Андози замин

Андози заминро заминистифодабарандагоне месупоранд, ки ба онҳо қитъаҳои замин барои истифодаи бемӯҳлат, мӯҳлатнок ва меросии якумра дода шудааст.

Объекти андозбандӣ масоҳати замини амалан истифодашуда ба ҳисоб меравад.

Меъёрҳои андоз барои заминҳои шаҳрҳо ва шаҳракҳо дар ҳаҷмҳои зерин муқаррар карда мешаванд:

1) дар шаҳри Душанбе  – 576 сомонӣ аз ҳар гектар;

2) дар шаҳрҳои Хуҷанд, Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб – 432 сомонӣ аз ҳар гектар;

3) дар шаҳрҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилоятӣ ва шаҳри Хоруғ — 288 сомонӣ аз ҳар гектар;

4) дар дигар шаҳр ва шаҳракҳо — 180 сомонӣ аз ҳар гектар.

Замин барои сохтмони манзили истиқоматии шахсони воқеӣ дар шаҳр ва шаҳракҳо бояд тибқи тартиби зайл андозбандӣ гарданд:

Меъёрҳои миёнаи андоз аз як гектар замин дар минтақаҳои кадастрӣ ва намудҳои замин, ғайр аз заминҳое, ки бо андози ягона барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ андозбандӣ мешаванд, ба андозаи зерин муқаррар мешаванд (бо сомонӣ)*:

Намудҳои замин (қитъаҳо)

Номи

минтақаи

кадастрӣ

Заминҳои кишт ва дарахтзор-ҳои бисёрсола: обӣ/ лалмӣ Чаро-гоҳҳо Алаф-зорҳо Роҳ, кӯчаҳо, иморати ҷамъиятӣ, бешаҳо, майдонҳо, каналҳо, ҷӯйҳо ва заҳбурҳо Дигар заминҳое, ки дар соҳаи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ истифода намешаванд
Суғд, аз ҷумла минтақаҳои кӯҳӣ 60,0/11,0 2

4

4

6

7

6

1

0,8

Ҳисор, аз ҷумла минтақаҳои кӯҳӣ 64,0/26,0 4

4

5

5

6

5

1

0,8

Рашт 52,0/38,0 4 6 6 0,8
Кӯлоб, аз ҷумла минтақаҳои кӯҳӣ 66,0/31,0 3

4

5

6

6

5

1

0,8

Вахш, аз ҷумла минтақаҳои кӯҳӣ 93,0/23,0 2

4

4

4

7

5

1

0,8

Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (бе минтақаи Мурғоб) 18,0/8,0 2 3 3 0,8

*Кодекси андози ҶТ ба тағйироту иловаҳо аз 1.12.07

Мӯҳлати пардохт на дертар аз 15 феврал, 15 май, 15 август ва 15 ноябр барои заминҳои шаҳрҳо ва шаҳракҳо муқаррар карда шудааст.

Барои андози замин чунин имтиёзҳо пешниҳод шудаанд:

  • Боғҳои миллӣ, ботаникӣ
  • Заминҳои ташкилотҳои буҷетӣ
  • Заминҳои ёдгориҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва меъморӣ
  • Заминҳои вайроншуда ва дар зинаи азхудкунии кишоварзӣ буда
  • Заминҳои дар тӯлӣ сарҳадӣ қарордошта
  • Заминҳои захираҳои озоди давлатӣ
  • заминҳои истифодаи умумии нуқтаҳои аҳолинишин ва хоҷагиҳои коммуналӣ, аз ҷумла қабристонҳо

ва ғ.

  Аксизҳо

Аксизҳо – андозҳои ғайримустақим буда, ба  нархи намудҳои муайяни молҳои истеъмоли оммавӣ ва хизматрасониҳо бо фоизҳо ё ин ки бо тарифҳои махсус ҷамъ гардида мешаванд.

Андозсупорандагон Объекти андоз Меъёри андоз Тартиби ҳисоб ва пардохти андоз
Шахсони ҳуқуқӣ ва воқеие, молҳои зераксизиро истеҳсол ва ё ворид менамоянд; таҳвилгарони молҳои зераксизии мусодиршуда, бесоҳиб, инчунин молҳои зераксизии тибқи ҳуқуқи меросгузорӣ гузашта ва ройгон дар қаламрави ҶТ ба моликияти давлат додашуда; онҳое, ки ба вайроншавӣ, нестшавии молҳои зераксизӣ роҳ доданд; онҳое, ки намудҳои фаъолияти зеринро амалӣ менамоянд:

а) тиҷорати бозӣ;

б) ташкил ва гузаронидани лотереяҳо, ба истиснои лотереяҳое, ки Вазорати молияи ҶТ баровардааст.

Молҳои зераксизие, ки дар қаламрави ҶТ истеҳсол ва ё ворид карда мешаванд; Меъёри андозро Ҳукумати ҶТ муқаррар мекунад Давраи ҳисобот моҳи тақвимӣ муқаррар шуда, пешниҳоди эъломия 10 – уми моҳи минбаъда, пардохт аз рӯи низоми анбори андоз амалӣ мегардад;

 

Ба номгӯи молҳои зераксизӣ инҳо дохил мешаванд:

  • спирт, нӯшокиҳои беспирт ва спиртдор;
  • тамокуи коркардшуда ва маҳсулоти саноатии ивазкунандаи тамоку;
  • сӯзишвории минералӣ, нафт ва маҳсулоти коркарди онҳо; моддаҳои битуминозӣ; шамъҳои минералӣ;
  • шина ва покришкаҳои пневматикии резинии нав, шина ва покришкаҳои пневматикии резинии барқароршуда ё пештар истифодашуда; шина ва покришкаҳои яклухт ё нимпневматикӣ, протекторҳои шинагӣ ва лентаҳои ҳошиядори резинӣ;
  • автомобилҳои сабукрав ва ҳама гуна васоити нақлиёти мотордоре, ки барои кашонидани одамон таъин шудаанд;
  • маҳсулоти ҷавоҳирот аз тилло, платина ё нуқра.

