Телефони мобилӣ ва саломатӣ

Телефони мобилӣ ва саломатӣ

Замони муосир дар масири вақт ва таҳаввулоти моддию технологӣ барои инсони ҷомеаи модерн имкону шароити мусоидро барои амалӣ сохтани ниёзҳояш фароҳам овардааст. Навгониҳое, ки як замон барои инсоният аз орзую ҳавас беш чизе набуданд, имрӯз ҳукми воқеӣ доранд ва бо зиндагии ҳамарӯза иртиботи ногусастание пайдо кардаанд. Мегирем телефони мобилиро, ки зодаи анҷоми асри 20 ва ибтидои қарни бисту як аст.

Имрӯз раванди «телефонизатсия», ё худ иртибот тариқи телефонҳои ҳамроҳ (мобилӣ) чунон босуръат аст, ки баъзан аз навовариҳои соҳа бехабар мемонем. Ҳадаф аз баррасии ин мавзуъ таҳаввулоти техникӣ дар самти рушди шабакаи ҷаҳонии алоқа нест. Ин паҳлӯи масъала, яъне рушд ба манфиати инсоният аст, аммо ҳар як ихтироъ, ҳар як навгонӣ ду паҳлӯ дорад.Яке ба суду дигаре бар зиёнашон.

Олимон,мутахассисони соҳоти гуногун баробари корбурди технологияи навин ҷанбаҳои мухталифи онро ба руҳу равони одамон, вазъи саломатӣ ва амнияти арзишҳои сиёсӣ ва миллии ҷомеа мавриди таҳқиқ қарор медиҳанд. Чанд соли охир атрофи истифодаи телефонҳои мобилӣ пажӯҳишҳои мухталиф анҷом пазируфтанд ва ин равандбоз идома дорад. Дар натиҷа аксар ба як далел муъдамад гаштаанд, ки истифодаи телефонҳои мобилӣ ба инсон зарар ҳам мерасонад.

Телефон ва кӯдакон

Олимони физик ин даъворо бо овардани далелҳои илмӣ муътамад меҳисобанд, яъне технологияи алоқавии муосири мобилӣ, ки дар асоси фаъол будани нурҳоиултрабунафшӣ ва дигар унсурҳои фаъоли физикӣ кор мекунанд, ҳатман ҳангоми истифодаашон ба узвҳои шунавоӣ, асаб, дил ва ғайра таъсири худро хоҳанд расонд. Ҳангоми аз меъёр зиёд истифода бурдани телефонҳои мобилӣ низоми муқаррарии фаъолияти узвҳои инсон халал меёбанд. Ин гуна таъсири манфӣ ба кӯдакону наврасон бештар мерасад. Ҳатто табибони бавлияшинос ( урологҳо) мегӯянд, ки аз меъёр зиёд истифода бурдани телефонҳои мобилӣ бештар ба писарбачаҳо зарар дорад ва хатари безурёд кардани онҳоро зиёд мекунад. Албата ин андешаҳо дар заминаи пажуҳишҳои ҷиддӣ пайдо шудаанд. Аз ин рӯ таъкид ба волидон муҳим аст, ки баробари ба фарзандон харидани телефонҳои мобилӣ реҷаи истифода ва меъёри муоширатро пайваста назорат кунанд.

