Усулҳои идоракунӣ дар корхона
Усулҳои идоракунӣ дар корхона
Мафҳуми усули идоракунӣ тарҷумаи калимаи юнонии «methodos» буда, воситаи ноил гаштан ба ягон ҳадафи хоҷагӣ аст. Дар шароити кунунии хоҷагидорӣ истифодаи усулҳои идоракунӣ бояд барои ташкили фаъолияти самарабахши истеҳсолот ва кормандон нигаронида шавад.
Се омили муҳимро хотиррасон кардан бомаврид аст, ки бо назардошти онҳо роҳбарон ба фаъолияти мақсадноки кормандони ташкилот ё корхона таъсир мерасонанд.
Омили якум сохтори зинагӣ мебошад, ки дар доираи он алоқамандии субъект бо объекти идоракунӣ ба амал меояд. Зимни таъсири ин омил роҳбар ба фаъолияту рафтори тобеон аз усулҳои маҷбуркунӣ, таҳдиди ҷазо додан, назорати қатъии иҷрои кор, ҳавасмандгардонии натиҷаҳои меҳнати инфиродӣ ва ғайраҳо истифода мебарад.
Омили дуюм маданият аст, ки тибқи он қоидаҳои рафтор, арзишҳои муштараки кормандони корхона, гурўҳи хурди меҳнатӣ ва умуман ҷамъият муайян мешаванд ва риояи қатъии онҳо иҷрокунадагонро водор месозад, ки бидуни истифодаи тарзу роҳҳои дигари идоракунӣ фаъолона меҳнат кунанд.
Омили сеюм бозор мебошад, ки дар чорчўбаи қонуну қоидаҳои он муносибатҳои озоди хариду фурўши маҳсулоту хадамот бо назардошти гуногуншаклии моликият ва баробарии ҳуқуқи фурўшандагон ва харидорон рушду нумўъ меёбад.
Омилҳои номбурда аз нигоҳи таркиб ва мазмун басо гуногун буда, бо назардошти як қатор омилҳои ташкилӣ-ҳуқуқӣ, ташкилӣ-иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба тағйирёбии фаъолият ва рафтори кормандон таъсири назаррас мерасонанд. Аммо дар тағйирёбии рафтори кормандон ба назар гирифтани эҳтиёҷи ҳаётии онҳо нақши ҳалкунанда мебозад. Дидаю дониста ё бошуурона дарк кардани ниёзу дархостҳои рўзмарраи зиндагӣ, онҳоро ба амалиёт ва кори пурмаҳсул дахолат мекунад. Маҷмўи ниёзҳои гуногуни инсон ба молу хадамот ва пурратар қонеъ намудани онҳо самтҳои мотиватсионӣ ва интихоби усулҳои идоракуниро муайян менамоянд.
Дар менеҷменти муосир усулҳои гуногуни идоракунӣ дар пайвастагию вобастагӣ бо якдигар истифода мешаванд ва то андозае мазмуни якдигарро мукаммал мекунанд.
Ҳамаи тарзу усулҳои идоракуниро аз рўи мазмунашон ба се гурўҳи асосӣ тасниф кардан ба мақсад мувофиқ аст:[1]
усулҳои иқтисодии идоракунӣ;
усулҳои маъмурии идоракунӣ;
усулҳои иҷтимоию рўҳии идоракунӣ.
Усулҳои иқтисодии идоракунӣ
Зери мафҳуми усулҳои иқтисодии идоракунӣ истифодаи мақсадноки категория ва фишангҳои иқтисодӣ барои фароҳам овардани шароитҳои мусоиди хоҷагидорӣ ва рушду такомули иқтисодиёти корхона фаҳмида мешавад.
Усулҳои асосӣ ва фишангу нишондиҳандаҳои иқтисодӣ дар амал моҳият ва мазмуни қонунҳои иқтисодиро инъикос намуда, ба эътибор гирифтани хусусият ва таъсири судманди онҳоро ба натиҷаҳои фаъолияти хоҷагӣ ва раванди идоракунӣ тақозо менамоянд.
Дар шароити гузаштан ба иқтисоди бозорӣ истифодаи афзалиятноки усулҳои иқтисодӣ ва такомули муносибатҳои пулию молӣ аҳамияти калон дорад.
