Мафҳум, моҳият ва принсипҳои идоракунии корхона

Мафҳум, моҳият ва принсипҳои идоракунии корхона

Ба ҳама маълум аст, ки ҷараёнҳои иқтисодӣ худ аз худ амалӣ намегарданд. Онҳо танзим ва идора карда мешаванд. Идоракунӣ ба қатори мафҳумҳое дохил мешавад, ки ба ҳамагон аз хурдӣ маълум аст, лекин доир ба идоракунии корхона тарзу усулҳое мавҷуданд, ки моҳияти онро дида баромадан ба мақсад мувофиқ аст.

Идоракунӣ – ин фаъолияти шуурноку мақсадноки инсон мебошад, ки бо ёрии он шахс ба манфиати худ элементҳои муҳити берунаро, яъне ҷамъият, табиати зинда ва ғайризинда, ё техникаро ба тартибу низом медарорад.[1]

Элементҳое, ки ин фаъолият ба он равона гардидааст, объекти идоракуниро ташкил медиҳанд. Одатан он дорои сарҳадоти фазоӣ ва ҳастии муайян дар вақт мебошад, дар акси ҳол аниқиро гум мекунад ва худи идоракунӣ бо он ғайриимкон ва беҳуда мегардад.

Равонкунандаи фаъолияти идоракунӣ субъекти идоракунӣ ном дорад, ки метавонад шахси алоҳида ё гурухи одамон бошад. Агар идоракунӣ характери расмӣ дошта бошад, онгоҳ субъект ташкилан ва қонунӣ дар намуди вазифа ё маҷмўӣ вазифаҳо ба қайд гирифта мешавад, ки сохторҳои идоракуниро ташкил медиҳанд.

Аз субъекти идоракунӣ фарқ кардани субъекти фаъолияти идоракуниро зарур мебошад. Охирин метавонад танҳо шахси ҷисмонӣ, яъне одами зинда бошад. Маҳз ба воситаи субъектҳои фаъолияти идоракунӣ, ки мансуби ҳам субъект ва объекти идоракунианд, муносибатҳои идоракунӣ татбиқ мегарданд.

Фаъолияти идоракунӣ гуногуншаклии махсуси ҷараёни меҳнатиро ифода мекунад ва барои ҳамин бо элементҳои ба худ хос тавсиф мегардад – предмети меҳнат, воситаи меҳнат, худи меҳнат ва натиҷаи он.

Предмет ва маҳсули меҳнат дар идоракунӣ ахбор ҳисоб меёбад; дар ҳолати аввал он «хом» мебошад ва барои ҳамин дар таҷриба истифода бурда намешавад, аммо дар натиҷаи фаъолияти идоракунӣ дар асоси он қарор пайдо мегардад, яъне ахборе,  ки ба воситаи он объекти идоракунӣ метавонад чораҳои зарурӣ андешад.

Умуман, меҳнати идоракунӣ мураккаб ба ҳисоб меравад, ки якчанд шароитҳо боис мегарданд.[2]

Якумаш, андоза, шумор ва бисёрпаҳлугии мушкилотҳои халлталаб, алоқаи байни онҳо, усулҳои гуногуни истифода мешуда, принсипҳои ташкилӣ ва ғайра.

Дуюм, зарурати қабул кардани қарорҳои нав ва ғайрианъанавӣ, ки баъзан дар шароитҳои номуайянӣ ё таввакалӣ ба вуҷуд меоянд ва донишҳои чуқури касбӣ, малака ё фазилатро талаб мекунанд.

Сеюм, зарурати фавран мустақилона амал кардан, таввакалӣ ва бурдани ҷавобгарӣ барои оқибатҳо.

Ҳамин тавр, фаъолияти пурсамари корхона ва сохторҳои он бе мутобиқати доимии он номумкин аст, ки ба вазифаи ташкили идоракунӣ дохил мебошад. Ташкили идоракунӣ – ин маҷмўи намудҳои чорабиниҳое мебошад, ки бо ёрии он дар таҷриба ҷараёни идоракунӣ татбиқ мегардад. Ба чунин намудҳо тааллуқ доранд: субъекҳои фаъолияти идоракунӣ, робитаи байни онҳо, мақсадҳо, функсияҳо(вазифахо), усулҳо, амалиётҳои техникии идоракунӣ ва ғайра.

Ташкили идоракунӣ дар корхона дорои сохтори худ мебошад, ки аз элементҳои ба худ хос ва бо якдигар алокаманд иборат мебошад. Ба монанди системаи идоракунӣ, сохтори он низ бисёрпаҳлу мебошад, вале дар он ҷудо намудани элементи таркибиро мумкин мебошад – маҷмўи субъектҳои (органҳои) идоракунӣ ва алоқаи байни онҳо.

