Назария ва  амалияи  музокирот ва миёнравӣ

  1. Гуфтушунид дар ҳали низоъҳо
  2. Марҳилаҳои гуфтушунид
  3. Миёнаравӣ ва марҳилаҳои он

Дар Ғарб гуфтушунид ва миёнравӣ воситаҳои бештар маъмули ҳалли низоъ маҳсуб гардида, аз сатҳи байнифардӣ то сатҳи байналмиллалӣ истифода мешаванд. Ин ду  восита ба асосҳои инкишофёфтаи назарияю таҳлилӣ такя мекунанд.

Музокирот.  Музокирот  «раванде мебошад, ки  дар он ду  ва ё  зиёда ҷониб баҳри ҳалли мушкилоти муносибати байни ҳамдигар талош варзида, муайян мекунанд, ки ҳар яке аз  тарафҳо чӣ  мегирад, ё даст медиҳад, чӣ амалеро иҷро мекунад ва ба чӣ ноил мегардад». Мафҳуми  музокирот одатан бо мафҳуми додугирифт ҳаммаъно истифода мешавад. Вале баъзе олимон чунин назар  доранд, ки мафҳуми додугирифт бештар ба гуфтугӯҳои ғайрирасмӣ вобастагӣ дорад. Ҳамзамон музокирот бештар кӯшиши ба таври расмӣ ҳал намудани  низоъ маънидод мешавад. Мавзӯи  ҳама гунна гуфтушунид комилан гуногунранг аст, вале ҳамеша масъалаи робита миёни тарафҳоро дар бар мегирад. Ба  ақидаи  Левитский, Сандерс ва Минтон, ҳар як  ҳолати гуфтушунид шаш вежагӣ дорад.

  1. Иштироки ду ва ё зиёда ҷонибҳо, ки ба сифати  шахсони алоҳида ё  намояндагони гурӯҳҳо  амал мекунанд;
  2. Бархурди манфиати ҷонибҳо, ки ҳангоми он  тарафҳо ҳадафҳои гуногунро пайгирӣ мекунанд;
  3. Ҷонибон ихтиёран музокиротро ҳамчун воситае барои расидан ба мақсадҳои  дилхоҳ интихоб месозанд;
  4. Тарафҳои даргир ба ҷои истифодаи қувва роҳи гуфтушунидро интихоб мекунанд, чунки  воситаи дигар барои ҳалли низоъ вуҷуд надорад;
  5. Раванди музокирот дар шакли «додугирифт»-и ҷонибҳо пеш меравад;
  6. Тарафҳо дар рафти гуфтушунид ба омилҳои моддӣ (масалан,  нарх ё ашё) ва ё  равонӣ ( масалан, эҳсос ва идрок) диққат медиҳанд.

Гоҳ-гоҳ ҷонибҳо ҳарчанд вонамуд месозанд, ки ба музокирот ворид шуда истодаанд, вале дар асл паи дарёти имконияти мағлуб кардани рақиби хешанд. Гурӯҳҳои дигар  дар  баробари пеш бурдани гуфтушунид аслиҳа ва лавозимоти ҷангӣ захира  мекунанд. Вале дар маҷмӯъ, аксари тарафҳое, ки  дар  музокирот иштирок  доранд,  мехоҳанд ба созиш бирасанд.

Олимон ва аҳли амал ду навъи  гуфтушинидро ёдовар  мешаванд:  музокираи ҷудокунанда  ва музокираи баҳамоваранда, баъзан ҳамчун гуфтушунида «ғолибу маглуб» ва ё рақобати зикр мегардад. Ин асосан музокироте, ки   дар рафти  он кӣ ба чӣ ноил мешавад муайян мегардад. Ҳар як тараф кӯшиш мекунад, ки аз  ҳисоби тарафи дигар  дастоварди худро биафзояд. Баъзе олимон ин бархӯрдро ҳамчун «ҷустуҷӯи фоида» арзёбӣ мекунанд, яъне ҳар як музокирагар мекӯшад, ки  аз  гуфтушунид фоидаи бештар  ба даст орад.

Баръакси ин, музокироти баҳамоваранда ҳамчун гуфтушуниди  моил ба ҳамкорӣ маълум аст, ки  мақсади он қонеъ гардонидани манфиати ҳар  ду тараф мебошад.

Воқеан, аксари вазъиятҳои музокиротӣ хусусияти омехта доранд. Онҳо  на ҳолати «сирф ҳамкорӣ» мебошанд, ки дар  он  манфиати ҷонибҳо ба ҳам созгоранд ва на вазъияти «сирф низоӣ»ҳастанд, ки ҳангоми он  тарафҳо манфиати  якдигарро комилан инкор мекунанд. Аслан ҷараёни музокирот майлу кӯшиши ҷонибҳо ба  ҳамкорӣ ва ҳамзамон, ба  рақобат аст. Миёни ин  майлҳо ихтилофоте вуҷуд доранд, ки барои ҳар як  музокирагар мушкилот  эҷод  мекунанд.

