Маънохои вожахои ботаники

  1. Автотрофӣ (юнонии худам – ғизо мегирам) – аз моддаҳои ғайриорганикӣ ғизогиранда.
  2. Адаптатсия (лотинии мутобиқшавӣ) – мутобиқшавии вазифаҳо ва сохти организмҳо ба шароити зист.
  3. Ақида (идея, юнонии idea – ғоя, андеша), шакли дарки ақлии реалияти объективӣ, ки мақсади он маърифати минбаъда ва навсозии олам аст. Нуктаи асосӣ (муайянкунанда) дар системаи назарияҳо,  ақидаҳо ва ғайра. Шакли олии дарки олам, ки на фақат бо инъикоси объекти омӯзиш, балки ба дигаргункунии он равона карда шудааст.
  4. Аминокислотаҳо – пайвастагиҳои органикие, ки гурӯҳҳои аминӣ ва карбоксилӣ доранд.
  5. Анализ – (юнонӣ analysis – ҷудо кардан) – 1) ҷудо кардани (хаёлӣ ё реалии) объект ба элементҳо; 2) умуман синоними  тадқиқоти илмӣ. Анализ бо синтез алоқамандии ҷудонашаванда (бо пайвастшавии элементҳо ба ягонаи бутун) дорад.

Методи тадқиқоти илмии ҳақиқат мебошад, ки бо он чизи бутун ба қисмҳои таркибӣ ҷудо карда омӯхта мешавад (муқобили синтез).

Муайян намудани таркиб ва хосияти модда бо роҳи ҷудо намудани он ба элементҳои (қисмҳои) оддӣ. // гуфтугӯӣ. Натиҷаи тадқиқоти таркиб ва хосияти ягон модда (хун, пешоб ва ғ.).

Омӯзиши батафсил, ҳаматарафа, дида баромадани ягон факт, ҳодисаҳо, воқеаҳо (Ефремова).

