Роҳои амалӣ гардонидани қарори идоракунӣ ва назорати иҷроиши қарор

Қабули қарорҷараёни бисёрзинагии ташкилӣ буда, алоқаи мураккаби бевосита ва баръакс дорад, ки фаъолияти зеҳнӣ аъзои ташкилотро ба истифодаи усулҳо ва шаклҳои гуногуни техникии ҷамъоварӣ, коркард ва расонидани ахборро якҷоя дарбар мегирад.

Дар робита ба афкори роҳбарони бахши соҳибкорӣ маълум мегардад, ки ҷараёни тайёрӣ ва қабули қарор ҳамагӣ 20-25% вақти кории онҳоро мегирад. Хронометражи мутахассисони бахши «рафтори ташкилӣ», нишон медиҳад, ки аксар маврид роҳбарон барои қабули қарор ҳамагӣ 10-15% вақти худро сарф мекунанду халос. ҳатто, ҳолатҳое мешавад, ки қарори идоракунӣ яку якбора ба фикри онҳо омада, дар муддати кeтоҳқабул мешавад. Аммо, аз ҳама давраи мураккаб ва дурударози он давраи амалӣ гардонидани қарори идоракунӣ ва назорати иҷрои он мебошад.

Технологияи коркард ва амалигардонии қарори идоракунӣ.

Ҷараёни коркард ва амалигардонии қарори идоракунӣ фаъолияте мебошад, ки аз рeи технологияи муайян ва истифодаи системаи барномавии ахбор доир ба муайян кардани ҳолатҳои идоракунӣ бо ро³и ташаккулёбӣ ва амалӣ гардонидани таъсиррасонӣ ба объекти идора амалӣ мегардад.

Ба раванди ташкилии ин ҷараён ҷамъи қонуният ва пайдарпайии иҷронҳо дар муҳити муайяни вақт, ки дар алоқаи бевосита ва баръакс амалӣмегарданд, дохил мешавад. Чунин як системаи такроршавандаро дар илми менеҷмент раванди технологии ташкили иҷрои қарори идоракунӣ меноманд.

Барои фаҳмиши мураккабии ҷараёни қабули қарори идоракунӣ мо бояд ду ҳолати муҳимро ҷудо намоем:

1. ҳолатҳое, ки дар ҷараёни қабули қарори ташкили аъзоёни коллектив, мутахассисон ба ҳолати ҳақиқӣ не, балки ба ҳолате, ё моделе, ки бори аввал мебинанд, рeбарe мешаванд. Чунин моделҳо дар шакли навиштаҷоти графикӣ ва дигар нақшаҳо, ки мафҳумҳоро ифода мекунанд, нишон дода мешаванд.

2. ҳолате, ки дар ҷараёни қабули қарор барои ташкили идоракунӣ бо ҷустуҷe, фаҳмиш ва омeзиш сурат мегирад.

Яке аз усулҳои самараноки қабули қарори идоракунӣ усули абстрактивии ҳолатҳомебошад. Он аз ҳамаи вариантҳои мавҷудбуда интихоб карда гирифтани модели самараноки идоракунӣ дар назар дошта мешавад.

Усули дигаре, ки дар вақти иҷрои қарори идоракунӣ истифода карда мешавад, истифодаи моделҳои риёзӣ ва барномасозӣ мебошад.

Расми 7. Ташкили иҷрои қарори идоракунӣ.

Сохтани блок-схема ва модели консептуалӣ яке аз усулҳое мебошад, ки солҳои охир дар аксари корхонаҳо истифода мешаванд. Бо роҳи сохтани блок-схемаҳои мантиқии стратегияи иҷроиши қарор, ҳар як давраи он, пайдарпаии иҷроиш, инчунин омилҳое, ки ба чунин як фаъолият таъсир мерасонад, нишон дода мешаванд. Дар вақти иҷрои қарор ҳар як зинаи блок-схема назорат карда мешавад. ҳангоми мавҷуд будани фарқият аз нақша ислоҳ, ё ин ки қарори нав қабул карда мешавад. Вале ҳангоми набудани тағйирот давраи дигари иҷрои блок-схема сар мешавад.

