Тарбияи ватанпарастии чавонон: идеология, андешаи милли, баъзе омилхо, афзалиятхои чомеа

Тарбияи ватанпарастии насли наврас яке аз масъалаҳои мушкил ва муҳимтарин ва мубрами ҷомеа ба шумор рафта, муваффақшавӣ ба ҳадафҳои он ба омилҳои зиёд вобаста аст. Дарки онҳо натанҳо вазифаи сохторҳои давлатӣ ва ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, балки вазифаи ҳар як шаҳрванди ватанпарасти кишвар ҳам мебошад. Роҳу восита ва усулҳои ин кор натанҳо аз вазифаҳои имрӯзаи сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ, инчунин дурнамои таҳкими давлати соҳибистиқлоли демократӣ ва рушди миллии он низ вобаста мебошад. Дар ин ҷода бояд ҳам таҷрибаи таърихӣ, ҳам махсусиятҳои имрӯзаи соҳибистиқлол будани Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳам омилҳои пурхатари замон ва ҳаёти ҷамъиятии кишвар ба назари эътибор гирифта шаванд. Самаранокии ин кор ба назар гирифтани шароити таърихӣ, зарурати идеологияи давлат, андешаи миллӣ, омилҳои тарбия ва афзалиятҳои давлат ва ҷомеаи Тоҷикистонро бар ҷомеаи пешин, ки ҶШС Тоҷикистон дар тули 70 сол дар ҳайати он буд, талаб менамояд.

Шароити таърихии пешин ва имрӯз барои тарбияи ватанпарастии ҷавонон

Пӯшида нест, ки дар ҶШС Тоҷикистон ва на танҳо дар ин ҷумҳурии шӯравӣ, мафҳуми “муҳаббат ба ватан” дар мазмуни аслиаш ҳанӯз дар замони шӯравӣ коҳиш ёфта буд. Ватанпарастӣ аслан дар маънии “Ватанам СССР, гулшанам СССР” тарғиб карда мешуд ва Тоҷикистон гӯё, ки зери ин мафҳум ба хотири фаромӯшӣ дода шуда буд. Дар соҳаҳои дигари ҳаёти ин ҷумҳурии Шӯравӣ низ ҳамин ҳолат ба назар мерасид. Масалан, маънавиёти миллии мо, ки бо андешаи миллӣ ва ғояҳои ислом печдарпеч буд, бо сабаби ҷорӣ кардани атеизм (бехудоӣ) аз ин қисмати таркибии фарҳанги миллӣ орӣ монда, он бо номи маданияти шаклан миллию мазмунан сотсиалистии Шӯравӣ иваз гардид. Дар натиҷаи ин сиёсати Давлати Шӯравӣ мардум аз маданияти аслии миллии хеш дур шуд. Дар баробари ин, арзишҳои зиёди миллӣ, ки ифодагари тафаккур, ғоя ва тарзи зиндагии мардуми мо буданд, рад карда шуда, ҷои онҳоро унсурҳои мувофиқ ба идеологияи коммунистӣ гирифтанд. Таърихи миллат бошад, ҳамчун омили марказии ифодагари хотираи гузаштаи миллат аз нақшаҳои таълимии мактабҳои таҳсилоти умумӣ бароварда шуда, ба хонандагони ин муассисаҳо таърихе таълим дода мешуд, ки хотираи миллати онҳоро ташкил намекард…

Ошкорбаёнии нимаи дуюми солҳои 80-уми асри сипаришуда дар мамлакат, аз он ҷумла дар Тоҷикистони Шӯравӣ низ ин иллатҳо ва иллатҳои сершумори дигари сиёсати миллии Давлати Шӯравиро ошкор сохт. Мардум баҳри бартараф кардани хатоҳои ҷинояткоронаи дар натиҷаи сиёсати зиддихалқии миллии ин давлат ба миёномада ба ҳаракати умумихалқӣ пайваста, баҳри эҳё намудани махсусиятҳои радкардашудаи миллӣ ва баргаштан ба пояҳои фарҳангу ахлоқи миллии хеш талош варзиданд ва дар ин ҷода ҳамон вақт ба баъзе муваффақиятҳо ноил ҳам шуданд. Вале истиқлолияти давлатӣ ба даст овардани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Ҳукумат ва ҷомеаи кишвари навбунёд вазифа гузошт ки ин истиқлолият бояд дар тамоми самтҳои фаъолияти давлат, ҷомеа ва шаҳрвандон татбиқ карда шавад. Бе ин рушди устувори низоми сиёсӣ, ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар имконнопазир мебошад. Барои ҳамин ҳам, мо бояд зимни тарбияи ватанпарастии ҷавонон бубинем, ки дар ин ҷода камбудиҳо дар чиҳо ифода ёфтаанд, то ки онҳоро ислоҳ карда, ба сиёсати миллии самараноки ҷавонон дар давлати миллию демократӣ ва ҳуқуқбунёд муваффақ шавем: дар назар аст интихоб кардан ва роҳандозӣ намудани сиёсати нави давлатӣ оид ба тарбияи ҷавонон.

Гап дар сари он меравад, ки тарбияи ҷавонон дар замони Шӯравӣ дар асоси тарбияи коммунистӣ ба роҳ монда шуда, ҷузъҳои асосии таркибии он тарбияи ғоявии коммунистӣ, ватанпарастии Шӯравӣ, интернатсионализми пролетарӣ ва тарбияи атеистӣ буданд. Интихоби роҳи сиёсии демократии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз наметавонад дар тарбияи насли наврас аз тарбияи коммунистӣ истифода барад, чунки он ба ҳадафу вазифаҳои бунёд ва рушди давлати соҳибистиқлоли миллию демократӣ комилан мухолиф мебошад.

Дар ин бора дар оғози талошҳои мардуми озодандеши кишвар дар охирҳои солҳои 80-ум ва оғози истиқлолияти давлатии кишвар барои эҳёи миллӣ ва тарбияи ҷавонон дар асосҳои нави ғоявӣ фикру андешаҳои зиёде гуфта шуда буданд ва ин кор каме оғоз ҳам ёфта буд. Вале ҷанги шаҳрвандӣ то дараҷае ба ин ҷараён халал ваорид сохт.

Ин гуфтаҳо маънии онро надорад, ки алҳол тарбияи ватанпарастии ҷавонон дар сатҳи ношоям қарор гирифта бошад. Дар солҳои истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тарбивия ватанпарстии насли наврас корҳои зиёде ба анҷом расонида шуд ва аз онҳо самараи хуб ҳам ба бор омад: оид ба сиёсати давлатии ҷавонон асноди зиёди меъёрию ҳуқуқӣ қабул карда шуданд, мазмуни таҳситлот дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва касбӣ дар заминаи тарбияи миллию ватанпарастӣ сурат гирифта, самараи хуб дод. Вале феълан шароити таърихӣ, чӣ дар дохили кишвар ва чӣ берун аз он беш аз пеш тағйир ёфта истодааст. Дар шароити ҷаҳонишавӣ (глобализатсия) дар муносибатҳои байналмилалӣ ва беш аз пеш рушду нумӯъ ёфтани технологияи ахборотӣ ва иртибототӣ, ба миён омадани хатарҳои нави глобалӣ ҳаёт дар назди тарбияи инсон ва шаҳрванд вазифаҳои нав ба нав мегузорад, ки аз вазифаҳои қаблӣ тафовут дошта, иҷрои онҳо бо роҳу восита ва омилҳои қаблӣ иҷронашаванда ва ё камсамар ба назар мерасанд. Сабаби ин ҳолат кадом аст?