Фарқи куллии усулҳои пешгўӣ кардани ҳолати иқтисодӣ ва нақшагирии фаъолияти корхона дар шароити амали муносибатҳои бозорӣ аз усулҳои маъмурӣ-фармонфармоӣ дар он аст, ки онҳо кормандонро хубтар барои ноил шудан ба сатҳи баланди самаранокии истеҳсолот, ҳосилнокии меҳнат ва ба даст овардани фоида ҳавасманд мегардонанд.
Яке аз унсурҳои асосии усулҳои иқтисодии идоракунӣ нақшагирии фаъолияти хоҷагии корхона аст.
Нақшагирӣ фаъолияти пешакии дуруст муайян намудани мақсади ниҳоии корхона ва стратегияи асосноки расидан ба онро дар назар дорад. Ин усул барои муайян кардани мазмун ва самтҳои асосии фаъолият дар давраи оянда шароит муҳайё месозад.
Нақшагирии тараққиёти иқтисодию иҷтимоии корхона бо роҳи тартиб додани нақшаи соҳибкорӣ ё бизнес-нақша сурат мегирад. Барои дуруст ва асоснок намудани қисматҳои таркибӣ ва нишондиҳандаҳои иқтисодӣ нақши корхона дар шароити бозор боз ҳам мақсаднок ва мушаххас мегардад. Вале нақшагирӣ чун функсияи асосии идоракунӣ бояд ҳатман ба таҳлил ва пешгўии иқтисодӣ такя кунад.
Пешгўиҳои иқтисодӣ як тарзи илмии дар асоси таҳлили иқтисодӣ асоснок намудани вазъи иқтисодӣ буда, нигоҳи амиқу саҳеҳро ба давраи гузашта ва оянда талаб менамоянд. Пешгўӣ, албатта ҳоло нақшаи тайёр нест, вале вай таҳкурсии ҳар як нақшаро ташкил медиҳад.
Дар ҷараёни нақшагирӣ, ки намуди муҳим ва таркибии усулҳои иқтисодӣ ба шумор меравад, дар баробари пешгўиҳои иқтисодӣ, боз усулҳои тавозунӣ, меъёрӣ, таҳлилӣ, ҳисоби тиҷоратӣ, аз ҷумла ҳисоби хоҷагӣ, худкифоӣ ва худмаблағгузорӣ истифода бурда мешаванд.
Дар байни усулҳои иқтисодии идоракунӣ ҳисоби тиҷоратӣ, аз чумла ҳисоби хоҷагӣ, худкифоӣ ва худмаблағгузорӣ мавқеи муҳимро ишғол мекунанд.
Мазмуни асосии ин усули пешбурди фаъолият дар муқоиса намудани даромади корхона бо хароҷоти истеҳсолот ва бар замми ин, ба даст овардани фоидаи кифоя иборат мебошад. Бо ибораи дигар маблағи даромад бояд аз хароҷоти истеҳсолот зиёд бошанд ва корхона ҳатман фоида гирад.
Ҳисоби тиҷоратӣ таъмини афзоиши маблағи фоида ва сатҳи фоиданокии истеҳсолот ва истифодабарии самараноки сармояи асосӣ ва гардонро талаб менамояд.
Дар доираи хисоби тиҷоратӣ механизму фишангҳои зиёд, даромад, арзиши аслии маҳсулот, андоз, молия қарз, худкифоӣ, сармоя ва ғайра истифода мегарданд, ки онҳо мазмуни усулҳои иқтисодиро мукаммал мегадонанд.
Фишангу унсурҳои иқтисодии номбурда хусусиятҳои хоси истифодабарӣ доранд. Масалан, сатҳи арзиши аслии маҳсулотро бо роҳи ҷорӣ намудани технологияи нав, беҳтар намудани вазъи таъминоти моддию техникӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат, сарфаи нерўи корӣ ва такмили фаъолияти самарабахш то андозае паст кардан мумкин аст. Дар бобати маблағгузорӣ бошад, ҷалб намудани сарчашмаҳои гуногуни он, истифодаи оқилонаи қарзи бонкҳо бо шартҳои имтиёзнок аҳамияти муҳим дорад.
