Луғатнома аз фанни Адабиёт
А
Абар – бар, болои…, рӯйи, дар, мувофиқи.
Абе – бе.
Або – бо.
Абдон – баданҳо.
Аблақ – ҳарчизи дуранга, сафеду сиёҳ, ало; маҷ. аспи чавкар, тезрав.
Абҳар – равшантар.
Авон – замон, ҳангом, вақт.
Ағёр – ҷамъи ғайр, бегонагон.
Адам – нестӣ, нобудӣ.
Анбар – моддаи хушбӯй, ки дар атриёт ба кор мебаранд.
Анбоз – ҳамроз, анис, ҳамдам.
Андалеб – булбул.
Ақвол – ҷамъи қавл, яъне гуфторҳо.
Ақраб – каждум.
Амиқ – чуқур.
Анбаста- баста.
Анбоз – рафиқ, шарик, ҳамдам, монанд.
Андархӯр – лоиқ, сазоввор.
Ануд – барангезанда, ситезагар.
Анфос – ҷамъи нафас.
Астар – хачир,
Асном – ҷамъи сана, бутон: киноя аз маъшуқа.
Атиб- итоб, ранҷиши сабук
Алфағда – маҳсул, андӯхта, чизе ба даст овардашуда.
Афлок – ҷамъи фалак, осмонҳо.
Ахрас – гунг, лол.
Аҳад – воҳид, фард, нафар.
Аҳвал – олус, каҷбин.
Аҳрор – ҷамъи ҳур – яъне озод, ҷавонмард, наҷиб
Аҷамӣ – ғайриараб, форсизабон, эронинажод.
Аҷин – хамир.
Аҷсом – ҷамъи ҷисм.
Аъмол – ҷамъи амал, яъне фаъолиятҳо, кору кирдорҳо.
Б
Бадоғор – бадозор.
Бадсигол – душман, бадандеш.
Бадр – моҳи пурра; бадри мунир – моҳи тобони пурра.
Барда – ғулом.
Барӣ – пок, соф, холӣ.
Бароҳанҷидан – баркашидан, берун овардан.
Баттон – мурғобиҳо.
Баш – банд, банди мис ё нуқра ва ғайра.
Башм – шабнамреза, чакраи шабнам.
Баъид – дур.
Барот – ҳуҷҷат, санад, дастхат.
Бир – раъду барқ, тӯфон.
Бирр – некӣ, эҳсон, бахшиш.
Биҳор – ҷамъи баҳр.
Биҳил – афв кардан, бахшидан, бахшидашуда.
Бодфара- ҷазои амал, мукофоти амал.
Бодхун – роҳи бод, бодгузар.
Болод – аспи боркаш.
Бонгиш – бонг, фарёд.
Борӣ – офаринанда, Худо.
Бостон – қадим, дерина.
Буза – сӯзишворӣ, ҳезум.
Бунлод – таҳкурсӣ.
В
Вайла – нола, шикоят.
Вард – гул.
Вартоҷ – гули офтобпараст.
Вағо – ҷанг, муҳориба.
Валад – писар, фарзанд.
Ваҳм – хаёл, гумон, воҳима.
Вашт– зебо, хушрӯ.
Висоқ – банд,
Волид – соҳиби фарзанд, падар.
Вом – қарз.
Вомӣ – қарздор, дармонда, ба сахтӣ дучоршуда.
Ворун – баргашта, бахти ворун – бахти баргашта.
Вотгар– пӯстиндӯз.
Вофир – бисёр, фаровон.
Воя- зарурат, ҳоҷат.
Вуслат – пайванд будан, васл.
Г
Габр – пайрави дини зардуштӣ, оташпараст, хафтон, либоси ҷангӣ.
Гав – далер, паҳлавон.
Гав – чуқурии чоҳмонанд
Гавожа – таъна, мазоҳ.
Газоф – ҳарза, бефоида, беҳуда, дурӯғ.
Ганд – бадбӯ.
Гарива – теппа, баландӣ.
Гаразмон – осмон.
Гардун – аз феъли гардидан, ароба, чарх.
Гармсайр – тезпарвоз.
