Ташкили идоракунии таваккалкории менеҷмент

1.Моҳияти таваккал ва намудҳои он

2. Намудҳои тавакали соҳибкорӣ.

3. Сабабҳои бавуҷудоии талафҳо.

ҳар як фаъолияти идоракунӣ то андозае бо худ дараҷаи таваккалиро дорад, ки он ба хислату дараҷаи объекти идоракунӣ, муҳити берунаи он, инчунин мақоми шахсият дар ҷараёни таъсиррасонӣ вобаста мебошад.

Мафҳуми «таваккал» чандтарафа мебошад. Аз ин рe, фаҳмиши онро дар омeзиши илми идоракунӣ мо бояд дар алоқамандии чунин фаҳмишҳо: номуайянӣ, эҳтимолият, шароити норавшан, шароити таваккал биомeзем.

Мувофиқи ақидаи риёзидонон номуайянӣгуфта, ҳолате меноманд, ки натиҷаи фаъолият аз рeи эҳтимолияти вариантҳои гуногун маълум мегардад. Таваккал ҳамон вақт пайдо мегардад, ки агар фаъолият ба интихоби вариантҳое равона карда шуда бошанд, ки эҳтимолияташ маълум мебошад.

Мафҳуми таваккал ва номуайянӣ дар назарияи бозиҳо, барномасозӣ бисёртар истифода бурда мешавад. Солҳои охир он дар иқтисодиёт, сиёсат, назарияи идоракунии менеҷмент, инчунин дар соҳаи ҳуқуқ ва суғурта истифода карда мешаванд.

Ташаккули муносибатҳои бозорӣ дар Тоҷикистон ҷараёни зарурияти тадқиқоти таваккали соҳибкорӣ, молиягузорӣ, суғурта ва бонкиро ба миён овардааст.

Новобаста ба ин, мушкилоти таваккалкорӣ то ҳол пурра омeхта нашудааст. То ҳол моҳияти таваккали соҳибкорӣ, шаклҳо, соҳаҳои истифодабарӣ ва воситаҳои идораи он ба таври кофӣ омeхта нашудаанд.

Таваккал ва номуайянӣҳамчун қисми таркибии фаъолияти хоҷагӣ ва идоравӣ мебошад. Номуайянӣҳамчун ҳолате баҳо дода мешавад, ки эҳтимолияти натиҷагирии он маълум нест. Аксар маврид чунин ҳолатҳое мешаванд, ки омилҳои таъсиррасонанда бори аввал пайдо мегарданд ва дар бораи онҳо ахбори аниқ гирифтан ғайриимкон мебошад. Бинобар ин, натиҷагирии қарори идоракуниро пешгeӣ кардан хеле мушкил аст, махсусан, дар шароите, ки суръати баланди ивазшавии ҳолатҳо мушоҳида мешавад. Асосан менеҷерҳо вақте ки дар ин ҳолатҳо меафтанд, ҳаракат менамоянд, ки ахбори иловагиро бо роҳу усулҳои озмоишӣ, ё ин ки муҳокимаи масъала бо экспертҳо ахбор дастрас намоянд.

Мафҳуми муайянӣ вобаста ба шароити коркард ва қабули қарори идоравӣ мебошад, агар роҳбар пурра ва аниқ ахбори идоракуниро дошта, дар бораи натоиҷи он ҳисобҳои асосноки худро соҳиб бошад. Масалан, маълум аст, ки афзоиши мавод ва қувваи корӣ дар корхона дар 6 моҳи оянда чӣ тавр сурат мегирад.

Қайд кардан зарур аст, ки ҳолатҳои пурраи муайянӣ дар корхонаҳо кам дида мешаванд.

Мафҳуми таваккал дар иқтисодиёт дар навбати аввал«зарар диданро» бо худ дорад. Яъне, эҳтимолияти зараре, ки вобаста ба номуайянии ҳолат ба даст дароварда мешавад, дувумгирифтани фоидае мебошад, ки дар натиҷаи кам кардани эҳтимолияти таваккал ва ҷорӣ намудани навоварӣ ба даст дароварда мешавад.

