Андоз аз арзиши иловашуда (ААИ)

Андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) яке аз андозҳои ғайримустақим аз истеъмол ситонидашаванда ба ҳисоб рафта, онро инчунин ба гурӯҳи андозҳои аврупоӣ дохил мекунанд. Ин андоз аввалин маротиба дар республикаи Кот-д-Ивуар дар соли 1960 ҷорӣ карда шуд  ва дар солҳои 70-ум ин андоз дар давлатҳои аврупоӣ ҷорӣ гардид.

ААИ аз як қисми арзиши иловашуда, ки дар раванди истеҳсолот ва муомилот ба нархи мол, кор ва хизматрасониҳо илова карда шудааст, ба буҷет ситонида мешавад. Ин андоз дар тамоми марҳилаҳои  гардиши мол, кор ва хизматрасониҳо аз истеъмолкунандагони охирон ситонида мешавад, яъне ААИ-ро субъектҳое, ки мол, кор ва хизматрасониҳоро истифода мебаранд, пардохт мекунанд. ААИ ба нархи мол, кор ва хизматрасониҳо ҷамъ карда мешавад, лекин даромади таҳвилгарони мол, кор ва хизматрасониҳоро зиёд намекунад.

Хусусиятҳои ААИ-ро дар шакли нақша чунин тасвир кардан мумкин аст:

 

Андозсупорандагон Объекти андоз Меъёри андоз Тартиби хисоб ва пардохти андоз
Шахсоне мебошанд, ки ҳамчун супорандаи андоз  ААИ ба қайд гирита шудаанд ва муомилот аз 200000 сомонӣ бештар бошад Маблағи амалиёт ва воридоти андозбандишаванда 18% Давраи ҳисобот моҳи тақвимӣ мебошад. Пешниҳоди эъломия на дертар аз 15-уми моҳи минбаъда буда, дар ин давра андозро пардохт мекунанд

 

Аз ААИ озод кардан чунин маънӣ дорад, ки таҳвили молҳо, иҷрои корҳо ва хизматрасониҳои аз ААИ озод кардашуда, он амалиёти андозбандишаванда намебошанд ва арзиши онҳо аз ҷониби андозсупоранда ба муомилоти  андозбандишаванда дохил карда намешавад. Воридоти аз ААИ озодкардашуда ба арзиши воридоти андозбандишаванда дохил намегардад.

Таҳвили молҳои зерин (ба ғайр аз содироти молҳо), иҷрои корҳо ва хизматрасониҳо аз андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешаванд:

1) фурӯш, супоридан ё иҷораи амволи ғайриманқул, ба ғайр аз:

–        фурӯш ё супоридани бинои меҳмонхонаҳо ё манзилгоҳ барои истироҳаткунандагон;

–        фурӯш ё супоридани биноҳои истиқоматии аз нав сохташуда, ба ғайр аз ҳолатҳое, ки бино чун манзили истиқоматӣ камаш дар давоми 2 сол истифода шудааст;

2) хизматрасонии молиявӣ

3) таҳвили асъори миллӣ ва хориҷӣ, инчунин коғазҳои қиматнок;

4) хизматрасонии динӣ ва маросимӣ аз ҷониби ташкилоти динӣ;

5) хизматрасонии тиббӣ, ба истиснои хизмати косметологӣ, агар дорои иҷозатнома бошанд;

6) хизматрасонӣ дар соҳаҳои зерин ҳангоми мавҷуд будани иҷозатнома:

– таълиму тарбияи томактабӣ;

-таҳсилоти умумии асосӣ, миёнаи умумӣ;

-таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ;

-таҳсилоти иловагӣ ва махсус.

7) таҳвили молҳо, иҷрои корҳо ва хизматрасониҳо ба сифати кӯмаки башардӯстона;

8) таҳвили молҳо, иҷрои корҳо, хизматрасонӣ, ки мустақиман муассисаҳои пенитенсиарии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё корхонаҳои давлатие, ки ба системаи пенитенсиарии Ҷумҳурии Тоҷикистон шомиланд, истеҳсол намудаанд (иҷро кардаанд, хизмат расонидаанд);

9) таҳвили рӯзномаю маҷаллаҳо, адабиёти бадеӣ, адабиёти бачагона, асарҳои илмию техникӣ, адабиёти таълимӣ, инчунин иҷрои корҳо оид ба нашри онҳо.

10) таҳвили молҳои  (либос ва пойафзол, кулоҳ, маҳсулоти ҷуроб) навъҳои кӯдакона тибқи номгӯи муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

11) хизматрасонии санаторию курортӣ.

13) таҳвили маҳсулоти ҳунарҳои нафисаи ҳалқӣ ва асбобҳои мусиқӣ тибқи номгӯе, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

  1. Таҳвили алюминийи аввалия ва нахи пахта, инчунин калобаи пахта аз ҷумла барои содирот аз андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешавад.

Таҳвили пахтаи коркарднашуда, ба истиснои содирот, аз андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешавад. Содироти пахтаи коркарднашуда бо андоз аз арзиши иловашуда андозбандӣ карда мешавад.

Таҳвили тилло, нуқра, платина, палладий (родий, иридий, рутений, осмий) ба Бонки миллии Тоҷикистон, инчунин таҳвили тилло, нуқра, платина, палладий (родий, иридий, рутений, осмий), алмосҳои табиӣ (коркардшуда ва коркарднашуда), сапфир, зумуррад, рубин, александрит, гавҳар, шпинел ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои Хазинаи давлатии сарватҳо ва ба дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, таҳвили маснуоти заргарӣ аз металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо аз андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешавад.