Дар шароити бозор пўшонидани андозаи хароҷоти истеҳсолот аз ҳисоби даромадҳо дар натиҷаи ҳар гуна фаъолият, таъмини афзоиши фоидаю фоиданокии корхона ва самарабахш истифода бурдани захираҳои иқтисодӣ муҳим мебошад.
Хусусияти хоси ҳисоби тиҷоратӣ ин мустақилияти иқтисодии корхона аст. Аз ин лиҳоз, дар чорчўбаи ҳисоби тиҷоратӣ шакли нави муносибат дар доираи корхона — ҳисоби хоҷагии дохилиширкатӣ ба миён меояд, ки муносибатҳои иқтисодии зинаҳои поёнии идоракуниро мақсаднок мегардонад. Боиси зикр аст, ки хусусияти ин муносибатҳо аз мавқеи иҷтимоӣ, ҳуқуқи ҳокимият ва тарзу усулҳои идоракунӣ вобаста аст.
Ҳисоби хоҷагии дохилиширкатӣ дар корхонаҳое мавриди истифодаи амалӣ қарор мегирад, ки агар сохтори идоракунии ғайримарказонӣ ва ҳамкории иқтисодӣ зарурати воқеӣ дошта бошад.
Худмаблағгузорӣ принсипи асосии чараёни такрористеҳсоли васеъ Буда, дар доираи он корхона ҳарчи бештар аз ҳисоби фоидаи ба даст овардаи худаш инкишоф меёбад.
Унсури дигари усулҳои иқтисодии идоракунӣ нарх ва низоми нархгузорӣ мебошад.
Нарх ифодаи пулии арзиши мол ва инъикосгари таъсири ҳамаи чабҳаҳои фаъолияти иқтисодии корхона аст.
Сиёсати нарху нархгузорӣ ба молу хадамоти бозор дар алоқамандӣ бо сатҳи харҷи мўътадили истеҳсол ва фурўши онҳо, меъёри зарурии фоида, андозҳо бо назардошти таносуби арза ва тақозо дар бозор, вазъи иҷтимоии аҳолӣ ва даромадҳои буҷети давлатию маҳаллӣ ва дигар омилҳои аҳамияти дохилию берунӣ тарҳрезӣ мешавад.
Яке аз усули иқтисодии идоракунӣ, ки ба таври васеъ эътироф шудааст, ҳавасмандкунии иқтисодӣ мебошад.
Истифодаи ин усули иқтисодии идоракунӣ бо мақсади баланд бардоштани самаранокии фаъолияти меҳнатии кормандон дар ташкили низоми музди меҳнат ва мукофоти пулию маънавӣ зоҳир мегардад.
Ҳавасмандкунии кормандон танҳо дар ҳолате самара мебахшад, ки агар роҳбарияти корхона меҳнати пурмаҳсули кормандони алоҳидаро дар асоси механизми асоснокгардида қадрдонӣ намояд. Яке аз шартҳои амалӣ шудани ҳавасмандкунии иқтисодӣ дар корхона пардохти саривақтии музди меҳнат мебошад.
Музди меҳнати кифоя ва мукофотпулӣ дар якҷоягӣ бо ҳавасмандгардонии маънавӣ фишанги муҳими таъсиррасонӣ барои баланд бардоштани самаранокии меҳнати кормандон мебошад.
Бояд қайд намуд, ки аз нигоҳи моддию маънавӣ ба таври далелнок ва одилона ҳавасмандгардонии кормандон аз рўи натиҷаҳои корашон яке аз талаботи муҳими иқтисоди бозорӣ аст. Аз ин рў, пурра қонеъ намудани ниёзу дархостҳои кормандон имконият медиҳад, ки самараи меҳнати инфиродӣ торафт афзун гардида, ба фаъолияти соҳибкорӣ дар мамлакат заминаи боэътимод гузошта шавад.
Усулҳои маъмурии идоракунӣ
Усулҳои маъмурии идоракунӣ истифодаи маҷмўи роҳу воситаҳои таъсиррасонии роҳбарону менеҷерон ба объекти идорашаванда мебошанд, ки фаъолияти мақсаднок ва мураттаби низоми идоракунии корхонаро танзим месозанд.