  • Аннигилятсия (лотинии nihil ҳеҷ) – ба мазмуни айнан табдилёбӣ ба ҳеҷ, нобудшавӣ, лекин дар асл табдилёбии зарраҳо ва антизарраҳо ҳангоми бархӯрдан ба дигар зарраҳо, азҷумла ба γ-квантҳо (фотонҳо).
  • Антропо – (юнонии anthropos инсон) – қисми аввали таркибии калимаҳои мураккаб, ки мансубият ба инсонро мефаҳмонад, масалан: “антропогенез” – пайдоиши инсон, “антропогенӣ” – натиҷаи фаъолияти инсон.
  • Ареал – (<лотинии area майдон, фазо) – минтақаи паҳншавии ягон ҳодиса, намуди ҳайвонот, растаниҳо, канданиҳои фоиданок ва ғайра.
  • Архей, археозой (юнонии archaios қадим + zoe ҳаёт) – таҳшинҳои қадимтарини токембрий (асосан сланетсҳо, мармарҳо ва кварситҳое, ки боқимондаҳои органикӣ надоранд) ва вақти ташаккули онҳо (эраи архей); дар эраи архей асоси қадимтарини қитъаҳо ташаккул ёфтаанд.
  • Ассимилятсия (лотинии монанд кардан, муқоиса) – дар организмҳо ба вуҷуд омадани моддаҳои мураккаб аз моддаҳои содда (дар натиҷаи ниҳоӣ аз элементҳои гирду атроф).
  • Афканишоти ёдгорӣ (лотинии relicturn боқимонда)- афканишоти кайҳонии манзарӣ (заминагӣ) дар диапазони сантиметрӣ, ки ҳолати физикии Оламро дар давраи аввали мавҷудияташ инъикос менамояд.
  • Биогенез – консепсияест, ки дар байни материяи зинда ва ғайризинда мавҷуд будани монеаи гузаштанашавандаро тасдиқ менамояд, яъне ҳамаи мавҷудоти зинда фақат аз зинда пайдо шуда метавонанд.
  • Биогеосеноз – қитъаи якҷинсаи сатҳи Замин бо таркиби муайяни организмҳои зинда (биосеноз) ва мутаассиби (қабати рӯизаминии атмосфера, энергияи офтоб, хок ва ғайра)
    компонентҳо ва таъсири байниҳадигарии онҳо (додугирифти моддаҳо ва энергии).
  • Биология (юнонии биос – ҳаёт, логос – илм)– илм дар бораи организмҳои зинда ва таъсири байниҳамдигарии онҳо ва муҳити зист. Биология аз илмҳои алоҳида ба монанди анатомия, ботаника, зоология ва ғайра иборат буда, алоқамандии байни онҳоро низ меомӯзад.
  • Биом – маҷмӯи намудҳои растаниҳо ва ҳайвонот, ки маскуни маҳалли додашуда мебошанд (ҷангал, дашт, биёбон, тундра).
  • Биосеноз (био + юнонии  koinos умумӣ) – маҷмӯи  растаниҳо, ҳайвонот ва микроорганизмҳо, ки қитъаи муайяни муҳитро бо шароитҳои якхелаи ҳаётӣ маскунанд (биотоп).
  • Биосфера – соҳаи паҳншавии ҳаёт дар Замин. Ба он қисми поёнии атмосфера (тропосфера), тамоми гидросфера ва қисми болоии литосфера дохил мешаванд, ки организмҳои зинда маскунанд.
  • Биотехнология – ин илм ё маҷмӯи маълумот дар бораи усулҳо ва просессҳо дар истеҳсолот бо методҳои биологӣ мебошад. Биотехнология ин просесси технологиест, ки бо истифода аз системаҳои биологӣ (организмҳои зинда ё ҷузъҳои ҳуҷайраи зинда) ба вуҷуд оварда мешавад.
  • Биотоп (био – юнонии topos ҷой) – қитъаи муҳити маскун будани биосеноз – растаниҳо, ҳайвонот ва микроорганизмҳо, ки шароитҳои нисбатан  якхела доранд (ботлоқи ғешазор, марғзор, дарахтзор).
  • Бифуркатсия (лотинии  birurcus ба ду тақсимшуда) – шохаронии ягон чиз. Бифуркатсия ин нуқтаи тағйирёбии қатъии система дар раванди ҷараёни эволютсия мебошад, ки дар наздикии он параметрҳои система ба флуктуатсия дучор мешаванд ва нақши омилҳои тасодуфӣ яку якбора меафзояд.
  • Вита (лотинии vita) – ҳаёт.
  • Витализм (лотинии vita) – маҷмӯи ҷараёнҳои идеалистӣ дар биология, ки мувофиқи он ҳодисаҳои ҳаётӣ бо мавҷуд будани асоси ғайриматериалӣ (қувваи ҳаётӣ, рӯҳ) маънидод карда мешавад.
  • Галактика (юнонии ширӣ) – Роҳи каҳкашон (роҳи ширӣ) – системаи ситоравии мо.
  • Галактикаҳо – системаҳои ситоравии намудҳои гуногун, инчунин Галактика, ки аз ситораҳо, туманнокиҳои газию чангӣ ва моддаҳои парокандаи байниситоравӣ иборат аст.
  • Гардиши моддаҳои газӣ – ин омехташавии элементҳои ғизонок аз атмосфера ва гидросфера ба организмҳои зинда ва баръакс.
  • Гелио(с) (юнонӣ)- Офтоб.
  • Гелиосентрӣ – бо маркази ба Офтоб мувофиқ.
  • Генетика (юнон   genos – ба тавлид, пайдоиш мансуббуда) – илме, ки қонуниятҳои ду хосиятҳои асосии организмҳои зинда – ирсият ва тағйирпазириро меомӯзад.
  • Геном – тамоми КДН, ки дар маҷмӯи гаплоидии намуди биологӣ мавҷуд аст.
  • Генотип – асоси ирсии организм, маҷмӯи генҳое, ки дар хромосомаи он ҷамъ шудаанд (маҷмӯи ҳамаи омилҳои ирсии организм).
  • Генофонд – ин маҷмӯи ҳамаи генҳое, ки дар фардҳои популятсия, гурӯҳ, намуди додашуда мавҷуданд.
  • Гео.. (юнонии ge – Замин) – қисми аввали калимаҳои мураккабест, ки ба Замин ва омӯзиши он тааллуқдоштаро нишон медиҳад.
  • Геосентрӣ – бо марказе, ки ба Замин мувофиқ меояд.
  • Гетеротрофӣ (юнонии hetero – дигар) – барои ғизо моддаҳои тайёри органикиро истифода мебарад. К гетеротрофҳо инсон, ҳамаи ҳайвонот, баъзе растаниҳо ва микроорганизмҳо дохил мешаванд.
  • Гидросфера – қабати обии Замин.
  • Гипотеза – нуктаи илмие, ки барои фаҳмонидани ҳодисаҳо пешниҳод гаштааст. «Дониши пешниҳодшуда». Дар ҳолати исботи ҳаққонияти гипотеза вай ба назария, қонун ё принсип табдил мегардад. Дар акси ҳол гипотеза аҳамияти худро гум мекунад.

Мавқеи илмие, ки барои фаҳмонидани ягон ҳодиса пешниҳод гаштааст.

