Мохият ва хусусияти мухокима

 

Муҳокима яке аз шаклҳои тафаккур мебошад. Муҳокима ҳам мисли мафҳум инъикоси воқеияти реалие мебошад, ки берун аз шуури инсон ва новобаста ба он вуҷуд дорад.

Муҳокима чунин шакли тафаккур мебошад, ки вай хусусият, ашёҳо, муносибати ашёҳо ва нишонаҳои онҳоро бо ёрии тасдиқ ва инкор инъикос мекунад.

Дар муҳокима ҳамеша дар бораи ба ашё хос будани ягон нишона, ягон хусусият тасдиқ ё рад карда мешавад. Барои муҳокима чунин мисол овардан мумкин аст.

  1. «Классикони адабиёт – нависандагони машҳур мебошанд».
  2. «Сифат ҳиссаи нутқ мебошад».
  3. «Ҳеҷ як фарди тоҷик ҷангро намехоҳад».

Муҳокима доимо дуруст ё ғалат мешавад. Агар мазмунан муҳокима бо воқеияти реалӣ мувофиқ наояд, олами берунаро дуруст инъикос накунад, ингуна муҳокима ғалат аст.

Асосгузори илми мантиқ Арасту саҳеҳ ва барғалат будани муҳокимаро шарҳ дода, навишта буд, ки агар чизе дар воқеият алоқамад бошад, дар муҳокима ҳам алоқаманд карда шаванд ва чизе, ки дар воқеият алоқаманд нест, дар муҳокима ҳам алоқаманд карда шавад, пас муҳокима саҳеҳ мебошад. Агар чизе, ки дар воқеият алоқаманд асту дар муҳокима алокамандкарда нашавад ва чизе ки дар воқеият алоқаманд нест, вале дар муҳокима алоқаманд карда шавад, муҳокима барғалат мебошад.

Чунинчи, муҳокимаи «қисми зиёди аҳоли ҷаҳон дар Шарқ зиндагонӣ мекунад» дуруст мебошад, зеро Шарқ ва қисми зиёди аҳолии ҷаҳон ва худи воқеият алоқаманданд. Агар баръакс, «Қисми зиёди аҳоли ҷаҳон

1

дар Шарқ зиндагонӣ намекунанд», гӯем, ин муҳокима ғалат мешавад, чунки дар ин ҷо чизе ки ба воқеият алоқаманд аст, дар муҳокима дар муҳокима алоқаманд карда нашудааст.

Мисоли дигар.Агар мо гӯем, ки «Ҳамин забоншиносон қонунқои физикиро намедонанд», ин муҳокима ҳақ мешавад, зеро дар ин ҷо чизе ки дар воқеият алоқаманд нест (яъне забоншиносон ва одамоне ки қонунҳои физикиро медонанд), инсон қонунҳои физикиро медонанд, чунки дар ин ҷо чизе ки дар воқеият алоқаманд нест, алоқаманд карда мешавад.

Ҳамин тариқ, ҳар як муҳокима ё саҳеҳ ё баргалат мешавад. Саҳеҳият ва ё барғалатии муҳокима сифати муҳимтарини он мебошад . Дар муҳокима чизҳо ва ҳодисаҳои гуногуни воқеият, алоқа, муносибат ва нишонаҳои онҳо инъикос меёбад.

Муҳокима нафақат ашёҳои реалӣ вуҷуд доштаи

воқеиятро, балки ашёҳоеро ҳам ки дар воқеият вуҷуд надоранд, инъикос менамояд. Масалан, муҳокимаҳо воқеаҳои афсонавиро ҳам инъикос мекунанд. Ин гуна муҳокимаҳо ҳамчун ниъикоси дурусти тасаввуроти одамони қадим дуруст буда, вале ҳамчун инъикоси ҳақиқати воқеӣ ғалат мебошанд.

