорад. Агар паррандаҳо ва ширхӯрҳо тақрибан 100 миллион сол муқаддам пайдо шуда бошанд, пас приматҳо (махлуқҳои маймуншакл) ҳамагӣ 10-12 миллион сол пештар ба вуҷуд омада, ташаккулёбии инсон бошад танҳо 5-3 миллион соли охиррро дар бар гирифтааст.

Проблемаи дигари муҳимтарини табиатшиносии муосир, дар қатори проблемаҳои пайдоиши Олам, объектҳои кайҳонӣ ва ҳаёти биологӣ, пайдоиш ва ташаккулёбии инсон ва ҷамъияти инсонӣ ба шумор меравад. Бо вуҷуди он, ки ин масъала дар ҳар давру замон диққати олимонро ҷалб мекард, танҳо дар асри 18 омӯзиши илмии он ба роҳ монда шуд. Масалан биологи ба мо шиноси шведӣ Карл Линней инсонро ба олами ҳайвонот дохил намуда, дар синфбандии худ дар паҳлӯи маймунҳои одамшакл ҷойгир карда буд. Ӯ хешутабории инсону маймунҳои одамшаклро таъкид намуда, орангутангро Homo Silvetris (инсони бешагӣ) номида буд. Дар нимаи якуми асри 19 археологҳо, палеонтологҳо ва этнографҳо (этнография – таълимот оид ба урфу одати мардум) миқдори кифояи маълумотҳои таҷрибавиро ғун карда, барои бунёди назарияи илмии пайдоиши инсон ва ҷамъият (антропосотсиогенез) замина тайёр намуданд.

Соли 1871 асари Ч. Дарвин «Пайдоиши инсон ва интихоби ҷинсӣ» ба чоп расид, ки дар он муаллиф, дар асоси маълумотҳои зиёди далелнок ба ду масъала равшанӣ андохт. Ӯ исбот кард, ки инсон аз олами ҳайвонот ба вуҷуд омадааст ва маймунҳои одамшакли ҳозира шохаи паҳлугии эволютсияи инсон буда, худи инсон аз шохаи дигари кайҳо мурда рафта пайдо шудааст. Пас аз асари Дарвин тасаввуроти материалистӣ оид ба пайдоиши ҳайвонии инсон ба асоси далели қотеъонаи назарияи антропосотсиогенез табдил ёфт.

Азбаски инсон мавҷудоти на танҳо биологӣ, балки иҷтимоӣ низ мебошад, пайдоиш ва ташаккули вайро танҳо натиҷаи таъсири омилҳои биологӣ ҳисобидан хатост. Дар марҳилаи муайяни эволютсияи биологии аҷдоди инсон ба вай омилҳои иҷтимоӣ низ таъсир мекунанд. Омилҳои иҷтимоӣ кадомҳоянд? Ба ин савол ҷавоби саҳеҳро яке аз асосгузорони марксизм Фридрих Энгелс дар асари машҳури худ «Нақши меҳнат дар просесси аз маймун пайдо шудани инсон» додааст. Мувофиқи ақидаи ӯ меҳнат на танҳо воситаи дигаргун сохтани табиат ва таъмини талаботи инсон аст, балки меҳнат дар як вақт воситаи дигаргун сохтани худи инсон низ мебошад. Маҳз меҳнат омилест, ки инсонро аз аҷдоди маймуншакл ҷудо кард. Ин ақида то имрӯз моҳияти хешро гум накардааст ва олимони соҳаи археология ва палеоантропология нақши ҳалкунандаи фаъолияти меҳнатиро дар ҷараёни пайдоиши инсон ва ҷамъият эътироф менамоянд.

Мувофиқи нуқтаи назари илми муосир бояд фарқи байни моҳияти биологии мавҷудияти инсон ва моҳияти авлодии иҷтимоии вай дақиқан нишон дода шавад. Муқаррар намудани ин фарқиятро сотсиобиология меомӯзад. Аз ин нуқтаи назар инсон ҳамчун объекти таҳкиқи табиию илмӣ бояд дар се самт мавриди омӯзиш қарор дода шавад:

Самти якум – антропология буда, кай, аз кӣ ва бо кадом роҳ пайдо шудани инсон ва фарқи инсонро аз ҳайвон меомӯзад.

Самти дуюм – сотсиобиология мебошад, ки асосҳои генетикии фаъолияти инсонро омӯхта, таносуби байни физиология ва рӯҳияти инсонро муайян мекунад.

Самти сеюм – майнаи инсон ва шуури вайро аз назари табиию илмӣ меомӯзад.

Дар асоси ин тадқиқотҳо имкон пайдо мешавад, ки монандӣ ва фарқи инсону ҳайвон муайян карда шуда, вақту замони пайдоиши инсон муқаррар гардад.

Монандии инсон ва ҳайвон пеш аз ҳама аз таркиби моддӣ, сохт ва вазифаҳои узвҳои организм бармеояд. Ғайр аз ин инсон аз ҳамон аминокислотаҳо, сафедаҳо ва кислотаҳои нуклеат, ки ҳайвонҳо соҳибанд, таркиб ёфтааст. Ниҳоят, инсон узвҳое дорад, ки дар ҳайвонот нақши муайян мебозад, вале барои инсон нолозим шуда мондааст (масалан, кӯррӯда).

