Низом ва бенизомӣ дар табиат. Бесарусомонӣ (хаос)

         Низом ва бенизомӣ категорияҳои фалсафӣ мебошанд, ва дар табиат ба ҳамдигар алоқаи зич доранд, беҳамдигар мавҷуд  буда наметавонанд. Хаос аз калимаи юнонӣ chos –бетартибии дараҷаи олӣ, бесарусомонӣ мебошад.

Аз нуқтаи назари илмӣ низом ва бенизомӣ ба ҳолатҳои мувозинатӣ ва ғайримувозинатӣ вобаста мебошанд. Дар ҳолатҳои мувозинатӣ дар система ҳамеша бонизомӣ ва бенизомӣ ҷой дорад. Дар мавриди аз ҳолати мувозинатӣ ба ҳолати ғайри мувозинатӣ гузаштани система, бонизомӣ ба бенизомӣ мегузарад.

       Дар ҳолати мувозинатӣ дар сохту хосият система такроршавандагӣ ба назар мерасад.Дар ҳолати аз мувозинатӣ дур дар система ҷараёнҳои гуногун ба амал омада, боиси таъсисёбии намудҳои гуногуни сохти нав мегардад.Дар ин ҷо ҷараёни худтаъсисёбӣ сурат мегирад, ки ба ки ба таъсисёбии сохти низоми баланд дошта оварда мерасонад.

         Низом ва бенизомӣ фаҳмишҳои нисбӣ мебошанд. Масалан, дар ҷоришавии турбулентӣ дар масштаби микроскопӣ бенизомии дараҷаи баланд ва дар маштаби микроскопӣ бонизомии баланд ҷой . Масалан, ҳаракати  зарраҳои аолоҳидаро  хаотикӣ ҳисобидан мумкин нест, чунки ҳаракати он ҳамеша самти муайян дорад. Дар табиат мавридҳоеро вохӯрдан мумкин аст, ки дар байни фаҳмишҳои бонизомӣ ва хаос сарҳад гузоштан душвор аст. Дар ҷамъият низ ҷараёнҳои аз бонизомӣ ва бенизомӣ гузаштан ва баръакс ба амал меоянд.

Баъди солҳои 1991-1992 дар ҷумҳурии мо бонизомии дар сохтори ҷамъиятӣ ҷой дошта ба бенизомӣ гузашт ва ин дар солҳои 1993-1994 ба бенизомии дараҷа олӣ (хаос) табдил ёфт. Бо кӯшишу саҳми арзандаи президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Раҳмонов Э.Ш. баъди соли 1995 ин бесарусомонӣ ба бонизомӣ табдил ёфт.

         Аз бенизомӣ ба бонизомӣ гузаштан Принсипи худмураттабӣ ба шумор меравад. Принсипи худмураттабӣ ва худидоракунӣ яке аз қонунҳи фундаменталии табиъати зинда ва ғайри зинда ба шумор меравад, ки қонунҳои гуногуни физика, кимиё ва биология ба он асос карда шудаанд.

         Системаҳои зинда ҳамеша аз ҳолати мувозинатӣ дур мебошанд.Э.Шердингер мегӯяд: «Материяи зинда аз ҳолати мувозинатӣ гузаштан канораҷӯи менамояд».Барои он ки система аз ҳолати мувозинатӣ дур бошад, бояд он доимо бо энергия ё моддае, ки энергияи бой дорад таъмин карда шаванд.

         Дар организмҳои зинда ду намуди реаксия – реаксияи таъсисёбӣ ва реаксияи тақсимшавӣ ҷой дорад. Барой дар ҳолати аз мувозинатӣ дур мондани организми зинда суръати реаксияи таъсисёбӣ аз суръати реаксияи тақсимшавӣ калон буданаш лозим аст.

         Ҳамин тариқ, бонизомӣ ва бенизомӣ ба ҳолатҳои мувозинатӣ ва ғайримувозинатии системаҳо алоқамандӣ доранд. Мувозинатӣ ҳолати устувор ба шумор меравад. Чӣ қадаре, ки майлкунӣ ба самт калон бошад, ҳамонқадар эҳтимолияти бозгаштани он, яъне барқароршавии ҳолати мувозинатӣ зиёд мегардад ва ҷараёни худмураттабии тезтар ба амал меояд. Тадқиқи худмураттабии системаҳои муракабро соҳаи нави физика ва кимиё синергетика, ки солҳои 70-уми асри ХХ таъсис ёфт, меомӯзад.  

Адабиётҳои истифодашуда

  1. Анвари  Абурасул.   Файзи  Нормурод. Консепсияҳои  табиатшиносии  муосир  Душанбе   2007с.
  2. Ҳ. Маҷидов.  Ф.Ҳакимов. Консепсияҳои  табиатшиносии  муосир 

           Душанбе          2007с.

  •   Карпенков  С.Х.  Консепции  современного  естествознанаия. –

             М.:  2003с.

О L-BRO Administrator

Администратори сомона.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.