Чавонон ва рушди идеяи худшиноси

Чавонон ва рушди идеяи худшиносӣ

Кобилияти шинохт

Барои тамоми ҳаёт, даври муаяни он, солу моҳ, ҳар соату дақиқа мақсад дошта бош ва мақсади муқарариро қурбони мақсади олӣ намо.

Ин сатрҳои пурсузи олимона ба қалами яке аз қофиласолори номуси олам Лев Толстой мансуб аст. Зимнан Толтой барин шахсияти умумиҷаҳонӣ эҳсос карда тавонистани мақсади зиндагиро сарчашмаи ҳаргуна хушбахтӣ ва некноми маънидод кардааст. Аз чи сабаб бошад, ки бештари одамон наметавонанд мақсадҳои худро дар ҳаёт муайян ва муқаррар намоянд. Набудани муҳаббат, орзу, дуст надоштани ҳаёт ба ин сабаб шуда метавонад. Психологҳои маъруф мегуянд, ки 98% -и одамон ба орзуҳои худ расида наметавонанд. Воқеяти нарасидани одамон ба орзуҳои худ дар он аст, ки онҳо донишро аз таҷрибаи зиндаги нагирифтаанд. Ҳамаи он чизе, ки дар маѓзи сари онҳо ҷой дорад, идеяҳои дар амал санҷида нашуда мебошанд. Ва амалкардҳое, ки аз ҷониби онон руҳ медиҳад, комилан муқобили орзуҳояшон мебошад. Тасаввуроти нодуруст натиҷаи сустии дониш ва нашинохтани худ мебошад. Аммо ҳисси расидан ба зинагии хуб дар ботини ҳамаи одамон мавҷ мезанад. Орзуҳои бузургро парваридан инсонро рушд медиҳад, лекин роҳи расидан ба он тамоман чизи дигар мебошад. Иродаи суст ҳамеша ба ҳаёти мо хатар меорад. Ҳар лаҳза чунин ҳиссиётҳои қафобарандаро аз худ дур намудан лозим, вагарна идора карда натавонистани эҳсосот (манзурамон эҳсоси шоирона нест) инсонро нобуд мекунад. Мавҷудияти муҳаббат дар ботини фард уро водор месозад, ки ба барқарорнамудани худ ва нотакрор сохтани худ гузарад. Муҷизакории ақл ва иродаро муҳаббат ба вуҷуд меорад. Таърихи инсоният чунин мисолҳои зиёдеро медонад, ки одамон барои Ватан, санъат, оила, ва ѓ. аз сабаби эҳсоси муҳаббат доштанашон худфидоиҳои бузург карданд.

Худшиносии иқтисодӣ

Аз замоне, ки Б.Шефер, Н.Хил, Д.Карнегӣ, М. Норбеков умдатарин қонунҳои «рушди инсон» ва «табдилёбии идея ба воқеият»-ро нишон доданд, гуфтан мумкин аст, ки дар тафаккуру тасаввури инсоният таъѓироти идеяҳо ба вуҷуд омад. Ин идеяҳо доир ба фалсафаи пул ва рушди психологии инсон баҳс мекунанд. Худсозӣ ва худбарқароркунӣ дар мавриди таваҷуҳи ин олимон қарор мегирад. Сабаби бисёри бадбахтиҳои зиндагӣ натиҷаи тафаккури иқтисоди надоштани фард фаҳмида мешавад. Аввалан рушди тафаккури психологӣ ва иқтисодӣ дар ҷаҳони имруз ниҳоятдараҷҷа зарур мебошад. Агар одамон идеяҳои ахлоқии рушди иқсодиро наомузанд, онгоҳ онон тасаввур менамоянд, ки танҳо бо роҳи нодуруст даромади худро баланд мекунанд. Ин андешаи нодуруст ҳамчунон инсонро фаро мегирад, ки худи у ин ҳолатро эҳсос намекунад. Сарватмандии асосӣ дар ҳаёт сарвати маънавӣ мебошад. Камбизоатии асосӣ қашшоқии ақли инсон мебошад. Бинобарон машқ доронидани ақл ва руҳи тоза хеле муҳим аст. Ба худ эътимод доштан, ояндаро аз ҳозир ба нақша гирифтан, норасоиҳои фикриро аз байн бурдан ва ҳар лаҳза ба зиндаги мазмуни нав ворид кардан аз рисолати беҳтарини инсони мебошад.

