Сарнавишти сулх

Сарнавишти сулҳ

Ман дар сукунати ҳавлангези зимистон, аз байни пардаи тунуки абри шомгоҳон ба чашмакзании ситораҳои акнун дамидаистода нигоҳ мекардам. Дар чашми хаёлолудам гӯё ҳатто осмон ҳам афсӯс мехӯрд. Ҳар шомгоҳон омадани як эҳсоси тирамоҳиро интизор мешудам. Дар хунукии бераҳмонаи зимистон ва барфи лаклакӣ боридаистода касеро дар саҳрои васеъ вохӯрдан он тараф истад, ҳатто дар ҳавлии муқарариаш дидан ҳам ғайри имкон буд. Ин лаҳзаҳо дар лаби дарё истода, аз осорхонаҳои куҳанбунёди Петербург фикр кардан чизи ба назар ғайри оддӣ менамуд. Гоҳо одамон аз шиддати гармои тобистон ҳам ба дарё намераванд. Эҳсосе болотар аз тасаввуротам маро ба зиндадил будан маҷбур мекард. Оҳанге, ки як вақтҳо маро ба эҳсос мебурд, акнун саропо ба изтироб мебарад… Вақте ҳиҷрони ҳаяҷоновар сукут мекунад, вақте вопасин умеди инсон ба рӯяш ханда намекунад, вақте як дил тамоми умр боре гирифтори муҳаббат намешавад, он гоҳ ниёз ба оҳанги азиятдиҳандае пайдо мешавад, ки қулфи қалби солҳо зангзадаро боз намояд…

Мантиқи умр

Боре ба ман Муҳаммад Ғойиб гуфта буд, ки «дар навиштан ба мантиқ сахт эътибор додан лозим, ҳа… ин умр хеле дароз аст, ки дароз аст»… То имрӯзи умрам фақат мешунидам, ки «тамоми зиндагии инсон монанд ба як рӯз мегузарад», пас чаро шоир умрро дароз ва мантиқӣ навиштанро маънои ҳаёт ҳисобид? Дар натиҷаи андешаи тӯлонӣ дарк намудам, ки ин фақат ормони шоирона набуда, воқеияти оқилона ҳам доштааст. Бо дурандешии шоирона фаҳмонидан мехост, то ғалатҳои мантиқӣ моҳияти ҳаётро ба чашми одамон яктафа ҷилва надиҳанд. Агар мо қонунҳои мантиқро дар зиндагӣ вайрон намоем, шояд танҳо худамон афсӯс хӯрем, аммо андешаҳо ва назарияҳоямонро бо ғалатҳои мантиқӣ ороиши дурӯғин диҳем, бояд ба осеб дидани маънавиёти ҳазорон одамон ҷавобгар бошем. Табиб агар бетаҷриба бошад, ҳангоми амалиёти ҷарроҳӣ дар вуҷуди каси дардманд риштаяке боқӣ мемонад, аммо агар олим бехабар аз кори ҷаҳон навиштан гирад, ба риштаи сарнавишти миллион-миллион одамон қайчӣ мезанад. Аз ин рӯ Хемингуэй ғояи «Мӯйсафед ва баҳр»-ро сенздаҳ сол фикр кард ва сониян дар муддати кӯтоҳ навишт…

Қонуни тиллоии виҷдон

Қофиласолори номуси оламиён Чингиз Айтматов аз зумраи нависандагоне буд, ки дар хусуси тақдиру толеъи ояандаи башар сӯзнок меандешид. Дарде ки қалби ӯро ором намегузошт, изтироби адонашавандаро мемонад. Нависандаи қирғиз зимни кашфиётҳои илмию техникӣ ҳамвора аз оқибатҳои он андеша карда навишта буд, «имрӯз мо ҳамагӣ дар даруни як кишти ҷой гирифтаем; дар киштие, ки шояд дар фазои беинтиҳои коинот ягона маҳалли маскун бошад». Киштие, ки ҳаёти одамонро вобастаи ҳам намудааст, бо изҳори Акбари Турсон ҳамроҳ шавем «чунон танг, нозук ва ноустувор бувад, ки аз як такони ногаҳонӣ, эҳтимол, чаппагардон шавад; хусусан, ки киштинишастагон ҳамақидаву ҳаммазҳаб нестанд ва низ ҳар яке бо яроқу аслиҳаи қатли ом саропо мусаллаҳанд». Агар инсоният бо сулҳ зиндаги намуданро наомӯзад, ҳатман ҷои онро ба ҷанг медиҳад. Эйнштейн ҳам аз он меҳаросид, ки дараҷаи баланди тафаккури техникӣ чӣ оқибатҳои нохуше дорад ва онро, кӣ идора мекунад?! Инсони заҳматкаши имрӯза, фаротар аз қаҳрамони оддии асарҳои бадеӣ аст. Одамоне, ки ниҳодашонро мо заҳматӣ мепиндорем дар селоби ҳаракати таърих нақши калидӣ доранд. Ҳеҷ вақт таърих то мисли имрӯз озодии инсонро надидааст. Инсони имрӯза метавонад аз ҳамаи дастовардҳои замон норози бошад, аммо ҳеҷ гоҳ аз тақдири худ набояд дилгир шавад.

Демократияи ҳозираззамон тамоми зиндагии инсонро ҳамчунон ба маҷрои нав ҳидоят кард, ки барои аз тақдиру толеъ нолидан ҷое боқӣ намемонад. Аммо ин озодӣ ҳеҷ вақт дар маънои мутлақ натиҷаи дилхоҳ дода наметавонад. Озодии дар имконият фарорасида, ба кор андохтани сохтори тафаккуру тасаввурро талаб менамояд. Ҳар як идеяи озодӣ дар охир натиҷаи хоси худро ба бор меорад. Хемингуэй меандешид, ки “вақт тавонмандии аз байн бурдани афкори бузургро надорад”. Ин ҳақиқат дар замираш як навъ ҳикмати зиндагиро дорад. Мо дар замоне зиндагӣ дорем, ки ҳамаи одамон новобаста аз таҷриба ва омӯзишҳояшон, новобаста аз ихтисосашон ба равандҳои сиёсиву иҷтимоӣ баҳо медиҳанд. Мо тарафдори фикри одил ҳастем ва дар ҳаёт соҳиби фикри шахсӣ шудани ҳар фардро эътироф менамоем. Фаҳмидани он душвор нест, ки ҳар як идея, ҳар як назария, ҳар як китоб дар тафаккури одамон дигаргуниро ворид намуда метавонанд. Аммо гуфтани он душвор аст, ки ин идея ва назарияҳо то куҷо ба ҳаёт наздикӣ доранд ва дар сарнавишти одамон мушкилӣ эҷод намекунанд. Назарияҳо ба пайдоиши ҳодисаҳо сабаб мешаванд ва зиндагии одамон маҳсули идеяҳояшон мебошанд. Ҳар як инсон дар ҳаёт барои худ қонуни тиллоии виҷдонро дорад. Ва ҳамаи одамон вобаста ба ҷаҳонбинӣ рамзи бовиҷдониро дар ниҳоди худ мепарваранд. Пеш аз он, ки ҳар як ғоя барои мардум пешниҳод карда шавад, бояд фикр, фикр ва боз ҳам фикр кард, аз оқибати он, аз натиҷаи он… ин аст қонуни тиллоии виҷдон.

Образи воқеият

Давлат барои он сохта мешавад, ки одамонро аз бадбахтиҳои бузург наҷот диҳад. Одамон бояд ба давлат эътимод кунанд. Сиёсатшиноси японитабори амрикоӣ Фукуяма (дар асараш “Сильное Государство» М.,- 2009.”) исбот кардани мешавад, ки бештари дастовардҳои мусбат ва манфии дар ҷаҳон зуҳур намуда, маҳсули давлат буданд. Фукуяма дар асари машҳури худ муаммоҳои байналхалқиро зери таҳлилҳои илмӣ мегирад ва роҳи ҳаллӣ онҳоро ба «давлати абарқудрат» мегузорад. Давлат агар қудрати худро ба системаи муайян дароварда, онро истифода карда тавонад, он гоҳ мушкилиҳои бузургро ҳал мекунад. Аз назари Фукуяма муаммои сусти дастгоҳи давлатӣ ва зарурати сохтори давлати абарқудрат ҳамчун падидаи иҷтимоӣ дар давоми солҳои тӯлонӣ вуҷуд дошт ва ҳамлаи террористии 11-уми сентябри соли 2001 дар Ню-Ёрк инро хеле равшантар нишон дод ва ин ҳодисаи мудҳиш нишонаи сустии системаҳои идоракунӣ ва тадқиқотии давлатӣ буд.