Дар менеҷмент фаҳмиши мафҳуми «таваккал» пеш аз ҳама ба хислат ва мураккабии мушкилӣ, шароити қабули қарор ва ҳолати он нигаронида шудааст. таваккали идоракуниро ҳамчун хислатномаи фаъолияти идоракуние, ки дар шароити номуайяни қабул карда шудааст, бо сабаби кам будани ахбор, инчунин ҳамчун ченаки самаранокие, ки бо эҳтимолияти шароитҳои манфии иҷрои қарор вуҷуд дорад, фаҳмидан мумкин мебошад.

Андозаи зарари ташкилот, ки дар натиҷаи фаъолияти идоравӣ дар шароити номуайян қабул шудааст, нархи таваккал,ё ин ки маблағи таваккалменоманд.

Таваккалдар натиҷаи раванди фурeши маҳсулот, ё ин ки хизматҳо пайдо шуда, ҳамчун натоиҷи фаъолияти роҳбар баромад мекунад. Моҳият, мазмун ва хислати пайдоиши таваккал дар фаъолияти корхона имкон медиҳад, ки табиати таваккал ҳамчун категорияи иқтисодӣ муайян карда шавад.

Дар таҷрибаи менеҷмент тавсифҳои зерини таваккал дида мешаванд:

  • андозаи эҳтимолияти зарар, ё ин ки фоида аз фаъолияти таваккалӣ;
  • эҳтимолияти таваккал – дараҷаи кам кардани сарчашмаи таваккал аз 0 то 1.
  • дараҷаи таваккал – нисбати ба зарар ба хароҷоти тайёрӣ ва иҷрои қарори таваккалӣ дар ҳудуди 0>1, аз ин зиёд аллакай таваккал худро сафед карда наметавонад;
  • зинаи таваккал тавсифи сифатии дараҷа ва эҳтимолияти таваккал буда, ба гурeҳои олӣ, миёна, поён, холӣҷудо карда мешавад;
  • иҷроии таваккал – эҳтимолияти зарар ва дараҷаи он;
  • меъёри таваккал – эҳтимолияти таваккал дар дараҷаи меъёрӣ.

Дар шароити касодии иқтисодиёт, эҳтимолияти муфлисшавии корхонаҳобаланд буда, аз роҳбарони онҳо талаб карда мешаванд, ки дар ҳолати қабули лоиҳаи таваккалӣ, аз зарари калон эҳтиёт бошанд ва доимо боғайратона кор кунанд.

Таҷрибаи корхонаҳо нишон медиҳанд, ки онҳо аксар вақт варианти фоидаи камтареро, ки таваккали ночиз доранд, қабул мекунанд, ки ин ба пастшавии самараноки корхона ва оҳиста-оҳиста ба рақобати бозорро бой додани он оварда мерасонад. Дар вақти интихоби стратегияи идоракунии корхона бояд пеш аз ҳама дараҷаи таваккал ҳисоб карда шавад. Дар ҳолате ки агар дараҷаи таваккалӣ аз 1 поён бошад, он гоҳ зарурияти чунин стратегияро қабул кардани ташкилот вуҷуд дорад. Агар зарар аз 1 гузарад, он гоҳ ин фаъолият нодуруст ҳисобида мешавад.

Дар вақти таҳлили таваккалӣқарори идоракунӣ ва коркарди он мо бояд муайян созем, ки кадом шаклҳои таваккалро менеҷер ба назар мегирад. Дар ҷараёни идоракунӣ ин масоил дар асоси систематизатсияи методологии таваккал, гурeҳбандӣ ва муайян кардани омилҳои он ҳал карда мешавад:

Дар расми 5 алоқамандӣ ва боҳамтаъсиррасонии омилҳои дохилӣ ва беруна, сарчашмаҳои таваккал нишон дода шудааст.

Аз расм маълум мегардад, ки сарчашмаи таваккал, ки вобаста ба бeҳрони иқтисодию сиёсии мамлакат ба вуҷуд меояд, асосан аз ҳисоби таъсири нишондиҳандаҳои омилҳои байналхалқӣ, макроиқтисодӣ, минтақавӣ ва микроиқтисодӣ ба вуҷуд меоянд, ки онҳо ба хусусияти функсияи таваккалӣ, мазмуну натиҷаи он таъсир мерасонанд.

Расми 5. Нақшаи алоқамандии омилҳои таваккал.

Омилҳои дохилӣ бошад, хусусияти функсионалии таваккал, истеҳсолӣ, молиявӣ, меҳнатӣ, бозорӣва ғр. мебошанд.