Худ муъҷизаем

Ҳануз «ҳафт муъҷизаи олам»- ном ифодаи фалсафӣ дар марзи Юнонзамин зуҳур карда буд. Ин муъҷизаҳо иборат буданд аз муҷассамаҳои бо тахайюлофаридашуда: аҳромҳои Миср, «боѓҳои муаллақи Семирамида» Дар Вавилон, «маъбади олиҳа Артемида» дар Эфес, «мақбараи шоҳ Карий Мавсол», оинаи Сикандар дар Александрия, муҷассамаи шукуҳманди худои офтоб-Гелиос дар ҷазираи Родос ва ѓ. буданд. Ҳамаи давраҳои таърихии инсоният ба худ хос дастовардҳоеро бунёд карданд ва ҳамаи ин музафариятҳо натиҷаи заковат ва инсонсозии худи башар мебошанд. Аммо инсони муосир чизҳоеро офарид, ки дар назди онҳо муҷизаҳои номбаршуда чандон ҳам қимате надоранд. Қариб бештари ин офаридаҳо ба ҳамагон маълуманд. Интернети оламшумул, ва дигар воситаҳои алоқа ва техногияҳое мебошанд, ки ҷаҳонбинии инсониятро ба ҳаракат оварда, ҳаётро тадриҷан дигаргун намуданд. Аммо чизи муҳими моро баташвишоварда инаст, ки инсоният чунин дастовардҳоро то куҷо ақлониву ахлоқӣ истифода мебарад. Як мисоли оддиро гирем: Агар телефон ва интернет оилаҳои моро ба ҳам наздик намояд пас фаъолиятамон хирадмандона аст ва баръакс аз мейёр гузашта маѓзи сарро хароб созад, чуноне, ки дар зиндаги мешавад ба тарафи бадахлоқи барад, онгоҳ метавон гуфт, ки мо «як қадам ба пеш, сад қадам ба пушт» роҳ рафтаем. Аз ин мебарояд, ки муъҷиза худи моем, қобилият ва истеъдоди инсон асли муъҷиза аст. Аммо имруз беш аз ҳарвақта дида моро зарур аст, ки идеяи истифодаи истеъдодро дошта бошем.

Дар асре, ки мубориза барои мафкураи ҷавонон босуръат идома дорад, «худро бишнос» андешаи куҳна бошад ҳам куҳнанашаванда менамояд. Фанатизм бешубҳа иллатовартарин ва харобкунандатарин падидае мебошад, ки инсон, то ҳадди охир ба идеяҳои нодурусти худ як умр тобеъ мемонад ва фикрронии догматикиро соҳиб мешавад. Агар инсон ба фикри худ содиқ набошад, у наметавонад ба як фикри муайян зиндаги намояд. Ҳар гуна идеяҳои харобиовар метавонанд чунин ҷавонони ба истилоҳ «фикри шахсӣ» надоштаро ба домашон кашанд. Бинобарон, Тоҷикистон барои рушди тамоми самтҳои ҷомеа идеяи «ваҳдати миллӣ» ва «таҳаммулгароии фалсафӣ»-ро зарур медонад. Халқи мо бояд донад, ки аз ин ҷаҳонишавӣ ва ҳамгироӣ чӣ мегирад ва чӣ дода метавонад. Идеяи равоншиносон ва иқтисодчиён барои расидан ба ҳадафҳоямон кумак мерасонад.

Рушди худшиносӣ.

