Истифодаи мотиватсия дар фаъолгардонии фаъолияти идоракунӣ

Истифодаи мотиватсия дар фаъолгардонии фаъолияти идоракунӣ

Барои боз ҳам самаранок идора кардани ҳайати кормандон дар корхона солҳои охир ангезаҳои кормандонро васеъ истифода мебаранд, чунки он кормандонро барои ба натиҷаҳои баланд ноил шудан ҳавасманд мекунад.

Ангеза (мотиватсия) – ин ҷараёни водорнамоии худ ва дигарон ба фаъолият барои расидан ба мақсадҳои шахсӣ ё мақсадҳои корхона мебошад. Ангеза – омили ҳалкунандаи муваффақияти идоракунии кадрҳо ба шумор меравад. Одамони мўътабари дар тамоми ҷаҳон эътирофшуда қайд мекунанд, ки, «Амалиётҳои хоҷагидориро дар ниҳояти кор бо се калима ишора кардан мумкин аст, одамон, маҳсулот, фоида. Дар ҷои аввал одамон меистанд. Агар мо кормандони бомаҳорат надошта бошем, он гоҳ аз аз дигар омилҳои боқимонда ҳеҷ кор карда наметавонем» (Л. Яккока)[1]. «Вақте ки мо ҳайати кормандони омодакардашуда, бомаҳорат дошта бошем, он гоҳ қадами ояндаи мо бояд ҳавасманд кардани қобилиятҳои онҳо бошад» (А. Морита).[2]

Чӣ тавр одамонро хуб, бовиҷдонона, эҷодкорона кор кардан водор намудан мумкин аст, чӣ тавр қобилияти онҳоро зиёд кардан ва барои мақсадҳои корхона ноил шудан равона кардан мумкин аст, чӣ тавр онҳоро ҳавасманд кардан мумкин аст. Ин гуна саволҳо ҳамеша дар назди роҳбар меистанд ва ў бояд ангезаи кормандони худро баланд бардошта тавонад.

Барои баланд бардоштани ангезаҳои кормандон олимон С. Викерстаф ва В. Герчиков пешниҳод менамоянд, ки аз маълумотҳои нақшаи зерин истифода карда шавад, ки дар он маълумотҳо дар бораи афзалияти ин ё он намуди далелнокӣ аз тарафи гурўҳҳои гуногуни кормандони идоракунӣ ифода ёфтаанд.

 

 

Ҷадвали 4

Сохтори далелнокӣ[3]

Роҳбарон Мутахассисон Кормандон
1 Маош ва мукофот Пешравӣ дар вазифа Маош ва мукофот
2 Пешравӣ дар вазифа Маош ва мукофот Пешравӣ дар вазифа
3 Обрў Вазифаҳои мушкил Мустақилият
4 Ифтихор Ихтисоси нав Эҳтиром
5 Вазифаҳои мушкил Мустақилият Бехатарии меҳнат

 

Тадқиқотҳои гузаронидашуда муайян кардаанд, ки қонеъгардонии кормандон бо шароитҳои меҳнатии моддӣ (музди меҳнат, ҷубронпулӣ ва ғайраҳо) на ҳама вақт ба баландбардории ҳосилнокии меҳнат оварда мерасонад. Таҷриба нишон медиҳад, ки аз ҳама бештар омили ҳавасмандкунандаи самаранок ин мувофиқати кори иҷрошаванда ба талаботҳои инсон, ба эътирофи ў ҳамчун шахсият ва имконияти худифодакунӣ мебошад.

Чунин вазъият роҳбаронро маҷбур мекунад, ки на ба усулҳои маъмурии идоракунӣ ва ҳавасмандкунии моддӣ, балки ба ангезаи меҳнат бештар аҳамият зоҳир намоянд.

Ангезаи меҳнат – ҳамчун қисми таркибии идоракунӣ ба ҳайси ҳавасмандӣ ба талаботи рўзмарра ва касбии коргари мушаххасе, ки дар системаи идоракунӣ иштирок мекунад, равона карда шудааст. Ҳамин тариқ, ҳавасмандкунӣ хислати фардии худро пайдо мекунад.  Ҳавасмандкунии фардӣ ва табдил додани он ба ангезаи меҳнат, барои инкишоф ва истифодабарии сифатҳои қобилияти пурарзиши коргар, ки асоси касбии ўро ташкил мекунад, мақсади асосии соҳибкорон гардид.

Ангезаи меҳнат – ин яке аз функсияҳои асосии идоракунӣ мебошад, ки ҳавасмандкунии коргар ё гурўҳи коргаронро ба фаъолият оид ба ноил шудан ба мақсадҳои корхона ба воситаи қонеъгардонии талаботҳои шахсии худ ифода меёбад.

Фишангҳои асосии ангеза – ин омил ва далел (стимул ва мотив) мебошад.

