Равандҳои такмилдиҳии усулҳои идоракунии корхона

КОРКАРДИ СТРАТЕГИЯИ ТАРАҚҚИЁТИ КОРХОНА.

Дар шароити низоми хоҷагидории бозаргонӣ ҳар як корхона ба бозор мустақилона ворид мешавад ва ба шароити рақобати бозор танҳо корхонае тоб меорад, ки барои фурўши моли худ шароити муносибро фароҳам меорад. Аз ин рў, ҳар як корхонаро зарур аст, ки вобаста ба талаботи бозор роҳи худии тараққиёташро ҷўяд. Ба тарзи дигар баён кунем, барои он, ки корхона рушду равнақ ёбад, шаклҳои нави истифодаи сармоя, технологияҳои нави аз ҷиҳати иқтисодӣ самаранокро бояд ҷустуҷў намояд. Амалӣ кардани ин сиёсатро метавон шартан бо формулан «донистан – имкон доштан – хостан -тавонистан – тез иҷро кардан» ифода кард.[1] Ин пайваста коркарди стратегияи тараққиёти ҳар як корхонаро тақозо мекунад.

Стратегия мақсадгузорӣ ва коркарди сиёсати мувофиқи ба дастоварии ин мақсадҳоро фаро мегирад. Вай бояд ба саволҳои зерин ҷавобгў бошад:

Чиро, чӣ қадар ва бо кадом сифат бояд истеҳсол намуд?
Дар кадом бозорҳо ва чӣ тавр бояд фаъолият кард?
Кадом амалиётҳоро, чӣ тавр ва дар навбати аввал бояд иҷро намуд?
Стратегияи иқтисодӣ бояд ба хусусияти пешгузарандагӣ мувофикат кунад. Унсурҳои таркибии стратегияи тараққиёти корхона гуфта сиёсати молию нархгузорӣ, камкунии хароҷотҳои истеҳсолию фурўш, фаъолияти корхонаро мефаҳманд. Ба амал баровардани стратегия афзоиши иқтидори иқтисодии корхона, баланд бардоштани ба рақобат тобоварии маҳсулоти корхонаро бояд таъмин созад.

Барои интихоби вазифаҳои асосии инкишофи корхона дар аввал мебояд таҳлили имкониятҳои асосии тараққиёти корхона ва ояндадории он ба амал бароварда шавад. Ин таҳлил дар навбати худ, таҳлили микромуҳит ва макромуҳитро дар ҳолати интихоби вазифаҳои асосии инкишофи корхона дар бар мегирад.[2]

Таҳлили микромуҳит- омўзиш ва таҳқиқи чунин омилҳоро дар бар мегирад:
имкониятҳои бозорӣ;
сохтори соҳаи фаъолияте, ки корхона интихоб намудааст;
баҳодиҳии хусусиятҳои бозор;
баҳодиҳии фоиданокии бозор;
баҳодиҳии воситаҳои технологии амалигардонии мақсади стратегии корхона;
баҳодиҳии муҳити иқтисодии бозор.
Таҳлили макромуҳит – омўзиш ва тадқиқи чунин омилҳоро дар бар мегирад:
ҷанбаҳои макроиқтисодӣ;
бозорҳои якҷояшуда, муттаҳидшуда;
баҳодиҳии вазъи сармоягузорӣ;
бозори қувваи корӣ;
бозори захираҳо.
Баъд аз чунин таҳлили имкониятҳои асосии тараққиёти корхона ва ояндадории он, баҳодиҳии натиҷаҳои имконоти амалигардонии вазифаҳои асосии инкишоф бо назардошти ояндадории корхона, гузаронида мешавад.

Ҳамин тариқ, муқаррар намудани вазъи иқтисодӣ ва дараҷаи ривоҷи корхона имкон медиҳад, ки коркарди стратегияи тараққиёти он бо назардошти ояндадории фаъолияти соҳибкориаш ва баҳои дурнамои он сурат гирад, то корхона сатҳи зарурии рақобат тобовариро соҳиб шавад.

Таҳияи стратегияи тараққиёт аз ду кисмат таркиб меёбад: аз як тараф, баҳодиҳӣ ва таҳлили ояндадории фаъолияти корхона, аз тарафи дигар, аниқ, намудани омилҳои инкишофи корхона. Дар ин ҳолат, корхонаро лозим аст, ки аз нуқтаи назари чигунагии сатҳи таъмини рушди дарозмуддати иктисодии дирўзаву оянда стратегияи худро коркард намояд.