  • Гносеология – назарияи идроки илмие, ки қонуният ва имконияти дарк, шароит ва меъёри ҳаққонияти донишро меомӯзад.
  • Дарки илмӣ — тадқиқоте, ки бо мақсадҳои махсуси худ, асосан – бо методҳои ба дастоварӣ ва санҷиши дониши нав, тавсиф дода мешавад.
  • Дедуксия (лот. deductio – баровардан, рӯёндан, ҳосил кардан), яке аз шаклҳои асосии муҳокимаронӣ ва методи тадқиқот. Ҳолати муҳокимаронӣ дар натиҷаи муносибати ҳамдигарии фикрҳои пешина хулосаҳои нав ҳосил мешавад. Аз ин рӯ, фикрҳои пешина асоси фикрҳои оянда мегардад. Агар асоси фикр ва робитаҳои он ба ҳақиқати реалӣ мувофиқ бошанд, натиҷаи фикр ҳатман ҳақ мебарояд. Ҳолати хулосабарорӣ ҳангоми гузариш аз умумӣ ба ҷузъӣ, ки аз дида баромадани миқдори зиёди ҳолатҳои ҷузъӣ ба хулосаи умумӣ дар бораи тамоми маҷмӯи ҳолатҳо меорад.
  • Детерминизм (лотинии detemiinare муайян кардан) – консепсияе, ки қонунияти объективии сабаб доштани ҳамаи ҳодисаҳои табиат ва ҷамъиятро нишон медиҳад.
  • Дивергенсия (лотинии divergere рад карда шудан, ҷудо шудан)- 1) ба щохаҳо ҷудошавӣ; 2) дар биология ба шохаҳо ҷудошавии нишонаҳои организмҳо дар просесси эволютсияи онҳо, ки бо интихоби табиӣ ё сунъӣ алоқаманд аст.
  • Дискретӣ (лотинии discrete алоҳида, нимуттасил) – номуттасил, аз қисмҳои алоҳида иборатбуда.
  • Диссимилятсия (лотинии dbsimilatio ҷудошавӣ) – таҷзияи моддаҳои мураккаб ба содда дар организм, ки дар ин ҳолат энергия хориҷ мегардад.
  • Дифференсиатсия (франсавии differentiation -Oiar. тафовут) – ҷудокунӣ, тақсимшавӣ, ба қисмҳо, ба шаклҳо ва савияҳо ҷудо кардани чизи бутун.
  • Догма (юнонии dogma) – маҷмӯи қоидаҳое, ки ба ҳақиқати бебаҳс, эътирознопазир қабул карда мешавад, бе исбот, бе танқид, бебаҳс, бе баҳисобгирии шароити мушаххас эътироф карда мешавад.
  • Додугирифти энергетикӣ – ин маҷмӯи реаксияҳоест, ки аз он энергия хориҷ мешавад ва онро ҳуҷайра барои таъминоти нерӯгӣ истифода мебарад.
  • Доктрина (лотинии doctrina) системаи ақидаҳо, самтҳо, амалҳое мебошанд, ки дар натиҷаи аз тарафи давлат, вазоратҳо ва ғайра тасдиқ шудан характери меъёрӣ гирифтааст.
  • Доминанта (лотинии dominant ҳукмрон) – бартаридошта, ҳукмрон.
  • Доктрина – системаи ақидаҳо, самтҳо, амалҳое мебошанд, ки дар натиҷаи аз тарафи давлат, вазоратҳо ва ғайра тасдиқ шудан характери меъёрӣ гирифтааст.
  • Дониши назариявӣ – қонуниятҳои умумии ба соҳаи фаннии додашуда баёншуда, ки барои фаҳмонидани фактҳо ва қонуниятҳои кашфшуда, инчунин пешгӯӣ намудан ва пешбинӣ намудани ҳодисаҳо ва фактҳои оянда имкон медиҳанд.
  • Дониши эмпирикӣ – фактҳои муайяншудаи илм ва дар асоси хулосабарории онҳо муайян намудани қонунҳо ва қонуниятҳо.
  • Иерархия (юнонии hierarchia < hieros муқаддас – arche ҳокимият) – ҷойгиршавии қисмҳо ё элементҳои бутун бо тартиби аз олӣ ба поёнӣ.
  • Изотропӣ (юнонии isos баробар, якхела – tropos хосият) – якхелагии хосиятҳои объект ба ҳамаи самтҳо.
  • Илм (арабӣ ام, фан, дониш) – намуди махсуси фаъолияти дарккунист, ки барои ба даст овардан, аниқ намудан ва иҷрои донишҳои системавӣ-ташкилшуда ва асоснокшуда дар бораи табиат, ҷамъият ва тафаккур мебошад. Асоси ин гуна фаъолият ҷамъ намудани фактҳои илмӣ, азнавкунии мунтазам ва ба тартиб даровардани онҳо,  таҳлили танқидӣ ва дар асоси онҳо синтез намудани донишҳои нави илмӣ ё хулосабарорӣ, ки онҳо на фақат ҳодисаҳои мушоҳидашавандаи табийӣ ё ҷамъиятиро мефаҳмонанд, инчунин имкон медиҳанд, ки алоқамандии сабабу оқибатҳо сохта шавад ва ҳамчун натиҷа пешгӯӣ карда шавад. Он назарияҳо ва фарзияҳое, ки бо фактҳо ва таҷрибаҳо тасдиқ мешаванд, ба намуди қонунҳои табиат ё ин ки ҷамъият тасвият карда мешаванд.