Оё дар тарбия идеологияи давлат зарур аст?

Дар солҳои ошкорбаёнӣ қисме аз зиёиёни тоҷик чунин ақида баён намуда буданд, ки барои Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯё идеологияи худӣ зарур набошад, чунки таҷрибаи талхи идеологияи коммунистии замони Шӯравӣ ба онҳо маълум буд. Дар он шароити пурҳассос рад кардани ин ақидаи равшанфикрони миллат хеле мушкил буд. Саркардагони андешаи зарурат надоштани идеологияи нав барои ҷомеаи навини тоҷик ва пайравони онҳо дар назар доштанд, ки идеологияи ҳукмрони замони Шӯравӣ ба махсусиятҳои миллии мардум дар ин давлат чӣ қадар зарари калон расонида, ҳатто ҳисси миллии онҳо поймол карда буд. Аз ин рӯ, барои кишвари тозаистиқлоли Тоҷикистон ягон хел идеология даркор нест.

Бале, идеологияи коммунистӣ, ки ба синфи коргар, деҳқонони сотсиалистӣ ва дурнамои сохтмони коммунизм нигаронида шуда, дар муқобили рушди миллатҳои дар ҳайати ИҶШС қарор гирифта, ғояҳои хаёлии (утопистии) худро ба гардани миллатҳо таҳмил намуд, барои ҷомеаи мо бегона буд. Вале идеологияи миллии мо то ҳол мураттаб ва асоснок карда нашудаст, гарчанде, ки Ҳукумати кишвар оид ба ин масъала борҳо ба таҷрибаи таърихии миллати тоҷик муроҷиат карда буд вале ҳар бор бо кадом сабабе аз он натиҷаи даркорӣ ба даст наовард.

Бо вуҷуди андешаи муқобилони идеологияи умумимиллӣ, як қисми зиёиён бар он истодагарӣ карданд, ки дар ҳар ҳолат мо бояд идеологияи миллии худро дошта бошем ва он на аз ҳадафҳои ягон нерӯи алоҳидаи сиёсӣ балки аз ҳадафҳои миллии ҷомеа ба миён омада бошад ва бояд ба миллат хизмат кунад, на ба он тавре ки идеологияи коммунистӣ дар назар дошт – ба ҳадафҳои ҷомеаи коммунистӣ баҳри дар ояндаи дури номаълум сохтани ҷомеаи боадолати коммунистӣ мувофиқат мекард.

Мутаассифона, баъди эълони истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дере нагузашта дар кишвар ҷанги шаҳрвандӣ сар зад ва баҳс дар бораи идеологияи кишвар худ аз худ ба хотири фаромӯшӣ дода шуд. Аҷибаш ин аст, ки идеологияи коммунистӣ акнун ба зери танқид ҳам гирифта намешуд. Ба андешаи мо мардуми кишварро нисбати ин масъала як навъ бепарвогии сиёсии маҳз фаро гирифт. Сарфи назар аз ин, дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва то соли 1999 дар байни зиёиёни Тоҷикистон ғояи “андешаи миллӣ” паҳн мегардад, ки он на идеология, балки асосан фарҳангро дар бар гирифт буд. Вале ин ғоя ҳам дар байни оммаи васеи мардум дастгирӣ наёфт. Сарфи назар аз ин, андешаи миллӣ дар мазмуни донишҳои гуманитарӣ, махсусан дар таъриху адабиёти тоҷик ва корҳои тарбиявии насли наврас дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ ҷою макони худро пайдо намуд.

Таъкид мекунем, ки дар ҷомеаи демократӣ бо сабаби он ки озодии сухан вуҷуд дорад, аҳзоби сиёсӣ ҳамчун барандагони ин ва ё он идеолгия баромад мекунанд ва маҳз бо ҳамин унсури худ аз ҳамдигар тафовут доранд. Вале оё дар баробари ин давлат метавонад идеологияи худро дошта бошад, ки он ба ҳамаи аъзои ҷомеа хизмат кунад ва ба ҳадафҳои аҳзоби сиёсӣ мухолиф набошад ва баракс. Вале то имрӯз оид ба идеологияи давлатии Тоҷикистон сухани қотеъ гуфта нашудаст.

Тавре ки дар адабиёти тавзеҳии муосир гуфта мешавад, “Давлат наметавонад бе ягон маҷмӯи ғояҳое, ки иродаи халқро ба ҳаёти муштарак ифода менамояд, вуҷуд дошта бошад. Ин ғоя онҳоро ба таври муштарак муттаҳид намуда, иттиҳоди шаҳрвандиро ташаккул медиҳад. Идеологияи давлатӣ дар худ тасаввуроти шаҳрвандонро дар бораи роҳҳои рушди ҷомеа ва давлат инъикос менамояд ва сиёсати ҷории давлатиро мақсаднок мегардонад… Худи мафҳуми “идеологияи давлатӣ”, чун қоида, дар ҷомеаи муосир истифода бурда намешавад. Ба ин анъанаҳои либералӣ, ки идеология бо фаъолияти аҳзоби сиёсӣ ва манфиатҳои гурӯҳҳои алоҳидаи иҷтимоӣ алоқаманд карда мешавад, таъсир расонидааст…Дар шуури инсони Ғарб давлат манфиатҳои ҷомеаро дар маҷмӯъ ифода менамояд.”. Дар мамлакатҳои ИДМ низ мафҳуми “идеологияи давлатӣ” соҳиби обрӯи баланд нест. Дар шуури мардум дар собиқ ҷамоҳири шӯравӣ мафҳуми “корҳои идеологӣ” ва “назорати идеологӣ” боқӣ мондааст. Аз ин рӯ, мардум идеологияи давлатии замони шӯравиро ба хотир оварда, аз ин мафҳум канорагирӣ мекунанд. Масалан, дар Конститутсияи Федератсияи Русия гуфта мешавад, ки Федератсияи Русия идеология надорд, гарчанде ки идеологияи муосири ин давлат барои ҷаҳониён пӯшида нест. Мо ин идеологияро аз сиёсати дохилӣ ва хориҷии ин давлат мушоҳида мекунем.