Хусусияти хоси усулҳои маъмурӣ ва фарқи асосии онҳо аз усулҳои иқтисодии идоракунӣ дар он зоҳир мегардад, ки тавассути онҳо роҳбарон ба объекти идорашаванда ва рафтори иҷрокунандагон бевосита таъсир мерасонанд.
Дар натиҷаи истифодаи ин усулҳо дар корхона муносибати байни системаҳои идоракунанда ва идорашаванда раванди бебозгашт ва мутташакил касб мекунад. Аз ин лиҳоз, баъзан дар адабиёти иқтисодӣ усулҳои маъмурӣ бо ибораҳои усулҳои ташкилию маъмурӣ ё ташкилию фармоишӣ вомехўранд, ки чандон ғалат нестанд.
Усулҳои маъмурӣ асосан ба зарурати истифодаи ҳокимият ва ҳуқуқи роҳбар такя намуда, дар намуди фармон, қарор, супориши мақоми идоракунӣ ва назорати иҷрои онҳо зоҳир мегарданд. Дар доираи ин усулҳо ҳуқуқ, ўҳдадориҳо ва масъулияти роҳбарону тобеон саҳеҳ муайян гардида, дар низомнома ва ҳуҷҷатҳои расмии корхона сабт меёбанд.
Тафовути назарраси усулҳои маъмурии идоракунӣ дар иҷрои қатъии қарору супоришҳо ифода меёбанд, ки дар таҷриба риоя накардани онҳо аз коҳиш ёфтани тартиботу қоидаҳои идоравӣ дарак медиҳанд. Иҷро кардани фармону супориши маъмурӣ аз ҷониби тобеон ҳатмист, ҳатто дар ҳолатҳое, ки онҳо бар хилофи манфиатҳо бошад.
Усулҳои маъмуриро таъсири ду омили бо ҳам алоқаманд ифода мекунанд:
сохтори ташкилот ва ба низом даровардани системаи идоракунӣ;
таҳия, қабул ва ташкили назорати иҷрои қарорҳои идоракунӣ.
Одатан панҷ унсури таъсиррасонии маъмурӣ, ташкилӣ, фармоишӣ, ҷавобгарии моддӣ ва ҷаримаситонӣ, интизому танбеҳдиҳӣ ва ҷавобгарии маъмурӣ вуҷуд доранд.
Таъсиррасонии ташкилӣ таҳия ва тасдиқ намудани ҳуҷҷатҳои меъёрии дохилиро дар бар мегирад, ки фаъолияти кормандони корхонаро танзим месозад. Ба қатори ин санадҳои меъёрӣ низомномаи корхона, шартномаи байни маъмурияту кормандон, қоидаҳои тартиби фаъолияти меҳнатӣ дар дохили корхона, сохтори ташкилии идоракунӣ, ҷадвали мансабҳо, муқаррарот оиди сохтори корхона, дастурамали вазифаҳои кормандон ва ташкили ҷойҳои корӣ шомиланд. Риояи шарту нуқтаҳои ин ҳуҷҷатҳо барои ҳамаи кормандони корхона ҳатмӣ мебошанд. Кормандоне, ки шартҳои ин санадҳои расмиро воқеан риоя намекунанд ва бо ҳар баҳона аз иҷрои онҳо саркашӣ мекунанд, аз ҷониби роҳбарият ба ҷазои маъмурӣ кашида мешаванд.
Таъсиррасонии фармоишӣ барои ба даст овардани мақсадҳои идоракунӣ, татбиқи амалии санадҳои меъёрии дохилӣ ва дастгирии низоми идоракунӣ бо воситаи танзими мустақими маъмурӣ ба роҳ монда мешавад. Унсурҳои маъмули таъсиррасонии фармоишӣ фармонҳо, қарорҳо, нишондодҳо, дастурамалҳо, санадҳои нақшагирии мақсаднок, ба меъёр даровардани меҳнат, ҳамоҳангсозии фаъолият ва назорати иҷрои қарорҳо мебошанд.
