Консепсияи муосир экологӣ

 Тавсифҳои  энергетики  экоситемаҳо.

Вобастаги  ба инкишофи  илму  техника, инчунин  таъсири фаъолонаи  одам  ба муҳит  иҳотакунанда,  проблемаҳои  бавуҷудомадаи  экология  аҳмияти  калон пайдо намуд. Ин  ҷараёни  ифлосшавии  атмосфера, заҳрнокшавии  дарёу  кӯлҳо, боронҳои  кислотагӣ, зиёдшавии  партовҳои  истеҳсолот,  махсусан  истифодабарии  моддаҳои  радиоактивӣ  ва ғайраҳо   мебошад.

Дар  замони   ҳозира  экология  ба  равияи  байнифаннӣ  табдил  ёфтааст,  ки ба  тадқиқи  просессҳои  ба  таъсири  мутақобилаи  биосфера  ва ҷамъияти  алоқаманд,  машғул  аст. Алоқаи  экология  бо илмҳои  ҷамъиятию  гуманитарӣ  ба вуҷудоии қисмҳои  он ба  монанди  экологияҳои иҷтимоӣ, тиббӣ, таърихӣ, этикӣ  шаҳодат  медиҳанд.

Дар  бораи  экология  ва вазифаҳои  он ҳамон  вақт  тасаввуроти  пурра ҳосил  менамоем, ки  агар  сохт  ва динамикаи  системаҳои  гуногуни  экологӣ, инчунин  савияҳои  гуногуни  таъсисёбии  онҳоро  дида  бароем.  Воҳиди  хурдтарин системаи  экологӣ  маҷмӯи организмҳои  намуди муайян  ба шумор  мераванд, ки байни  худ  дар  дохили  намуд, вале  намуд  бошад  ҳамчун  системаи   яклухт  бо муҳити  атроф  таъсири   мутақобила  менамоянд.

        Дар  экология  системаҳои  муттаҳидшудаи  бузургро  биом меноманд, ки онҳо  дар  таркиби  худ  системаҳои зинда  ва факторҳои  ғайризиндаро дар доираи  васеъ  дохил  менамоянд.  Гарчанде  биосфера  дар  ҷамъбасти  умумӣ  танҳо  аз ҳсиобати  энергияи  офтоб  меёбад, бинобар  ин системаи  кушод  ба шумор  меравад  ва дар  фарқият  аз  системаҳои  дигар, экосистема номида мешавад.

Дар  экология  барои  омӯзиши сохти  системаҳои  он  таҳлили  робитаҳои  трофикӣ  (ғизоӣ), ки популятсияҳои  гуногунро ба ҳам пайваст  менамоянд,  ба аҳамияти  калон  соҳиб  мебошад.

Дар  экосистема  ду  савияро  аз ҳамдигар  фарқ  менамоянд:

    1.Савияи   автотрофӣ – болоӣ, ки онро  инчунин  минтақаи  сабз  ҳам  меноманд, мо бо  растаниҳои  хлорофилдор  ва  энергияи офтобро коркарда бароянда  ва моддаҳои  оддии гайриорганикӣ  дар  пайвастагиҳои   органики  мураккаб дучор  мегардем.

     2.Савияи  гетротрофӣ – поёнӣ, дар он  табдилдиҳӣ ва тақсимшавии  ин  моддаҳои органикӣ  ба оддӣ  ба амал  меояд.

Дар  механизми  робитаҳои  трофикӣ  элементҳои  зеринро  ҷудо  кардан  мумкин  аст:

   1.  Продуксентҳои  организмҳои  автотрофӣ,  асосаи  растаниҳои  сабз, ки аз  моддаҳои  ғайриоганикии содда ғизо ҳосил  мекунанд.

Фаготрофҳо, ки  ба онҳо  ҳайвонҳои  гетротрофӣ,  ки  ҳисоби  организмҳои  дигар, растаниҳо   ва ҳайвонҳо, ки  аз ҳисоб  мекнанд.

   2.Фаготроҳо, ки  ба онҳо  ҳайвонҳои  гетротрофӣ, ки  аз ҳисоби органзмҳои  зинда дигар, расаниҳо  ва ҳайвонҳои  ғизо мегиранд,  тааллуқ  доранд.

   3.Сапротрофҳо, ки  энергияро бо роҳи  тақсимшавии  бофтаҳои мурда  ё ҳалшавии моддаҳои  органикӣ  мегиранд. Яке  аз  хусусиятҳои  хоси экосистема  аз  он  иборат аст,  ки дар  он  доимо  таъсири  мутақобилаи  савияҳои  автотрофӣ  ва  гетротрофӣ  ба  амал  меояд.  Ингуна  таъсири  мутақобила   дар  табиат, ба  он  нигоҳ  накарда, ки  баъзан  организмҳо  дар  фазо  аз ҳам  ҷудо  карда  шудаанд, ба гардиши  модда  оварда  мерасонад.

Дар  қисми сабзи  система, ки барои  растаниҳо  рӯшноии Офтоб  дастрас  аст,  просессҳои  автотрофӣ  дар  қисми  поёнӣ  просессҳои  гетеротрофӣ  хеле  шиддатнок  мегузаранд.

Азбаски  экосистема  кушода ба шумор  меравад,  он ба  муҳити атрофии худ  бе таъсир   намемонад  ва бо  он таъсири  бефосила  бо  муҳит  просессҳои  ҳаётиро  дар  экосистемаи  дилхоҳ  дастгирӣ  менамояд.