Хиради фарзанди одам аз азал ташнаи дарёфти ҳақиқат буда, ҳаст ва он то абад ҳамин тавр хоҳад монд. Инсон атом, ва кайҳонро омухта бошад, ҳам гоҳо дар шинохти худу дигарон руйрост оҷиз мемонад. Ҳар инсони имруза бояд комилан ба хулосае биёяд, ки сабабгори комёби ва нокомиҳояш танҳо худи худаш мебошад. Фарзанди нобиѓа натиҷаи талошҳои бепоёни волидайн, хушбахтӣ натиҷаи фикронии ақлонӣ ва муваффақият маҳсули кушишҳои идеалӣ мебошад. Ҳануз психологи машҳур М.Норбеков (асараш Работай над сабой. М.,2004), муайян карда буд, ки тамоми ѓолибият ва маѓлубият, сарватманди ва камбизоатӣ, солими ва бемори танҳо дар маѓзи сари инсон вуҷуд дорад. Шахсияти дигаронро на идеяи мо, балки худи худаш ба вуҷуд меорад. Кушишҳои идеалии фард дар роҳи интихобкардааш, агар ба тасаввуроти дақиқ асос ёбад, метавонад ба зинаҳои комёби барад. Тасаввурот метавонад на танҳо замони ҳозира, балки ояндаро барои мо нишон диҳад.

Ҳар гуна ҳаёти воқеи ба сар бурда истодаи мо маҳсули хирад, омузиш ва руҳияамон мебошад. Одамон маҳсули идеяҳояшон ҳастанд ва боҳамин идея ба таърихи худ асос мегузоранд. Аз назари тафаккури иқтисодӣ сарвати одамон метавонад дар кадом сатҳ қарор доштанашонро муайян кунад. Аз ин ру дарки қобилият ва истеъдод сарчашмаи ҳар гуна хушбахтӣ ва комёбиҳои иқтисодӣ мебошад. Рафтори хирадмандонаи одамон метавонад зиндагии онҳоро таѓйир диҳад. Одамон дар ҳаёт пеш аз ҳама бояд мақсадҳояшонро муайян намоянд. Тасаввуроти воқеи метавонад дар амал иҷро шавад. Барои наҷот аз камбизоати одамон бояд руҳияашонро дигаргун сохта ба ақл ва ирода такя намоянд.

Худшиносии милӣ

Солҳост инҷониб Президенти мамлакат дар ҳамаи баромадҳои худ дар хусуси «худшиносӣ» идеяҳояшонро баён мекунанд. Ин идеяҳои худшиносӣ танҳо аз донистани таърих, фарҳанг ва дигар хотираҳои муқаддаси гузаштагон иборат нестанд. Балки фаротар аз он оиди дар раванди муосири ташаккулёбии инсоният мувонизати худиро нигоҳ доштан, фаҳмида гирифтани дунёи имруз, ба монанди давлатҳое, ки дар иқтисоди ҷаҳонӣ саҳм доранд ва аз онҳо таҷриба омухтан, тақдири худро ба даст гирифтан, ватандустиро бо амал исбот намудан, бепарвоӣ ва хислатҳои эгоистиро аз байн бурдан, одамонро аз тақлидкори эмин дошта ба эҷодкори раҳнамун сохтан моҳияти баёни чунин худшиносӣ мебошанд.

Гузашта аз ин бо идеяи А.Турсон ҳамроҳ шавем «баргузории ҷашнвораҳойи пешаҳдон фақат ба хотири бузургдошти гузаштагон нест; роҳу тариқи муассири худҷӯйию хештаншиносӣ низ мебошад. Таърих, агар дар хотири отири миллат ҷузви созанда бошад, ба унвони посдори аслҳо васлгоҳи наслҳост».

Чизи аз ҳама муҳим барои ҷомеаҳои ҷаҳонӣ ва халқи мо эҷодиёт мебошад. Эҷодиёт натиҷаи худшиносӣ ва тафаккур аст. Он ҳеҷ гоҳ барои халқиятҳо аз осмон нафаромадааст.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.