Нуқтаи назари системаи омӯзиши хосияти моддаҳо

Фаҳмишҳои асосӣ ва    қонунҳои  кимёӣ.    Робитаи  кимиёӣ  ва сахти  молекулаҳо.

Яке аз фанҳое, ки  таркиб, сохт, хосият, инчунин табдилёбии моддаҳоро бе тағйирёбии таркиби ядрои атом  меомӯзад, кимиё ба шумор меравад. Кимиё ҳанӯз 3- 4 ҳазор сол пеш аз мелод ба вуҷуд омадаст. Дар он вақт одамон ба табдилёбиҳои моддаҳои гуногун шинос гардида буданд. Яке аз шохаҳои қадимтарини кимиё, металлургия ба шумор меравад. Дар он замон одамон гудохтани мис ва ҳосил кардани хӯлаи мису қалагӣ – биринҷӣ ва баътар гудохтани  оҳанро ёд гирифтанд. Кимиё барои таъсиси технология  пешқадам, истеҳсоли  полимер ва нахҳои синтетикӣ, нуриҳои  миниралӣ  маҳсулотҳои доруворӣ, коркарди нафту газ, муҳофизати зист ва ғайраҳо замина мегузорад.

Дар инкишофи  кимиё саҳми оламони барҷаста Д.И. Меделеев.,

А. М. Бутлеров., Л. А. Чугаев., Н.С. Курнаков  ва дигарон хеле калон мебошад. Танҳо  баъди аз ҷониби Д. И. Меделеев  кашф гардидани системаи дарвии элементҳои кимиёӣ,  консепсияи  мутаҳидкунанда ба вуҷуд омад  ва бо ёрии он ҳамаи маводҳои ғуншуда  маънидод карда шудаанд. Қонуни даврии  Д. И. Меделеев, қонуни муҳими табиатшиносӣ буда, ягонагӣ оламро ва гуногунии хосиятҳои моддаҳоро инъикос мекунад.  Д. И. Меделеев элементҳои  кимиёиро аз рӯи вазни атомиашон ба як система ҷойгир намуда, нишон дод, ки хосияти  моддаҳо аз вазни атомӣ ба таври даврӣ вобастанд.  E мавҷудияти элементҳои номаълумро  пегӯи намуда, барои онҳо дар ҷадвали худ катакҳои холӣ  гузошт, ки баътар кашф шуданд ва хосиятҳои  ин элементҳо бо пешгӯиҳои  Меделеев  мувофиқ омаданд. Ситемаи даврии Меделеев дар олами илмӣ шӯҳрати баланд  пайдо намуд. Инкишофи  минбаъдаи  кимиё нишон дод, ки ҳосияти элементҳои кимиёӣ аз рақами тартибии онҳо, ки ба адади зарияди ядроӣ баробар аст, вобаста  мебошад.

Фаҳмишҳои асосӣ ва  қонунҳои  кимёӣ.

Тасаввурот дар бораи аз зарраҳои алоҳида таркиб  ёфтани  моддаҳо, хеле пеш аз эраи мо ба вуҷуд омада буд. Философҳои юнони қадим,  аз он ҷумла Демокрид – асосгузори атомизими  қадима  ҳисоб мекард, ки ҳама чиз дар олам аз ҳаракати доимии элементҳои тақсимнашаванда – атомҳо, ки бо шакл, андоза ва  ҳолаташон  дар холигӣ фарқ мекунанд,  иборат мебошад. Асоси  илми кимиёро  таълимоти  атомӣ –  молекулӣ ташкил  медиҳад, ки дар он саҳми  олими рус М.В. Ломаносов  хеле  бузург  аст.

