Ташкил ва назорати иҷроиши қарор

Қадами аввалаи чараёни қабулиқарорин муайян намудану ҳал намудани муаммои дар пеш истода мебошад. Ҳалли муаммоҳо аз якчанд марҳила иборатанд.

1.Ташхиси муаммо. Марҳилаи зарурӣ дар роҳиҳалли муаммоин муайяннамоии муаммо ва ташхиси аниқу пураи он мебошад. Муамморо ду хел таъриф додан мумкин аст.

а) Муаммо гуфта ҳолатеро меноманд, ки мақсади гузошташуда ба даст намеояд. Яъне муаммо барои он маълум мешавад: ки чизи бавуҷудоянда амалӣ намегардад. Масалан бригадир муайян мекунад: ки ҳосилнокӣ дар участка аз меъёр паст аст.

б) Муамморо ҳамчун иқтидори имкониятҳо дидан мумкин аст.

Масалан: кофтукови фаъоли тарзҳои баланд бардроштани

самаранокии ягон қисми истеҳсолие, ки самаранокиаш баланд аст.

Дар ин ҳолат муамморо дар сурате дарк мекунанд, ки дар бораи имкониятҳои вуҷуддоштаи баланд бардоштани фоиданокй ва беҳтар кардани шароити кор маълумот пайдо мекунанд.

Менељерони ташаббускор чунин рафтор мекунанд.

Муамморо пурра муайян кардан душвор аст, бинобар ин ташхиси муаммо худ ба худ дар бисёр ҳолатқоидаи якчанд марҳила доштаи қабулиқарори миёна шуда меноманд.

Муайян намудани муаммо иборат аст, аз муайян намудани падидаҳо, тартиб додани сабабҳои имконпазире, ё маҷмӯи муаммоҳое, ки асоси падидаро дар бар мегирад, муайян намудани таъсири беҳтарине, ки шахси қарорқабулкунанда барои ҳалли муаммо расонида метавонад.

Масалан, барои роҳбари зинаи болой чунин тарзи таъсирро барои муайян намудани муаммо чудо кардан мумкин аст;

Натиҷаҳои фаъолияти хоҷагидориро таҳлил кардан, яъне маълумотҳои оморй,ҳуҷҷатҳои меъёрй ва ҳисоботҳоро омӯхта, таҳлил менамоянд.

Бо воситаи пурсиши санҷишй роҳбарон ва мутахассисон муайян намудани муаммо. Дар амал барои муайн намудани муаммо баҳодиҳии санҷиш (экспертнӣй) васеъ истифода бурда мешавад, барои он ки вай барои ба даст овардани маълумотҳои муқоисавии аниқ ё ягона дар бораи муаммоҳои ташкилот имконият медиҳанд.

      1. Тасвияи (формулировка) ҳудуд ва меъёрхои қабулиқарор. Вақте ки роҳбар муамморо бо мақсадиқабулиқарор ташхис мекунад: вай бояд ба худ ҳисобот диҳад, ки ба ин шурӯъ кардан мумкин аст. Бисёр имкониятҳоиҳалли муаммоҳои ташкилот қобили иҷро намегарданд, барои он ё дар роҳбар ё дар ташкилот барои амалигардонии қарорҳоиқабулшуда манбаъҳо намерасанд. Ғайр аз ин, сабабҳои ба вуҷуд омадани муаммоҳо метавонанд қувваҳое бошанд, ки берун аз ташкилот қарор доранд ва роҳбарқудрати тагйир додани онро надорад. Махдуд будани фаъолият имкониятҳоиқабулиқарорро танг мегардонад. Пеш аз он ки роҳбар ба дигар марҳилаи чараёни коркарди қарор гузарад, вай бояд холисона моҳияти маҳдудиятро муайян намояд ва фақат баъди ин варианта беҳтаринро муайян намояд.