  1. Намудҳои зерини воридот аз андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешаванд:

1) воридоти асъори миллӣ ва (ё) хориҷӣ (ба ғайр аз мақсадҳои нумизматӣ), инчунин коғазҳои қиматнок;

2) воридоти тилло, нуқра, платина, палладий (родий, иридий, рутений, осмий) аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон,инчунин воридоти тилло, нуқра, платина, палладий (родий, иридий, рутений, осмий), алмосҳои табиӣ (коркардшуда ва коркарднашуда), сапфир, зумуррад, рубин, александрит, гавҳар, шпинел аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои Хазинаи давлатии сарватҳо;

3) воридоти молҳо ба сифати кӯмаки башардӯстона, инчунин воридоти молҳое, ки ба ташкилотҳои эҳсонкорӣ ба мақсади бартараф кардани оқибатҳои офатҳои табиӣ, садама ва фалокатҳо ройгон дода мешаванд ва воридоти молҳое, ки ба мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ройгон дода мешаванд;

ва ғ.

Маблағи ААИ, ки бояд аз амалиёти андозбандишаванда пардохта шавад, ҳамчун фарқи байни маблағи андоз, ки аз чунин муомилот ҳисоб карда шуда ва маблағи андозе, ки бояд тибқи ҳисобнома – фактураҳои ААИ ба ҳисоб гирифта шавад, муайян мегардад.

Мисол:

 

 

Андозсупорандагон

 

Арзиши

амалиёт

Маблағи  андози ба буҷет пардохтшаванда (тартиби ҳисоб)
Андозсупорандаи «А»

(таҳвилгари ашё)

харид         82 + 0 (ААИ)

фурӯш   100 + 18 (ААИ)

18

(18-0)

Андозсупорандаи «Б» (комбинати консервабарорӣ)  харид     100 + 18 (ААИ)

 фурӯш    200 + 36 (ААИ)

18

(3618)

Андозсупорандаи «В» (ширкати хариду фурӯш) харид   200 + 36 (ААИ)

 фурӯш 260 + 46,8(ААИ)

10,8

 (46,8-36)

Андозсупорандаи «Г»

 (мағоза)

харид    260 +46,8 (ААИ)

фурӯш    360 + 64,8 (ААИ)

18

 (64,8-46,8)

Ҳамагӣ   64,8

 

Маблағи ААИ, ки бояд аз воридоти андозбандишаванда пардохта шавад, бо роҳи зарби воридоти андозбандишаванда ба меъёри ААИ муайян карда мешавад.

 

Мисол: ҶММ “Рустам” фаъолияти соҳибкориро аз 15.03.2008 оғоз намуда, дар давраи аз 15.03.2008 то 31.03.2008 ҳаҷми амалиётҳои бо ААИ андозбандишавандааш 250 000 сомониро ташкил додаст.

Дар ин маврид, яъне то 14.03.2008, гарчанде аз оғози фаъолияти соҳибкориаш 12 моҳи пурраи муттасили (паи дар пайи) тақвимӣ, нагузашта бошад ҳам, ҶММ “Рустам”  ӯҳдадор аст дар давоми 30 рӯз ё то 30.04.2008 ба мақоми андоз барои бақайдгирӣ ба мақсадҳои ААИ ариза пешниҳод намояд.

 

Мисол: ҶММ Бахтиёр» ба сифати супорандаи ААИ дар қайд буд ва дар натиҷаи азнавташкилёбӣ, дар пойгоҳи вай ҶММ «Давлат» бунёд шуд, ки тибқи ҳуҷҷатҳои таъсисдиҳиаш вориси ҳуқуқии ҶММ «Бахтиёр» аст. Барои мақсадҳои ААИ  ҶММ «Давлат» новобаста аз ҳаҷми амалиётҳои андозбандишавандааш (таҳвили молҳо, иҷрои корҳо ва хизматрасониҳо) аз рӯзи ба қайд гирифтанаш дар мақоми андоз дар давоми 30 рӯз ӯҳдадор аст барои  ба сифати супорандаи ААИ ба қайд гирифтанаш ариза пешниҳод намояд.

 

Мисол: Андозсупоранда дар моҳи март аз корхонае, ки бо фурӯши автомошинаҳо машғул аст, автомошини сабукрав барои истифодаи хизматӣ ба маблағи 9600 сомонӣ харид ва маблағи 1600 сомонии ААИ-ро ба ҳисоб нагирифт, зеро аз ин амалиёт баҳисобгирӣ иҷозат дода намешавад. Дар моҳи август андозсупоранда ин автомошинаро ба маблағи  10000 сомонӣ фурӯхт. Ин амалиёт бояд андозбандӣ нашавад, чунки ҳангоми харидани автомошинаи сабукрав ААИ ба ҳисоб гирифта нашуда буд.

 

Мисол: ҶММ “Зебуниссо” дар моҳи ҳисоботӣ барои фурӯши молҳои фурӯхтааш 123600 сомонӣ бо назардошти андоз аз арзиши иловашуда (18%)  ва андоз аз фурӯши чакана (3%) ба даст овард. Дар ин маврид арзиши амалиётҳои андозбандишаванда барои мақсадҳои андоз аз фурӯши чакана  120000 (123600 х 100/103) сомониро ташкил намуда,  маблағи он ба 3600 (120000 х 3%) сомонӣ ва барои мақсадҳои ААИ ба  66666,67 (120000 х 100/180) сомонӣ баробар аст.

 

 

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.