Имрӯз муҳим он аст, ки дар зери мафҳуми “идеология” чӣ ифода карда мешавад. Идеологияи давлатӣ ё идеологияи давлатдорӣ аз рӯи мазмуни муайянкунандаи хеш бояд ғояҳои сиёсӣ ва арзишҳоеро муттаҳид созад, ки онҳоро аксарияти кулли шаҳрвандон дастгирӣ менамоянд. Идеология дар ҷомеаи демократӣ ваҳдати либералию демократиро таъмин намуда, ба муттаҳидшавии шаҳрвандон дар атрофи идеалҳоимиллию демократӣ мусоидат менамояд. Арзишҳои барои ҳама умумиро амният, моликият, адолат, озодӣ ва баробарӣ ташкил менамоянд. Идеологияи давлатӣ дар шакли маҷмӯъ дар Конститутсияи давлат инъикос ёфта метавонад. Ин санади асосии давлат дар амал рамзи қарордоди ҷамъиятиеро мемонад, ки дар он мардум мехоҳанд тартиботи ҷамъиятиро бубинанд, яъне дар давлату ҷомеа адолати иҷтимоӣ ва сиёсӣ ҳукмрон бошад. Дар Конститутсия принсипҳои бунёдии идораи демократӣ – тартиби интихоби мақомоти ҳокимият, қоидаҳое, ки фаъолияти амалдорони давлатӣ ва усулҳои ҳалли масъалаҳои сиёсиро танзим менамояд.

Ғояҳо ва арзишҳое, ки асоси конститутсияро ташкил менамоянд, дастгирии умумӣ оид ба масъалаҳои бунёдии ҳаёти ҷомеаро таъмин менамоянд. Идеологияи давлатӣ дар ҷомеа ба воситаи низоми маърифати шаҳрвандӣ, ки давлат онро бо иштироки фаъолонаи муассисаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ (хазинаҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва сиёсӣ, созмону муассисаҳои дигар низ) ташкил мекунад, ба амал бароварда мешавад, аз он ҷумла дар ҷодаи тарбияи ватанпарастии ҷавонон низ.. Маърифати шаҳрвандӣ муттасил ба фаъолияти ҷомеа ҷалбшавӣ ва ба ҳамин васила ба субъекти мустақили муносибатҳои иҷтимоӣ ва сиёсӣ табдил ёфтани шаҳрвандонро таъмин менамояд. Он ба инсон кӯмак мерасонад, ки дар асоси ҳуқуқ дар низоми сиёсии марбута ҳамгиро шавад. Барои он ки кас шаҳрванд шавад,бояд донад, ки давлати демократӣ чӣ тавр сохта шудааст ва он чӣ тавр фаъолият мекунад, ба ҳамин васила малакаи иштироки сиёсиро ба даст оварад, ба таври мутамаддин баррасӣ ва ҳал кардани масъалаҳои ҷамъиятиро ёд бигирад. Ба шаҳрвандон аз бар кардани меъёрҳои ва қоидаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ мусоидат намуда, маърифати шаҳрвандӣ, қабули идоманоки низоми арзишҳои ҳукмронро таъмин намуда, муносибати боварона ва ваҳдати шаҳрвандонро ба муҳити иҷтимоӣ, эҳтиром ба институтҳои мавҷудаи сиёсӣ ва тартиботи ҷамъиятиро ташаккул медиҳад. Ин ҳама он омилҳои идеологие мебошанд, ки аз он ҷумла насли наврасро ба ватанпарастӣ ҳидоят менамоянд, яъне манфиатҳои давлат, ҷомеа ва шаҳрванди ҷавон дар ҳолати ҳамоҳангӣ қарор мегиранд.

Зимни ин гуфтаҳо идеологияи давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба таври мухтасар дар Конститутсияи он ифода ёфтаааст. Дар моддаи 1 он гуфта мешавад: “Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити ззиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад”. Ин нишондоди асосҳои конститутсионӣ дар тамоми 9 боби минбаъдаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кушода дода шуда, амалишавии онҳо дар қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳои дигар инъикос гардидаанд. Асоси бунёдии ин идеология гуманизм ва демократия мебошад. гарчанде нерӯҳои гуногуни сиёсӣ идеологияи худро доранд, вале онҳо дар доираи ҳамин идеология қарор доранд ва фаъолият мекунанд.

Тарбияи ватанпарастии насли наврас бояд дар асоси ҳамин идеологияи давлату ҷомеа ба амал бароварда шавад. Бояд зикр кард, ки ин тарбия ба нафъи худи ҷавонон ва ҷомеа сурат гирифта, он набояд ба рушди шахсияти ҷавонон монеаеро ба миён оварад.

Тавре ба мушоҳида расид, худи ҳадафҳои ҷомеаи демократӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аллакай идеологияи давлатии моро ба миён овардааст ва барои роҳандозӣ кардани ин идеология тавассути сиёсати давлатии ҷавонон низ тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд. Ин сиёсат қисман дар санадҳои меъёрию ҳуқуқии кишвар инъикос гардидаанд. Ҳамин тариқ, мо идеологияи давлатии худро дорем ва тарбияи ватанпрастии насли наврав бояд дар ҳамин доира ва замина сурат бигигард. Муҳимӣ ва махсусияти ин идеологияро дар он мебинем, ки он дар заминаи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва рушди шахсияти миллию демократӣ, таъмини зиндагии сазовори ӯ қарор дорад. Сарфи назар аз ин,алҳол ин идеология дар шакли консепсияи миллӣ мураттаб нагардидааст

Хатарҳои ҷаҳони имрӯза ва таъсири онҳо ба ҷавонони камтаҷрибаи мо аз он дарак медиҳад, ки ба сиёсати тарбияи ватанпарастии насли наврас тағйиротҳои зарурӣ ворид карда шаванд. Ин тағйирот бояд дар ду самти бо ҳам алоқаманд ба роҳ монда мешавад – ба воситаи таълим – мазмуни таҳсилот ва маърифати шаҳрвандӣ ва тарбия – тарбияи шаҳрвандии ҷавонон.

Ҳамин тариқ, такроран баён медорем, ки барои давлати мо идеология лозим аст, вале он бояд ифодакунандаи ормонҳои миллӣ ва демократӣ бошад, арзишҳои дар он инъикосёфта аз тарафи аҳолии кишвар дастгирӣ ёбад. Идеологияи умумимиллӣ мавҷудияи идеологияҳои ҳизбу созмонҳоро истисно намекунад. Гапдар сари он меравад, ки идеологияҳои ифротӣ дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рад карда шудаанд. Мо бояд ҷавононро аз чунин идеологияҳо ҳимоя кунем. Воситаи асосии ин кор тарбия ва боваркунонии насли наврас ба идеалҳои миллӣ ва талқини арзишҳои миллию демократӣ мебошанд, ки ба нафъи ҷомеа ва шаҳрванд хизмат карда, татбиқи онҳо адолати иҷтимоиро дар ҷомеа таъмин мекунанд.