Идоракунии истеҳсолот барои интихоб намудани бузургиҳои (параметрҳои) асосии ҷараёни технологӣ, муайян намудани ҳаҷми ҷории барориши мол ё хизматрасонӣ, ба кор омода сохтани таҷҳизот, ҷобаҷогузории одамон, ташкили расонидани масолеҳ, ашёи хом, қисмҳои васлшаванда, ахбор барои ҷойҳои истифодабарӣ, таъмири саривақти таҷҳизот ва техника, фавран бартараф намудани нуқсонҳо ва камбудиҳо дар ҷараёни технологӣ, назорати сифат ва ғайра равона шудааст.

Идоракунии таъминоти моддӣ-техникӣ ва фурўши маҳсулоти тайёр аз ташкили бастани шартномаҳои байнихоҷагидорӣ, харид, расонидан ва нигоҳдории ашё, масолех, ҷузъиётҳои васлшаванда, аз он ҷумла молҳои истеҳсолшуда ва расонидани он ба харидорон иборат мебошад.

Идоракунии инноватсионӣ, яъне навъовариҳо, дорои объекти худ-ҷараёни тадқиқотҳои илмӣ, коркардҳои дақиқ, офаридани намунаҳои таҷрибавӣ ва ҷоринамоии навъовариҳо дар истеҳсолот иборат аст.

Идоракунии маркетинг дар шароити имрўза соҳаи аз ҳама муҳим ва мураккаби фаъолияти хоҷагидории корхона мебошад, ки бо масъалаҳои омўзиши бозор, вазъи имрузаю ояндаи он, ташаккули системаи фуруш, коркарди сиёсати нарх, реклама ва ғайра алоқаманд мебошад.

Идоракунии кадрҳоро, ки дар шароити ҳозира чун идоракунии иҷтимоӣ ҳисобидан мумкин аст, ки бо масъалаҳои интихоб, ҷобаҷогузорӣ, омўзиш, баландбардории тахассуси кормандон, ҳавасмандкунӣ ва мукофотдиҳии меҳнат, беҳтарнамоии шароитҳои меҳнат ва зиндагии коргарон, нигоҳдории алоқа бо иттифоқҳои касаба ва ҳалли ихтилофҳои меҳнатӣ алоқаманд мебошад.

Моҳияти идоракунии молявӣ дар таҳияи буҷа ва нақшаи молиявии корхона, ташаккул ва тақсимоти захираҳои молиявии он, воридоти сармояҳо, баҳодиҳии вазъияти молиявии ҷорӣ ва дурнамо, қабул кардани чораҳои лозима оиди мустаҳкамнамоии он иборат мебошад.

Нихоят, идоракунии эккаутингӣ бо ҷараёни ҷамъоварӣ, коркард ва тахлили маълумотҳо оиди фаъолияти корхона, муқоисаи он бо нишондиҳандаҳои ибтидоӣ ва нақшавӣ, натиҷаи фаъолияти дигар корхонаҳо, бо мақсади ошкоркунии саривақтаи мушкилотҳо, дарёфти захираҳо барои таъминоти пурраи истифодабарии иқтидори мавҷудбуда ва ғайра вобастагӣ дорад.

Корхона ҳамчун низом аз ду зернизом иборат аст: зернизоми идоракунанда ва зернизоми идорашаванда. Ба ибораи дигар дар идоракунӣ субъект ва объекти идоракуниро аз ҳам фарқ мекунанд (нақшаи 1).[3]

таъсири

идоракунӣ

робитаи баръакс

Субъект ва объекти идоракунӣ.

Принсипҳои асосии идоракунӣ ба худ дар бар мегиранд:[4]

– илмӣ. Сабабҳои мувофиқат накардани мақсад ва натиҷаҳоро дарк намудан ва ё ихтилофи байни назария ва амалияро дидан муҳим аст);

– системавӣ ва комплексӣ. Маҷмўи зернизомҳои боҳам алоқамандро, ки дар корхона истифода мешаванд, ба инобат гирифтан муҳим аст, масалан «зернизоми тайёркунии кормандон дар ҷои корӣ», «зернизоми кирояи якумра», «зернизоми музди меҳнат», ки якдигарро пура мекунанд ва афзоиши ҳосилнокии меҳнат, сатҳи ҳаётӣ ва ҳавасмандкунии кормандонро таъмин мекунад.