Фармони роҳбари корхона — яке аз шаклҳои таъсиррасонии маъмурӣ мебошад, ки тобеонро барои иҷрои ҳар гуна супоришот дар мўҳлати муайяншуда ўҳдадор месозад. Ин ҳуҷҷати ҳуқуқӣ аз панҷ қисм, яъне муқаррар намудани масъала, тадбирҳо оиди бартараф намудани нуқсонҳо ва ё таъмини танзими маъмурӣ, роҳҳо, иҷрокунандагон, мўҳлати иҷро ва назорати он таркиб ёфтааст.
Дар ҳолати вайрон кардани қонунгузорӣ оиди меҳнат ва ё гуноҳ содир намудани кормандон механизми ҷавобгарии интизомӣ ва танбеҳдиҳӣ истифода мешавад. Сабаби гуноҳ содир намудан, пеш аз ҳама сари вақт иҷро накардани супориш ва ё бо нуқсон иҷро кардани ўҳдадориҳои меҳнатӣ аз ҷониби тобеон аст. Кормандон дар ҳамон ҳолат гунаҳкор шуморида мешаванд, ки амалиёти нодурусташон бо далелҳои ғараздор собит гардад. Агар корманд ўҳдадориҳои меҳнатии худро бо сабабҳои аз худи ў новобаста (набудани шароити мусоиди кори мувофик, наомадани ихтисоси ў ба корҳои супоридашуда ва ғ.) иҷро накунад, пас ўро ҷазо додан раво ва аз рўи адлу инсофи инсонӣ нест. Барои ба ҷавобгарии интизомӣ ҷалб намудани кормандон мавҷудияти се шарт зарур аст: иҷро накардан ва ё бесифат иҷро кардани ўҳдадориҳои меҳнатӣ; амалҳои барқасдона ва ё бефаъолиятии кормандон; вайрон намудани меъёрҳои ҳуқуқӣ бо айби худи кормандон.
Танбеҳдиҳӣ дар корхона аз ҷониби роҳбари он ва дигар шахсони мансабдор, ки дар асоси қонунҳои мавҷуда чунин ваколатро доранд (роҳбарони шўъбаву хадамот, сардорони коргоҳҳо ва ғ.), ба роҳ монда мешавад. Вале ҷои зикр аст, ки аз кор озод кардани корманд комилан ба салоҳияти роҳбари корхона дохил мешавад. Роҳбарони шўъбаву хадамоти корхонаҳо танҳо ба роҳбари корхона дар мавзўи аз кор сабукдўш намудани ин ё он корманд метавонанд таклифу пешниҳод кунанд.
Ҷавобгарии моддӣ ва ҷаримаситонӣ. Агар амалҳои корманд ба фаъолияти корхона ҳисорот ё зарари моддӣ расонад, он гоҳ ў ба ҷазои маъмурӣ ва бо мавҷудияти далелҳои раднашаванда ҳатто ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида мешавад. Одатан ба намудҳои асосии зиёни иқтисодӣ несту нобуд кардани молу амвол ё дуздии онҳо ба манфиатҳои шахсӣ бо гуноҳи корманд; бо мақсадҳои ғаразнок гум кардани ҳуҷҷатҳо ва таҷҳизот ва ғ. дохил мешаванд.
Ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷаримаситонӣ танҳо дар ҳолати аз ҷониби корманд риоя накардани талаботи қоидаҳои ҳуқуқии расман ҷоришудаи маъмурӣ мавриди истифода карор мегирад.
Дар охир бояд зикр намуд, ки истифодаи усулҳои маъмурии идоракунӣ воситаи пурқуввати таъсиррасони барои беҳтар намудани фаъолияти кормандон ва умуман корхона мебошад.
Дар марҳилаи гузариш ба иқтисоди бозорӣ нақши усулҳои маъмурӣ дар корхона то андозае коҳиш ёфт ва баъзан ин усулро зери тозиёнаи танқид мегиранд. Аммо аз хотир хеч гоҳ набояд фаромуш сохт, ки усулҳои иқтисодӣ маҳз дар пайвастагӣ бо усулҳои маъмурӣ самараи хуб хоҳанд дод. Бинобар ин, вазифаи муҳими менеҷерон аз он иборат аст, ки таносуби беҳтарини байни усулҳои иқтисодӣ ва маъмуриро пайдо намуда, дар фаъолияти рўзмарраи худ истифода баранд.