Фарқи байни инсону ҳайвон пеш аз ҳама дар шуурнокии инсон аст. Ҳайвонот, масалан, маймунҳо то як дараҷа соҳиби тафаккуранд, ба маънои калима сарфаҳм мераванд, бо онҳо «сӯҳбат» кардан мумкин аст. Вале тафаккури ҳайвон дақиқ, ё худ конкретӣ аст, ҳол он ки тафаккури инсон абстрактӣ, мавҳум, маънодор ва мантиқӣ шуда метавонад. Ҳайвон, ба монанди инсон, ҳар хел корҳоро иҷро карда метавонад, вале танҳо инсон то оғози кор нақша ва лоиҳаи корро мекашад. Ҳайвон ҳам хусусияти хурсанд ва хафа шудан, хотира, ҳисси кунҷковӣ ва ғамхорӣ дорад, вале танҳо инсон ба ҳолати худаш ва кори иҷро кардааш сарфаҳм рафта, баҳо дода метавонад.

Фарқи дигар – нутқи инсон аст. Ҳайвонот низ байни худ бо ёрии ҳар гуна сигналҳо муомила карда метавонанд, вале танҳо инсон қодир аст, ки бо сухан байни худ мубодилаи афкор намояд.

Фарқи дигари байни инсону ҳайвон – қобилияти кор иҷро кардани одам аст. Албатта, ҳайвон ҳам ягон амалеро иҷро мекунад. Масалан, маймунҳо барои афшонидани меваи дарахт аз ходачӯб истифода мебаранд. Вале танҳо инсон пешакӣ нақшаи кор мекашад, олоти меҳнат месозад ва онро бомақсад истифода мебарад.

Ҳамин тавр, аломатҳои асосии фарқкунандаи инсон аз ҳайвон тафаккури маънидор, нутқ ва меҳнати бошуурона мебошанд.

Оид ба пайдоиши инсон ва ҷамъияти инсонӣ табиатшиносии муосир аз чунин ақидаи материалистӣ бармеояд, ки инсон бо роҳи табиӣ аз намояндагони олии олами ҳайвонот, аз маймунҳои одамшакл пайдо шудааст. Инсон ва маймун то ба он дараҷа хусусияту аломатҳои монанд доранд, ки онҳоро ба як оилаи намояндагони олии ширхӯрҳо – приматҳо дохил кардан мумкин аст. Зиёда аз он, 4 намуди антропоидҳои (маймунҳои одамшакли) имрӯза – шимпанзе, горилла, орангутан ва гиббон мувофиқи маълумотҳои биологияи молекулавӣ аз назари таркиби сафедаҳо ва кислотаҳои дезоксирибонуклеат (КДН) на ба дигар намуди маймунҳо, балки ба инсон наздиктаранд. Мӯҳлатҳои тӯлонӣ оид ба намудҳои мобайнии байни маймунҳои одамшакл ва аҷдодони қадими инсон маълумотҳои боэътимод мавҷуд набуданд. Танҳо дар асри 20 кофтуковҳои палеонтологӣ имкон дод, ки боқимондаҳои ин гуна намудҳои мобайнӣ ёфта шуда, маълумотҳои боэътимод ба даст оварда шаванд.

Антропология, ки пайдоиши инсон, эволютсия ва сохти онро меомӯзад, хусусан пас аз бунёди назарияи эволютсионии Дарвин босуръат инкишоф ёфт. Ҳамзамон ва пайрави ақидаҳои Ч. Дарвин, биологи немис Эрнст Геккел гипотезае пешниҳод кард, ки мувофиқи он аҷдоди қадимтарини инсон маймун набуда, балки дриопитекҳо (маймунҳои дарахтӣ) буданд, ки тақрибан 70 млн. сол пештар зиндагӣ доштанд. Мувофиқи ин гипотеза аз як шохаи дриопитекҳо шимпанзе ва горилла ва аз шохаи дигари он инсон пайдо шудааст. Ч. Дарвин низ ин ақидаро дуруст меҳисобид.

Тахмини дигари Э. Геккел аз он иборат аст, ки дар гузаштаи дур байни шохаҳои маймуну инсон махлуқи мобайнӣ – питекантроп (маймунодам) мавҷуд буд. Соли 1891 дар ҷазираи Ява (Индонезия) боқимондаҳои питекантроп ёфт шуд, ки тақрибан 500 ҳазор сол пештар зиндагӣ дошта, қадаш 150 см ва ҳаҷми майнаи сараш 900 см3 будааст. Питекантропҳо аз олотҳои меҳнат ба монанди корд ва табар, ки аз санг сохта шуда будаанд, истифода мебурданд ва қомати рост доштанд. Дар антропология ин махлуқҳо Ноmо erectus (Инсони ростқомат) ном гирифтанд.