Ҷаҳонишавӣ вазифаи давлатҳоро зиёд намуд. Муаммоҳои глобалӣ ба давлатҳое бештар таъсир расонида истодааст, ки нерӯи сусти идоракунӣ доранд. Давлатҳое, ки онҳоро ҷанг таҳдид мекунад, натиҷаи амалкардҳояшон мебошад, зеро давлат натиҷаи хирад ва образи воқеият аст.

Одамон баробар офарида шудаанд.

Ҳанӯз Ҷон Лок эълон карда буд, ки одамон табиатан озод офарида мешаванд ва ҳамаи онҳо ҳуқуқ ба ҳаёт, озодӣ ва моликиятро доранд. Ҳамаи одамон бояд имкониятҳои баробар дошта бошанд ва давлат низ онро таъмин менамояд. Одамон дар имконият баробаранд ва бояд ҳиссиёти баробар будан бо дигаронро дошта бошанд. Инсон талаботҳоеро соҳиб аст, ки метавонанд онҳо харобкунанда ва созанда бошанд. Агар дар ҷомеа ҳама аз рӯи идеяи баробарӣ амал намоянд, он гоҳ адолат ҳосил хоҳад шуд. Агар одамон эҳсоси идеяи ахлоқ, озодӣ, баробарӣ, виҷдон ва ғайраро надошта бошанд, ҳеҷ гоҳ адолати иҷтимоӣ зуҳур нахоҳад кард. Зеро сулҳ бе адолат ва адолат бе сулҳ нахоҳад буд. Фикр мекунам аз «муҳаббат ба инсоният» дида имрӯз вазифаи пуршарафтаре мавҷуд нест.

Бахт он гунае, ки барои мо муқаддас аст, набояд фаромӯш шавад, ки барои дигарон низ ҳамин тавр аст. Ҳисси бахтҷӯии дигаронро эҳтиром бояд кард. Дар давоми зиндагии худ одамон на танҳо бо сабаби таҳаввулоти ҷисмонӣ ҷаҳонро дигаргун намуданд, балки асоси тағйирёбии олам аз инкишофи рӯҳиву зеҳнӣ ва дарк намудани идеяи озодӣ буд.

Қувва акси қувва

Аз чи сабаб бошад, ки баъзе одамон дар ҳаёт ҳеҷ вақт худашонро ба таври бояду шояд эҳтиром намекунанд. Ин гуна одамон дар ниҳоди худ песимизмро ҳамчунон ҷой карданд, ки ҳама чизи мавҷударо ба чашми бад мебинанд ва ҳамеша аз зери нохун чирк меҷӯянд. Агар аз ҳамаи одамон камбудӣ ёбем, рӯзе ҳамаи одамон аз мо низ камбудиҳо меёбанд. Ҳамеша аз ҳаёт нолидан нишони иродаи суст ва дарк накардани маҳдудиятҳои худ мебошад. Фикри дигаронро мудом инкор намуда, худро ҳақиқати мутлақ ҳисобед, рӯзе дар зиндагӣ ҳамаи фикри Шумо инкор мешавад. Агар мо дар бораи одамони бад андеша кунем, онгоҳ дар мо ҳиссиёти бадбинӣ бедор мешавад. Қалби худро набояд осорхонаи пессимизм кард. Танқид кардан чизи дигар, аммо сиёҳ намудан – тамоман чизи дигар.

Агар идеали мо ақл, ирода, меҳр ва муҳаббат бошад, пас ҳамаи ин арзишҳо ба сӯямон бармегардад. Дар ҳаёт одамоне, ки бештар комёб мешаванд ба ҷаҳон назари оптимистона доранд.

Бинобар он, ҳамаи хушбахтӣ ва бадбахтии одамон маҳсули дарку эҳсос ва идеяҳои онҳост. Тавре Толстой фармудааст: агар хоҳӣ, ки ҷаҳонро тағйир диҳӣ, аввал худатро тағйир бидеҳ.

Аслиддин Салимов

АДАБИЁТ-ДАР БОБИ 1-ИСТИФОДА ШУД.

1. Авесто. «Ясна», ҳоти 33. Душанбе.,2001. С-71.

2. А.Шамолов. Миллатсозӣ ва идеяи миллӣ. Садои мардум. 5.02.2013.