Илми мантиқ муҳокимаро танҳо аз ҷиҳати сохт меомӯзад ва ба пайдоишу тағйироти мазмуни муҳокима дахл надорад. Мантиқ шаклӣ бошад, ҳамчун шакли тафаккур, масъалаҳои тағйирот ва тараққиёти муҳокима, аз чӣ иборат будани мазмуни конкрети муҳокима ва ғайраҳоро намеомӯзад.

Ҳар як муҳокима содда, қатъи назар аз мазмуни конкретии худ, аз се қисм таркибӣ иборат аст:

  1. Мубтадои мантикӣ .
  2. Хабари мантиқӣ .
  3. Бандаки мантиқӣ.

2

Ба мисли вобастагии тафаккуру забон дар байни муҳокима ва ҷумла низ алоқаи узвӣ вуҷуд дорад. Ин алоқа дар он зоҳир мегардад, ки ҳар як муҳокима ба воситаи ҷумла ифода карда мешавад. Қатъи назар аз он ки муҳокима дар майнаи сар пайдо шудааст, мо онро нақл мекунем ва ё менависем, ҳамеша бо ёрии ҷумла ифода меёбад. Муҳокима бе ҷумла вуҷуд дошта наметавонад. Ҷумлаи граматикӣ шакл, қиёфаи зоҳирии муҳокима аст. Ҷумлаи граматикӣ вобаста, аслиҳаест, ки бо ёрии он муҳокима ифода карда мешавад. Бинобар ин, муҳокима ва ҷумларо аз ҳамдигар ҷудо кардан мумкин нест. Муҳокима ва ҷумла мисли тафаккур ва забон дар ягонагӣ мебошанд.

Ғайр аз он, дар байни муҳокима ва ҷумла тафовут ҳам мавҷуд аст. Баъзан мубтадои грамматикӣ бо мубтадои мантиқӣ мувофиқ меояд. Масалан,

«Ҷумҳурияти Тоҷикистон – давлати халқ мебошад» дар ин ҷо «Ҷумҳурияти Тоҷикистон» мубтадои мантиқӣ ва дар айни замон мубтадои граматикӣ мебошад.

Баъзан хабари мантиқӣ бо хабари грамматикӣ мувофиқ меояд. Чунончи, «Москва – пойтахт», дар ин ҷо мафҳуми «пойтахт» ҳам аз нуқтаи назари мантиқӣ ва ҳам аз нуқтаи назари грамматикӣ хабар мебошад. Аммо баъзан чунин мувофиқ омадани мубтадои мантиқӣ бо мубтадои грамматикӣ ва хабари мантиқӣ бо хабари грамматикӣ мушоҳида карда намешавад. Масалан, дар муҳокимаи «Ин гулдастаи калони зебои ранг ба ранг азони шумо мебошад». мафҳуми «Ин гулдастаи калони гулҳои зебои ранг ба ранг» мубтадои мантикӣ, мафҳуми «азони шумо» хабари мантиқӣ ва «мебошад» бандаки мантиқӣ аст. Агар ин муҳокимаи зикршуда аз нуқтаи назари грамматикӣ феълӣ «мебошад» хабари

грамматикӣ буда, калимаҳои дигар аъзоёни пайрави ҷумлаанд. 3

Дар муҳокима танҳо се қисм: мубтадо хабар ва бандаки мантиқӣ мав¿уданд. Маълум аст, ки дар баъзае ҷумлаҳо ғайр аз саръзоҳои ¿умла аъзоҳёни пайрави ҷумла (муайянкунанда пуркунанда ва ҳол) ҳам доранд. Дар муҳокима ин ҳол дида намешавад.

Аз ҷиҳати дар Муҳокима инъикос кардани вуҷуд доштан ё надоштани ягон ашё, мавҷудӣ ё номавҷудии ягон муносибат дар байни ашёҳо, муҳокима ба се навъ тақсим мешавад.

  1. Муҳокимаи вуҷудӣ. 2) Муҳокимаи хусусият. 3) Муҳокимаи муносибат.