Бо маънои васеъ илм дар худ ҳамаи шартҳо ва қисматҳои таркибии фаъолияти илмиро дар бар мегирад:

Ҷудокунӣ ва муттаҳидкунии меҳнати илмӣ; муассисаҳои илмӣ, таҷҳизоти эксперименталӣ ва лабораторӣ; методҳои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ; аппарати (олати) мафҳум, низоми дастгоҳи  ва мақулҳо; системаи информатсияи илмӣ; инчунин ҷамъи тамоми донишҳои илмии ғуншуда.

  • Илмшиносӣ – соҳаи таҳқиқ, ки қонунияти амалиёт ва инкишофи илм, таркиб ва динамикаи фаъолияти илмӣ, таъсири мутақобили илму муассисаҳои иҷтимоӣ ва соҳаҳои дигари ҳаёти моддию маънавии ҷамъиятро меомӯзад.
  •  Илми бунёдӣ (фундаменталӣ) – соҳаи дарккуниест, ки тадқиқотҳои назариявӣ ва эксперименталии ҳодисаҳои асосгузоранда ва ҷустуҷӯи қонуниятҳои ба шакл, сохт, таркиб, сохтор, хосият, ҷоришавии равандҳои бо онҳо алоқаманд ҷавобгӯро дар назар дорад. Ин  соҳаи дарккунӣ принсипҳои базавии аксари фанҳои гуманитарӣ ва табииро дар бар мегирад, барои васеъ шудани тасаввуроти назариявӣ ва консептуалӣ хизмат менамояд.
  • Интегратсия (лотинии integratio барқароршавӣ, пуркунӣ, бутун) – муттаҳидшавии ягон қисмҳо, элементҳо ба бутун.
  • Интихоби табиӣ – ин просесси азнавбавуҷудории интихобии организмҳо, ки дар табиат ба вуҷуд меояд ва дар натиҷааш дар популятсия ҳиссаи фардҳои нишонаҳо ва хосиятҳои фоиданокашон дар муҳити мушаххас меафзояд.
  • Ирсият – ин хосияти аз насл ба насл додани сохт, вазифа ва инкишофи организмҳои зинда.
  • Кайнозой, эраи кайнозой – эраи навтарини геологии таърихи Замин, ки давраи ҳозираро дар бар мегирад; давомнокиаш – 60 – 70 млн. сол. Хусусияташ бо ҳаракати босуръати тектоникӣ (қишри Замин), яхбандии пурзӯри типи материкӣ алоқаманд аст. Дар олами органикӣ – ҳукмронии растаниҳои гулкунанда, нашъунамои паррандаҳо, ширхӯрон, ташаккули гурӯҳи приматҳо, ба вуҷуд омадани шаклҳои қадимтарини одамон (дар муддати 3-5 млн. соли охир).
  • Квазарҳо (англисии quasar- мухтасар аз quasistellar radio source) манбаи квазиситоравии афканиш – манбаъҳои пурқуввати радиоафканиш дар масофаи миллиардҳо соли рӯшноӣ
    аз системаи офтобӣ, ки афканишоташон нисбат ба галактикаҳо садҳо маротиба зиёд ва андозаашон даҳҳо маротиба хурд.
  • КДН – кислотаи дезоксирибонуклеинӣ.
  • Кембрий, давраи кембрий – давраи аввали палеозой, давомнокиаш наздик 70 млн. сол.; ба се марҳила (давр) ҷудо мешавад: поёнӣ, миёна, болоӣ.
  • Кислотаҳои нуклеинӣ – қисми таркибии зарурии ҳуҷайраҳои тамоми организмҳои зинда; ба онҳо нақши пешбаранда дар биосинтези сафеда ва додани нишонаҳои ирсии организм тааллуқ дорад.
  • Коллапси гравитатсионӣ – бо тезӣ вайроншавии мувозинати механики ситора, ки дар он қувваи ҷозиба аз қувваи фишори газӣ калонтар мегардад; дар натиҷа ситора бо тезӣ фишурда мешавад (“ба худ афтидан”).
  • Континуум – (лотинии continuum бефосила, яклухт) – 1) бефосилагӣ, мустаҳкамии ҳодисаҳо, просессҳо; 2) муҳити яклухти материалӣ, ки хосияташон дар фазо бефосила тағйир меёбанд.
  • Консепсия (лотинии) – системаи ақидаҳо, тарзи донистан, маънидод кардани ягон ҳодиса, нуқтаи назари асосӣ ба предмет (фан) ва ҳоказо.

