Низои  байнигурӯҳҳо ва мақоми ҷомеа дар ҳалли онҳо

  1. Низои банигурӯҳҳо
  2. Нақши ҷомеа дар ҳаллӣ низибайнишахсӣ
  3. Миёнарав дар ҳаллӣ низоъ

Низоъҳоеро, ки  нисбатан  ашхоси камшуморро фаро мегиранд, маҳалла метавонад ба воситаи имконоти   худаш  ҳал намояд.  Лекин низоҳое ҳам ҳастанд,  ки тамоми аҳли  маҳалларо ба фазои худ мекашанд ва онҳоро низои байни гурӯҳҳо меноманд. Маҳалла  ба ҷонибҳо тақсим мешавад ва ҳар яки онҳо риштаро ба тарафи худ мекашанд. Дар маҳалла гурӯҳҳои калон вуҷуд доранд. Ба маврид аст, ки ин ҷо  фаъолияти  гурӯҳҳои   хурди  маҳалларо баррасӣ кунем.

Қаблан зикр шуда буд,  ки аҳли маҳалла  дар масъалаи интиқоли барқ ва гази табиӣ муносибати гуногун доранд  ва мо  онро дар мисоли рафтори чойхоначӣ мушоҳида карда будем. Таҳлили мисоли ҳозира  ба хусусияти дигар  мабдаъҳои  низоъ  равшани  меандозад.

Дар вазъияте, ки интиқоли гази табиӣ душвор шуд, барои аксарияти одамон қувваи барқ   ягона  манбаи гармдиҳӣ ба ҳисоб мерафт. Хусусан, дар фасли зимистон мушкили  таъмини барқ пайдо мешуд.дар маҳалла танҳо як манбаи асосии барқ (трансформатор) мавҷуд буд, ки ба он тамоми  кӯчаҳо   васл  гардида буданд. Баъзе аз сокинони маҳалла, ки шароити  иқтисодиашон  хубтар буд, метавонистанд  барои  худ  хатти  мустақил  гузаронида,  ба ин восита таъминоти хонаводаи худро бо қувваи барқ беҳтар намоянд. Оилаҳое, ки аз интиқоли  газ маҳрум буданд, асосан эҳтиёҷоти рӯзгорашонро тавассути нерӯи барқ  мебароварданд.  Чун дар як хатти барқ чанд дастгоҳи пурқувват васл  гардида буданд, манбаи барқ ба онҳо тоб оварда наметавонист.  Ҳангоми баланд   шудани шиддати асбобҳои барқӣ ( махсусан, шабона) манбаи барқ аз кор мебаромад ва то субҳи рӯзи дигар  тамоми  маҳалла  аз  равшанӣ  маҳрум  мемонд.

Дар ин вазъият ҳар ду тараф якдигарро гунаҳгор меҳисобиданд. Оилаҳои серпул даъво доштанд, ки агар саривақт маблағи газро мепардохтанд, аксарияти мардум асбобҳои барқиро истифода намекарданд ва ин боиси вайрон шудани  манбаи барқ намегашт.   Баръакс оилаҳои камбизоат даъво доштанд, ки аксарияти оилаҳоидоро хатти мустақил гузаронида, қувваи барқро  бисёртар  истифода  мебаранд ва ин  кор  шиддати манбаи барқро афзуд. Ба ин далел онҳо шахсони сарватмандро гунаҳгори  асосии вайроншавии манбаи барқ мешумориданд. Дар чунин вазъият  тарафҳо якдигарро айбдор  мекарданд, аммо масъалаи асосӣ ҳалли худро намеёфт. Дар навбати   аввал бояд манбаи барқ таъмир мешу два барои ин маблағи муайян зарур буд. Масъалаи  дигари ҳалталаб пардохти қарзи гази табиӣ буд, зеро тамоми маҳалла аз интиқоли газ маҳрум буданд. Азбаски хатти  интиқоли гази табиӣ бо якчанд маҳалла пайваст буд ва танҳо як нуқтаи қатъи интиқоли газ вуҷуд дошт, ҳам  маҳаллаҳои серқарз ва ҳам маҳаллаҳои камқарз дар як вақт баста мешуданд ва мардум аз газ  бебаҳра   мемонданд. Дар ин вазъият масъалаи таъмини барқ ба ҳалли қазияи интиқоли  газ вобаста буд, ки сокинони маҳалла бояд онҳоро   бо идораи барқ ва газ якҷоя ҳал намоянд. Дар ин ҳолат пардохти маблағи муайян барои таъмири манбаи барқ боз як масъалаи мураккаб буд.оилаҳои доро, ки барои гузаронидани хатти алоҳидаи  барқ  пули зиёд сарф карда буданд, розигии худро надоданд  ва бо ин рафторашон шароити  мураккаби  мавҷударо  боз  ҳам  душвортар  сохтанд. Роҷеъ ба ҳалли ин масъала амини маҳалла ба сокинони якчанд маротиба  пешниҳодҳо кард, аммо қазияҳалли худро наёфт.  Фасли зимистон торафт  наздик   меомад  ва ҳама дарк мекарданд, ки  баҳри рафъи мушкилот бояд чорае  андешид.