Гармфом – гармрӯ, дилчасп.
Гетӣ – дунё.
Гом – қадам; азм, ният.
Гузида – интихобкарда.
Гурунҷ – биринҷ.
Ғ
Ғабн – фиреб.
Ғабин – фиребхӯрда, зарардида.
Ғадир – кӯл.
Ғазар – пайкони тири бузург.
Ғайз – хашму ғазаб.
Ғаммоз – чашмакзан, суханчин.
Ғаммом – абр, абри сафед.
Ғарра – фирефта, мағрур
Ғилмон – ғулом, писарбачаи хизматгузор дар биҳишт.
Ғоза – гулгуна, сурхии рӯи занон
Ғолия – таркиби сиёҳранге аз он маводи хушбӯй, мушк, анбар.
Ғул – як навъи дев.
Ғулл – занҷир, занҷири оҳание, ки бо он зиндониёнро мебанданд.
Д
Дабир – муншӣ, котиб, нависанда.
Дағо – макру ҳила, фиреб.
Дад – ҳайвони ваҳшӣ.
Дайҳим – тоҷ.
Далқ – либоси пашминии дарвешон, либоси кӯҳна ва поргӣ кардашуда.
Данг – беақл, аблаҳ.
Данӣ – нокас, пастфитрат.
Дарюза (дарвеза) – гадоӣ, садақаталабӣ.
Дастур – вазир, супориш.
Даҳр – ҷаҳон.
Дашна – навъе аз ханҷар, корди нӯгтез.
Дебо – як навъ матоъ.
Дӣ – дирӯз.
Дола – далолаткунанда, шоҳид, роҳнамоӣ.
Дофеъ – дафъкунанда, радкунанда.
Дун – паст, нокас, разил.
Дунон – мардуми бисёр пасту разил.
Дунтар – пасттар, поёнтар.
Дур (дурр) – марвориди калон.
Ё
Ёканд – ёқут.
Ёғӣ- саркаш, нофармон.
Ёра – дастпона.
Ёфа- суханони беҳуда.
Ж
Жакора – ситезакор, кинавар.
Жаён –пурхашм.
Жарф – амиқ.
Жарфбин – борикбин.
Жах – нолаи зор.
З
Забуха – комёб.
Зал – хорӣ.
Залол – гумроҳӣ.
Заллат – хато, саҳв, гуноҳ.
Замҳарир – хунукии қаҳратун.
Зан (н) – гумон, пиндошт.
Занаб – дум.
Заранг – чӯби сахт, номи дарахти бемева.
Зарир – нобино, кӯр, зардранг
Заръ – гӯшаи кишт, андозаи ченак, кишт, зироат.
Зафт – фарбеҳ, дурушт.
Зафтӣ – дуруштӣ, калонӣ.
Заххор – сероб, пур аз об, пурмавҷ.
Заҳ – ҷои баромадани об; зоидан, нутфа, тифл.
Зиндиқ – бедин.
Зифт – сиёҳ, бахил.
Зоил – нобуд, соқит, маҳв.
Зониён – зинокорон, мардони бадахлоқ.
Зоч – зани навзоида.
Зуғол – ангишт.
Зулум – торикӣ, зулмат.
Зулҷалол – соҳиби ҷалол, боҳашамат; Худо.
Зуфунун – соҳиби фанҳо, донандаи илмҳо.
И
Ибтиҳоҷ – шодӣ, хурсандӣ
Идбор – бадбахтӣ.
Иддат – миқдор.
Идо – ҷамъи адӯ – душманон.
Иёр – миқдори нуқра ва тиллои холис дар сикка, тарозуи зарсанҷӣ.
Иёдат – ба беморбинӣ рафтан.
Изз – иззату эҳтиром, шараф.
Измор – дар дил пинҳон нигоҳ доштан, сухан пӯшида гуфтан.
Иқд – гарданбанд, мӯҳра.
Илҳоҳ – дархост, илтимос.
Илтизом – ба ӯҳда гирифтани анҷоми коре.
Инон – лаҷом, ҷилав; ихтиёр.
Исор(эсор) – пошидан, нисор кардан.
Испар – сипар.