Қисман ин мушкилот аз  вобаста будани тарафҳо ба ҳамдигар пайдо мешаванд. Шахсони гирифтори низоъ дар дохили ҷамоат, корхона ва ғайра ба ҳамдигар вобастагӣ доранд. Ин ба тарзи гузаронидани музокирот ва  стратегияи  ба даст  овардани мақсадҳо таъсир  мерасонад. Ба андешаи олимон Лекс ва Себениус, «вобастагии тарафҳо суоле ба миён меорад, ки  онҳо дар алоҳидагӣ чӣ қадар  ва бо кадом натиҷа  фаъолият карда метавонанд? Ҳамкорӣ шояд барои ҳама афзалтар  бошад». Баръкси  ин,  дар бисёр ҳолат музокирагарон низоъро ҳамчун мубориза барои захираҳои маҳдуди моддӣ пиндошта, дар ҷараёни гуфтушунид аз паи дарёти фоидаи ҳарчи бештар мешаванд. Дар натиҷа,  дигар имкониятҳои ҳалли одилонаи низоъ, ки  дар заминаи онҳо ҳамаи  ҷонибҳо  метавонистанд ғолиб ба ҳисоб раваннд, сарфи назар мешаванд. Нуқтае, ки дар  он  ҳар ду тараф фоидаи баробар ба даст меоранд «хати мувозинат» номида мешавад. Баъд аз он  гузаштан як тараф  аз ҳисоби манфиатҳои  ҷониби дигар бурд  мекунад.

Асарҳои назариву тадқиқотӣ оид ба музокирот хеле зиёданд ва фанҳои гуногуни омӯзиширо дар бар мегиранд. Пруитт ва  Карневалэ (1993) се анъанаи мухталифи пеш бурдани гуфтушунидро, ки дар  асарҳо оид ба музокирот мавҷуданд, номбар мекунанд:

  1. Маслиҳатҳо пиромуни тарзи бурдани гуфтушунид;
  2. Моделсозии математикӣ (назарияи бозиҳои компютерӣ), ки асосан маҷмӯи услубҳои музокиротро баррасӣ мекунад.
  3. Омӯзиши рафтор, ки мақсади он таҳлили тарзи рафтори музокирагар ваатиҷаҳои он мебошад.

Бештари асарҳо оид ба музокирот дар  чаҳорчӯбаи анъанаи якум навишта шуда, маслиҳатҳо иод ба тарзи бурдани гуфтушунидро дар бар  мегиранд. Фишер, Ур ива Патон дар китоби  бозоргири хеш «Расидан ба ҷавоби мусбат: Созишномаи музокирот бидуни ширкат дар он» чаҳор асл (принсип)-и асосии созиши одилонаро  нишон  додаанд:

  1. «ҷудо кардани одамон аз масъала» мебошад. Онҳо пешниҳод мекунанд, ки муносибатҳо (одамон) аз моҳияти ихтилоф бояд ҷудо карда шаванд. Дар ин замина имкони таъсири эҳсосоту нофаҳмиҳо ба раванди музокирот кам мегрдад. Аз ин  бармеояд, ки масъалаҳои  марбут ба  муносибати байниҳамдигарӣ ва  моҳияти мушкилот бояд дар алоҳидагӣ баррасӣ гарданд.
  2. «таваҷҷӯҳ ба манфиатҳо, на ба  мавқеъҳо» мебошад.Гуфтушуниде, ки  иштирокдорони он дар  мавқеи  худ аз ҳад зиёд  пофишорӣ мекунанд, хеле  душвор мегузарад. Дар ин маврид таваҷҷӯҳ ба манфиатиҳо метавонад раванди музокиротро осон  гардонад.
  3. Тарафҳо бояд роҳҳоеро  пайдо созанд, ки  ба воситаи онҳо ҳар ду ҷониб фоидаи баробар ба даст меоранд. Бо истифода аз услуби муҳокимаи ба ном «ҳамлаи фикрӣ» музокирагарон навъҳои гуногуни ҳалли низоъро пешниҳод мекунанд.
  4. Ҷонибҳо бо кӯмаки миёнрав бояд «меъёрҳои айнӣ ва қобили пазириши ҳамаи тараф»-ҳо муайян кунанд. Ба андешаи муаллифон, дар ҳолати набудани чунин меъёрҳо (масалан, қонунҳои байналмилалӣ ё маҳалӣ) яке аз ҷонибҳо, ки  қудрату нуфузи бештар дорад, метавонад ба тарафи дигар фишор оварад. Истифодаи меъёрҳои айнӣ боадолатии созишномаи бадастомадаро таъмин мекунад.