Андешаи миллӣ ҳамчун ғояи ватанпарастӣ

Қариб дар ҳамаи давру замонҳо мамлакатҳои пешқадами ҷаҳон андешаи миллии худро доштанд, ки онҳо аз ормонҳои миллӣ ба миён омада, бо мақсадҳои вақт ва дурнамои давлату ҷомеа ҳамоҳанг буда, ҳам бунёди моддӣ ва ҳам ғоянокии миллии рушди ҷомеаро ифода менамуданд ва дар ниҳояти кор ба ваҳдати ғоявии ҷомеа ва рушди пуравҷи ҳамагонии мамлакт мусоидат менамуданд.

Маънии андешаи миллӣ дар сарчашмаҳои гуногун ҳар хел дода шудааст, ки ин ба гуногунии давлату ҷомеаҳо ва фаҳмиши ин мафҳум дар онҳо вобаста мебошад. Дар баробари ин, тавзеҳи фалсафии андешаи миллӣ низ вуҷуд дорад.

Ғояи миллӣ дар фалсафа умумигардонии бонизоми шуури миллии шахс мебошад. Андешаи миллӣ маънии мавҷудияти ин ва ё он халқ, қавм (этнос) ё миллатро муайян карда, метавонад ба воситаи асарҳои бадеӣ ё матнҳои гуногуни фалсафӣ ифода ёбад. Таъиноти андешаи миллӣ бояд ба саволҳое ҷавоб гардонад, ки ормонҳои халқро ифода намояд, аз он ҷумла, ба саволҳои марбут ба хотираи таърихии миллат, рисолати (миссияи) таърихии инсон, миллат ва ақвом, дар бораи маънии мавҷудият инсон ва ҷомеа ҷавоб диҳад.

Бисёр вақт андешаи миллӣ ҷанбаи динӣ ҳам дорад, зеро дин яке аз омилҳои пурзурест, ки муттаҳидии халқро таъмин карда метавонад. Таҷрибаи таърихӣ нишон медиҳад, ки ин унсури муҳими фарҳанги миллӣ на ҳама вақт андешаи миллиро иҷро карда метавонад. Аз ин рӯ, дар ҳар давлат барои давлату ҷомеа предмети он барои марҳалаи мушаххаси таърихӣ гуногун мебошад.

Оид ба андешаи миллӣ дар мамлакатҳои муосири ҷаҳон мо сарчашмаҳои муосири хаттӣ ва интернетиро, аз он ҷумлаоид ба Русия, Қазоқистон, Узбекистон, Туркманистон, Қирғизистон, Ҷумҳурии Халқии Чин, Ҷопон, Ҳиндустон, Индонезия, Филиппин, Сингапур, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Ҷумҳурии Исломмии Эрон, Индонезия, Англия, Фаронса, Италия, ҶФО, Испания, ИМА., Канада, Мексика, Бразилия, Аргентина, Мексика, Арабистони Саудӣ, Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ, Австралия, Ҷумҳурии Мисри Араб, Ҷумҳурии Сурияи Араб, Алҷазоир ва давлатҳои зиёди муосирро мавриди омӯзиш қарор додем ва андешаи миллиро дар мисоли якчанд давлат, ки собиқ ҷамоҳири шӯравӣ буданд, баён месозем.

Дар Федератсияи Русия солҳои 2011 – 2012 бо номи “арт концепция” озмуни “Андешаи миллии Русия” доир гардид, то ки андешаи миллии ин давлат дуруст интихоб карда шавад. Он вақт ин иқдом натиҷаи дилхоҳ надода буд. Вале ғайри чашмдошт 3 феврали соли 2016, президенти Федератсияи Русия Владимир Путин дар вохӯрӣ бо фаъолони “Клуби пешоҳангон” баромад карда, таъкид намуд, ки ватанпарастӣ (патриотизм) ғояи миллии Русия мебошад, зеро он идеализатсия нашудааст ва ба фаъолияти ягон ҳизб ё ягон қавм дар ҷомеа алоқаманд нест, балки ба оғози муттаҳидкунии умумимиллӣ алоқаманд мебошад. Вале мо аз сиёсати дохилӣ ва хориҷии ин мамлакат дарк мекунем, ки шояд ғояи миллии давлати Русия имрӯз ҳам мисли пештара “державность” – “давлати абарқудрат” бошад, ки он бе ватанпарастӣ вуҷуд дошта наметавонад.

Дар Ӯзбекистон андешаи миллӣ дар асоси пешниҳодот аз асарҳои президент И.Каримов тарҳрезӣ шуда, аз 14 зерунсур иборат буда, дар маҷмӯъ, моҳият ва мазмуни андешаи миллӣ, мақсад ва вазифаҳои давлат, асоснокии таълимот дар асарҳои ӯ инъикосгардидаро дар бар гирифта, дар амал бо маърифат дар ҳамгироӣ пешниҳод карда шудааст. Аз ин рӯ, андешаи миллӣ дар ин мамлакат то дараҷае норавшан ба назар мерасад.

Дар Қазоқистон бино ба хабари Tengrinews kz  бо истинод ба сомонаи Акорда бо Фармони президенти мамлакат Нурсултон Назарбоев “Консепсияи айнияти комили қазоқӣ (казахская единтичность) ва муттаҳидии қазоқистониҳо” тасдиқ карда шудааст. Ин консепсия.ба ғояи умумимиллии ватанпарастии “Мәңгілік Ел” асос ёфта, аз ҷузъҳои зерин иборат мебошад: баробарии шаҳрвандӣ, меҳнатдӯстӣ, ростқавлӣ, парастиши илм ва маориф, мамлакати дунявӣ. Ғайр аз ин, арзишҳои умумимиллӣ, ки асоси консепсия шуда хизмат мекунад, ба арзишҳои миллӣ, ки ба бисёргунагии маданӣ, этникӣ, забонӣ ва динӣ асос ёфтааст, пояи бунёдии консапсияи андешаи миллии Қазоқистонро ташкил менамояд.

Вале ба масъалаи мазкур нуқта гузошта нашуда, кор дар ин самт идома ёфт ва президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев 26 апрели соли 2016 дар Анҷумани 24-уми халқҳои Қазоқистон бо гузориш баромад карда, мафҳуми “Ватани абадӣ”-ро ҳамчун андешаи миллии Қазоқистон пешниҳод намуд. Оид ба ин санади умумимиллӣ “Санади меҳанпарастона” (“Патриотический акт”) таҳия гардида, ба корхонаю муассисаҳои мамлакат фиристода мешавад.

Андешаи миллӣ дар Туркманистон низ коркард шудааст. Бояд гуфт, ки дар солҳои ҳокимияти Шӯравӣ атеизм мардуми Туркманистонро низ аз дини ислом хеле дур карда буд. Баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ роҳбарияти ин кишвари соҳибистиқлоли сорбиқ Шӯравӣ муносибати худро нисбати дин тағйир дод. Мардум метавонист ба дини мубини ислом эътиқод дошта бошад. Дар баромадҳои Сапармурод .Ниёзов (Туркманбошӣ) нисбати ислом ва арзишҳои он барои халқи туркман беш аз пеш бо эҳтирому самимият садо медодагӣ мешавад.