Усулҳои иҷтимоию рўҳии идоракунӣ
Усулҳои иҷтимоию рўҳӣ як тарзи таъсиррасонии роҳбари корхона ба рафтори кормандон бо истифода аз имконоти илми сотсиология ва равоншиносӣ мебошанд. Онҳоро нисбати фаъолияти гурўҳи кормандон ва ё ҳатто корманди алоҳида истифода бурдан мумкин аст.
Усулҳои иҷтимоию рўҳӣ ба ташаккулу тараққии коллективи меҳнатӣ таъсири бевосита мерасонанд. Тавассути онҳо бештар ба шууру маънавиёти кормандон, масоили тарбия ва маданияти иҷтимоиву ахлоқӣ ва динии онҳо таъсир расонидан мумкин аст. Ҳавасмандкунии маънавӣ, ки дар бораи он дар боло сухан гуфта будем, бо тамоми мураккабию нозукиҳои худ аз дигар намудҳои ҳавасмандкунии фаъолияти меҳнатӣ, ба хусус, моддию пулӣ фарқ мекунад. Самараи натиҷавии онро бо ягон ченак андоза намудан душвор аст, вале бидуни шубҳа, истифодаи ин усули таъсиррасони барои тағйир додани рафтори кормандон аҳамияти муҳим дорад.
Усулҳои иҷтимоию рўҳӣ бисёр тарзу услубҳои гуногунеро, ки сотсиология, психологияи меҳнат ва дигар илмҳо асоснок карда баромадаанд, дар бар мегиранд. Ин усулҳоро барои ҳалли як зумра масъалаҳо равона кардан мантиқи солим дорад, ки муҳимтаринашон инҳоянд:
интихоб ва ҷобаҷогузории муносиби кадрҳo вобаста ба тахассус, собиқаи корӣ ва ҳунар;
ташкили оқилонаи ҳайати кормандон;
танзими муносибатҳои байнишахсӣ дар корхона;
баланд бардоштани самараи ҳавасмандкунии фаъолияти меҳнатии кормандон;
боло намудани самараи кори маънавию тарбиявӣ дар корхона;
мустаҳкам намудани интизоми истеҳсолию меҳнатӣ ва иҷрои нақшаҳои тавсибрасида.
Барои ҳалли ин масъалаҳо дар бисёр корхонаҳо сохтор ё гурўҳи корие таъсис дода мешавад, ки дар се самти асосӣ фаъолият менамоянд:
тадқиқи вазъи корхона ва қисматҳои алоҳидаи он, гузориши масъала, гузаронидани мушоҳидаҳо, пурсишномаҳо ва таҳлили иттилооти ғуншуда;
коркарди тавсияҳо доир ба тараққиёти иҷтимоии корхона;
ташкили фаъолияти машваратӣ дар бобати расонидани ёрӣ ба роҳбарон ва омўзонидани кадрҳо.
Усулҳои иҷтимоӣ ба гурўҳи кормандон ва ҳамкории онҳо дар чараёни истеҳсолот, усулҳои рўҳӣ бошанд, ба тағйир додани майлу рафтори кормандони алоҳида нигаронида шудаанд.
Истифодаи усулҳои иҷтимоии идоракунӣ имконият медиҳанд, ки мавқеи корманд дар коллектив муайян гардад ва ҳавасмандгардонии фаъолияти меҳнатии ў дуруст ба роҳ монда шавад.
Кормандонро барои иҷрои вазифаҳои гузошташуда бо роҳҳои ҳавасмандгардонӣ сафарбар мекунанд. Яке аз ин роҳҳо ташкил намудани фазои боварӣ дар коллектив мебошад. Ҳар як коргар бояд аниқ донад, ки меҳнат, сатҳи дониш ва кордонии ў то чӣ андоза барои корхона муҳим аст. Ин ҷо корхонаҳои ҷопонӣ мисол шуда метавонанд, ки дар онҳо ҳисси коллективӣ, ба анъанаҳои миллӣ вафодор будан, қабул намудани қарорҳои дастҷамъона ва иҷрои ҳатмии онҳо сарчашмаҳои асосии фаъолияти гурўҳи кормандон аст.