Мавҷуд набудани робитаи мутақобили иҷроиши қарор дар ҳар як давраи корӣ боиси он мегардад, ки дар давраҳои дигари иҷроиши ин қарор мумкин, ки моҳияти худро гум карда, ба дигар тараф майл намояд. Барои роҳ надодан ба чунин ҳолатҳо системаи назоратии иҷрои қарор бояд чунин ташкил карда шуда бошад, ки таълим баҳои миқдорӣ ва сифатии ҳар як давра, ё худ даврии иҷроиши он муҳокима ва баҳисобгирӣ карда шавад.Дар натиҷа мо метавонем, ки ба сeи мақсади асосӣҳаракат намоем.

Қарори идоракунӣ дар системаи менеҷмент ҳамчун маҳсулоти меҳнати идоравӣ мебошад. Самаранокии идоравӣ аз рeи натиҷаи фаъолияти идоравӣ ва хароҷот муайян карда мешавад.

Бинобар ин сифати иҷрои қарори идоракунӣ нишонаи баҳои хуби қарори идоракунӣ мебошад.

Нишондиҳандаи сифатии иҷрои қарори идоракунӣ, пеш аз ҳама тавсифи фаъолияте мебошанд, ки баъди ҷорӣ намудани қарори идоракунӣ дар корхона пайдо мешаванд.

Барои он ки қарори идоракунӣ самаранок иҷро шуда ва натиҷаи мусбӣ диҳад, бояд ки худи он дорои хислатҳои сифатии асосноккардашуда, саривақтӣ, ҳақиқӣ, ратсионалӣ, ҳуқуқӣ – вазифавӣ, муқобилияти дохила надошта бошад

Талаботи асосие, ки дар вақти иҷрои қарори идоракунӣ зарур мебошанд, ба тартиби зайланд:

Талаботи аввалба саривақтӣ будани қарор вобаста аст, яъне қабул ва иҷрои он бояд ба мeҳит ва давраи иҷро мутобиқат намояд. Аксар вақт қарорҳое пайдо мешаванд, ки мeҳлати иҷрои онҳо гузаштааст, ё ин ки коре, ки тобистон бояд иҷро мешуд, дар зимистон пешниҳод мекунанд, ки ин, албатта, мантиқи худро гум мекунад. Ё ҳолатҳое мешаванд, ки ҷараёни қабули қарор чунон тeл мекашад, ки дар 1-2-3 сол татбиқи худро намеёбанд. Мисол, мо мушоҳида мекунем, ки дар натиҷаи боронгарӣ як қисми қитъаи заминро сел бурдааст. Ба ин диққат надода қарор қабул намекунем. Соли 2-юм нисфи дигарашро об мебарад ва танҳо соли 3-юм мебинем, ки дигар илоҷ надорем, агар роҳи обро набандем, худамонро мебарад, баъд корро сар мекунем. Дар чунин як вазъият иҷрои қарори хом ғайриимкон ва во¥еӣ нест. Чунин мисолҳо хело зиёд мебошанд. Бинобар ин талаботи асосие, ки дар вақти иҷроиши қарори идоравӣнақши муҳим мебозад, ин «саривақтӣ» будани қарор мебошад.

Талаботи дуввум он аст, ки зиддият надоштан бақарорҳое, ки мо каме пеш қабул кардаему ҳоло натиҷаашро хуб ҳам надидем. Бинобар ин, пеш аз қабули қарор ва саршавии иҷрои он бояд, ки баҳамаи ҷузъҳои истеҳсолии ин қарор мутобиқ кунонида шавад.

Талаботи сеюм ҳақиқӣ будани мeҳлати иҷроиши он аст. Мувофиқи қоидаи менеҷмент ҳар як фаъолият аз рeи меъёрҳои физиологӣ, иқтисодӣ ва табии сурат гирифта, ба сифату самаранокии захираҳо зарари худро нарасонад. Инчунин мо бояд мeҳлати оптималиро интихоб намоем, ки самаранокии истифодабарии захираҳои меҳнатӣ, моддӣ ва молиявиро таъмин гардонад. Дар амали роҳбарони корхонаҳои Тоҷикистон аксар вақт, мо ҳолатҳое мушоҳида мекунем, ки мeҳлатҳо во¥еӣ нестанд ва коргарон то 12-14 соат кор мекунанд, хулоса замони шeравии нақшавиро ба ёд меоранд, ки қабули ғайриимкони нақшаи истеҳсол, инчунин аҳвол қариб тамоми корхонаҳоро фаро гирифта буд.