Вале тавре баъдтар маълум гардид, ин гузашти Туркманбошӣ ба хотири андешаи худи ӯ будааст, ки ба мардуми кишвар таҳмил карданӣ буд. Вале доктринаи андешаи миллӣ ё идеологияи расмӣ ба сифати ягон хел санади давлатӣ ба расмият дароварда нашудаст. Аммо ҷузъҳои он дар ҳамаи баромадҳои муҳими С.Ниёзов инъикос мегардиданд. Андешаи миллӣ дар шакли нисбатан пурра дар баромади С.Ниёзов моҳи маи соли 2001 дар Анҷумани Созмони умумиҷаҳонии гуманитарии туркманҳо (дар ҳаҷми зиёда аз 20 саҳифа) ба хотири муттаҳидкунии таркманҳо, бахшида ба 10-солагии истиқлолияти давлатӣ садо дода буд. Моҳияти он таъсиси давлати пурқуввати сулҳдӯстеро дар назар дорад, ки дар ҷаҳон бояд ҷои сазоворро ишғол намояд. Мувофиқи гуфтаи С.Ниёзов протоэтноси туркманӣ зиёда аз 6 ҳазор сол қабл аз ин ба миён омадааст.

Бояд таъкид кард, ки дар арафаи ҷашнгирии 10-солагии истиқлолияти давлатии Туркманистон китоби С.Ниёзов “Рухнома” аз чоп мебарояд. Мувофиқи маълумоти сарчашмаҳои туркманӣ то имрӯз ин асари С.Ниёзов ба беш аз 30 забони ҷаҳон тарҷума шуда. дар зиёда аз 50 давлати ҷаҳон паҳн карда шудааст. “Рухнома” анъанаҳои туркмании достонҳои қаҳрамонӣ ва романтикии асрҳои ХV – ХVI-ро идома медиҳад. Баъди нашр “Рухнома” китоби ҳатмӣ барои омӯзиш дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва касбӣ, инчунин хизматчиёни давлатӣ мегардад. Мувофиқи тарғиботи давлатӣ “Рухнома” баъд аз “Қурон” китоби дуюмини туркманҳо аст.

Вале тавре маълум гардид, шахсияти С.Ниёзов ва сиёсати давлатии ӯ ба андешаи миллии туркманҳо табдил меёбад ва дар ин кор таҳмилкунӣ аз боло ҷой дошт. Бояд гуфт, ки дар баробари шахсияти Туркманбошӣ мавқеъ ва мақоми ислом дар Туркманистон точанде баланд мешуд, аз ин рӯ, на ҳама вақт дастурҳои Туркманбошӣ дар масоҷид аз тарафи рӯҳониён ва имоми Туркманистон дастгирӣ меёбад. Ҳамин тариқ, дар ҷомеаи туркман ду андеша ва ду идеология – Туркманбошӣ ва ислом арзи вуҷуд карда, дар байни онҳо ихтилоф пурзур мешавад. Дар натиҷа Туркманбошӣ ба таъқиботи сиёсии рақибони худ даст мезанад. Авфҳои ҷузъие, ки ҳам С.Ниёзов ва ҳам баъди 21 декабри соли 2006 вафот кардани Туркманбошӣ ӯро иваз намудани президенти нав Г. Бердимухамедов эълон карда мешуданд, ба қабули андешаи миллии ягона, ки аксарияти аҳолиро фаро гирифта бошад, оварда нарасонид.

Андешаи миллие, ки бо номи “Турони Бузург” барои туркманҳо аз берун пешниҳод мегардад, аз тарафи аксарияти туркманҳо дастгирӣ наёфт. Андешаи миллии динӣ низ ин вазифаро иҷро карда натавонист. Ин аст, ки Туркманистон то имрӯз ҳам андешаи миллӣ надорад. Дар ин кор дар баробари сабабҳои баёнёфта сабабҳои хеле зиёди дигар низ вуҷууд доранд, пеш аз ҳама сабабҳои сиёсӣ ва махсусиятҳои тафаккури миллии туркманҳо низ.

Чун дар ҷамоҳири дигари собиқи шӯравӣ дар Қирғизистон низ оғози солҳои 90-ум ҷои идеология коммунистӣ холӣ боқӣ мемонад ва ин холигиро ғояҳои гуногун пур мекунанд. Сарфи назар аз ин, дар ин мамлакат масъалаи андешаи миллӣ то имрӯз мавриди баррасӣ ва баҳсу мунозира қарор дорад. Вале то имрӯз ягон ғоя ҳамчун андешаи миллӣ мавриди қабул ва амалӣ қарор нагирифтааст. Бояд хотиррасон кард, ки ҳанӯз дар замони президентии А.Акаев ба ин сифат чанд андеша пешниҳод гардида буд, аз қабили “Манаси Бузургандеш”, “Қирғизистон хонаи умумии мост”, “Қирғизистон – ҷазирачаи демократия”, “Қирғизистон – Швейсарияи осиёгӣ”. Аммо дар ҷомеаи қирғиз ягонтои онҳо дастгирӣ наёфт.

Андешаи миллӣ воқеан яке аз ҷузъҳои муҳими идеология – ормонҳои миллатро ифода менамояд. Дар шароити истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон онро ба назар гирифтан дорои аҳамияти калон мебошад. Дар вақташ қабули Қонуни забони давлатии Тоҷикистон аз он андеша ба миён омада буд, ки бояд забони тоҷикӣ ҷой ва мақоми худро аз нав барқарор кунад ва ин андеша дар тӯли беш аз 25 сол амалӣ шуда истодааст. Зарурати истиқлолияти миллии Тоҷикистон низ яке а ҷузъҳои муҳими андешаи миллӣ буд ва он бо талоши аҳли ҷомеа ҷомаи амал пӯшид. Воқеан, ин андеша дар солҳои бӯҳрони шадиди ҷомеаи Шӯравӣ дар охирҳои солҳои 70-ум ва нимаи аввали солҳои 80-уми асри сипаришуда ба миён омада, дар нимаи дуюми ин даҳсола аввал барои як қисми зиёиёни кишвар (сарфи назар аз мансубияти миллии он) ба андешаи миллӣ табдил меёбад ва баъди ҳодисаҳои хунини моҳи феврали соли 1990 ба андешаи миллии аксарияти аҳолии ҷумҳурӣ мубаддал мешавад. Дар зери парчами ин андеша ба сафҳои ҳаракати истиқлолиятхоҳи даҳҳо зазор ватандорони Тоҷикистон ҳамроҳ шуда, дар ниҳояти ин ҳаракати умумихалқӣ – 9 сентябри соли 1991 Эъломия дар бораи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешавад.