            Миёнравӣ. «Музокироти дастгирёфта»-чунин аст таърифи  мухтасари миёнравӣ. Вале аксари муаллифон барои ифодаи ин мафҳум таърифи мураккабтарро истифода мебарнд. Муҳақиқ Мур миёнаравиро чунин шарҳмедиҳад: «Дахолат ба гуфтушунид ё низоъ аз сӯи ҷониби сеюм, ки дар раванди қабули қарор қудрати маҳдуд дорад, вале бо ин ҳама ба тарафҳои даргил барои ихтиёран расидан ба ҳалли  дилхоҳи низоъ кӯмак мекунад». Ӯ чунин мегӯяд, ки вазифаи миёнрав беҳтар кардани муносибатҳо ва кӯмак расонидан ба амалисозии музокирот низ мебошад. Масалан ба андешаи Мур миёнарав ба тарафҳо бояд  дар бунёди заминаи боварӣ дарки манфиатҳои ҷониби дигар ва кам кардани пайомадҳои манфии қатъи робитаҳо мусоидат намояд.

Олимон ва коршиносон марҳилаю навъҳои гуногуни миёнаравиро муайян кардаанд. Ба сурати умум ин раванд аз чаҳор марҳила иборат аст.

  1. Оғози гуфтушунид ва миёнаравӣ.
  2. Марҳалаи ҳикояти қазия. Зимнан намояндагони тарафҳо дидгоҳи худро оид ба низоъ иброз медоранд.
  3. Марҳилаи ҳалли масъалаҳои низоъангез. Дар он тарафҳои даргир мушкилотро ҳамаҷониба таҳлилу баррасӣ намуда пайомадҳои гуногуни имконпазирро арзёби мекунанд.
  4. Тарафҳо нисбат ба созиши барояшон қобили пазириш ба мувофиқа мерасанд.

Пажуҳишгарони дигар ин марҳилаҳоро ба унсурҳои ҷузъии бештар тақсим кардаанд. Дар китоби Мур оид ба 12 қадам сухан рафтааст, ки муаллиф онҳоро «ҳаракатҳои миёнарав» номидааст. Панҷ қадами аввал пеш аз оғози миёнаравии расми гузошта мешаванд, ки инҳоян:

  1. Барқарор кардани робита бо тарафҳо.
  2. Интихоби стратегияе, ки дар вежагиҳои вазъияти низоъ асос меёбад (яъне таносуби нерӯҳо, масъалаҳое, ки боиси баҳсанд).
  3. Гирдоварӣ ва таҳлили маълумот дар бораи низоъ.
  4. Таҳрезии нақша барои раванди миёнаравӣ, ки душвориҳои имконпазир ва қадамҳои тарафҳоро ба сӯи созиш пешбини мекунад.
  5. Тадриҷан замина гузоштан ба боварию ҳамкории байни тарафҳо ва эътимоди онҳо ба миенарав.

Ҳафт қадами боқимонда  бевосита ба амалигардонии миёнаравӣ таалуқ доранд. Нахуст, миёнарав ба тарафҳои даргир моҳияти гуфтушунидро шарҳ медиҳад. Қоидаҳои асосиро муқарар мекунад ба раванди миёнаравӣ оҳанги мусбат мебахшад. Дувум, масъалаҳо ва рӯзномаи ҷаласаҳои гуфтушунидро таҳия мекунад. Дар қадами саввум миёнарав вазъияти низоъро ҳамаҷониба омӯхта манфиатҳои ҳар як тарафи даргирро муайян мекунад. Дар қадами чаҳорум тарафҳо бо кӯмаки миёнарав роҳҳои гуногуни ҳалли низоъро баррасӣ мекунанд. Дар қадами панҷум ба ҳар яки аз ин роҳҳо баҳо медиҳанд. Дар қадами шашум ҷонибҳо ба созиш мерасанд. Ниҳоят,  тарафҳо ин созишро шакл медиҳан ва нақшаи амалисозии унсурҳои  гуногуни онро  тарҳрезӣ мекунанд. Созишҳои ба даст омада одатан дар шакли хаттӣ баён шуда ҳамчун сатҳи расмии натиҷаҳои миёнаравӣ  ба шумор мераванд.

Дар хар яке аз бархурдхо чониби сеюм ба тарафхо дар хотима додани низоъ ёри мерасонад. Низоъшинос  Мур таъкид мекунад, ки барои расидан ба созиш тарафҳои даргир бояд мёнаравро бипазиранд.  Омилхои  фарханги дар дар интихоби миёнарав накши мухим доранд. Дар фарханги Ғарб миёнарав маъмулан шахси берун аз низоъ буда, аз ҳалли моҷаро ягон манфиат намебинад.

test

Добавить комментарий