Омилҳои алоқамандӣ ва хусусии менеҷмент имкони муайян кардани сарчашмаи таваккал ва эҳтимолияти пайдоиши он ва таъсири онро ба натиҷаи фаъолият муайян месозад. ҳангоми истифодаи воситаҳои идоракуни менеҷер таваккалкорӣ карда, мақсад, стратегияи инкишоф, системаи мотиватсия ва дигар равандҳои корхонаро муайян месозад.

Қисмати зиёди таваккал дар интихоб ва усули ченакӣ, инчунин баҳо додани эҳтимолияти таваккал ҳангоми гузаронидани экспертизаҳо мебошад.

Таҳлили мантиқии ташаккули таваккал имкони баҳодиҳии системавии ҳар як намуди таваккалро пайдо мекунад, ки барои вусъат бахшидаи фаъолияти менеҷмент дар оянда кeмак мерасонад.

Расми 6.

Гурeҳбандии таваккали идоракунӣ

Нишонаҳо
Намуди (шакли) таваккал
Таъиноти таваккал Зарари таваккалӣ

Фоидаи таваккалӣ

Хусусияти функсионалии

ҷараёни таваккалӣ

Маркетингӣ

Навоварӣ

Инвеститсионӣ

Истеҳсолӣ

Суғуртавӣ

Молиявӣ

Мазмуни

натиҷавии таваккал

Иқтисодӣ

Иҷтимоӣ

Ташкилӣ

Рeҳӣ

Имиҷӣ

Натиҷагирии амалияи

қарори таваккалӣ

Иҷтимоӣ

Сиёсӣ

Экологӣ

Демографӣ

Дараҷаи омилҳои берунаи

таваккал

Байналхалқӣ

Макроиқтисодӣ

Минтақавӣ

Омилҳои бозории таваккал Мушаххасӣ

Сохторӣ

Нархӣ (арзишӣ)

Коммуникатсионӣ

Омилҳои истеҳсолӣҳамчун сарчашмаи таваккал Захираҳои меҳнатӣ

Захираҳои ахборӣ

Захираҳои молиявӣ

Захираҳои материалӣ

Вақт

Воситаҳои таъсиррасонӣ Мақсаднок

Стратегӣ

Тактикӣ

Барномасозӣ

Банақшагирӣ

Консептуалӣ

Мотиватсионӣ

ҳавасмандкунӣ

Сохторӣ

Хислати пайдоиш Субъективӣ

Объективӣ

ҳуқуқӣ (ғайриҳуқуқӣ)

Криминалистӣ

Сафедшаванда (сафеднашаванда)

Усули баҳо додани таваккал Экспертӣ

Риёзӣ-иқтисодӣ

Дисконтивӣ

Оморӣ

Интуитивӣ

ҳамин тариқ, тадқиқи табиати таваккали идоракунӣ, гурeҳбандӣ ва ҷудо кардани омилҳои таъсиррасонӣ имкон медиҳад, ки он ҳамчун категорияи менеҷмент чуқур омeхта шавад. Бо ин мақсад ҳар намуди таваккалро алоҳида дида мебароем.

Таваккали маркетингӣ – стратегияи мушаххаси ташкилот, ки дар асоси аз даст додани ҳиссаи бозор, кам шудани ҳаҷми фурeш ва фоидаи корхона, инчунин эҳтимолияти пайдоиши тағйирёбии негативӣ дар муҳити беруна, афзоиши нарх ба барандагони энергия ва ғайра пайдо мегардад.

Таваккали молиявӣ – аз рeи ҳаҷми зиёди зарар, камшавии даромади қоғазҳои қимматнок, дар натиҷаи бeҳрони молиявӣ ва пастшавии қурби арзи хориҷӣ пайдо мегардад. Таваккали молиявӣ нисбат ба дигар намудҳои таваккали тезтағйирёбанда ва гуногун мисли: фоизи қарзӣ, арзи хориҷӣ, бозорӣ, беқурбшаванда ва ғайра мебошад.

Таваккали истеҳсолӣ – дар ҳолати зиёд шудани хароҷоти ҷории корхона нисбат ба нақшаи тиҷорат бо сабабу ҳолатҳои номаълум қабул карда мешавад.