Талаботи чорумииҷроиши қарор қонунӣ будани қарори идоракунист. Барои он ки қарор амалӣ гардад, пеш аз ҳама вай бояд дар асоси қонун аз тарафи органҳои салоҳиятдор қабул карда шавад. Вобаста ба иерархияи идоракунӣ, ҳар як шахси вазифадор бояд дар робита бо зинаи ҳуқуқу eҳдадориҳои вазифавии худ қарор қабул намояд, дар он сурат иҷроиши он во¥еӣ мегардад.

Талаботи панҷуммавҷудияти муҳити хуби иҷтимоӣ-рeҳӣ дар корхона дар ҳолати татбиқи қарор ба ҳисоб меравад. Бисёр ҳолатҳоеро мушоҳида кардан мумкин аст, ки дар корхона моҳои дароз коргарон маош нагирифтаанд, ё ин ки шароити хуби корӣ вуҷуд надорад, кадом қарори хубе, ки шумо пешниҳод накунед, иҷрои он ғайриво¥еӣ мебошад. Яъне, агар коргар онро бо дили гарм иҷро намояд, тамоман дигар сифату мeҳлат дорад ва агар не на сифат дораду на дар мeҳлати муайяншуда иҷро мегардад.

Талаботи шашумназорат ва баҳои ҳар як давраи иҷроиши қарор мебошад, ки мувофиқи талаботи менеҷмент ҳар як татбиқи он бояд назорат карда шуда, баҳо дода шаванд. Натиҷаи иҷрои он муҳокима шуда, иҷрокунандагон бояд ҳавасманд карда шаванд. Иҷрои ин талабот боз имкони иҷрои саривақтии давраи дигари қарорро таъмин месозад.

Барои таъмини саривақтии иҷроиши қарори идоракунӣғайр аз талаботи дар боло номбаркардашуда, бояд менеҷменти корхона кори худро дар равияҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ-рeҳӣ ва ташкилӣаз рeи равандҳои зерин таъмин намояд:

Доир ба раванди иқтисодӣ:

  1. Истифодаи пурраи манфиати иқтисодии иштироккунандагони ҷараёни коркард ва иҷрои қарор.
  2. Истифодаи самаранок ва мақсадноки захираҳо дар ҳамаи давраҳои иҷроиши қарор.

Доир ба раванди иҷтимоӣ – рeҳӣ:

  1. Баланд бардоштани қобилияти касбии роҳбарон.
  2. Асосноккунии илмии ташаккули коллективҳои меҳнатӣ.
  3. Инкишофи ҳавасмандӣ ва фаъолгардонии эҷодии коргарон.
  4. Васеъгардонии иштироки ҳайати корхона дар ҳама давраи иҷроиши вазифаҳо.

Доир ба раванди ташкилӣ:

  1. Беҳтар кардани ташкили меҳнати коргарони идоравӣ.
  2. Беҳтар кардани ташкили ҳаракат ва истифодаи воситаҳои корхона.
  3. Банақшагирии ҷараёни коркард ва иҷрои қарор.
  4. Баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнати коргарони идоравӣ.
  5. Кам кардани хароҷотҳои молиявӣ ва меҳнатӣ дар коркард ва қабули қарори идоракунӣ.
  6. Беҳтар кардани назорат ва баланд бардоштани ҷавобгарии роҳбарон ва иҷрокунандагони қарор.

ҳамчунон қайд гардид, ҷараёни қабули қарори идоракуниро дар солҳои охир дар корхонаҳои пешқадам ва байналхалқӣ дар шакли моделҳои риёзӣ ё худ барномавӣ иҷро менамоянд, ки яке аз роҳои самараноки иҷроиш ва назорати қарори идоравӣ дар оянда ба ҳисоб меравад.

Модели коркарди ахбор ва идоракунии ахбории ҷараёни идоракунӣ аз қисмҳои зерин иборат аст:

  • таҳлили ҳолати проблемавӣ ва масъалагузорӣ;
  • муайян кардани тарафҳои фаъолият ва интихоби нишондиҳандаҳо ва самаранок иҷро шудани онҳо;
  • тартиб додани модели консептуалии вазифагузорӣ ва иҷрои қарор;
  • тартиб додани модели риёзии функсионалии системаҳо;
  • ташаккулёбии иҷроиши қарор ва назорати он.

Байни қисматҳо ва давраҳои ҷудокардашуда алоқамандӣ, пайдарпайӣ ва ҳамоҳангӣ бояд вуҷуд дошта бошад.

test

Добавить комментарий