Телефон ва занон

Аз натиҷаи пажуҳиш ва мушоҳидаи олимони соҳа бармеояд, ки истифодаи пайвастаи телефони мобилӣ ба занон ҳам таъсири бад мерасонад. Ин даъво аз он нигоҳ аст, ки бунияи занҳо дар қиёс бо мардҳо заифтар буда, тезтар дучори таъсирҳои бад буда метавонад. Вақтенобаҳангом гирифтори дарди гӯш, дарди сар, номураттабии кори дил ва ё харобшавии асабҳо мешавем, сабабҳояшро меҷӯем. Ташхису тавсияҳои табибонро мегузарем ва умед ба шифоёбӣ мекунем, аммо ба гӯшаи хаёламон ҳам намеояд, ки дар бисёр маврид сабаби пайдо шудани иллати узвҳои бадан телефони мобилӣ аст. Ҳангоми табобат ва ё истироҳати тавсияшуда боз бештар аз телефони мобилӣ истифода мебарем. Пас аз қабули доруворӣ ва дигар тавсияҳои духтурон гӯиё табобат меёбем, аммо муваққатан. Бо гузашти муддатебоз ҳамон ноҷӯриҳо пайдо мешаванду санги маломатро ба сари духтурону доруҳои фармудаашон мерезем. Бехабар аз он, ки табобату шифоёбӣ дар дасти худамон аст. Табибон ва мутахассисонистифодаи зиёди телефони мобилиро бахусус барои занони ҳомила тавсия намедиҳанд. Мутобиқи ташхису мушоҳидаҳои эшон телефонҳои мобилӣ ба занони ҳомила зарари ҷиддӣ дорад. Вақте як зани ҳомила соатҳо дар хона тариқи телефони мобилӣ бо наздикон, дугонаҳо ва дигарон сӯҳбат мекунад, тифли батнаш осеби ҷиддӣ мебинад. Ҷараёни инкишофи ҷанин дар батни зан суст мегардад ва эҳтимолияти гирифтории тифл ба бемориҳоигуногун зиёд мешавад. Ба андешаи мутахассисон телефони мобилӣ пеш аз ҳама ба узвҳои асосии тифл: дил, асаб, гурда, чашм ва гӯш таъсири бад мерасонад. Ҳолатҳои дар реҷаи фаъол мондани телефон ва бо худ гирифта хоб кардани он (дар ҷайби халатҳо,пижамаҳо ва ғайра) миёни занҳо зиёдмушоҳида мешавад, ки ин ҳам хатари носолим сохтани организмро зиёд мекунад. Тариқи телефони мобилӣ гӯш кардани мусиқӣ, истифодаи шабакаи интернет, тамошои роликҳо ва ғайра имрӯз хеле маъмул гаштааст ва иншояд бад нест, аммоба «анъанаи мудерн» табдил ёфтанаш хатарнок аст. Зеро ҷомеа аллакай ба паёмадҳои нохуши он рӯ ба рӯ шуда истодааст.

 

Зарари телефон бо буҷети оила ва насли оянда

Боз ҳам хатарноктар аст, агар мо ба кӯдакон телефонҳои мобилиро дастрас мекунем ва ҳатто имкони вақти зиёд аз он истифода бурданро фароҳам меорем. Баъзан ё хеле зиёд кудакон телефони мобилӣ дар бари гӯш бо падар ё холаю амма ва ё бародарудигар ақработӯлонӣ гап мезананд ва мо монеи ин рафтори онҳо намешавем. Баръакс,модарон ва падарон маҷбурашон мекунанд, ки бо телефон бо ин ё он шахси наздикашон суҳбат кунанд. Ин ҷо фарҳанги истифодаи телефони мобилӣ пеши рӯ меояд, ки то кадом андозааз он бархурдор ҳастем. Хатари дигаре, ки мо аз он сарфи назар мекунем, ин танзими буҷети оила аст, яъне масъалаи моддӣ. Хоҳу нохоҳ вақтебарои ҳама фарзандон телефон мехарем, масъалаи пардохтимаблағи хизматрасониҳояш ва истифодаи шабакаи интернет ба миён меояд. Моҳе чунон маблағе сарф мекунем, ки ҳоҷат ба баёнаш нест. Пас, ин паҳлӯи масъала ҳам нигаронкунанда аст ва фарҳанги вижаи истифодаи телефонро тақозо мекунад. Танзими ин мушкил ба зимаи волидон вогузор аст. Ва агар мехохем, ки аз бемориҳо ва хароҷоти барзиёд эмин бошем, низоми зарурии истифодаи телефони мобилӣ бояд риоя шавад.

Таваҷҷӯҳи мардум ба воситаҳои ҳозиразамони алоқа ва мухобирот, аз он ҷумла мавҷгирҳо интернет, расонаҳои электронӣ ва махсусан, телефонҳои мобилӣ бо суръати баланд афзудааст. Яке аз омилҳое, ки ба организми инсон таъсири манфӣ мерасонад, ин истифодабарии телефони мобилӣ мебошад. Дар вақти нурафшонии телефони мобилӣ майдони электромагнитӣ пайдо шуда, ба саломатии инсон таъсири манфӣ мерасонад.