Нуқтаҳои  асосии ин таълимот  инҳоянд:

  1. Моддаҳо  аз атом  ва  молекулаҳо  иборатанд. Молекулаи моддаҳои  гуногун аз рӯи  таркиби  кимиёиашон  аз  ҳамадигар  фарқ  мекунанд.
  2. Молекулаҳо  ҳамеша  дар  ҳаракатанд. Суръати  ҳаракати  молекулаҳо  аз ҳолати  агрегатии модда вобаста  аст. 
  3. Ҳангоми  ҳодисаи физикӣ  таркиби  молекула  тағйир  наёфта,  ҳангоми  ҳодисаи  кимиёӣ  тайирёбии  сифатӣ ва миқдорӣ  ба мушоҳида  мерасад.
  4. Молекула – маҷмӯи  камтарини атомҳо  Буда, қобилияти  мавҷудияти  мустақилона  дорад  ва хосиятҳои  кимиёии  моддаи  додашударо  таҷасу  менамояд.

Атом- заррачаи  хурди  элементи кимиё  мебошад,  ки аз ядрои  зарядаш  мусбат  ва  маҷмӯи  электронҳои  зарядашон  манфӣ  иборат  аст  ва молекулаҳои  моддаҳои   содда  ва мураккаб  аз он  ташкил  ёфтааст.

Молекулаҳо  аз  шумораи  гуногуни  атомҳо   иборат буда   метавонанд.  Масалан, молекулаҳои  газҳои  гелий  ва  неон аз  як атом, газҳои  гидроген  ва оксиген аз ду атом, об аз се атом (ду атоми гидроген, як атмои оксиген) иборат мебошад.

Дар натиҷаи омӯзиши миқдории реаксияҳои кимиёӣ як қатор қонуниятҳои асосии кимиё муқарар карда шуданд:

Қонуни эквивалентҳо солҳои 90 – уми асри XVIII аз тарафи олим Рихтер кашф гардида буд ва мувофиқи он элементҳои  кимиёӣ  бо ҳамдигар  ба миқдори қатъи  муайян (эквивалентҳо)  пайваст  мешаванд.

Миқдори  элементе, ки  бо 1,008  баркаши  гидроген  ё 8 баркаши  оксиген  пайваст шуда  метавонад, эквиваленти  кимиёӣ номида  мешавад.

Соли 1811 қонуни  Авогадро  кашф шуда буд,  ки  мувофиқи  он ҳаҷмҳои  баробари  газҳои  гуногун, дар  шароити  якхела (фишор  ва ҳарорати  якхела)  миқдори  баробари   молекулаҳо  доранд   ва мувофиқи  таҷрибаҳо  NА= 6,02 . 1023 1/см3 .

Қайд кардан лозим аст, ки  қонунҳои  дилхоҳ  мутлақ  набуда,  балки  бо  гузашти  вақт  такмил  меёбанд.    

Робитаҳои  кимиёӣ  ва сохти  молекулаҳо

Хосияти  моддаҳо  аз  рӯи  таркиби  кимиёӣ,  тартиби  пайвастшавии  молекулаҳою  атомҳо  ва таъсири  мутақобилаи  онҳо   муайян  карда  мешавад.

Назарияи  сохти  атомҳо  таркиби  ташкилёбии  молекулаҳо  ва  табиати   робитаи  кимиёиро   маънидод   менамоянд.

Атомҳое,  ки  электрон  медиҳанд,  мусбат  зарядонк  шуда ба  ионии  мусба  зарияднок  мубадал   мегарданд.

Атомҳое, ки  электронҳоро  ба худ апайваст  мекунанд,  ба   ионҳои  манфӣ  заряднок  табдил  меёбанд.

Молекулаҳои  аз ионҳои  заряд муқобилдошта  ҳосилшударо, молекулаҳои  робитаи  ионӣ меноманд.

Адабиётҳои истифодашуда

  1. Анвари  Абурасул.   Файзи  Нормурод. Консепсияҳои  табиатшиносии  муосир  Душанбе   2007с.
  2. Ҳ. Маҷидов.  Ф.Ҳакимов. Консепсияҳои  табиатшиносии  муосир 

           Душанбе          2007с.

  •   Карпенков  С.Х.  Консепции  современного  естествознанаия. –

             М.:  2003с.

test

Добавить комментарий