Соли 1924 дар шимоли Африка боқимондаҳои аҷдоди дури инсон ёфт щуд, ки бо вуҷуди хурд будани ҳаҷми косахонаи сар (~ 670 см3), аз олотҳои соддатарини сангӣ истифода мебурданд. Онҳоро австралопитекҳо (маймунҳои ҷанубӣ) ва Homo habilis (Инсони моҳир) номиданд, ки зиёда аз 5 млн. сол пештар зиндагӣ доштанд.

Соли 1856 дар водии Неандертали Германия боқимондаҳои махлуқе ёфт шуд, ки 150 – 40 ҳазор сол пештар зиндагӣ дошт. Онҳоро неандерталҳо номиданд, ки ҳаҷми майнаи сарашон ба мағзи сари инсони имрӯза (~ 1600 см3) баробар аст, дар ғорҳо зиндагӣ дошта, ба шикори мамонтҳо машғул буданд. Неандерталҳо аввалин аҷдоди инсон мебошанд, ки ҳамқавмони фавтидаи худро мегӯронданд.

Соли 1868 дар ғори Кро – Манон (Франсия) боқимондаҳои махлуқоне ёфт шуд, ки тақрибан 40 – 15 ҳазор сол пештар зиндагӣ дошта, аз рӯи ҳаҷми косахонаи сар ва аломатҳои дигари сохти бадан ба инсони имрӯза наздиктарин мебошанд. Кроманёнҳоро Homo sapiens (Инсони бошуур) номиданд (расми 38).

Ҳамин тавр, мувофиқи он маълумотҳои боэътимоди илмие, ки антропология ба даст овардааст, просесси эволютсионии пайдоиши инсонро чунин тасаввур кардан мебояд:

Ҷадвали 5

Номи аҷдодони мо

Вақти зист

1

Маймуни бешагӣ (дриопитек)

70 – 20 млн. сол пештар

2

Инсони моҳир (австралопитек)

5 – 1 млн. сол пештар

3

Инсони ростқомат (питекантроп)

500 ҳазор сол пештар

4

Инсони неандерталӣ

150 – 40 ҳазор сол пештар

5

Инсони бошуур (кроманён)

40 – 15 ҳазор сол пештар

Минбаъд инсон аз назари генетикӣ тағйир наёфтааст, вале эволютсияи иҷтимоӣ давом дошт.

Маймуни бешагї (дриопитек)

Инсони моњир (австралопитек)

Инсони ростќо-мат: питекан-троп, неандертал

Инсони бошуур (кроманён)

Расми 38. Эволютсия инсон

Б) Саволҳои тестӣ

1. Таълимоти Ч.Дарвин ба кадом соҳаи илм тааллуқ дорад?

А) физика

Б) химия

В) астрономия

Г) биология

2. Дар кадом соҳаи илм таълимоти Ч.Дарвин инқилоб ба вуҷуд овард?

А) физика

Б) химия

В) астрономия

Г) биология

3. Аломатҳои фарқкунандаи организмҳои зинда аз ғайризинда кадомҳоянд?

А) мубодилаи модда, ҳаракатнокӣ, мутобиқшавӣ, афзоиш, сабзиш

Б) мубодилаи модда, ҳаракатнокӣ, мутобиқшавӣ, афзоиш, сабзиш, нафаскашӣ

В) мубодилаи модда, ҳаракатнокӣ, мутобиқшавӣ, гардиши хун

Г) мубодилаи модда, ҳаракатнокӣ, мутобиқшавӣ, нафаскашӣ, гардиши хун

4. Савияҳои ташаккули системаи зинда кадомҳоянд?

А) биосеноз, биогеосеноз, биосистема

Б) биосеноз, биогеосеноз, биосфера

В) биосеноз, биосфера, ноосфера

Г) биогеосеноз, биосфера, экосистема

5. Ба биосфера кадом қабатҳои сайёраи Замин дохил мешавад?

А) атмосфера, литосфера, гидросфера,

Б) қишри Замин, гидросфера, атмосфера

В) литосфера, мантия, ядро

Г) ядро, мантия, қишри Замин

6. Ғафсии қабати ҳаётии Замин (биосфера) чанд аст?

А) 20 км

Б) 40 км

В) 60 км

Г) 100 км

7. Сарҳади болоии ҳаёт дар атмосфера чанд аст?

А) тақрибан 10 метр

Б) тақрибан 200 метр

В) тақрибан 11 км

Г) тақрибан 30 км

8. Сарҳади поёнии ҳаётии қишри Замин чанд аст?

А) тақрибан 10 метр

Б) тақрибан 200 метр

В) тақрибан 11 км

Г) тақрибан 30 км

9. Сарҳади поёнии ҳаётии гидросфера чанд аст?

А) тақрибан 10 метр

Б) тақрибан 200 метр

В) тақрибан 11 км

Г) тақрибан 30 км

10. Киро Homo erectus меноманд?

А) инсони ростқомат

Б) инсони моҳир

В) инсони бошуур

Г) инсони айёр

11. Киро Homo habiltis меноманд?

А) инсони ростқомат

Б) инсони моҳир

В) инсони бошуур

Г) инсони айёр

12. Киро Homo Sapiens меноманд?

А) инсони ростқомат

Б) инсони моҳир

В) инсони бошуур

Г) инсони айёр

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.