Яъне, таъсири он ба бофтаҳои мағзи сар, пардаи чашм, гӯш, узвҳои ғадуди дохила хеле зиёд буда, боиси заъфи хотира, хурӯҷи дарди сар, коҳиш ёфтани имконияти узви шунавоӣ гардида, зарараш ба занони ҳомиладор ва кӯдакон бештар буда, оқибатҳои нохуш дорад. Боиси хурӯҷи бемориҳои гуногун, аз ҷумла саратони мағзи сар мегардад.

Дар ҳоли ҳозир далелҳои асосноку баҳснопазир ба даст омадаанд. Солҳои охир олимон доир ба ин масъала таҳқиқоти бунёдӣ анҷом доданд, ҳазорҳо нафар аз кишварҳои зиёд мавриди назарпурсӣ қарор гирифтанд. Ба таври хеле дақиқ зиндагии онҳо, суръати истифодаи алоқаи мобилӣ аз тарафи онҳо вазъи саломатии онҳо мавриди таҳлил қарор дода шуда, чунин натиҷагирӣ карда шуд: дар миёни муштариёне, ки дар муддати даҳ сол аз алоқаи мобилӣ истифода мебаранд, ҳолатҳои зерин мушоҳида карда мешавад: дар 39 фоиз хавфи бемории омоси саратони мағзи сар зиёд шудааст, дар 50 фоиз эҳтимоли рух додани бемории омоси ғадудҳои оби даҳон меафзояд;

Натиҷаи аз ин хавфноктарро рағбати кӯдакон ба техникаи мобилӣ ба бор оварда метавонад. Бинобар ин ба кӯдакон зуд – зуд истифода намудани алоқаи мобилиро манъ бояд кард, чунин ақида дорад директори барномаи таҳқиқоти мазкур Элизабет Кардис.

Организми кӯдак ба қабули нурҳои электромагнитӣ бештар ҳассос аст. Ба ин нигоҳ накарда волидони “ғамхори” мо кӯдаконро хеле бармаҳал бо телефонҳои мобилӣ таъмин менамоянд. Онҳо пай намебаранд, ки истифодаи мунтазами телефони мобилӣ аз ҷониби мактаббачагони 8 – 12 сола то синни 21 – солагӣ хавфи ба вуҷуд омадани омосҳои саратони мағзи сарро то 5 баробар афзоиш медиҳад.

Маданияти истифодаи телефонҳои мобилӣ. Онро дар вақтҳои зарурӣ истифода бурдан лозим аст. Дар робита ба пешгирӣ намудани ҳодисаҳои номатлуб муҳаққиқон чанд маслиҳати оддӣ, вале самарабахшро баён менамоянд: бештар аз васоити ноқилдори мобилӣ (гарнитур) бояд истифода кард, зеро зарари гӯшакҳо (наушник) нисбат ба антенае, ки дар дохили телефон ҷойгир аст, камтар мебошад.

Телефонро набояд дар кисаи даруни костюм ва курта, ки ба дил наздик мебошад, гузошт ва (хусусан мардон) набояд онро дар миёнбандашон маҳкам намоянд. Беҳтар аст телефон дар ҷувздон ва портфел гузошта шавад. Баъзеҳо ҳангоми хобу истироҳат телефони мобилиро паҳлӯи худ қариб, ки дар паҳлӯи болишт мегузоранд, ки комилан нодуруст аст. Беҳтар мебуд, ки телефон дар масофаи тақрибан як метр аз узвҳои муҳими организм дур воқеъ гардад.

Албатта, дастовардҳои техникӣ мушкили инсонро осон мегардонанд, вале зарару таъсироти манфии онҳоро донис-тан ва аз онҳо худро эмин доштан нишонаи хирадмандӣ хоҳад буд.

0 Загрузки

О L-BRO Admin

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.