Консепсия – маҷмӯъ ё системаи фикру ақидаҳо

Системаи ақидаҳо ба ягон чиз, фикри асосиест, ки дар ҳолати муайян намудани мақсад ва вазифаҳои тадқиқот ва нишон додани роҳҳои бурдани он истифода мешавад.

  • Манзараи илмии олам – манзараи (модели) олам — системаи тасаввурот дар бораи қонуниятҳои воқеияти реалӣ, ки дар асоси ҷамъбаст намудан ва синтези мафҳумҳо ва принсипҳои илмӣ сохта шудаанд.
  • Корпускула (лотинии corpuscula зарра) – заррача.
  • Космогония (юнонии kosmogonia) – (илм) таълимот дар бораи пайдоиш ва эволютсия ва сохти объектҳои кайҳонӣ ва системаҳои онҳо.
  • Космология (юнонии Кosmos – Олам – logos – илм) – таълимот (илм) дар бораи пайдоиши Олам ҳамчун системаи ягона ва яклухт (тасаввурот дар бораи Олам).
  • Криптозой (юнонии kryptos пинҳонӣ — zое ҳаёт) – марҳилаи вақти геологӣ, ки дар муддати он ғафсиҳои ҷинсҳои кӯҳии боқимондаҳои ошкори скелети ҳайвонӣ надошта ташаккул ёфтаанд.
  • КРН – кислотаи рибонуклеинӣ.
  • Литосфера (юнонии lithos санг) – қисми болоии сахти Замин.
  • Мезо – (юнонии mesos) – қисми аввали таркибии калимаҳои мураккаб, ки маънои “миёна”, “мобайнӣ”-ро дорад.
  • Мезозой, эраи мезозой – (юнонии mesos миёна + zoe ҳаёт) – гурӯҳи таҳшинҳои ҷинсҳои кӯҳӣ ва эраа геологӣ ва палеонтологии таърихи Замин бо давомнокии 160-170 млн. сол. Хусусияташ просесси бошитоби эволютсионӣ, пайдоиши шаклҳои ҳаёти ташкили мураккаб, ҳукмронии хазандаҳои бузургҷусса, пайдоиши паррандагон, дар олами растаниҳо – инкишофи босуръати ҷангалзорҳо, пайдоиши растаниҳои гулкунанда.
  • Метаболизм (юнонии metabole дигаргуншавӣ) – мубодилаи моддаҳо, маҷмӯи просессҳои ассимилятсия ва диссимилятсия дар организм.
  • Метагалактика – тамоми қисми мушоҳидашавандаи муосири Олам бо тамоми галактикаҳо ва дигар объектҳои дар он мавҷудбуда.
  • Микроэволютсия – просесси эволютсионии дар дохили популятсияи намуд ба вуҷуд оянда, ки ба тағйироти намуд меорад.
  • Моддаи зинда – ин маҷмӯи организмҳои зинда мебошад, ки дар муддати мушаххаси вақт вуҷуд доштанд ва доранд ва омили пурқуввати геологианд.
  • Мутатсия (лотинии mutatio тағйирот, дигаргуншавӣ) – тағйирёбии ногаҳонии табиӣ ё сунъӣ ба вуҷудояндаи сохтори ҷинсӣ, ки ба нигоҳ доштани информатсияи генетикии додугирифти  он дар байни ҳуҷайраҳо ва аз насл ба насл масъуланд.
  • Намуд – воҳиди асосии сохторӣ ва таснифотӣ дар системаи организмҳои зинда; маҷмӯи популятсияи фардҳое, ки имконияти ҷуфтшавӣ ва ба вуҷуд овардани насли пурсамар дошта, соҳиби нишонаҳои умумии морфофизиологианд, дар ареали муайян маскунанд, аз дигар фардҳо бо ҷуфтинашавиашон фарқ доранд.
  • Оила – гурӯҳи систематикие, ки ҷинсҳои бо ҳамдигар хешро муттаҳид месозад.
  • Омил (лотинии factor тайркунанда, истеҳсолкунанда) – қувваи пешбаранда, сабаби ягон просесс, ҳодиса.
  • Омили экологӣ – ин элементи дилхоҳи муҳити атроф мебошад, ки қобилияти таъсири бевосита ва бавосита расонидан ба организми зинда аққалан дар яке аз марҳилаҳои инкишофи фардӣ дорад, ё ин ки шароити дилхоҳи муҳит мебошад, ки ба он организм бо акси таъсири мутобиқшавиаш ҷавоб мегардонад; омилҳои экологӣ ба абиотикӣ, биотикӣ ва антропогенӣ ҷудо мешаванд.
  • Онтогенез (юнонии ontos ҳақиқӣ – genesis пайдоиш) – инкишофи фардии организмҳо (растанӣ, ҳайвон), ки тамоми тағйиротҳоро аз пайдоиши ҷанинӣ то охири умр дар бар мегирад.
  • Палеозой, эраи палеозой (юнонии palaios қадим — zoe ҳаёт) – гурӯҳи қадимии таҳшинҳои ҷинсҳои кӯҳӣ ва эраи геологии ба он мувофиқ ва таърихи палеонтологии Замин бо давомнокии 335 млн. сол. Бо хусусияти он эволютсияи пуравҷи олами органикӣ аз аввалин хордадорон ва моҳиён то обхокиҳо ва хазандаҳои бузург, аз обсабзҳо то папоротникҳои тухмдор дохил мешаванд.