Истӯҳ – оҷиз, нотавон, бечора.
Итеб(итоб) – сарзаниш, маломат, таъна.
Ихвон – ҷамъи ах- бародарон
Иъто – бахшидан, ато кардан.
К
Кабад – ширеш.
Кабус – каҷ, норост.
Каванда – сабат.
Кавдан – аспи боркаши заифу пир; одами аблаҳу нодон.
Кавн – ҳастӣ, зиндагӣ, олам, дунё.
Кадевар – деҳқон, барзгар.
Каррубӣ – фаришта, малаки ба Худо наздиктар.
Каъб – ҳар банди устухон, тоси бозии нард.
Киё – соҳиб, Худованд, султон, диловар.
Коғ – оташ.
Козиб – дурӯғгӯй.
Кола – мол, чизу чора, матоъ.
Колбуд – тан, бадан, ҷасад.
Колус – ахмақ, нодон.
Коҳил – танбал.
Куништ – оташкада, калисо, бутхона, ибодатхона.
Кӯҳл – сурма.
Кӯҳлӣ – сурмаранг, сиёҳтоб.
Қ
Қавом –ростӣ, дурустӣ.
Қалақ – хавотир, изтироб, ваҳм.
Қаллош – айёш, маккор, беор, шаробдӯст.
Қалтабон – нокас, разил, далла, даюс.
Қанина – зарфи шишагин.
Қантара – баландӣ.
Қирон – пайвастани ду чиз ба ҳам; ба ҳам наздик омадани ду ситора.
Қут – хӯрданӣ, таом.
Л
Лабиқ – моҳир, зирак, хушгап.
Лавзина – як навъ ҳалвои аз мағзи бодом тайёр кардашуда.
Лавн – ранг.
Ламтур – фарбеҳ, қавӣ.
Ламъа – дурахшонӣ, равшанӣ; дурахшидан.
Ласк – шабнам.
Лаҳаб – шӯълаи оташ.
Лиқо – рӯй, чеҳра; мулоқот.
Ло – на, но, не.
Лоба – зориву тавалло; фиребу ҳила; шӯхӣ.
Лобуд (д) – ночор, ногузир.
Лоҳут – худоӣ, илоҳӣ.
Лоҷарам – ночор, ногузир; бешубҳа, бинобар ин.
Лоязол – безавол, ҷовид, бемарг.
Лутӣ – бадахлоқ, бебок, айёш, майхора.
Лӯъбат – пайкари хушрӯ, санам, бут.
М
Мавло – соҳиб, молик, сарвар; ғулом, навкар.
Мавлоӣ – сарварӣ, соҳибӣ.
Мавлоно – соҳиб, хоҷа, устод.
Мавлуд – зоидашуда, навзод.
Мавот – чизи беҷон, мурда.
Мазид – афзоиш, зиёдшавӣ; иловашуда.
Макин – макондор, соҳиби макон.
Макнун – пинҳон дошташуда; пинҳон, нуҳуфта
Мақар – қароргоҳ, ҷойгоҳ; сангар, ҳисор, қалъа.
Мақдур – мувофиқи қувват, ба қадри имкон; қувват, тоқат; тақдир кардашуда.
Мақт – кина, душманӣ.
Малул – ғамгин.
Маниш – ақл, фаросат, карам, ҳиммат.
Маранда – кӯза.
Масос – маканда, хунгир.
Масруф – сарф кардашуда.
Матбах – ошпаз.
Мафраш – чизи густурданӣ монанди палос.
Мафхар – фахр, ифтихор.
Махлас–паногоҳ, ҷои халос шудан, халосӣ.
Махвар – махӯр.
Маҳин – хору беқадр.
Маҳақ– санги сиёҳе, ки тилло ва нуқраро бо он соида меозмоянд ва иёр мекунанд.
Маҳд – гаҳвора, маҷозан макони пайдоиш.
Маҷарг – муфт, бемузд.
Машом – димоғ, бинӣ.
Маъбуд – парастиш кардашуда монанди Худо, бут, оташ ва ғайра.
Маъзул – бекор кардашуда.
Меғ – абр.
Меҳ- бузург, калон, сардор.