Вале андешаи миллии ватандорони кишвар дар ҳамин сана ҷомаи амал пӯшида, минбаъд таҳкими он сурат мегирад. Бояд қайд кард, ки дар ин марҳалаи таърихӣ андешаи миллии мардуми кишвар натанҳо истиқлолияти давлатӣ балки истиқлолияти шахсро низ дар бар гирифта буд, чунки ин истиқлолият на танҳо аз ҷанбаи сиёсат иборат буд, балки истиқлолияти шаҳрвандро низ дар кулли соҳаҳои фаъолияти ӯ дар ҷомеа дар бар мегирифт. Вале ин андеша метавонист танҳо марҳалаи воридшавӣ ва таҳкимёбии истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро дар заминаҳои миллию демократӣ дар бар гирад, гарчанде ки ин зуҳурот минбаъд ҳам чун субстансияи доимии сиёсати давлатӣ мондан мегирад. Сарфи назар аз ин, акнун бояд андешаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мувофиқи марҳалаи таърихии имрӯза интихоб кард, ки он махсусиятҳои марҳала ва ормонҳои феълии мардуми кишварро ифода намояд.

Ин масъала аз мавриди предмети мақолаи мазкур берун мебарояд. Бинобар ин, он дар мақолаи дигари мо васеътар инъикос хоҳад ёфт. Дар ин ҷо таъкид карданием, ки тарбияи ватанпарастии насли наврас ва ташаккули тафаккури миллӣ ба андешаи миллӣ сахт алоқаманд мебошад.

Ҷавонони мо бояд кадом ватанро парастанд?

Имрӯз дар кишвари мо асосан чор насли миллӣ ба сар мебарад, вале андешаҳои онҳо марҳала ба марҳала аз ин ҳам зиёдтар аст: онҳое, ки дар Давлати Шӯравӣ аз оғози мавҷудияташ (пеш аз таъсиси ин давлат таваллуд шуданд) зиндагӣ карда, ҷоҳилии онро аз сар гузаронидаанд ва ё шоҳиди воқеаҳои солҳои 30-юиу 40-уми буданд; онҳое, ки дар оғози замони Шӯравӣ ба дунё омада, дар зери ғояҳои сотсиализм ва ватапрастии шӯравӣ тарбия ёфтаанд; онҳое, ки баъди Ҷанги бузурги ватанӣ ба дунё омада, зери ғояи коммунизм – ояндаи дурахшони башарият тарбия ёфта, ба ин ояндаи дастнорас умеди калон доштанд; онҳое, ки солҳои 70-уму 80-уми асри гузашта дар қалби худ аз ватани шӯравӣ изҳори нобоварӣ ва нигаронӣ карда буданд,. чунки ҷомеаи шӯравӣ аз ормонҳои эълонгаштаи давлат дар канор монда буд. Сарфи назар аз ин онҳо ақидаи худро ошкор намекарданд (ин кор хатарнок буд); онҳое, ки сарфи назар аз камбудию норасоиҳои ИҶШС ва ҳизби пешоҳангиин ҷомеа – ҲКИШ ватанпарасти шӯравӣ буданд ва на ватани таърихии худ, балки Давлати Шӯравиро ватани аслии худ пиндошта, шумораи ин одамон хеле зиёд буд, барои ҳамин пошхӯрии ИҶШС барои онҳо воқеан фоҷеаи шахсӣ буд; онҳое, ки дар нимаи дуюми солҳои 80-ум дар зери парчами ҳаракати истиқлолиятхоҳии озодандешони Тоҷикистон саф кашида, баҳри иҷрои ин ниёзи сиёсии худ фаъолият мекарданд; онҳое, ки дар замони истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудаанд. Ин гурӯҳи аҳолӣ то 25-сола умр дошта, ҳокимияти диктарураи пролетариати ҲКИШ ва дар асоси идеологияи коммунистӣ бунёдёфтаи Давлати Шӯравиро на дидаю на аз сар гузаронидааст. Гурӯҳи охирин номбурда ақидаҳои идеологии наслҳои миллати тоҷики замони шӯравиро хуб дарк карда наметавонанд. Масалан, агар ба онҳо гӯед, ки дар ин давлат табақаҳои дорою соҳибкор нест карда шуда буданд, моликияти хусусӣ ба воситаҳои истеҳсолот вуҷуд надошт, онро Давлати Шӯравӣ мсодира карда буд, дар давлат атеизм (бехудоӣ) таблиғу тарғиб карда мешуд, дар давлат танҳо як ҳизби сиёсӣ фаъолият дошт ва ғайра, аз ин гуфтаҳо ё ҳайрон мешаванд ва ё бовар намекунанд, чунки зуҳуроти номбурда ба ақли солим мувофиқат намекунад. Ҷавонони мо дар асоси арзишҳои миллию демократӣ тарбия ёфта ба камол мерасанд ва ҳуқуқу озодиҳои онҳоро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат додааст.

Ба ин масъала аз тарафи дигарменигарем. Агар ҳисоби миёнаи умри аҳолии имрӯзаи кишварро 70 ҳисоб кунем, пас аз 100 ҳисса (фоиз) 58 дар сади он одамони замони шӯравӣ буда, танҳо 42 дар сади ҷовонон дар замони истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дунё омадаанд. Ин ҷо омили дигареро низ набояд фаромӯш кард, ки он ба андешаи миллӣ таъсири манфӣ расонидааст: дар тӯли қариб 1000 сол бар мардуми тоҷик қавму халқҳои бегона ҳукумат кардаанд. Бинобар ин, аҷдоди мо дар зери идеология ва андешаи миллии сулолаҳои туркӣ ва мустамликадорон қарор дошта, нисбати ин омили иҷтимоӣ бепарво буданд. Аз ин рӯ, ватани кабир ва андешаи миллии бегонагон дар шуури чандин насли халқи тоҷик қурби худро аз даст дода буд. Дар чунин шароит мардуми мо асосан нисбат ба ватани хурд меҳру муҳаббат доштанд. Вале, ба ин нигоҳ накарда, бӯҳрони ҳамагонии режими шӯравӣ ҳисси ватанпарастии мардуми кишварро, сарфи назар аз мансубияти миллию қавмӣ, баланд бардошт ва мардуми Тоҷикистон дар бораи Ватани аҷдодӣ беш аз пеш суханронӣ мекардагӣ мешаванд.

Баъди истиқлолияти давлатӣ ба даст овардани Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаккули ҳисси ватанпарастии ватандорон ва махсусан насли наврас масъалаи умумимиллии давлатию ҷомеа мегардад. Дар ин замина бояд зикр кард, ки имрӯз як қисми аҳолии кишвар дар мавқеи ватандорию ватанпарастии шӯравӣ қарор дорад. Аҷибаш ин аст, ки давлати озмоишии сотсиалистии типп икоммунистӣ, ки Иттиҳоди Шӯравӣ ё худ ИҶШС ном дошт, 25 сол қабл аз ин дар ватани аслиаш – Русия аз байн рафта буд. Федератсияи Русия имрӯз сохти шӯравиро қабул надорад. Вале дар Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол ғояи ин давлат кам бошад ҳам, вуҷуд дорад..