  • Парадигма (юнонии paradeigma мисол, намуна) – назарияе (модел, тарзи гузориши проблемаҳо), ки ба сифати намунаи ибтидоии ҳалли масъалаҳои тадқиқотӣ қабул карда шудааст.
  • Парадокс (юнонии paradoxos ғайриоддӣ, аҷоиб) – ҳодисаи ғайриоддӣ, ки ба тасаввуроти оддӣ, фикри солим номувофиқ аст.
  • Паразитизм (юнонии parasitos туфайлихӯр) – шакли муносибати байни ду организмҳои намудҳои гуногун, ки аз онҳо якеаш (паразит) дар дигараш (хӯҷаин) ё дохили он ҷойгир шуда, аз ҳисоби он ғизо мегирад.
  • Популятсия (франсавии population аҳолӣ) – маҷмӯи фардҳои як намуд, ки муддати дароз фазои муайянро сокин шуда, бо роҳи ҷуфтишавии озоди нисбатан ҷудо аз дигарон афзоиш меёбанд. Ҳамчун воҳиди элементарии проссеси эволютсионӣ популятсия имконияти муддати дароз дар фазо ва вақт вуҷуд дошта метавонад, худашон аз нав ба вуҷуд меоянд ва шакл дигар мекунанд.
  • Постулат (лат. postulatum — талаб, шикоят, даъво), мулоҳизае (шарт, фарзия, қоида), ки бе исбот қабул шудааст, аммо зотан бе асос нест.
  • Проблема (юнонӣ problema – масъала, масъалаи ҳалталаб, қазия), ҷамъбасти якчанд масъалаҳои илмии баёншуда, ки соҳаи тадқиқоти банақшагирифташавандаро дар бар мегирад. Дониш дар бораи он, ки илми муосир намедонад, аммо ин дониши нокифоя барои илм ва инкишофи амалия зарур аст.
  • Прогресс (лот. progressus – ҳаракат ба пеш, муваффақият), муқобили регресс, тамоюди инкишоф, ки хосияти аз оддӣ ба мураккаб, аз комил ба акмал гузаштанро дорад.
  • Прокариотҳо (лотинии pro пеш, дар пеши + юнонии karyon ядро) – организмҳое, ки ядрои ташаккулёфта надоранд (вирусҳо, микробҳо, обсабзҳои кабуду сабз).
  • Пулсарҳо (англисии pulsars мухтасар аз pulsating sources of radio emission манбаи радиоафканишоти пулсатсиякунанда) – манбаъҳои кайҳонии афканишоти мавҷҳои радио, оптикӣ, рентгенӣ, гамма-квантҳо, ки ба Замин ба намуди импулсҳои даврӣ такроршаванда меоянд; радиопулсарҳо – ситораҳои нейтронии тез даврзананда; пулсарҳои рентгенӣ – ситораҳои дуқӯша, ки ба ситораи нейтронӣ аз ситораи дуюми оддӣ моддаҳо мегузаранд.
  • Редуксионизм (лотинии reductio хурд кардан) – методи илмиест, ки бо кӯшиши нишон додани ҳодисаҳои мураккабтар бо забони илмие, ки ҳодисаҳои соддатарро ё синфи ҳодисаҳоро мефаҳмонад (масалан, бурдани биология ба механика ва ғайра; гуногунии редуксионизм физикализм мебошад).
  • Редуксия (лотинии reductio бозгашт, ба қафо гардонидан) – соддатар кардан, бурдани просесси мураккаб ба соддатар.
  • Релятивистӣ (лотинии relativus нисбатан) – ба ҳодисаҳое тааллуқ дорад, ки дар асоси назарияи махсуси нисбият ё назарияи умумии нисбияти А. Эйнштейн дида баромада мешавад.
  • Сикли захиравӣ – ин маҷмӯи табдилёбиҳо ва ҷойивазкуниҳои фазогии моддаи муайян ё гурӯҳи моддаҳо дар тамоми марҳилаҳои истифодабарии онҳо аз тарафи одам
    (муайян намудан, тайёркунӣ ба истифодабарӣ, аз муҳити табиӣ гирифтан, коркард, табдилёбӣ, баргардонидан ба табиат).
  • Сиклҳои таҳшинӣ – ин ҳаракати элементҳои ғизоӣ байни қишри Замин (хок ва ҷинсҳои кӯҳӣ), гидросфера (об) ва организмҳои зинда мебошад.
  • Селексия – (лотинии selectio ҷудо карда гирифтан, интихоб) – илм дар бораи рӯёндани навъҳои нави растаниҳои маданӣ, зотҳои нави ҳайвоноти хонагӣ ва штаммҳои микроорганизмҳо ё мукаммалкунии мавҷудбудаи онҳо мувофиқи талаботи инсон ва савияи қувваҳои истеҳсолии ҷамъият.
  • Симбиоз (юнонии symbiosis ҳамманзилӣ) – ҳамманзилии дурударози намудҳои гуногуни организмҳо.