Ғайр аз ин, роҳбар бояд қолабе, ки барои баҳо додани вариантҳои беҳтарини интихоб лозим аст, муайян созад. Қолаб меъёри қабулиқарор. Масалан, дар ҳолатиқабулиқарор дар бораи хариди компютер бо меъёри нархна зиёда аз 3000 сомон таҳия кардан мумкин аст, ё ин ки ба меъёри хотирааш на камтар аз 64 мегабайт.

      1. Муайян кардани варианта беҳтарин (имконпазир) вариантҳои ҳалли муаммо. Хуб мешуд агар ҳамаи имкониятҳои таъсирро, ки метавонанд сабабҳои муаммоҳоро бартараф намоянд истифода кунем ва имкон диҳем, ки ташкилот ба мақсад расад.

Муаммоҳои вазнин таҳлили амиқро талаб мекунанд барои он, ки якчанд вариантҳои дар ҳақиқат аз якдигар фарқкунанда коркарда баромада мешаванд. Вақте ки роҳбар имконияти ҳодисаю тагйиротҳоро пеш аз вуқӯъ баҳо доданро надошта бошад ва агар ягон чора дида натавонад ба.хатар таҳдид менамояд. Менеҷерони таҷрибанок дар чунин ҳолатҳо ба фаъолияти пурҷӯшӯ хурӯш такдид менамоянд.

      1. Таҷриба нишон медиҳад, ки агар пешниҳоди вариант аз баҳодиҳииҳаматарафаашҷудо бошад, дар ин ҳолатҳам шумора ва ҳам сифати пешниҳоди вариант меафзояд.

Дар ҳолати баҳодиҳииқарор – роҳбарқимат ва норасоиҳоиҳар яки онро муайян мекунад ва инчунин оқибатҳои имконпазирашро низ. Қарибҳар як варианти беҳтарин бо ҷабҳаҳои инкор- кунанда алоқаманд аст, бинобар ин қарибҳамаиқарорҳои идора узви созишкорона доранд.

Меъёри интихоб метавонад сифатӣ ё шуморавӣ бошад. Барои қабули он мумкин аст, ки ҷадвалибаҳодиҳй тартиб дода шавад. Масалан: барои баҳодиҳии автомобил дар ҷадвали намуди диққатҷалбкунандааш ба якчанд зинаҳоҷудо кардан зарур аст: намуди зоҳирии аъло дошта, намуди миёна дошта, намуди на он қадар диққатҷалбкунанда.

Дар ин ҳолат вазнинӣ рухдоданаш мумкин, барои он ки маҳсулотҳои аз ҷиҳати сохту таркиб фарқкунандаро муқоиса кардан, баҳо додан мумкин аст.

      1. Баҳодии варианти беҳтарин.

Агар муаммо дуруст муайян карда шавад ва варианти беҳтарин ҳаматарафа омӯхта шуда баҳои дуруст дода шавад, қабулиқарор оддӣ мегардад. Роҳбар танҳо варианти беҳтарину мувофиқтаринашро интихоб карда қарорқабул мекунад.

6.Амалигардонӣ. Барои ҳал кардани муаммо ё гирифтани фоида аз имкониятҳои мавҷудбудақарор бояд амалӣ гардад. Са- маранокии амалигардонии қарор дар ҳолате баланд мешавад, ки агар аз тарафи шахсони ба онҳо тааллуқдошта эътироф карда шавад. Роҳбар бояд ба дурустии нуқтаи назари худ дигар шахсонро дар ташкилот бовар кунонад ва исбот карда тавонад, ки интихоби вай барои ташкилот ва ҳар як коргари алоҳидааш манфиатнок аст.

      1. Алоқаи мутақобила- расидани маълумотҳо дар бораи тағйиротҳо то қабулиқарор ва баъди амалигардонии онба роҳбар имкон медиҳад, ки ташкилот зарар надида, қарорро ислоҳ намояд. Баҳодиҳииқарор аз тарафи роҳбар бо ёрии функсияи назорат иҷро карда мешавад.
test

Добавить комментарий