Акнун намудҳои таваккали иҷтимоӣ ва иқтисодиеро дида мебароем, ки бештар дучор мешаванд:

Таваккали иқтисодӣ:

  • гум кардани боигарии миллӣ;
  • паст шудани қобилияти рақобатнокии мамлакат;
  • паст шудани диққатҷалбкунандагии инвеститсионии иқтисодӣ;
  • кам шуданиҳаҷми МДМ ба ҳар сари аҳолӣ;
  • зиёд шудани дараҷаи беқурбшавӣ.

Таваккали иҷтимоӣ:

  • кам шудани таъминоти иҷтимоии аҳолӣ;
  • зиёд шудани беморӣ ва муриши аҳолӣ;
  • ҳолати бади демографӣ;
  • паст шудани дараҷаи маълумотнокии аҳолӣ.

Таваккали экологӣ:

  • ифлосшавии муҳити зист;
  • буриши ҷангалҳо, эрозияи хок.

Таваккали сиёсӣ:

  • тағйир ёфтани сиёсати иқтисодӣ;
  • хавфи муноқишаҳои миллӣ;
  • моратория ва эмборги тиҷоратӣ.

Бисёре аз қисматҳои таваккалие, ки дар боло номбар карда шудаанд, барои Тоҷикистон хос буда, натиҷаи бeҳрони иқтисодию сиёсии солҳои 90-уми асри ХХ мебошанд.

Шаклҳои таваккале, ки аксаран дар фаъолияти корхонаҳо пайдо мегардад инҳо мебошанд:

  • вобаста аз сиёсати ғайриустувори иқтисодӣ дар мамлакат;
  • паст шудани дараҷаи иқтисодӣ;
  • кам шудани дараҷаи кадрӣ;
  • гум шудани эътибори корхонаҳо;
  • гум шудани даромади корхонаҳо аз афзоиши дараҷаи ғоратгарӣ;
  • гум шудани идорашавандагии корхона;
  • паст шудани сифати маҳсулот;
  • тағйир ёфтани омилҳои берунаи иқтисодӣ.

Асосноккунии таваккал дар ҷараёни идоракунӣ. Дар ҳолатҳои бeҳрони иқтисодӣ бисёр таваккалҳое пайдо мешаванд, ки аз рeи мазмун, сарчашмаи пайдоиш, эҳтимолият, ҳаҷми зарар ва дигар нишонаҳо соҳибкории алоҳида ва ё иқтисодиётро пурра дарбар мегиранд.

Бинобар ин барои мо зарур мебошад, ки дар идоракунӣ мутахассисони касбии таваккал – менеҷерҳоро тайёр намоем.

Идоракунии таваккал гуфта, ҷараёни коркард ва амалияи қарорҳои таваккалии идоракуниро меноманд.

Қарорҳои таваккалӣ гуфта – қарореро меноманд, ки дар ҳолати номуайяни қабул карда мешаванд, агар эҳтимолияти натоиҷ маълум бошад. Қабули қарори таваккалӣ гуфта, асосноккунии ҳаматарафа, инчунин эҳтимолиятҳо ва параметрҳои таваккалиро меноманд. Инчунин ҷараёни кор карда баромадани системаи ҷавобгарӣ доир ба идоракунии таваккал низ дар назар дошта мешавад.

Стратегияи идоракунӣ сиёсатест, ки имконот ва асосҳои қонунии иҷрошавии таваккали идоракуниро бунёд ниҳода, барои навоварӣ шароит пайдо месозад.

Дар корчалонӣ доир ба навоварӣ ду шакли соҳибкорӣ дида мешавад: соҳибкории молиявӣ ва навоварии худӣ.

Вобаста ба ин ду шакли ширкат дар навоварӣ ширкати сармояи таваккалӣ ва ширкатҳои хурди навоварӣ, ки аз тарафи сармояи таваккали маблағгузорӣ карда мешаванд, иштирок мекунанд.

Сармояи таваккалӣ дар иқтисодиёти бозорӣнақши калон мебозад. Ин сармоя рақобати соҳибкориро метезонад, зеро яке аз мушкилоти асосии корхонаҳои хурд нарасидани маблағ барои истеҳсоли маҳсулоти нав мебошад. Аз ин рe, фирмаҳоро бо захираҳои молиявӣ ширкатҳои сармояи таваккалӣ таъмин мекунанд.