Меҳтар – калонтар, бузургтар; нигоҳбони чорпоён.
Миёнҷӣ – миёнарав.
Мину – осмон, само.
Мисмор – мех, гулмех.
Миҳор – чӯбе, ки аз бинии шутур гузаронида, ба он ресмон мебанданд.
Моъ – об.
Мувосо – мадоро, муросо; созиш, мувофиқат, ёрӣ, мадад.
Муғтанам – ғанимат, ғанимат шумурдашуда.
Музмар – дар дил буда; пинҳон, махфӣ.
Музоҳим – заҳматдиҳанда.
Мукаррам – азизу мӯҳтарам.
Муқрӣ – қорӣ, Қуръонхон, таълимдиҳандаи қироъати Қуръон.
Муқир – иқроркунанда, иқроршаванда.
Мултаҷӣ – паноҳҷӯянда, паноҳоваранда.
Мунсиф – боинсоф, бовиҷдон, боадолат.
Мунқатеъ – қатъшуда, кандашуда.
Мунқод – мутеъ, фармонбардор.
Мунодӣ – нидокунанда, ҷорчӣ.
Мураввақ – соф кардашуда, полондашуда.
Мурсал – расул, фиристода, пайғамбаре, ки соҳиби китоб бошад.
Мутаввақ – тавқдор, бо гарданбанд ё даспона зинатёфта.
Муттако – такягоҳ.
Мушаъшаъ – равшан, дурахшон.
Муштабеҳ – монанд.
Муштарак – умумӣ, шарикӣ.
Муштарӣ – талабгор, харидор
Муштаҳар – шӯҳрат ёфта, машҳур, маъруф.
Мӯбад – рӯҳонии зардуштӣ.
Мӯҳтадӣ – ҳидоятшаванда, ба роҳи рост рӯ оварда.
Н
Набид – шароби хурмоӣ.
Набиз – май.
Навада – набера.
Навардидан – печидан, тай кардан, гузаштан.
Навбова – ҳар чизи нав ва тоза, меваи наврасида.
Надим – ҳамсӯҳбат, ҳамнишини шоҳону амирон.
Нажад – андӯҳгин, даҳшатнок, парешон, паст, ночиз.
Накӯҳиш – маззамат.
Намат – тарз, равиш, усул.
Натъ – суфраи чармин, фарш.
Наҳиф – лоғар, заиф, хароб.
Ниё- бобо, ҷадд.
Ниёкон – бобоён, аҷдод.
Нишкурда – афзори саҳҳофиву кафшдӯзон, ки бо он муқова ва пӯстро метарошиданд.
Навбаҳор – номи ибодатхонаи буддоӣ дар Балх, шакли қадимааш Навабихара.
Ноқа – шутури мода.
Носут – олами ҷисмонӣ, дунё, одамӣ.
Ношикебо – бесабр, ноором.
О
Обгина – шишаи гулоб.
Обгир – кӯли об, манбаъи об.
Обис – туршрӯй, беҳудакор, бозикунанда.
Обнӯс – як навъ дарахти чӯбаш сиёҳ.
Оби ҳайвон – оби ҳаёт.
Овард – ҷанг, корзор.
Ово – овоз.
Оганда – пур.
Оз – ҳирсу тамаъ, ранҷ.
Озарм – одамият, қадр, манзалат.
Ол – авлод, дудмон.
Омосидан – варам кардан.
Осмона – сақфи хона.
Осӣ – гунаҳкор.
Отил – холӣ, ҷудо, маҳрум; бекор, беҳуда.
Офил – пинҳоншаванда, нопадидгарданда.
Оҳу – айб, нуқс, бадоҳу- нобакор.
П
Пайкор – ҷанг, хусумат, мубориза.
Пархош – ситеза, ҷанг, ҷанҷол.
Пархошгар – ҷангара, ситезакор.
Пашиз – пули хурди камарзиш, пули сиёҳ.
Почила – пойафзол, кафш.
Пунба – пахта.
Р
Раббонӣ – мансуб ба Худо, иллоҳӣ.
Рабут – ҳудҳуд, шонасарак.
Рада – саф, қатор.