Ҳамаи масъалаҳое, ки дар боло номбар намудем, барои ташкили фаъолияти пурсамари коллективи мехнатӣ заруранд ва барои ҳалли аксари онҳо аз чунин усулҳои судманд, ба мисли ҳалли вазифаҳои хаттӣ – тест, анкета, пурсишномаҳои мақсаднок ва ғ. истифода бурдан бомаврид мебошад.
Дар баробари шарҳи ин усулҳо, баъзе нуқтаҳоро дида мебароем. Асоси фаъолияти корхонаро кадрҳо ташкил медиҳанд. Аз ин рў, интихоб ва ҷобаҷогузории онҳо яке аз масъалаҳои марказии идоракунӣ мебошад. Барои ҳалли ин масъала аз усулҳое, ки дар боло нишон дода шудаанд, васеъ истифода мекунанд. Масалан, тавассути пурсиш ва мусоҳибаҳои мавзўӣ маълумоти заруриро оиди номзадҳо гирд меоваранд, ки дар умури кадрҳо лозим аст. Барои ҷамъоварии иттилооти иҷтимоию рўҳӣ анкетаю тестҳо нақши муҳим мебозанд, гарчанде онҳо ҳамчун унсурҳои муҳими психологияи иҷтимоӣ аз ҳам фарқ мекунанд. Агар дар анкета фақат саволҳои беҷавоб ҷой дода шавад, пас дар тест савол ва якчанд варианти ҷавоб оварда мешаванд, ки ҷавоби дуруст аз байни онҳо интихоб карда мешавад.
Самараи истифодаи анкета ва тест аз чӣ иборат аст. Онҳо имконият медиҳанд, ки қобилияти инфиродии кормандон, шавқу рағбати онҳо, шахсияту маҳорати ҳар як корманд муайян карда шавад. Дар омади сухан, масалан, корманде, ки сўҳбату муносибати самимона карда наметавонаду дилтанг аст (аз назари илми психология онҳоро меланхолик меноманд), бешубҳа бо дигар шахсон кор карда наметавонад. Аз ин рў, шахсони меланхоликро барои тиҷорати маҳсулот ба роҳи дур фиристодан, шояд самараи хуб ҳам надиҳад. Дар баробари ин, боз шахсони хунсарду бепарво аз ўҳдаи хазинадорӣ намебароянд.
Шахси зиндадилу шўх (сангвиник) одатан менеҷери хуб шуда метавонад, бояд дар ҳолатҳои ҳаётӣ ба риояи се шарти муҳим такя кунад:
ҳавасмандона, самимона ва бодиққат гўш додан ба суханони ҳамсўҳбаташ;
додани саволҳои бомаънӣ ва аз гуфторҳои бемағзу пуч худдорӣ намудан;
аз ҳамфикрии коллективона бемақсад ё ноустувор худро ба канор гирифтан.
Усулҳои иҷтимоию рўҳӣ аз ҷониби менеҷерҳои корхонаҳои гуногун барои интихоб ва ба кор ҷалб кардани ҳайати кормандон, идоракунии гурўҳҳои расмию ғайрирасмӣ ва бартараф намудани низоъҳои дохилии корхона васеъ истифода карда мешаванд. Донистани моҳият ва хусусияти хоси ин усулҳо ва дар амал истифода бурда тавонистани онҳо, яке аз талаботи зарурӣ дар фаъолияти роҳбар аст, чунки психологияи иҷтимоӣ дар коллектив имконияти истифода намудани меъёрҳои рафториро ба роҳ мемонад.
Хуллас, таҷрибаи идоракунии корхонаҳои Ҷопон ва як қатор давлатҳои тараққикардаи ҷаҳон шаҳодат медиҳанд, ки дар заминаи тадқиқотҳои илмию озмоишӣ моҳирона истифода бурдани усулҳои иҷтимоию рўҳӣ самараи хуб медиҳад.
[1] Бобосодиќова Г.Б., Дустов Б. Асосњои менељмент. Душанбе, 2008. с. 21.