А). Муҳокимаи вуҷудӣ дар воқеият мавҷуд будан ё мавҷуд набудани ягон ашёро инъикос мекунад. Масалан: «Модда мавҷуд аст», «Дар олам ҳодисаҳои бесабаб мавҷуд нест», «Дар Моҳ ҳаёт вуҷуд надорад». Муҳокимаи вуҷудӣ барои Дониш

аҳамияти калон дорад.

Б). Муҳокимаи хусусият ба ашё дахл надоштан ё дахл надоштани ягон хусусиятро ифода мекунад. Масалан: «Ин гули сурх мебошад», «Иморати мактаби олии мо зебо аст». Ин навъи муҳокима на танҳо мутааллиқӣ ё номутааллиқии хусусиятро ба ашё, балки ҳолати ашёро ҳам инъикос мекунад.

Масалан: « Ин дарё ором мебошад».

В). Муҳокимаи муносибат. Муҳокимаи муносибат муносибатҳои гуногуни предметҳои воқеиятро инъикос менамояд. Ин муҳокимаҳо муносибатҳои ҳамзамонӣ, фазогӣ, баробарӣ, нобаробарӣ ва ғайраҳоро инъикос мекнанд. Масалан, «Кӯҳи Помир аз кӯҳи Тиёншон балантар аст», «Карим бародари Раҳим аст» ва ғайраҳо.

Таркиби муҳокимаҳои муносибат аз таркиби муҳокимаҳои дар боло зикршуда фарқ мекунад. Дар таркиби муҳокимаи муносибат чунин аъзоҳо мавҷуданд.

  1. Мафҳуми аъзои пешоянди муносибати мазкур.
  2. Мафҳуми аъзои пасоянди муносибати мазкур.

4

  1. Мафҳуми муносибати мазкур.
  2. Бандак

Фарқи пайвандакҳои мантиқӣ аз пайвандакҳои грамматикӣ аз он иборатаст, ки пайвандакҳои мантиқӣ чунин алоқаи байни муҳокимаҳо мебошанд, ки дар вақти тасвир танҳо ҳақ ё ботил будани онҳо эътибор гирифта, дигар маъноҳои алоқаи байни фикрҳо (масалан, маъноҳои замон, макон, мақсад, сабаб ва ғайра) ба эътибор гирифта намешаванд.

Ҳар як муҳокима ё ҳақ ва ё ботил мебошад. Ин хусусиятҳои муҳокимаҳо қимати мантиқии онҳо ба шумор мераванд. Қисмҳои таркибии муҳокимаи мураккабро на танҳо Мафҳумҳои мубтадо ва хабар, балки муҳокимаҳои сода ташкил медиҳанд. Албатта, дар таркиби ҳар як муҳокимаи соддаи таркибӣ мафҳумҳои мубтадо ва хабар мавҷуданд. Бинобар ин

чунин муҳокимаҳое, ки аз ду ё якчанд муҳокимаҳои сода дар натиҷаи онҳоро ба воситаи пайвандакҳои мантиқӣ алоқаманд намуда ташкил меёбанд, муҳокимаҳои мураккаб ном доранд. Ба гурӯҳи муҳокимаҳои мураккаб чунин навъҳои муҳокима дохил мешаванд:

а) Муҳокимаи шартӣ (импликативӣ). Муҳокимаҳои шартӣ яке аз навҳои муҳокимаи мураккаб мебошад. Чунин муҳокимаи муракабе, ки дар натиҷаи алоқаманд намудани ду муҳокимаи содда ба воситаи пайвандаки мантиқии «агар…, он гоҳ» ташкил меёбад, муҳокимаи шартӣ ном дорад. Қисмҳои таркибии муҳокимаи шартиро муҳокимаҳои соддае, ки дорои истилоҳоти мубтадо ва хабар мебошанд, ташкил медиҳанд. Масалан, «Агар лекция бодиққат гӯш карда шавад, он гоҳ вай дуруст аз худ карда мешавад», «Агар калима мураккаб бошад, он гоҳ дар таркиби он ду реша ва аз он зиёд реша мешавад», «Агар одам ҷиноят содир карда

бошад, пас, ӯро ҷазо медиҳанд» ва ғайраҳо.