Рандж – пурхӯрӣ, ҳирс.
Раҳӣ – банда, ғулом, чокар.
Рашид – бо роҳи рост раванда; пухта, далер.
Рев – фиребу макр.
Ризвон – хушнудӣ, ризомандӣ, маҷозан биҳишт.
Ринд – зирак, озодфикр, бебок.
Рифъат (рафъат) – баландӣ, бузургӣ, ҷоҳу ҷалол.
Риҷол – ҷамъи раҷул, яъне мардон.
Роғиб – рағбаткунанда, хоҳишманд, талабгор
Род – саховатманд, карим, сахӣ, ҷавонмард.
Рокиб – савор, савори асп ё ягон чизи дигар.
Роят – байрақ, алам
Румҳ – найза, синон.
Рӯҳбон – гӯшанишин, ҷоҳиди тарсо.
Рӯъят – дидан, мушоҳида, биниш.
С
Сабил – роҳ, равиш, тариқ; ҳайрон, назршуда.
Сабуксор – беқарор, бетамкин.
Савод – мусаввада, сиёҳнавис.
Садоқ – кобин, маҳри зан.
Сақат – вайрона, беҳуда, носазо, дашном, ҳақорат.
Саққо – машкоб.
Сало – нидо, фарёд, даъвати мардум барои иҷрои коре
Саман – суман, ёсуман, як навъ гули сафеди панҷбарга.
Самм – заҳр.
Самоъ – шунидан, гӯш кардан, суруду мусиқӣ; ҳолати ваҷди дарвешон.
Санавият – иродат ба дугонагӣ дар эътиқод, дугонапарастӣ.
Санҷақ – байрақ, алам.
Сармад – бепоён.
Саттор – пӯшандаи айбҳо, як исми Худованди мутаъол.
Сафаҳ – нодонӣ, кӯтоҳақлӣ.
Саффок – хунрез, золим.
Саҳоба – ҳамсӯҳбатон, дӯстон, ёрони Муҳаммад (с).
Саҳмгин – ваҳмнок, хавфнок.
Саъб – душвор, сахт.
Самоъ – нағма, суруд.
Санноъ – санъаткор, сонеъ, ҳунарманд, косиб.
Сим – нуқра.
Синон – найза, нӯги найза, нӯги теғ.
Сипанҷ – амонат, муваққат, оромгоҳи муваққатӣ.
Сипос – шукр, мамнуният.
Сиреш – ширеш.
Сит – овоз; овоза, шӯҳрат
Ситабр – ғафс, сахт, маҳкам.
Ситеғ – баланд, теға ва қуллаи кӯҳ.
Ситом – лаҷоми асп.
Сияҳкоса – бахил, разил, нобакор.
Сиҳӣ – рост, хушқомат, ростқад.
Соғар – ҷом, пиёла, қадаҳ.
Соид – банди даст, даст.
Соиқ – ронанда, баранда, тарғибкунанда.
Соиқа – оташак, барқе, ки аз абр ҷаста ба замин меафтад.
Соил – суолкунанда, пурсананда, гадо.
Солор – сардор, меҳтари қавм, сарлашкар, фармондеҳ.
Солус – фиребгар, риёкор; макру фиреб.
Сонеъ – созанда, ҳунарманд, косиб.
Сор – шабеҳ, монанд.
Соҷид – саҷдакунанда.
Суд – фоида, манфиъат.
Сутур – чорпои боркашу саворӣ; ҷамъи сатр.
Сутӯҳ – дилтанг, оҷиз, дармонда.
Сӯг – мусибат, азо, мотам, ғаму андӯҳ.
Т
Табарро – дурӣ.
Табоеъ – ҷамъи табиат – сиришт, ниҳод, одат; мавҷудоти олам.
Табоҳ (табаҳ) – хароб, вайрон.
Табоҳӣ – вайронӣ, харобӣ.
Табтоб – чавгон.
Тавсан – аспи саркаш, ромнашуда.
Тазаллум- шикоят аз зулм, додхоҳӣ.
Тазйин – зинат додан, ороиш, зинат.
Таййибот – покон, тозаҳо
Тайр – парранда, мурғ.