3. Э.Ш.Раҳмонов. Тоҷикон дар оинаи таърих. Китоби аввал. Аз Ориён то Сомониён. Лондон. 1999. С-5.

4. Ф.В.Нитше. Чунин гуфт Зартушт.Садои Шарқ. №.5-1991. С -68.

5. Л.Н.Толстой. Ҷанг ва сулҳ. Ҷ-4. Душанбе. 1962. С-283.

6. Ф.Фукуяма. Сильние государства. М.,2009.

7. С.Хантингтон. Столкновение цивилизаций?-Полис. 1994, № 1.-С-34-35.

8. М. Вебер. Три типа господства-Москва-Еерусалим // Двацат два-1990-№ 72.

9. А.Мирсаидов. Омилҳои иҷтимоӣ-мадании рушди иқтисодӣ. – Ахбори ДДҲБСТ. №2. с-149.

10. Назарбоев Н. Дар селоби таърих. Душанбе. Ирфон, 2001. С-19.

11. Гегел Г.В.Ф. Философия истории. Соч. Т.VIII. М-Л., 1935. С-163-164.

12. А.Турсунов. Эҳёи Аҷам. Душанбе., 1984. С-16-17.

13. К.Бекзода. Паёмбарони фарҳанги мо. Душанбе., 2000. С-15.

14. Н.Нуров. Авасто ва мероси фарҳангии тоҷикон. С-60.

15. Робиндранат Тагор, Зардушт ва Эрон. Аз китоби демокрасӣ ва озодӣ дар Ҳинд. Теҳрон. 1350. С.505- 512.

16. Раванди ваҳдат ва назарияи он. Душанбе 2013. С-103

17. Таърихи фалсафаи тоҷик. Ҷ.1. Душанбе.,2011.С-173.

18.Воҳиди Ҳусайн.Пояҳои ормони порсоӣ дар Эрон. С-111.

19. Шакибо Парвин. Зан дар Эрони бостон ва дар кишварҳои бостонии дигар //Маҷаллаи Эронзамин. Канада, 2002. №10. –С.3.

20. Зиёв Х.М. Мавлавия ва таърихи таҳаввули он. Душанбе., 2004. С- 132.

21. Гегелъ. Эстетика. В4-х т.,т.2. М.:Искуство. 1969.С-19.

22. Турсунов А. Банди фалак. Душанбе. 1976. С-122. (с-144)

23. Л.Н.Толстой. Андарзнома. Душанбе., 1989. С-30.

24. Минуи храд. Тарҷумаи Аҳмад Тафаззулӣ. Теҳрон. 1354. С-48.

25. Климкойт Х.И. Ҳунари монавӣ. Тарҷумаи Исмрилпур. Теҳрон. 1373. –С. 25.

26. Қодиров К. Таърихи фалсафаи тоҷик. Душанбе., 1998. С-13. (С-272)

27. Муҳаммад Р. Фалсафа аз оғози таърих. Душанбе. 1990. С-127. (С-480)

28. Маркс К, Энгелс Ф. Асарҳои мунтахаб. Ҷ-2. Душанбе. С-139.

29. Абдуллозода Ш. Муқаддимаи фалсафа. Душанбе. 2004. С-43.

30. Пегулевская Н.В. Маздакское движение. // Известия АН СССР. Сер.Ист. философии. 1994. № 4. С-171-181

31. Комилов Р. Назарияи ҷомеаи ормонӣ дар таърихи фарҳанги форсу тоҷик. Душанбе.,1997.С- 57.

32. Рафеъ Ҳақиқат. Таърихи улум ва фалсафаи Эронӣ: Аз Ҷомосби ҳаким то Ҳакими Сабзаворӣ.- Теҳрон, 1372, С-101.

33. Петрушевский И.П. Ислом дар Эрон.Теҳрон. С-149.

34. Фирдавсӣ Абулқосим. Шоҳнома. Ҷ.8. Душанбе 1980. – С-58-59.

35.Комилов Р. Фалсафаи ҳуқуқ. Душанбе., 2004. С-83.

36. Энгелс Ф. Анти-Дюринг. Табаддулоти ҷаноби Евгений Дюринг дар илм. – Душанбе.,1975. С-107.

37. А.Мирсаидов. Соҳибистиқлолӣ ва ташаккули иқтисоди миллӣ. Хуҷанд.,2008. С-191.

38. Богоутдинов А. Очерки по истории таджикиской философии. Душанбе 2011.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.