Таблиғоти тарзи шӯравии ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ аз тарафи ҳаводорони ин давлати тоталитарии азбайнрафта дар ҳама ҷо – дар хона, ҷойи кор, ҷойҳои ҷамъиятӣ, таълимгоҳҳо, кӯчаю хиёбонҳо, нақлиёти мусофирбар ва ғайраҳо идома дорад. Мо баъзан далелҳои шӯравипарастии ин қабил таблиғотчиёнро рад мекунем, вале онҳо моро ҳадафи маломат ва таънаи беасос қарор медиҳанд ва дар ин ҳолат мо баъзан худро танҳо эҳсос мекунем. Ба ин вазъи бӯҳронии иқтисодию иҷтимоии кишвар ва фасодӣ (коррупсия) илова мешавад ва он таблиғотчиён – ватанпарастони шӯравӣ аз ин иллати ҷомеа далел меоранд ва афзалияти сохти шӯравиро ба осмон мебардоранд.

Шумораи 42 дар сади аҳолӣ, ки он давлатро танҳо шунидаанд ва ё аз сарчашмаҳо иттилоъ пайдо намудаанд, дар байни ватанпарастони шӯравӣ фаъолияти меҳнатию таълимӣ доранд, аз намояндагони насли калонсол мепурсанд, ки кадом корҳои давлати Шӯравӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон хубтар буд? Ҷовоби ватанпарастони шӯравӣ ин аст, ки орд арзон буд ва ҳама аз кор таъмин буданд. Вале аз низоми сиёсии шӯравӣ чизе гуфта наметавонанд. Бале, дар шароити муҳоҷирати оммавии меҳнатии ҷавонон ба Русия ва қисме аз ҷавонони дар кишвар бекормонда самаранокии тарбияи ватанпарастии ҷавонон коҳиш додааст. Аламовараш он аст, ки андешаҳои бегонапарастӣ (шӯравипарастӣ) тафаккури қисме аз он устодонеро низ фаро гирифтааст, ки дар муассисаҳои таълимӣ фаъолият дошта, вале, мутаассифона. дар таълиму тарбия вазифаи асосии худ – тарбияи ватанпарастии насли наврасро, ки вазифаи иҷтимоии ҷомеаи Тоҷикистон мебошад, ба таври бояду шояд иҷро наменамояд. Гузашт аз ин, ба ҷараёни ин кор нофаҳмию халал ворид месозанд. Сарфи назар аз ин, бештари ҷавонони мо дар мавқеи ватанпарастии воқеии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд ва манфиатҳои онро ифода намуда, баҳри пешрафти миллии кишвар талош меварзанд. Бо дар назардошти ин гуфтаҳо мо бояд тамоми омилҳои тарбияро истифода барем, то ки насли наврас танҳо ватани аҷдодии худро гиромӣ дорад ва дар рушду нумӯи он саҳмгузор бошад.

Танқиди ҷомеаи пешин ва намоиши афзалиятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тарбия, умуман, ва тарбияи ватанпарастии насли наврас, махсусан, барои ҷомеаи навини Тоҷикистон худ аз худ ба иҷро намерасад. Тарбияи замони шӯравӣ бо номи тарбияи коммунистӣ маълум буд ва он дар асоси идеологияи коммунистӣ мураттаб гардида, маҳз ба ҷомеае хизмат мекард, ки дар роҳи сохтмони ҷомеаи коммунистӣ қарор гирифта буд. Ин тарбия ҳаргиз ифодакунандаи манфиатҳои ҷомеа ва шахсияти миллӣ набуда, ба ояндаи дур нигаронида шуда буд. Яке аз воситаҳои боэътимод ба насли наврас кушода додани ҳақиқати таърихӣ мебошад.

Вале кадом омили самаранок вуҷуд дорад, ки ҷои тарбияи коммунистиро тарбияи шаҳрвандӣ бигирад, аз он ҷумла дар тарабияи ватанпарастии ҷавонон низ? Воситаи аз ҳама самаранок танқиди режими сиёсии замони шӯравӣ, махсусан сиёсати миллии он ва дар ин асос нишон додани афзалиятҳои давлати соҳибистиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ин кор бояд бо усули таҳлилу муқоисакунӣ, муқобилгузорӣ ва нишон додани афзалиятҳои ҷомеаи мо бар ҷомеаи пешини сотсииалистӣ сурат бигирад. Чанд афзалияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро нисбат ба давлати тоталитарии ИҶШС баён месозем:

1. Дар замони Шӯравӣ Тоҷикистон давлати соҳибистиқлол набуд, чунки он субъекти ҳуқуқи байналмилалӣ ҳисобида намешуд. Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон субъекти ҳуқуқи байналмилалӣ мебошад. Қаблан аҳолии он шаҳрвандони Тоҷикистон нею шаҳрвандони ИҶШС буданд. Имрӯз бошад, онҳо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, мувофиқ ба ин мақом аз ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандӣ бархурдоранд ва дар назди давлату ҷомеа вазифаҳои конститутсионии худро низ иҷро менамоянд.

2. Давлати Шӯравӣ дар асосҳои сиёсии низоми давлатдории тоталитарӣ сохта шуда, идораи он ҳам дар ҳамин асос ва низом қарор гирифта буд. Ин шакли идораи сиёсӣ шӯроҳо ва тарзи иҷрои он диктатураи пролетариат буд. Халқ сарчашмаи ҳокимияти давлатӣ набуд. Ин вазифаро ҳизби пешоҳанги ягонаи ин давлат – ҲКИШ иҷро мекард ва фикру андешаҳои мардум дар ин ҷомеа мақоме надоштанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати демократӣ буда, мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар асоси иродаи халқ сохта мешавад ва халқ сарчашмаи ягонаи ҳокимият мебошад.

3. Давлати Шӯравӣ баробарҳуқуқии ҳамаи миллату халқиятҳоро таъмин карда натавонист. Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, баробарҳуқуқии ҳамаи шаҳрвандонро, сарфи назар аз мансубиятҳои иҷтимоӣ, дар назди қонун таъмин менамояд ва ин нишондод дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат дода шудааст..

4. Маданияти халқи тоҷик ва ақалиятҳои миллии он дар замони шӯравӣ коҳиш ёфта буд, дар замони истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, аз нав эҳё шуда истодааст.

5. Рамзҳои давлатии ҶШС Тоҷикистон дар дохили ИҶШС буда, берун аз ин мамлакат мавриди истифода қарор намегирифт. Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун субъекти ҳуқуқи байналмилалӣ Конститутсия ва рамзҳои давлатӣ – Парчами давлатӣ, Нишони Давлатӣ ва Суруди Миллии худро дошта, ифодакунандаи асосии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Дар баробари ин Ҷумҳурии Тоҷикистон забони давлатӣ, асъори миллӣ, сарҳади давлатӣ, артиши миллӣ, сиёсати пулию қарзӣ, низоми иқтисодӣ, иҷтимоӣ, қонунгузории миллӣ ва сиёсати хориҷии худро дорад.