–  ҳокимият – масъулият. Ҳокимият ин ҳуқуқи додани фармон ва қуввае мебошад, ки барои итоатнамоӣ маҷбур месозад. Ҳокимият бе масъулият вуҷуд надорад, яъне бе чораҳои зарурӣ – мукофот ё ҷазоҳо. Дар он ҷое, ки ҳокимият вуҷуд дорад, масъулият низ ба вуҷуд меояд.

– интизом – ин дар моҳият итоатнамоӣ, кўшишу ғайрат, рафтори муайян ва аломатҳои ҳурмату эҳтиром мебошад, ки дар байни корхона ва коргарон қабул гардидааст. Вазъияти интизом ба пуррагӣ аз роҳбарият вобастагӣ дорад.

– яккафармондеҳӣ. Ба хизматчиён фармонҳоро нисбати ягон амалиёт метавонад танҳо як сардор диҳад.

– яккароҳбарӣ. ҳар гурўҳе, ки дар чорчўбаи як мақсад фаъолият мекунад, бояд бо як  нақша муттаҳид гарданд ва як роҳбар дошта бошанд.

– тобеънамоии манфиатҳои шахсӣ ва умумӣ. Манфиатҳои як коргар ё гурўҳи коргарон набояд аз манфиатҳои корхона болотар истанд.

– мукофотдиҳии ҳайат. Барои таъмин намудани вафодорӣ ва дастгирии коргарон, онҳо бояд барои хизматҳояшон аз рўи адолат маош гиранд.

– марказонидан. Марказонидан системаи идоракунии хуб ё бад набуда, вобаста аз нуқтаи назари роҳбар ва аз шароитҳои мавҷудбуда эътироф карда мешавад.

– иерархия. Иерархия ин қатори вазифаҳои роҳбарикунанда буда, аз поҲнӣ оғоз ёфта то ба болоӣ мерасад.

– тартиб. Намуди тартиби иҷтимоӣ чунин метавонад бошад: барои ҳар шахс ҷои муайян ва ҳар  шахс дар ҷои худ.

– адолат. Барои ҳавасманд гардонидани ҳайат барои иҷрои вазифаҳояшон аз таҳти дил ба онҳо хайрхоҳона муносибат кардан лозим аст. Адолат ин пайвасташавии некӣ ва ҳақиқат мебошад.

– пойдории таркибии ҳайат. Азкорравии ҳайат дар оммавӣ сабаб  ва натиҷаи ҳолати бади кор мебошад. Дар айни ҳол тағирёбӣ дар ҳайат ногузир аст: синну – сол, беморӣ, марг ва ғайра таркиби ҳайатро вайрон месозад; баъзе хизматчиён қобилияти иҷро кардани вазифаҳои худро гум мекунанд, баъзеҳо барои иҷроиши корҳои пурмасъулият ноқобиланд. Барои ҳамин, принсипи азкорравии ҳайати корӣ меъёри худро доро мебошад.

– ташаббускорӣ. Ташабускорӣ гуфта, имконияти коркарди нақша ва таъмини татбики пурсамари онро меноманд. Он ба ташкилот кувва ва иқтидор мебахшад.

– ягонагии ҳайат. Ягонагӣ –  ин қуввае мебошад ва он натиҷаи мувофиқати ҳайат ба ҳисоб меравад.

Ҳамин тавр идоракунӣ ин таҳлили рафтори одамон дар корхона, инчунин омўзиши алоқамандӣ ва боҳамтаъсиррасонии одамон ва фаъолияти корхона мебошад. Чӣ қадаре, ки низоми идоракунӣ дар корхона дуруст ба роҳ монда шавад ва танзим карда шавад, ҳамон қадар имконияти ба муваффақият ноил шудан баланд мешавад.

Низоми идоракунӣ дар корхона бояд назария, фикру ақида ва услуб, тарзи идоракуниеро пешбинӣ намояд, ки барои ба мақсад расидан мусоидат намояд, зеро бе идоракунӣ ба мақсадҳои гузошташуда ноил шудан ғайриимкон аст.

[1] Бобосодиќова Г.Б., Дустов Б. Асосњои менељмент. Душанбе, 2008. с. 4.

[2] Бобосодиќова Г.Б., Дустов Б. Асосњои менељмент. Душанбе, 2008. с. 6.

[3] Райзберг Б. Курс экономики. М., 1999. с. 103.

[4] Бобосодиќова Г.Б., Дустов Б. Асосњои менељмент. Душанбе, 2008. с. 15.

5 Загрузки

О Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.ru

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.