Маҳалла чун миёнарав дар ҳалли низоъҳои сиёсӣ

  1. Маҳалла чун миёнарав дар ҳалли низоъҳои сиёсӣ
  2. Миёнарав дар ҳалли низоъҳои сиёсӣ

 

Низоъҳои байни сокинони маҳалла, аз як тарафи дигар, нисбатан осонтар роҳи ҳалли худро меёбанд. Чунки  дар он низоъҳо  фаъолони маҳалла ва раиси он вазифа ва манфиатҳои худро нағз медонанд ва бо мусолиҳа омадан душвор нест.

Низоъхои  сиёсӣ дар ҷомеа бештар байни ҳизбу ҷунбише, ки барои ба сари қудрат омадан ҳаракат мекунанд, ба вуқӯъ меоянд. Дар ин гунна низоъҳо маҳалла бештар амнияти худро муҳофизат мекунад. Ҳамзамон барои ҳалли чунин низоъҳо шахсони баобрӯю   муътабари худро истифода мебарад.  Моҳи  ноябри 1998 гурӯҳи мусаллаҳи Маҳмуд Худойбердиев аз марзи  Ӯзбекистон ба ҳудуди    вилояти Суғд бо мақсади ба даст овардани    ҳокимият  ворид шуд. Оид ба таърихи   ҳуҷуми М.Худойбердиев  дар васоити ахбори умум кишвар маълумоти муфассал   мавҷуданд. Барои мо  мавқеи  ҷомеаи  маҳаллӣ   муҳим аст, ки дар низои байни ҳукумат ва гурӯҳи мусаллаҳи  М.Худойбердиев   қарор гирифта буд.  Аксарияти махаллаҳои шаҳри  Хуҷанд таърихи куҳан доранд ва дар ҳолатҳое, ки дар ҳолатҳое, ки мо зикр сохтем. Аҳли ҷомеа таърихи якбора ба ду гурӯҳ тақсим намешаванд.

Маҳалла бештар суннатгаро буда, ҳамаи навигариҳоро ба зудӣ қабул  намекунад.аҳолии маҳаллаҳое, ки дар маркази задухӯрди мусаллаҳона ҷойгир буданд, хусусан, «Масҷиди сурх», «Раззоқ»  ва «Сари санг» баробар  ба кӯчаҳо баромада, роҳҳоро бастанд ва бегонаҳоро   нагузоштанд, ки ба маҳалла ворид  шаванд. Ҳамаи занҳоро бо кӯдакони  хурдсол ба хонаи хешовандони  дур  гусел  карданд ва  боқимондаҳо, мардони аз сини 18-сола боло, шабу рӯз дар посбонӣ меистоданд. Раиси маҳаллаи «Масҷиди сурх» Абдуллоҷон Бобоев  азбаски марди пуртаҷриба буд, тамоми ҷавононро таъкид кард, ки ба дасисабозӣ дода нашаванд ва даъватҳои М.Худойбердиевро  напазиранд. Ӯ мефаҳмонд, ки  ин ҳодиса мумкин 4-5 рӯз давом кунад, аммо   сарнавишти шахсони ба он ҳамроҳгардида беҳад  мушкил мегардад. Умуман, аҳли маҳалла бо рафтори худ тарафи ҳукуматро  дастгирӣ карданд  ва  аз  маҳаллаи  мазкур  баъди хотимаи низоъ ягон шахс ба ҷавобгарӣ кашида нашуд. Вале аз дигар маҳаллаҳои дар сари роҳи  М.Худойбердиев   ҷойгирбуда   баъзе   шахсони гумроҳ  ба  дастаи  ӯ агар  аҳли маҳалла муттаҳид шаванд ва раиси онҳо одами пуртаҷрибаву кордон бошад, амнияти сокинони маҳалла таъмин  мегардад. Умуман, сокинони шаҳри Хуҷанд ҳуҷуми  М.Худойбердиевро дастгирӣ  накарданд. Вақти рондани ин гурӯҳи мусаллаҳ кормандони мақомоти низомӣ  прократура ва милиса дар  маҳаллаҳои   дар мавқеи низоъ ҷойгирбуда  хона ба хона    шахсони тарафдори М.Худойбердиевро  меҷустанд. Вақти ба маҳаллаи  «Масҷиди сурх» омадан ҳамроҳи ин ҳайат раиси маҳалла бо аъзои  шӯрои муйсафедон  якҷоя тафтиш  гузарониданд. Ба далели кормандони давлатӣ, ки онҳо метавонанд мустақилона корро идома диҳанд, шӯрои маҳалла эътироз мекард ва иштироки худро дар ин  кор зарур мехисобид, то сокинонро дар ҳолатҳои  ногувор  нагузоранд. Ҳамин тавр, шӯрои маҳалла то охир ба кори тафтишот ёрӣ расонид. Чунин вазъият баёнгари он аст, ки маҳалла бештар тарафи ҳукуматро  дастгири намояд ҳам мустақилияти худро аз дахолати хадамоти давлатӣ нигоҳ медорад. Умуман, дар чунин ҳолатҳои нохуш, ки метавонад ба низои калон сабабгор шавад, аҳл будани маҳалла ягона воситаи пешгирии оқибатҳои ногувор мебошад.

Агар ба таърихи шаҳри  Хуҷанд назар андозем,  воқиф  мегардем, ки вобаста ба шароити вазнини хушксолӣ ҳодисае рух дода буд.  Соли  1911 аксарияти аҳолии ноҳияҳои Истаравшан, Ғончӣ ва Шаҳристон аз сабаби хушксолӣ ба сӯи Хуҷанд равона шуданд.   Вазъияти беҳад  душвор гардид. Агар ҳамаи гуруснагон   дохили шаҳр мешуданд, нохушиҳои зиёд рӯй дода метавонист. Пирмарди  солхӯрда Бобораҳим ба раиси шаҳр маслиҳат медиҳад, ки дар ҷои алохидаи берун аз шаҳр барои оворахо хӯрок пазанд  ва  бепул  ба  онҳо  тақсим карда диҳанд. Пешниходи Бобораҳимро пазируфтанд ва берун аз дарвозаи шаҳр  ошхонаҳои махсус бунёд карданд, ки тамоми  гуруснагон дар он ҷо метавонистанд   бе  ягон   мамониат шиками худро сер кунанд. Аз  мардуми бегона   шахсияташонро  намепурсиданд ва дар давоми 2-3 моҳ, то ба охир расидани хушксолӣ ин корро тамоми аҳли Хуҷанд якдилона   иҷро  мекарданд.   Дар ин муддат ягон марди бегона дохили шаҳр нагашт  ва  ягон  нохушӣ  рӯй  надод.

Аксарияти сокинони шаҳри бостонии Хуҷанд ҳамдигарро   мешиносанд, якҷоя  калон  шудаанд  ва  ҳамеша метавонанд дар ҳолатхои низоъ муттаҳид шуда, онро пешгирӣ созанд. Дар низои дохилӣ хам маҳалла метавонал ба воситаи маслиҳат, амали нек ва ё бо истифода аз обрӯи  худ тарафхои  даргирро ба мусолиҳа орад. Низои  сиёсӣ дар асл барои   маҳалла   санҷиши душвор аст, чунки он бештар амнияти худро дар мадди аввал мегузорад.

test

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *