Назарияи таъсисёбии ситораҳо ва сайёраҳо

    Мегаолам ё кайҳонро  илми  ҳозира  ҳамчун  системаи ҷисмҳои  осмонии таъсири  мутақобилкунанда  ва инкишофёбанда дида  мебарояд. Вай  аз  сайёраҳо     ва  системаи сайёраҳои  дар атрофи ситораҳо  бавуҷудоянда, ситораҳо  ва системаи ситораҳо – галактикаҳо, системаи  галактикаҳо – метагалатикаҳо  иборат аст.

       ситораҳо  дар  алоҳидагӣ  мавҷуд набуда,  системаҳоро  ташкил  мекунанд.  Системаи ситорагии  оддитарин, ки  системаҳои каратӣ номида   мешаванд, аз ду, се, чор  ва зиёдтар ситораҳо  иборатанд, ки дар  атрофи  маркази  вазнинии  умумӣ  давр  мезананд.

       ситораҳо  инчунин  дар гурӯҳҳои  калон –  маҷмуи ситораҳо,  ки сохти  парокандагӣ  ё курагӣ  доранд,  мутаҳид  мешаванд.

Системаҳои  ситорагии қайд  гардида, қисми  ситемаи  умумӣ- Галактикаҳо  ба шумор  мераванд, ки  ғайр аз ситораҳо боз материяи диффузиро дар бар мегиранд. Аз рӯи шакли худ галактикаҳо ба намудҳои зерин тақсим мешаванд: эллиптикӣ, спиралмонанд ва нодуруст.

Дар галактикаҳои шаклашон нодуруст ҳаракати гирдбодии газҳо ва майл ба чархзанӣ доштан, мушоҳида карда мешавад, ки ба ҳосилшавии шохаҳои спиралӣ оварда мерасонанд. Дар замони ҳозира астрономҳо қариб 10 миллиард галактикаҳоро ба қайд гирифтаанд. Аксарияти онҳо шакли эллиптикӣ ё спиралмонанд доранд. Галактикае, ки дар дохили он Системаи офтобӣ ҷойгир аст, спиралшакл мебошад,  ки аз 120 млрд. ситора  ташкил  ёфтааст, диаметри  он ба  сад ҳазор соли  рӯшноӣ  баробар аст.

Бо  мушоҳидаҳои  радиоастрономӣ  ба хулосае омадаанд, ки  Галактикаи  мо чор шохаи спиралӣ дорад. Системаи галактикии наздиктарин  туманнокии Андромед  ба шумор  меравад, ки  аз мо дар  масофаи  2,7 . 106  соли  рӯшноӣ  ҷойгир  аст. Барои  маънидоди сохти  мегаолам  аз ҳама  муҳим  таъсири  мутақобилаи  гравитатсионӣ  ба шумор меравад. Дар  туманнокиҳои газию  чангӣ  дар  таҳти таъсири қувваи  гравитатсия  ғайриякҷинсаҳои  ноустувор ба  амал  меоянд, ки дар  натиҷа  материяи  диффузӣ  ба як  қатор  ғафсиҳо  тақсим  мешавад. Агар  ин ғафсиҳо  дуру дароз нигоҳ  дошта  шаванд, бо гузаштани  вақт онҳо  ба ситораҳо  табдил  меёбанд.

Масъалаи муҳими  дигар  барои  мо ба вуҷудоии  объектҳои   кайҳонии  андозаҳои  сайёраҳо  дошта  ва массаашон  бузург  ба шумор  мераванд.

Консепсияи  ҳозиразамони   бавуҷудоии сайёраҳои  системаи  Офтобӣ ба он асос  карда шудааст, ки  дар  баробари қувваҳои  механикӣ,  инчунин  қувваҳои  электромагнитиро эътибор гирифтан  лозим аст.  Ҳисоб карда  мешавад, ки  танҳо  қувваҳои  электромагнитӣ  ҳангоми  бавуҷудоии  Ситемаи офтобӣ роли ҳалкунанда  бозидаанд.

Мувофиқи  тасаввуротҳои  ҳозиразамон  туманнокие,  ки  аз онҳо  Офтоб  ва сайёраҳо  ба вуҷуд  омадаанд, аз  гази  ионизатсиякардашудаи дар таҳти таъсири  қувваҳои  электормагнитӣ буда  иборат аст. Аз  тумани гази бузург Офтоб  ба вуxуд омад. Қувваи гравитатсионӣ  ин боқимондаи  газиро  ба Офтоб ҷалб намуда, аммо  майдони  магнитии он  гази  афтандаро дар  масофаҳои  гуногун  нигоҳ  дошт – дар  ҳамон масофаҳое, ки   ҳоло  сайёраҳо  мавҷуданд.

Қувваҳои  гравитатсионӣ  ва  магнитӣ  ба  консентратсия ва  ғафсии гази  афтанда  таъсир  намуданд   ва дар натиҷа  cайёраҳо  ба вуҷуд  омаданд.

Назарияи  ба вуҷудоии  Системаи офтобӣ хусусияти  тахминӣ дорад  ва дурустии  онро дар сатҳи  инкишофи  илми  ҳозира  маънидод кардан  имконнопазир  мебошад.

Модели  кайҳонии  ҳозиразамони олам

Модели  кайҳонии  ҳозиразамони олам ба назарияи нисбии умумии А.Эйнштейн  асос карда  шудааст,  мувофиқи  он  хусусиятҳои   фазо ва вақт бо тақсимоти массаи  гравитатсионӣ  дар  олам  муайян  карда мешавад.  Хосияти  он ба зичии  миёнаи материя  ва факторҳои  физики дигар вобаста  мебошад. Моделҳои космологии  сохти  олам хеле зиёд  мебошанд.

1. Мувофиқи  модели  космологии  олами Эйнштейн  фазои олам  якҷинса  ва  изотропӣ мебошад,  материя  ба ҳисоби  миёна  дар  он мунтазам  тақсим  шудааст, ҷозибаи  гравитатсионии  масса бо  теладиҳии  космологии  универсалӣ  компенсатсия  карда  мешавад. Ин   модел характери статисионарӣ дорад, чунки хусусияти  фазо  новобаста  аз  вақт дида  баромада  мешавад. Ҳамин  тариқ, мувофиқи  ин модел  олам статсионарӣ, беохир  дар вақт  ва беҳуда дар фазо ба шумор меравад.

2. Баъдтар  ин  моделро А.Фридман  инкишоф  дода, ба таври назариявӣ  исбот намуд, ки олам, бо моддаи ҷазбшаванда  пур буда, статсионарӣ  шуда наметавонад ва бояд ба таври  даврӣ  васеъ  ва фишурда шавад. Ин натиҷаи  нави  принсипиалӣ  тасдиқи  худро  баъди  аз тарафи Ҳаббл  ба қайд гирифтани  ҷойивазкунии сурҳ, ки он  ҳамчун ҳодисаи  парокандашавии  галактикаҳо  маънидод карда  шуд буд, ёфт.

3. Дар  охир зинаи сеюми  инкишофи модели  олам бо кори Г.Гамов  алоқаманд  мебошад, ки дар он просессҳои  физики дар  давраҳои гуногуни олами васеъ шаванда  ба амал  оянда, тадқида  мешаванд.

Ғайристатсионарӣ   чунин  маъно  дорад, ки  олам дар  ҳолатҳои  статикӣ, бетағйир  мавҷуд  буда  наметавонад  ва бояд  ё васеъ  шавад  ё фишурда  гардад.

Изотропӣ  онро нишон  медиҳад, ки дар  олам ягон нуқта   ва равиши  ҷудокардашуда  мавҷуд  нест,  яъне хосиятҳои  он  аз  равиш  вобастагӣ  надорад.

Як ҷинсагӣ  тақсимоти миёнаи  моддаро дар олами  тавсиф  менамояд.

Вақте, ки ҳарорати олами пас  пас аз таркиш  то 6 миллиард  дараҷа паст  мешавад, омехтаи  электронҳо ба вуҷуд  меояд. Дар натиxаи бархӯрди зарраҳо  ҷуфти  фотонҳо ба амал  меояд  ва  аз бархӯрди фотонҳо  ҷуфти электрону  позитронҳо  ва баъдтар  нуклонҳо  ба вуҷуд  омада ядроҳои  сабуки  гидроген ва гелйи,  элементҳои  кимиёии боқимонда  ҳосил гардиданд.

Адабиётҳои истифодашуда

  1. Анвари  Абурасул.   Файзи  Нормурод. Консепсияҳои  табиатшиносии  муосир  Душанбе   2007с.
  2. Ҳ. Маҷидов.  Ф.Ҳакимов. Консепсияҳои  табиатшиносии  муосир 

           Душанбе          2007с.

  •   Карпенков  С.Х.  Консепции  современного  естествознанаия. –

             М.:  2003с.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.