6. Иқтисодиёти Шӯравӣ планӣ буда, ба ҷамъиятӣ будани воситаҳои истеҳсолот асос ёфта буд. Дар ин асос ду шакли моликият ба воситаҳои истеҳсчолот вуҷуд дошт – давлатӣ ва кооперативӣ (колхозӣ, матлубот, манзил). Мардум аз моликияти хусусӣ маҳрум буда, меҳнати кирояро ташкил мекарданд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистони имрӯза шаклҳои гуногуни моликият ва шуғли меҳнат вуҷуд дорад, аз он ҷумла моликияти хусусӣ ҳам, ки ҳуқуқҳои онҳо баробаранд. Дахлнопазирии моликият, аз он ҷумла моликияти хусусӣ кафолат дода мешавад.

7. Дар замони Шӯравӣ интихобот ба мақомоти намояндагӣ ва шахсони мансабдор ғайридемократӣ сурат мегирифт. Номзад барои ҳар як ваколатнома танҳо як нафар пешниҳод мегардид ва ин ҳам дар асоси тавсияи мақомоти ҳизӣби ягонаи ҳукмрон. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон интихобот ва райъпурсии умумихалқӣ ба таври демократӣ сурат мегирад; интихобот ба мақомоти намояндагӣ ва шахсони мансабдор дар асоси якчанд номзад сурат мегирад, аз ин рӯ, интихобкунандагон имконияти интихоб кардан аз байни якчанд номзадро доранд.

8. Дар замони Шӯравӣ ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, аз қабили озодии сухан ва матбуот дар асоси идеологияи дар давлату ҷомеа ҳукмрони муайян карда мешуд, ки он аз озодии сухан ва матбуоти озод орӣ буд. Ин соҳаро сензураи давлатӣ назорат мекард. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, озодии сухан ва матбуот аз ҷумлаи он озодиҳое мебошад, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат додааст ва мувофиқи қонунҳои дигар амалӣ карда мешаванд. Сензура ба ифодаи сухан, матбуот ва эҷодиёт бекор карда шудааст.

Метавон ин афзалиятҳо ва афзалиятҳои хеле зиёди дигари Ҷумҳурии Тоҷикистонро бар давлати тоталитарии дар асоси идеологияи коммунистӣ ташкил ва фаъолиятдошта нишон дода, ба тарбияи самараноки ватанпарастии насли наврас ноил шуд. Ин кор ба воситаи танқиди унсурҳои фаъолияти ғайригуманистию ғайридемократии ИҶШС, ки мухолифи манфиатҳои миллӣ буданд, сурат мегирад. Ҳадафи асосии ин танқид ташаккули меҳру муҳаббат дар қалби шогирдон ва ифтихор доштан аз ин Ватан мебошад.

Ин андеша аз он ғояе ба миён меояд, ки кас наметавонад ду се ватан дошта бошад, ҳам ватани сотсиалистии ИҶШС-ро парастиш намояд, ҳам Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ҳам он давлатеро, ки гӯё моро “мехуронаду мепӯшонад”. Мо тоҷикистониҳо танҳо як Ватани Кабир дорем, ки он Ҷумҳурии Тоҷикистон ном дошта, моро аз хурдӣ ба оғуш гирифта, тамоми умр аз ҳама хатарҳои олами муосир ҳифз менамояд, барои мо шароити сазовори фаъолият ва зиндагонӣ муҳаё месозад, ҳуқуқу озодиҳои моро кафолат медиҳад. Ба ин ғамхориҳои ватан мо чун фарзанди содиқи ҷавоб мегардонем ва барои рушду нумӯи он саҳми сазовор мегузорем. Бо кӯмаки мо, насли калонсол, ин гуфтаҳо бояд шиори ватанпарастии ҷавонон бошад.

.

Тарбияи ватанпарастии насли наврас тавассути

Тарбияи шаҳрвандӣ

Тавре дар болотар ҳам гуфта шуд, тарбияи коммунистии насли наврас дар баробари пош хурдани Давлати Шӯравӣ бебунёд монд. Ҳамаи ҷамоҳири шӯравии ин давлат аз давом додани сохтани ҷомеаи коммунистӣ даст кашида, рӯ ба арзишҳои демократӣ оварданд, аз он ҷумла соҳиби асосии ин давлату идеология РСФСР ҳам. Бинобар ин, тарбияи коммунистӣ соҳибони худро аз даст дод. Ҷомеаи демократӣ бошад, сарфи назар аз миллату ақвоми он эҳтиёҷ ба тарбияи шаҳрвандӣ ниёз дорад, ки он гуманистиасос мебошад, чунки меҳвари онро таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ташкил менамояд.

Даҳ сол қабл аз ин Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарор худ аз 03.марти соли 2006 зери № 94 тасдиқ кард, ки он дар амал Консепсияи миллии тарбияи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, чунки ин санади давлатӣ расман тарбияи коммунистиро ба тарбияи шаҳрвандӣ иваз намудааст. Тарбияи шаҳрвандӣ дар ин асос аз тариқи 18 ҷузъи тарбияи шаҳрвандӣ ба амал бароварда мешавад ва дар байни онҳо чанд ҷузъи тарбия бевосита ба тарбияи ватанпарастӣ дахл дорад. Инҳо тарпбияи ғоявӣ, тарбияи миллӣ, турбияи хештаншиносӣ ва худогоҳии миллӣ, тарбияи ватанпарастӣ мебошанд. Ҷузъи охирин тарбияи шаҳрвандӣ хусусияти ҳамгиро кардани ҳамаи ин ҷузъҳои тарбияро дорад.

Вале тарбияи шаҳрвандӣ танҳо тавассути қабули қарори Ҳукумат худ аз худ иҷро намешавад, аз он ҷумла намудҳое, ки ба тарбияи ватанпарастии насли наврас дахл доранд. Ин кор тавассути маърифати шаҳрвандӣ амалӣ мегардад. Мафҳуми маърифат хеле васеъ буда, он тамоми ҷанбаю унсурҳои фарҳангро дар бар мегирад. Вале маърифати шаҳрвандӣ танҳо он намуду унсурҳои маърифатро дар бар мегирад, ки мақсаду вазифаҳои тарбияи шаҳрвандро иҷро менамоянд, маърифатеро, ки ба шаҳрванд дар рафти зиндагиаш дар ҷомеаи шаҳрвандӣ зарур буда, бе он инсон ва шаҳрванд наметавонад дар давлати демократӣ ва ҷомеаи шаҳрванда зиндагӣ кунад ва фаъолияти меҳнатӣ дошта бошад. Яке аз ҷузъҳои муҳимтарини маърифати шаҳрвандӣ ташаккули шаҳрванди ватанпараст мебошад.

Таъкид бояд кард, ки тарбияи шаҳрвандӣ ва маърифати шаҳрвандӣ ду қутби худи як кор мебошад: тарбияи шаҳрванди ватанпараст. Вале барои самаранок сурат гирифтани ин кор шароити мусоиди ҷамъиятию сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, мактабу маориф ва кадрҳои босалоҳияти педагогӣ зарур мебошанд. Ин масъалаҳо дар мақолаҳои дигар предмети омӯзиши мо қарор хоҳанд гирифт.

test

Добавить комментарий