Тал (л) – пушта, хоктӯда; шабнам, борони реза.
Талвин – гуногунранг кардан, ба ранги дигар даровардан.
Танзеҳ – пок кардан, дур кардан аз айбу олоиш, покдоманӣ.
Таннавуъ – ҳархелагӣ, гуногунӣ.
Тардоман – бадахлоқ, фосиқ.
Тасхур (тасхар) – масхара кардан.
Тасҳил – осон кардан, сабукӣ, осонӣ.
Таъаҳҳуд –ӯҳдадорӣ гирифтан, нигоҳубин, хизматгузорӣ.
Тимор – ғам, андӯҳ.
Тиҳӣ – холӣ.
Тунг – зарфи даҳантанги об, шароб.
Тозиён – арабҳо.
Тозӣ – арабӣ.
Торам – хонаи чӯбин, хиргоҳ.
Турра – мӯйи тобида, зулф; фаши сала, шохи дарахт.
Тутуқ – парда, чодир.
У
Уқад – ҷамъи уқда, гиреҳҳо.
Уқуқ – нофармонӣ, ҳақношиносӣ.
Уқул – ҷамъи ақл.
Улув – баландӣ, мартабаи олӣ.
Унноб – дарахт ва меваи челон.
Унуқ – унқ, гардан.
Усро – мушкилӣ, душвор.
Уюн – ҷамъи айн, чашмҳо.
Ф
Фавард – навъе аз ҳалво.
Фавот – нестӣ, даргузаштан, гурехтан.
Фар – нур.
Фарас – асп.
Фараҷ – кушоиш ва осоиш; раҳоӣ ва халосӣ аз сахтӣ ва ғам.
Фаръ –шохи дарахт; чизи ғайриаслӣ ва дуюмдараҷа.
Фароз – баландӣ.
Фарт – зиёдпарварӣ, аз ҳад гузаштан.
Фасд – хунгарӣ, рагзанӣ.
Фатила – пилтаи чароғ.
Фирдавс – биҳишт, ҷаннат.
Фоқа – нодорӣ, камбағалӣ.
Фоиқ – беҳтар, болотар, афзал.
Форис – аспсавор, асптози моҳир.
Форуқ – фарқкунанда миёни ҳақ ва ботил.
Фушор – гапи фач ва беҳуда, дашном.
Х
Хабир – бисёр огоҳ ва хабардор; бисёр доно ва кордон.
Хабис – паст, палид, бадкирдор.
Хавос – ҷ. хос, хосон, одамони баландмартаба.
Хаданг – як навъ дарахт, чӯби сахт, маҷозан ба маънои тир.
Хайёт – либосдӯз, дӯзанда.
Халоб – ботлоқ.
Хамр – шароб, бода.
Ханҷак, ханҷук – як навъ гиёҳи хордор.
Хариф – тирамоҳ, хазон; фартут, парешонхотир.
Харқа – сӯрох, шикоф.
Хасм -душман, адӯ.
Хасро – сабз, сабзранг, кабуд.
Хафиф – сабук, тез.
Хафӣ – пӯшида, пинҳон, махфӣ.
Хаффош – кӯршабпарак.
Хашук (хушук) – фарзанди ҳаромӣ; одами бад, зишт.
Хибо – пӯст.
Хидев – подшоҳ, сардор, соҳиб, Худо.
Хизоб – ҳино, ранги мӯй.
Хилт – таркиб.
Ход – заған, ғаливоҷ, ҷӯҷабарак.
Хоста – мол, чизу чора, сарват.
Хотӣ – хатокор, гунаҳкор.
Худъа – макру ҳила.
Хулди барин – биҳишт.
Хунук – хуш, хушбахт, сард
Хур – шакли кӯтоҳи хуршед, офтоб.
Хустувон – эътирофкунанда, иқроркунанда.
Ҳ
Ҳабо – ғубор.
Ҳабок – фарқи сар.
Ҳабл – ресмон, банд.
Ҳавдаҷ – тахти равон, каҷова.
Ҳавл – ваҳм, даҳшат.
Ҳажир – хуб, зебо, хушрӯ.