Сармояи таваккалӣ бо як қатор хусусияташ аз дигар сармояҳо фарқ мекунад:

1. Сармояи таваккалӣ аз рeи қоидаи «ҳар чи бодо бод» амал мекунад, яъне шахсе, ки сармоя медиҳад, омода аст, ки дар вақти барор нагирифтани кор аз баҳри маблағи гузоштааш гузарад.

2. ҳангоми баробар шудани кор фоидаи дучанд мегирад.

3. Сармояи таваккалӣ ба мeҳлати 3-5 сол, инчунин аз 5 то 10 сол дода мешавад.

4. Сармояи таваккалӣ на дар шакли предмет, балки ҳамчун ҳаққи аъзогӣ барои ширкатҳои хурд дода мешавад. Корхонае, ки сармояи таваккалӣ додааст, ҳақ дорад, ки мувофиқи сармояи гузошта аз фоидаи корхона қисмашро барои худ бигирад.

5. ҳавасмандии асосии соҳиби капитали таваккалӣ дар он аст, ки вай на танҳо ҳамчун соҳибкор, балки ҳамчун муассис низ саҳм гузошта, даромад мегирад.

6. Хусусияти дигари сармояи таваккалӣ дар он зоҳир мегардад, ки сармоягузор барои барори кори корхонаи нав хеле ҳам манфиатдор мебошад. Бинобар ин, барои корхонаи хурд аз нигоҳи роҳбарӣ ва додани маслиҳату машваратҳо доимо кeмак намуда, ҳамчунин дигар хизматҳои кордониву корбарӣ мерасонад.

7. Намояндаи корхонаи сармояи таваккалӣ дар ҳайати Шeрои маъмурияти корхонаҳои хурд дохил мешавад, лекин ба кори он бояд халал нарасонад. Дар айни ҳол доир ба самтҳои дурусти хароҷоти сармоя ва масъалаҳои идоракунӣ ёрӣ мерасонад.

ҳуҷҷати асосие, ки ширкати сармояи таваккалӣқабул мекунад, нақшаи корӣ аст. Ин нақша аз тарафи фирмаи хурд тартиб дода шуда, аз як қатор бахшҳои ҳатми иборат аст. Бахши ҳатмии ин нақшаро хислатномаи кeтоҳи фондҳо, лоиҳаи корӣ, таҳлили навоварӣ ташкил медиҳад.

8. Меъёри асосие, ки сармояи таваккалӣ мувофиқи он дода мешавад, сифатҳои шахсии ташкилкунандагони фирмаи хурди навоварӣ мебошад. Ин ашхос бояд пеш аз ҳама таҷрибаи бой ва дониши мустаҳкам дошта бошанд. Хусусан дар хориҷа сармояи таваккалӣ олимони шинохтаро хело хуб дастгирӣ мекунад.

9. Дигар меъёри додани сармояи таваккалӣ ба корхонаҳои хурди навоварӣ дараҷаи бозоргонии онҳо ба ҳисоб меравад. Бинобар ин, экспертҳо ва пешгeиҳо бояд пешакӣҳаҷми фоидаи ҳисобиро муайян кунанд.

10. Ширкати сармояи таваккалӣ метавонад, ки якбора якчанд соҳаро маблағгузорӣ кунад.

ҳамин тариқ, соҳибкории таваккалӣ, ки навоварии молиявӣ ва худиро дарбар мегирад, яке аз нишонаҳои асосии дараҷаи навоварӣ дар иқтисодиёти бозорӣ мебошад. Соҳибкории таваккалӣҳамчун ҳавасмандкунандаи навсозии технологии мамлакатҳои дар шароити иқтисоди бозорӣ фаъолияткунанда баромад мекунад. Бинобар қавли Ч.К. Галберт, ҳамаи фирмаҳои калони амрикоӣ дар вақташ кори худро аз сармояи таваккалӣ сар карда буданд. Дар замони муосир таҷрибаи америкоии сармояи таваккалиро дар Ҷопон, Англия, Олмон, Фаронса, Шветсия, Маҷористон ва Чин низ истифода мекунанд.

Хуб мешуд, ки соҳибкорони мо низ ин қабил таҷрибаҳои муфидро биомeзанду баҳри пешрафти корхонаҳо истифода намоянд.

test

Добавить комментарий