Омили муҳиме, ки дар интихоби стратегияи тараққиёти корхона таъсири амиқ дорад, муҳити фаъолияти он мебошад. Муҳити фаъолияти корхона, ки бевосита вазъи соҳибкориро муайян менамояд, маҷмўи як қатор маҳдудиятҳо ва ҳамзамон имкониятҳои инкишофи корхонаро ифода мекунад. Масалан, тақозои истеъмолкунандагон ва хусусияти муҳити беруна ба имконоти ба даст оварданн ҳачми нақшавии фоида ё фурўш таъсири бевосита дорад. Ё худ, хоҳиши густариши молиявию захиравии он метавонад амалӣ нашавад. Хусусияти хоси муҳити соқибкорӣ дар он аст, ки вай ҳеҷ гоҳ муътадил нест ва доимо дар ҳаракат аст. Аз ин рў, лозим аст, ки корхона бояд на танҳо муҳити «зисти» худро донад, балки вазъу тамоюлоти инкишофи дигаронро дар раванди фаъолияти худ ба назар бигирад. Бинобар ҳамин инкишофи фаъолияти корхона ба шиддати рақобати бозор ва омилҳои беруна вобастагии зич дорад, зеро корхонае, ки муҳити соҳибкории худро намедонаду ба тағйиротҳои он зуд мутобиқ намешавад рў ба муфлисшавӣ меорад. Интихоби стратегияи корхона тақозо мекунад, ки муҳити беруна дар ду ҷанба мушоҳида карда шавад: муҳити умумӣ ва муҳити муайян.

Муҳити умумӣ ба фаъолияти умумии корхона дахл намуда, вазъияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқии мамлакат, вазъи инкишофи илмӣ-технологиро фаро мегирад. Таъсири мақроиқтисодиётро ба воситаи чунин унсурҳои он мисли хусусият ва дараҷаи шуғл, тарози пардохти мамлакат, меъёри фоизи қарзи бонкӣ, хусусияти инкишофи иқтисодӣ мушоҳида кардан мумкии аст.

Хусусият ва дараҷаи шуғл ҳамчун унсури макроиқтисодӣ дар раванди инкишофи худ хусусияти ихтилофомез дорад. Мавҷудияти бекорӣ дар мамлакат барои корхона гуё муфид аст, зеро бо нархи арзон метавонад қувваи корӣ киро кунад. Аммо аз тарафи дигар, чӣ қадар сатҳи бекорӣ зиёд бошад, қобилияти харидорӣ ҳамон қадар паст шуда масъалаи фурўши маҳсулот пеш меояд.

Тавварум (Инфлятсия). Пеш аз ҳама ин падидаи иқтисодӣ ба иштирокчиёни истеҳсолоти ҷамъиятӣ ва табақаҳои гуногуни ҷамъият таъсири ҳархела мерасонад.

Масалан, дар раванди тавварум қарздорон бурд карда қарздодагон зарар мебинанд. Ба нақшагирии молиявӣ аз сабаби номуайянии нархҳои оянда, ва низ ивазкунии таҷҳизот бо хароҷотҳои афзоянда мураккаб мешаванд.

Андозбандӣ – ин категорияи ихтилофангез аст. Аз як тараф пардохти андозҳо (новобаста аз бузургии онҳо) ба камшавии қисмати тақсимшавандаи фоида ва баландшавии нархи маҳсулот меорад. Аммо аз тарафи дигар пардохти андозҳо ба беҳбудии вазъи иҷтимоии меҳнаткашон мусоидат намуда (соҳаи маориф, тандурустӣ, фарҳанг) болоравии тақозои бозориро ба молу хадамот як андоза таъмин мекунад. Ҳамчунин, андозбандии имтиёзнокро истифода карда, корхона метавонад ба технологияи нав рў орад.

Рушди иқтисодӣ – на танҳо дар афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба ҳар сари аҳолӣ, балки дар пайдоиши молу хадамоти нав ифода меёбад. Дар амал ин ҳол ба пайдоиши корхонаҳои нав ва роҳҳои навини инкишофи онҳо оварда мерасонад.

Аз гуфтаҳои дар боло зикр карда шуда, қайд кардан мумкин аст, ки унсурҳои зикршудаи макроиқтисодӣ дар робитаи мутақобилаи байниҳамдигарӣ иқтисодиётро равнақу густариш медиҳад.

Ҳамчунин корхона дар муҳити ҳуқуқие фаъолият менамояд, ки қоидаҳои умумиии бозиро барои иштиркочиёни муносибатҳои бозорӣ муқаррар менамояд. Аз ин хотир пеш аз бунёди корхона ё табдили соҳаи фаъолияти соҳибкории он лозим аст, ки ҳуқуқ, ўҳдадорӣ ва масъулиятҳои ба раванди хоҷагидории истеҳсолӣ пайдошавандаро аниқ омўхта қарор қабул карда шавад.

Муҳити сиёсӣ – одатан ба вазъи сармоягузорӣ таъсири назаррас дорад. Масалан сиёсати давлатии робитаҳои иқтисодии хориҷии ин ё он соҳаи фаъолият ва хусусияти фаъолияти корхона таъсири мусбӣ ё манфӣ дошта метавонад.

Муҳити муайян унсурҳоеро фаро мегирад, ки бевосита ба фаъолияти корхона, ба қарорҳои он оиди баромадан ба бозор таъсир мерасонанд: таъминкунандагони ашёи хому масолеҳ, таҷҳизот, истеъмолкунандагони молу хадамоти корхона, сохторҳои молиявӣ, рақибон ва ғайра.

[1] Комилов С.Ҷ., Низомова Т.Д. Иқтисоди корхона. Душанбе, 2001. с.

[2] Комилов С.Ҷ., Низомова Т.Д. Иқтисоди корхона. Душанбе, 2001. с.

#

О L-BRO Admin

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.