Дар вазъияти низоъ маблағи қарзи окинони маҳалла аз идораи интиқоли газ 23 ҳазор сомонӣ буд ва он бояд пардохта  мешуд. Ин идора танҳо баъди супоридани қарз ба ҷудо кардани хатти алоҳидаи интиқоли газ барои  як маҳалла иҷозат медод.  Ҳамзамон  идораи барқ  барои таъмири манбаъ розӣ набуд, чунки  вақти зиёде нагузашта, он  боз вайрон мешуд. Пеш аз  таъмири манбаи барқ идораи   соҳа кам шарт мемонад: агар сокинон  қарзи худро диҳанд, фишор ба манбаъ кам мешавад ва агар хатҳои мустақил аз манбаъ  гузаронида шаванд, тақсими барқ барои тамоми маҳалла баробар хоҳад шуд. Маҳалла дар чойхона бо коркунони идораи газ ва барқ чамъомади якҷоя гузаронид ва дар  он аз тарафи маҳалла раис ва шӯрои мӯйсафедон иштирок карданд. Дар ҷамъомад  раис хоҳиш кард, ки нуқтаи интиқоли газ  барои маҳалла  алоҳида карда шавад ва пардохти қарз ҳам ба мӯҳлати як сол мавқуф гузошта шавад.  Дар давоми як сол  маҳалла пурра қарзро супорид ва ҳамаи сокинон розӣ шуданд. Ки баробар ба қувваи  барқ  ҳамроҳ гарданд. Шӯрои  мӯйсафедон  тасдиқ карданд, ки онҳо ризоияти  ҳамаи сокинони маҳалларо мегиранд ва хусусан, аз оилаҳое, ки барои хатти барқро гузаронидан  маблағи  зиёд  сарф  намуданд. Дар ҷамъомади якҷоя   ба қароре   омаданд, ки он бояд дар давоми  мӯхлати  муайян иҷро  шавад. Идораи газ қубури   маҳалларо аз қубури маҳаллаи дигар ҷудо кард ва газ дубора интиқол шуд. Ин имкон дод, ки қувваи барқ барои гармдиҳӣ ва хӯрокпазӣ камтар истифода шаваддар навбати  худ, манбаи барқро низ идораи соҳа таъмир кард.  Хатҳои мустақили барқ аз манбаъ ҷудо карда шуданд ва зимистон бея гон  мушкилӣ гузашт.

Чунин  хулоса баровардан мумкин аст, ки низои байни  гурӯҳҳоро бевосита худи гурӯҳҳо ҳал карда наметавонанд ва албатта, дар онҳо тарафи сеюм, яъне миёнарав иштирок мекунад.  Ҷониби сеюм  манфиати худро дорад ва дар мисоли овардашуда идораи газ ва барқ тавонистанд, ки  аз як тараф, ба мардум ёрӣ расонанд  ва суи дигар, маблағи заруриро аз онҳо рӯёнида гиранд.  Бар замми ин, бояд фаъолияти амини маҳалларо қайд   намуд, ки бештар барои ҳалли масъала кӯшиш карда буд. Яъне  барои  ҳалли  низоъҳои  гурӯҳӣ  амри   неки  сардори  гурӯҳ зарур аст.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.