 

Меъёрҳои аксизҳо мумкин аст бо фоизҳо нисбати арзиши молҳои зераксизӣ ва ё бо маблағи муайян ба воҳиди ченаки молҳои зераксизӣ дар ифодаи натуралӣ муқаррар карда шаванд. Ба объектҳои андозбандӣ дар соҳаи тиҷорати бозӣ меъёри аксизро аз рӯи ҳисоби барои як моҳ бо маблағи устувор ба воҳиди объекти андозбандии намуди муайян Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд. Меъёри аксиз барои лотерея дар ҳаҷми 1 %-и манбаи андоз муқаррар карда мешавад.

Имтиёзҳо зерин барои озод будан аз супоридани аксизҳо тасдиқ шудаанд:

  • нӯшокиҳои спиртдор, ки шахсони воқеӣ барои истеъмоли худӣ истеҳсол мекунанд;
  • ворид намудани ду литр нӯшокии спиртӣ, ду баста (400 дона) сигор , маҳсулоти ҷавоҳирот ба миқдори 4 адад (аммо бо арзиши на зиёда аз 150 музди меҳнати ҳадди ақали моҳона) аз тарафи шахси воқеӣ барои истеъмоли худӣ, инчунин сӯзишвории автомобил мувофиқи ғунҷоиши зарфи сӯзишвории автомобил барои шахсоне, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути автомобил ворид мешаванд;
  • молҳое, ки ба таври транзит тавассути қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон кашонида мешаванд;
  • воридоти муваққатии молҳо ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба истиснои молҳое, ки барои реэкспорт таъин шудаанд;
  • воридоти молҳои барои реэкспорт пешбинишуда, дар ҳолати таъминоти кафолати гарав тибқи тартиби пешбиникардаи қонунгузории гумрукӣ;
  • молҳои зераксизӣ, ба ғайр аз маснуоти спиртдор ва тамоку, ки дар доираи кӯмаки башардӯстона ворид мешаванд, инчунин молҳои воридшаванда барои беподош додан ба ташкилотҳои эҳсонкорӣ ба мақсади бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ, садамаҳо, фалокатҳо ва барои беподош додан ба мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • содироти молҳои зераксизӣ

 

Озодкунӣ аз аксиз танҳо дар ҳолатҳое татбиқ мешавад, ки шартҳои озодкунӣ аз боҷи гумрукӣ ҳангоми низоми дахлдор мутобиқи қонунгузории гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро шаванд. Дар ин ҳолатҳо, агар барои мақсади ситонидани боҷи гумрукӣ воридот таҳти низоми баргардонидани боҷи гумрукӣ қарор гирад ё супоридани боҷи гумрукӣ дар ҳолати вайрон намудани шарти озодкунӣ талаб карда шавад, ҳамин низом нисбати ситонидани аксиз татбиқ мегардад, яъне ҳангоми истеҳсоли молҳои зераксизӣ аксизҳо аз амалиётҳои андозбандишавандае, ки дар ҳар як давраи ҳисоботӣ (андоз) содир шудаанд, на дертар:

– аз рӯзи 13 моҳ – барои даҳрӯзаи аввали моҳ;

– аз рӯзи 23 моҳ – барои даҳрӯзаи дуюми моҳ;

– аз рӯзи 3 моҳи минбаъда – барои қисми боқимондаи моҳи ҳисоботӣ бояд супорида шаванд. Андозсупоранда, ба истиснои низоми анбори андоз, ҳуқуқ надорад молҳоро аз ҳудуди биноҳои истеҳсолӣ бе супоридани аксиз тибқи ин молҳо берун барорад. Маблағи аксиз аз рӯи тиҷорати бозӣ бояд на дертар аз санаи 5-уми моҳи минбаъдаи давраи ҳисоботи андоз супорида шавад. Давраи андоз барои ҳисоб кардан ва пардохтани аксиз аз рӯи тиҷорати бозӣ моҳи тақвимӣ мебошад.  Аксиз аз амалӣ намудани фаъолият оиди ташкил ва гузарондани лотерея то бақайдгирии ба фурӯш баровардани чиптаҳо супорида мешавад. Бақайдгирии ба фурӯш баровардани чиптаҳои лотерея бе супоридани аксиз амалӣ намегардад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон молҳои зераксизӣ, ватанӣ ва воридотиро, ки бояд тамғаҳои акзисӣ гузошта шаванд, муқаррар менамояд. Воридот ва фурӯши чунин молҳои зераксизӣ бе тамғаҳои аксизӣ қатъиян манъ аст. Мақомоти андоз ҳуқуқ доранд тибқи тартиби муқарраргардида чунин молҳои зераксизиро, ки ба фурӯш бе тамғаҳои аксизӣ бароварда шудаанд, мусодира намоянд. Тамғаҳои аксизӣ ҳуҷҷатҳои ҳисоботдиҳии қатъӣ буда, дорои дараҷаи муайяни ҳифозат мебошанд. Тартиби таҳия ва муомилоти онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад. Тартиби гузоштани тамғаҳои аксизӣ ба маҳсулоти зераксизӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ муайян карда мешавад.

test

Добавить комментарий