Дар  натиҷаи  ин таъсири мутақобила,  мубодилаи   доимии  энергия  ва модда  дар  байни  экосистема  ва  муҳит  ба амал  меояд,  ки  аввал  барои  муайянкунии   факторҳои  абиотикии  (ғайриорганикии)  муҳит  (энергияи  Офтоб,  об,  моддаҳои  минералӣ  ва ғайраҳо)   ва  дуюм  барои  муайянкунии   факторҳои  биотикӣ  (органикӣ) ба воситаи  робитаҳои  тропикӣ (ғизоӣ), ки  дар байни  системаҳои  зинда  ба амал  меояд.

Барои  он, ки экосистема  фаъолият  намояд  ва инкишоф  ёбад,  бояд  фаъолияти  худро  ба  тартиб  дарорад  ва  идора  кунад,  ин бошад  алоқаи  иттилоотиро  дар  байни зерсистемаҳои  гуногун  ва элементҳои  система  талаб  менамояд.

Тавсифҳои  энергетики  экосистемаҳо.

Агар  ҷараёни  мубадалшавӣ  ва  қабулкунии  энергияро  дар  экосистема  таҳлил  намоем,   он гоҳ  ба хулосае  омадан  мумкин аст, ки  дар экосистемаҳо  табдилёбии  доими  энергияи  дар фазо  парокандашудаи  Офтоб, дар  шакли  консентратисяшуда  аввал  дар  растаниҳои  автотрофӣ  баъд  дар  ҳайвонотҳои   гетеротфӣ  ва  одам  ба амал  меояд.

Барои  тавсифи  ин ҷарёнҳо  қонунҳои  термодинамикаро  истифода  кардан  лозим  аст  ва  онҳоро   барои  татбиқ  намудани  ба экосистемаҳо   мувофиқ  кардан  зарур  мебошад.

Қонуни  бақои  энергия  ба  таври  пурра  ба ин  системаҳо  татбиқшаванда  аст,  Чуки  ягон  вақт  энергия  аз ҳеҷ  ҳосил  карда  нашудааст. Энергия  танҳо  метавонад аз як намуд  ба намуди дигар  табдил  ёбад,  аммо  он  ҳеҷ  гоҳ  нест  намешавад.

Қонуни  дуюми  термодинамика, ки бо фаҳмиши энтропия  алоқаманд  аст,  тасдиқ  менамояд,  ки дар  экосистема  табдилёбии  эенргияи  консентратсияшуда  ба  парокандашавӣ  зиёдтар  ба назар  мерасад.

Аз  нуқтаи  назари  экологӣ  энергия  аз  рӯи  тарзи ҳосилкуниаш  консентратсияаш  калон  ҳисоб  карда  мешавад, ки  агар  манбаи ҳосилкунии  он чӣ қадар дуртар  ҷойгир  бошад.

Дар  терминҳои  физикӣ  энергияи консентратсия  шударо чун  энеропияи  хурд дошта  муайян  кардан  мумкин  аст, яъне  бо дараҷаи  пасти  бетартибӣ  тавсиф  карда  мешавад.

Яъне  дар  натиҷаи  консентратсияи энергеткӣ  системаҳо натанҳо  миқдорӣ, балки  сифатӣ  низ  тавсиф  карда  мешаванд.

Дар  ин асос  чор  намуди  фундаменталии  экосистемаҳоро  фарқ  мекнанд:

     1. Системаҳои  табии, ки  пурра  аз  энергияи  афканишоти  Офтоб  вобастагӣ  доранд  ва онҳоро  системаҳои  бо Офтоб  ҳаракаткунанда  номидан  мумкин  аст.

Ин  гунна  системаҳои  табии  масоҳати  ниҳоят  бузургро  дар  сатҳи  Замин ишғол  мекунанд,  тахминан  70% – он  океанҳо мебошад.

    2. Системаҳои  табии, ки Офтоб  ба ҳаракат  медарорад,  инчунин  аз дигар  манбаҳои  табиӣ энергия  мегиранд, ки  ба  онҳо  соҳилҳои  баҳрҳо  ва уқёнусҳо, кӯлҳо, ҷангалҳои  тропикӣ  ва дигар  экосистемаҳо  тааллуқанд.

Экосистемаҳои  додашуда  ғайр  аз  эенргияи  офтобӣ, инчунин  аз ҳисоби энергияи  талотуми  баҳрҳо, ҷӯшу  хурӯши дарёҳо,  боронҳо, шамол  ва ғайраҳо  фаъолият   ва афзоиш  менамноянд.

    3.Системаҳои  табии Офтоб  ба ҳаракат  дароранда  ва аз ҳисоби  сӯзишвориҳо (нафт, ангишт, торф  ва ғайраҳо) энергия  гиранда.

   4. Системаҳои  ҳозиразамони  индустриалӣ – шаҳрӣ, ки асосан  энергияи  сӯзишвориҳо – нафт, ангишт, газ , инчунин  моддаҳои  радиоактивои  ҳосил  кардани  энергияи  атом мебошанд,  истифода  мебаранд.

Адабиётҳои истифодашуда

  1. Анвари  Абурасул.   Файзи  Нормурод. Консепсияҳои  табиатшиносии  муосир  Душанбе   2007с.
  2. Ҳ. Маҷидов.  Ф.Ҳакимов. Консепсияҳои  табиатшиносии  муосир 

           Душанбе          2007с.

  •   Карпенков  С.Х.  Консепции  современного  естествознанаия. –

             М.:  2003с.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.