  • Синергетика (юнонии synergetikos якҷоя, бо мувофиқа амалкунӣ) – равия дар илм, ки бо омӯзиши қонуниятҳои фазогӣ-вақтии батартиборӣ, худташаккулёбӣ дар системаҳои гуногуни кушод алоқаманд аст.
  • Синкретизм (юнонии syncretismos пайвасткунӣ, муттаҳидкунӣ) – якҷоя будан, тақсимнашавандагӣ, ҳолати ибтидоии инкишофнаёфтаи ягон чизро нишон медиҳад, масалан, тасаввуроти тоилмӣ дар бораи табиат.
  • Синтез (юнонии synthesis пайвасткунӣ, якҷоякунӣ) – методи тадқиқоти илмии фан, ҳодиса, ки аз дарки он ҳамчун ягонаи бутун, дар ягонагии алоқаи байниҳамдигарии қисмҳои он иборат аст.
  • Синф – гурӯҳи систематикиест, ки оилаҳои наздикро муттаҳид месозад.
  • Система (юнонии systems бутун, аз қисмҳо иборат буда, пайвастшавӣ) – маҷмӯи элементҳо ё қисмҳои онҳо, ки таъсири байниҳамдигарӣ ва табдилёбии сифатии байниҳамдигарии онҳо мавҷуд аст.
  • Системаи гелиосентрии Олам – таълимот дар бораи дар марказ ҷойгиршавии Офтоб дар системаи сайёравии мо.
  • Системаи геосентрии Олам – мавҷудияти тасаввуроте, ки мувофиқи он Замин маркази беҳаракати Олам буда, дар атрофи он Офтоб ва дигар ҷисмҳои осмонӣ давр мезананд.
  • Сикл (юнонии kyklos давра) – маҷмӯи ҳодисаҳо, просессҳо, корҳои байни ҳам алоқаманд, ки давраи хотимаёфтаи инкишофро дар муддати ягон фосилаи вақт ба вуҷуд меорад.
  • Сияҳчоҳ – ҳолати ситора дар натиҷаи коллапси гравитатсионӣ, марҳилаи охирини эволютсияи ситораҳои массивӣ (массаш калон), ки бо назарияи нисбияти умумӣ пешгӯӣ карда шудааст.
  • Стохастический (юнонии stochasis тахмин) – тасодуфӣ ё эҳтимолӣ (имконпазир).
  • Субстансия (лотинии substantia моҳият) – 1) материя дар ягонагии ҳамаи шаклҳои ҳаракати он, 2) асоси тағйирнаёбанда, моҳияти чизҳо ва ҳодисаҳо, 3) дар баъзе муҳокимаҳои назариявии табиатшиносии муосир – дорандаи ягон ҳодиса.
  • Таксон (лотинии taxare баҳо додан) – гурӯҳи объектҳое, ки бо ҳамдигар бо ин ё он дараҷаи умумияти хосиятҳо ва нишонаҳо алоқаманд мебошанд, ки ба туфайли он ба онҳо категорияҳои таксонометрӣ дода мешавад, масалан, дар биология, категорияи таксонометрӣ намуд мебошад.
  • “Таркиши кембрийӣ” – якбора афзудан, “таркиши” гуногунии шаклҳои зиндаи ҳам растаниҳо, ва ҳам ҳайвонот, аз давраи кембрийи эраи палеозой сар мешавад.
  • Ташаккули сохтор – пайдоиши хосиятҳои нав ва таносубҳо дар маҷмӯи элементҳои система.
  • Те́хника (юн. қадим. τεχνικός от τέχνη — санъат, маҳорат, кордонӣ) — . 1) Маҷмӯи воситаҳои фаъолияти инсонӣ, ки барои иҷроиши равандҳои истеҳсолӣ ва хизматрасонии талаботҳои ғайриистеҳсолии ҷамъият сохта шудаанд.
  • 2) ин номи умумии олатҳои гуногун, механизмҳо ва таҷҳизот мебошад, ки дар табиат вуҷуд надорад ва аз тарафи инсон барои амалӣ намудани равандҳои истеҳсолӣ ва хизматрасонии талаботҳои ғайриистеҳсолии ҷамъият сохта шудааст.
  • Технология (юн. techne – санъат, маҳорат, кордонӣ ва …логия (илм)) маҷмӯи усулҳо ва тарзҳои ба даст овардан, коркард ё азхудкунии ашёи хом, маводҳо, маҳсулоти нимтайёр ё маснуоте, ки дар соҳаҳои гуногуни саноат, сохтмон ва ғайра. Илм ё маҷмӯи маълумот дар бораи усулҳои гуногун ва просессҳои истеҳсоли ашёи хом ё маҳсулот.
  • То кембрий – ғафсии аз ҳама қадими ҷинсҳои кӯҳӣ ва фосилаи вақти ба он ташкилаҳо мувофиқ ва тақрибан 6/7 қисми таърихи геологии Заминро ташкил медиҳад. Боқимондаҳои организмҳои қадим дар таҳшинҳои  то кембрийӣ (асосан ҳайвоноти бисёрҳуҷайраи нармбадан), ки хеле кам дучор мешаванд.
  • Фанерозой (юнонии phaneros баръало — zoe ҳаёт) – марҳилаи геологии вақте, ки дар муддати он ғафсиҳои ҷинсҳои кӯҳии палеозой, мезозой ва кайнозой ташаккул ёфтаанд, ва хусусияташон