Баландбардории самаранокии идораи ҳайат аз ҳисоби истифодаи чунин омилҳо комёб мегардад, ба монанди:

– ташкили хуби ҷойҳои корӣ;

– банақшагирӣ ва истифодабарии оқилонаи майдонҳои истеҳсолӣ;

– мунтазам азнавтайёркунӣ ва баландбардории ихтисоси кормандон;

– таъмини устувори шуғл;

– коркард ва баамалбарории барномаҳои гуногуни иҷтимоӣ.

Вазифаи роҳбар дар ҳолати истифодабарии ангезаҳои иқтисодӣ метавонад аз коркарди  нақшаи  мукофотдиҳии  пардохтҳо барои ҳосилнокӣ, системаи музди кори корбайъ ё созишномаҳои меҳнатӣ иборат бошад.

Ин вазифа осон нест, чунки вазъият дар ҳар корхона нодир мебошад ва аз ин ҷо системаи мукофотдиҳии он бояд дар ҳар ҳолат нодир бошад. Он аз хусусияти ҳайат низ вобастагӣ дорад.

Тадқикотҳое, ки дар корхона гузаронида шуд, нишон доданд, ки 8% – и  одамон намехоҳанд дар ягон ҳолат кор кунанд, 36% – и кормандон ҳангоми шавқовар будани кор меҳнат мекунанд,  14% – барои гузаронидани вақт кор мекунанд,  30% – и кормандон барои гум накардани қобилият меҳнат мекунанд ва танҳо 12% – и кормандони корхона барои он, ки кори онҳо хурсандӣ меорад, кору фаъолият мекунанд.[4]

Барои бо одамон самаранок идора кардан, имконияти ангезаҳои меҳнатро истифода намудан  роҳбарияти корхона бояд ба қадри имкон тасаввур намояд, ки зердастон чӣ мехоҳанд ё намехоҳанд, далелҳои беруна ё дохилии рафтори онҳоро пешбинӣ намояд ва чӣ тавр ба рафтори онҳо таъсир расонидан мумкин аст.

Дар навбати худ қайд кардан лозим аст, ки байни далелнокӣ ва натиҷаи ниҳоии фаъолияти кормандон алоқаи ҳаммаъно вуҷуд надорад, чунки дар ин ҷо бисёр омилҳои ногаҳонӣ ва субъективӣ халалдор мешаванд, ба монанди қобилияти одам, ҳолати руҳӣ, дарки вазъият, хоҳиш, масъулият ва ғайраҳо.

Ҳангоми истифодаи ангезаҳои меҳнатӣ аз коллективи меҳнатӣ – баландбардории ҳосилнокии меҳнат, сифати баланди корҳо, иҷроиши саривақти вазифаҳо, интизоми истеҳсолӣ, ҷавобгарии моддӣ ва маънавӣ барои иҷроиши натиҷаҳои меҳнатӣ ва ғайраҳо талаб карда мешавад. Дар навбати худ роҳбарияти корхона бояд таъмини кор ва пешгирии оммавии аз кор озод намудан, ҳавасмандгардони моддии коргарон ва зиёдкунии музди меҳнат мувофиқи баланд шудани нарху наво, кўмакпулиҳои иҷтимоӣ ҳангоми корношоямии мувақатӣ ва гум кардани кор таъмин карда шавад.

Масалан корхонаҳои ҷопонӣ барои истифодаи ангезаҳои меҳнатӣ на танҳо хислатҳои зердастони худро меомўзанд, балки хусусиятҳои маънавии онҳоро барои шиддатнокии меҳнат истифода мебаранд, ки дар навбати худ бартарияти худро нишон дода, ҳавасмандии шахсиро дар муваффақиятҳои ҳар як аъзои гурўҳ нишон медиҳад. Аз ин гуфтаҳо бармеояд, ки вазифаи асосии менеҷери ҷопонӣ на қобилияти маҷбурсозии зердастон пурсамар кор кардан, балки нигаронидани фаъолияти онҳо ба самти лозима бо усулҳои ноайёни таъсиррасонӣ мебошад.

Умуман гирем, ангезаи меҳнат ҳамчун фаъолияти идоракуние мебошад, ки барои фаъолгардонии коргарон равона карда шудааст. Истифодаи ангезаҳои меҳнат аз имкониятҳои дар ихтиёри корхона мавҷудбуда вобастагии калон дорад.

 

 

[1] Самыгин С.И. Менеджмент персонала. Ростов н / Д: 1997. стр. 143.

[2] Самыгин С.И. Менеджмент персонала. Ростов н / Д: 1997. стр. 143.

[3] Бобосодиќова Г.Б., Дустов Б. Асосњои менељмент. Душанбе, 2008. с. 35.

[4] Пурсиши иљтимої

0 Загрузки

О L-BRO Admin

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.