Ҳазан – ғӯсса, ғам, андӯҳ.
Ҳазин – ғамгин, андӯҳгин.
Ҳазимат – шикаст хӯрдан.
Ҳақоиқ – ҳақиқатҳо
Ҳалоҳил – заҳри қотил.
Ҳанг – вазн, виҳор, тамкин, нерӯ, доноӣ, қудрат.
Ҳангуфт – ғафс, дурушт, дағал.
Ҳанзал – кадуи талх.
Ҳанин – гиря, нола.
Ҳарб – ҷанг.
Ҳарба – аслиҳа, асбоби ҷанг.
Ҳаҷар – санг.
Ҳирз – паноҳгоҳ, ҷойи эмину мустаҳкам, нигаҳдорӣ, муҳофизат.
Ҳиял – ҳилла, найранг.
Ҳотиф – садодиҳанда, нидокунанда.
Ҳоҷиб – пардадор, дарбон; абрӯ.
Ҳудо (ҳудӣ) – ростӣ, роҳи рост, роҳнамунӣ.
Ҳорис – посбон, нигоҳдоранда; деҳқон, зироаткунанда.
Ч
Чак – ҳуҷҷат, санад.
Чакак – банд, таноби абрешимӣ.
Чона – манаҳ, занах.
Чуст – чолок, моҳир.
Ҷ
Ҷавдат – некӣ
Ҷавореҳ – ҷамъи ҷариҳа- аъзои бадан.
Ҷавз – чормағз.
Ҷавр – зулм, ситам.
Ҷазил – фасеҳ, маҳкам, устувор.
Ҷалд – чалок, чаққон, зирак.
Ҷалил – азим, бузург.
Ҷалис – ҳамсӯҳбат, рафиқ.
Ҷамод – санг.
Ҷаъд – мӯйи ҷингила, печида.
Ҷинон – ҷамъи ҷаннат.
Ҷоф – ҷоф – ҳарҷогард, бадахлоқ.
Ҷубба – ҷомаи кушоду баланд.
Ҷуд – саховат
Ҷуллоҳ – бофанда.
Ҷунун – девонагӣ, бехудӣ.
Ш
Шад – макру ҳила, фиреб.
Шақоват – бадбахтӣ, сахтӣ.
Шаман – бутпараст.
Шанг – зебо, хушрӯ.
Шарфок – шарфа, садо.
Шатт – соҳили баҳру дарё.
Шаҷар – дарахт.
Шед – хуршед, офтоб.
Шикебо- шикебанда, сабркунанда, сабур, бурдбор.
Шикух (шукух) – пешпохӯрӣ, лағжиш.
Шикӯҳ – хавф, бим, тарс.
Шокӣ – шикояткунанда.
Э
Эжак – шарора, ахгари оташ.
Эзид – Яздон, Худо.
Эсор (исор) – пошидан, нисор кардан, бахшидан.
Эҳдос – аз нав бино кардан, эҷод намудан.
Эҳсо – ҳисоб кардан, баршумурдан.
Эҳтисоб – ҳисобгирӣ.
Эътизол – гӯшагирӣ, зоҳидӣ.
Эътикоф – гӯшанишинӣ ва ибодати Худованд/
Эътизор – узрхоҳӣ.
Эъҷоб – таъаҷҷуб, ҳайрат.
Ю
Юба– орзу, хоҳиш.
Юбс- хушк шудан.
Юбусат – хушкӣ, беобӣ.
Юз – ҳайвони даррандаест хурдтар аз паланг.
Юмн – бахт, толеъ, иқбол.
Юн – намади зери зини асп.
Юсро – осонӣ, осоиштагӣ.
Я
Яб –тир.
Яд – даст.
Яздон – Худованди бузург, Аллоҳ таъоло
Язакдор- сардори посбонони пешрав.
Ям (м) – баҳр.
Ямин – тарафи рост, рост.
Янбӯъ – чашма, сарчашма.
Ясор – тарафи чап; чап; наҳсу номуборак.
Ятоқ – посбонӣ.
Яшм – санги қиматбаҳои ақиқмонанд.
Яъс – ноумедӣ, маъюсӣ.