мавҷудияти боқимондаҳои боэътимоди органикӣ мебошад (нигар криптозой).

  1. Ферментҳо (лотинии fermentum хамиртуруш) – биокатализаторҳо – сафедаҳое, ки дар ҳуҷайраҳои зиндаи ҳайвонот, растаниҳо ва микроорганизмҳо мавҷуданд, ва равонкунанда, ба танзиморанда ва бисёркарата шитоббахшандаи просессҳои биохимиявӣ дар онҳо мебошанд.
  2. Флуктуатсия (лотинии fhictuatio лаппиш) – майлкунии тасодуфии бузургиҳо аз қимати миёна мебошад, ки ба системаи миқдори зиёди зарраҳо хос аст.
  3. Фотон – кванти афканишоти электромагнитӣ (квазизарра).
  4. Худташаккулёбӣ – просесси таъсири байниҳамдигарии элементҳои системаҳо, ки дар натиҷаи он ташаккулёбии тартиб ё сохтори нав ба амал меояд.
  5. Ҷинс – гурӯҳи калони систематикӣ, ки оилаҳои наздикро муттаҳид месозад.
  6. Эволютсия (лотинии evolutio вусъат додан) – яке аз шаклҳои ҳаракат, инкишоф дар табиат ва ҷамъият – тағйироти бефосила, тағйироти тадриҷии сифатӣ, ки ба ҳолати нав меорад.
  7. Экосистема – комплекси ягонаи табиӣ, ки бо организмҳои зинда ва муҳити зисти онҳо ташаккул ёфтааст, ки дар он компонентҳои зинда ва ғайризинда бо додугирифти моддаҳо ва энергия алоқаманданд (биогеосеноз).
  8. Экосфера – маҷмӯи ҳамаи экосистемаҳо.
  9. Эукариотҳо (юнонии ба ӯ хуб — karyon ядро) – ҳамаи организмҳои олӣ, ки ҳуҷайраҳояшон ядрои ташаккулёфта доранд ва аз ситоплазма бо парда ҷудо шудаанд.
  10. Энтропия (юнонии en – дар дохил, thrope – дигаргунӣ) – 1) яке аз вазифаҳои ҳолати система, бузургие, ки ҳолати гармии системаро нишон медиҳад; ченаки бетартибии дохилии система; 2) дар назарияи информатсия – ченаки номуайянии ҳолат (бузургии тасодуфӣ) бо адади охирноки оқибатҳо.
test

Добавить комментарий