5

Ба ҳамин тариқ дар мавриди сеюм муҳокимаи i ҳақ, О ҳақ, А дурӯѓ ва Е дурӯѓ мебошад. ин мавридро бо ҷадвали зерин нишон медиҳем:

3) Агар ба мо дуруг будани муҳокимаи А ё ҳақ будани муҳокимаи О маълум бошад, дар асосии ин ҳақ ва дурӯѓ будани муҳокимаҳои дигарро муқаррар карда наметавонем, чунки агар муҳокимаи А ҳақ бошад, муҳокимаи Е мувофиқи мавриди мавриди дуюм ҳақ аст ва мувофиқи мавриди сеюм дурӯѓ мебошад. мисоли ҳамин, агар ҳақ будани муҳокимаи О маълум бошад, мо ба воситаи мантиқ ҳақ ва ё дурӯѓ будани муҳокимаи i- ро муқарар карда наметавонем, зеро муҳокимаи i дар ин ҳолат мувофиқи мавриди дуюм дурӯѓ ва дар мавриди сеюм ҳақ мешавад. Пас ин мавридҳоро якҷоя карда як мавриди номуайянро пайдо мекунем, ки онро ин тавр ишора кардан мумкин аст:

Мафҳуми номуайянӣ чунин маъно дорад, ки муҳокимаи мазкур ё ҳақ ва ё ин ки дурӯѓ мебошад.

Агар ба мо дурӯѓмуҳокимаи Е ва ё ҳақ будани муҳокимаи I маълум бошад ҳам, ба воситаи мантиқ ҳақ ва ё дурӯѓ будани муҳокимаи А ва муҳокимаи О- ро муқаррар карда наиетавонем, чунки дар ин вақт мувофиқи мавриди якум муҳокимаи А ҳақ (муҳокимаи О дурӯѓ) мешавад,мавриди дуюми номуайянро пайдо мекунем. Ингуна мавриди номуайянро бо расми зерин нишон медиҳем:

Мавридҳои дар боло дидашударо ба назар гирифта, дар бораи муҳокимаҳои мазмунашон якхелаю шаклашон гуногун ба тарзи мухтасар хулосаҳои зеринро баровардан мумкин аст:

  1. Агар ҳақ будани муҳокимаи А маълум бошад, он гоҳ муҳокимаи i ҳақ, муҳокимаи Е дурӯѓ ва О дурӯѓешавад.
  2. агар дурӯѓ будани муҳокимаи А маълум бошад,

6

он гоҳ муҳокимаи О ҳақ, муҳокимаи Е ва муҳокимаи i номуайян (яъне ё ҳақ, ё дурӯѓ) мемонд.

  1. агар ҳақ будани муҳокимаи Е маълум бошад, он гоҳ муҳокимаи О ҳақ, муҳокимаи А ва муҳокимаи i дурӯѓ мешавад.
  2. Агар дурӯѓ будани муҳокимаи Е маълум бошад, он гоҳ муҳокимаи ҳақ, муҳокимаи А ва муҳокимаи О номуайян мемонанд.
  3. Агар ҳақ будани муҳокимаи маълум бошад, он гоҳ муҳокимаи Е дурӯѓ, муҳокимаи А ва муҳокимаи О номуайян мемонад.

Чунианд муносибатҳои муҳокимаҳои мазмунашон яхела ва шаклашон гуногун. Донистани муносибати байни муҳокимаҳои барои аз фикрҳо хулосаи дуруст баровардан ва фикрҳои ҳақро аз фикрҳои дурӯѓ ҷудо карда тавонистан аҳамияти калон дорад.

test

Добавить комментарий