Андешаҳои сарвари давлат перомуни истифодабарии технологияхои муосир аз чониби хонандагон

Чунонки медонед, дар асри бисту як пешрафт ва боигарии кишварҳоро на аз руи шумораи ахолӣ ва захираву сарватҳои табиӣ, балки аз руи қобилияти зеҳнӣ, сатҳи маърифат ва огоҳиву дастрасӣ доштани ахолӣ ба техникаву технологияҳои муосир ва истифодаи самараноки онҳо муайян менамоянд.

Дар шароити пешрафти босуръати илму техника бо донишҳои муосири илмиву техникӣ мусаллаҳ гардонидани ҷавонон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ширкати фаъолонаи онҳо дар пешрафти ҷомеа ва давлат яке аз шартҳои асосии рушди иқтисодии кишвар мебошад.

Вале дар баробари ин, мо борҳо таъкид кардаем, ки бояд маданияти истифодабарии дастовардҳои технологияҳои муосир, аз ҷумла телефонҳои мобилӣ ва шабакаи интернет риоя карда шавад.

Ҳоло таҳқиқоти олимон исбот намудааст, ки истифодаи бенизому бемеъёри телефонҳои мобилӣ, махсусан аз ҷониби наврасону ҷавонон, ба сустшавии фаъолияти ҷисмонӣ, пастшавии қобилияти фикрронӣ, қабули ахбор, бемор шудани узвҳои шунавоӣ ва хатто ба безурётӣ оварда мерасонад.

Имрӯз ҷойгиркунии истгоҳҳои базавии ширкатҳои мобилӣ дар бомҳо ва девори биноҳои истикоматӣ сокинонро ба ташвиш овардааст. Тавре ки огоҳ ҳастед, аз соли 2008 ҷойгиркунии чунин истгоҳҳо дар боми беморхонаҳо ва дар ҳудуди мактабҳо манъ карда шудааст.

Табибон таъсири алоқаи мобилиро дар бадани кӯдакон омӯхта, ба хулоса омадаанд, ки бинобар хассос будани бадани кӯдак зарари телефон дар онҳо бештар ҳис карда мешавад. Бинобар ин, дар Британияи Кабир аз соли 2001 инҷониб фурӯши телефонҳои мобилӣ барои кӯдакон ва мактаббачагон манъ гардидааст.

Оқибати таъсири телефони мобилӣ ба организми инсон бо мурури замон аён мегардад. Олимони Ирландия исбот намудаанд, ки хасташавии умумӣ, парешонхотирӣ, вайроншавии хоб, заиф гардидани масуният, пайдоиши бемориҳои гуногуни магзи устухон ва гадудҳои эндокринӣ нишонаҳои шуохурии аз ҳад зиёд буда, баъд аз се соли истифодабарии телефонҳои мобилӣ хавфи пайдошавии омоси магзи сар се баробар зиёд мегардад.

Дар баробари зарари чисмонӣ аксари наврасону ҷавонон аз телефон ва шабакаи интернет на барои гирифтани маълумоти мукаммалкунандаи донишу малака, балки барои дарёфти дигар маълумоти ба ахлоки чомеа зарарнок сару кор мегиранд.

Бо вучуди таъкидҳои мунтазам ва андешидани тадбирҳои зарурӣ бозори истифода ва хариди телефонҳои мобилӣ торафт меафзояд. Агар дар соли 2010 шумораи умумии муштариёни телефонҳои мобилӣ дар мамлакат 6 миллионро ташкил дода бошад, пас ин нишондиҳанда дар соли чорӣ ба 10 миллион расидааст.

Дар ин давра шумораи истифодабарандагони интернет аз 1,3 миллион то ба 3 миллиону 730 ҳазор нафар афзоиш ёфтааст. Яъне ин нишондиҳанда танҳо дар ду соли охир се баробар зиёд гардидааст.

Тавре ки ҳоло ҳам мушоҳида мегардад, баъзе хатмкардагони муассисаҳои тахсилоти олӣ ва ибтидоиву миёнаи касбии мамлакат дар масъалаи пайдо намудани чойи кори мувофиқ ва шуғли сазовор душворӣ мекашанд.

Сабаби чунин ҳолат на танҳо дар надоштани омодагии касбӣ, балки дар мувофиқат накардани тахассуси онҳо ба талаботи бозори меҳнат мебошад. Ин масъала садди роҳи корфармоён ва аҳолии кобили меҳнат гардида, боиси коҳиш ёфтани қобилияти рақобати кадрҳо дар бозори меҳнати дохил ва хоричи мамлакат мешавад.

Бинобар ин, вазоратҳои меҳнат ва ҳифзи ичтимоии ахолӣ ва маорифро зарур аст, ки чиҳати дарёфти механизми мушаххаси ҷалби мутахассисони ҷавон ба бозори меҳнат ва рақобатпазирии онҳо тавассути баргузории озмуни чойҳои нави корӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Масъалаи дигаре, ки ба таври доимӣ таъкид менамоям, ба ҷои кори таъиншуда тибқи роххат нарафтани мутахассисони ҷавон мебошад.

Тибқи маълумот дар давоми 5 соли охир қариб 25000 нафар хатмкардагони ихтисосҳои омузгорӣ тибҳи роххати Вазорати маориф ба муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар сафарбар карда шудаанд.

Вале аз шумораи зикршуда беш аз 5 ҳазор нафар ё 20 фоизи хатмкардагон ба чойи кор ҳозир нашудаанд. Дар робита бо масъалаҳои таҳлилшудаи ҳаёти ҷавонон ва таъмини ояндаи дурахшони насли наврас мехоҳам хотирнишон созам, ки ичрои вазифаҳои гузошташуда ва рафъи мушкилоту камбудиҳои мавҷуда муносибати бисёр чиддии масъулини тамоми вазорату идораҳо, дигар сохтору мақомоти давлатӣ, устодону омузгорон, падару модарон ва умуман аҳли чомеа, аз ҷумла худи шумо – ҷавонони бонангу номуси Ватанро мехоҳад.

Насли ҷавон бояд дар руҳияи солиму созанда ва ҳамкадами чаҳони муосир таълиму тарбия гирад. Мо бояд аз низоми муосиртарини таҳсил барои тарбияи насли наврас истифода намоем.

Ҳоло имкониятҳои истифоданашуда дар ин самт зиёданд ва чунонки доим таъкид месозам, барои амалӣ намудани ин нақшаву ниятҳои нек танҳо завқ ва хоҳиш зарур аст.

Бояд низоми самаранок ва доимамалкунандаи аз зинаи мактаби миёна ба мактаби олӣ интиқол додани толибилми босавод ва аз мактаби олӣ ба истеҳсолот пешкаш намудани кадри дорои сатҳи баланди касбӣ ба роҳ монда шавад.

Илова бар ин, зарур аст, ки ба масъалаи омузиши забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ аз ҷониби ҷавонон эътибори катъӣ зоҳир гардад.

Аз ҷумла зиёд намудани курсҳои кутоҳмуддати омузишӣ, таҳияи методика ва барномаҳои пешрафтаи таълими забонҳои хоричӣ ва ҷалби омузгорони соҳибтаҷрибаро ба нақша гирифта, дар хамаи шаҳру ноҳияҳои кишвар дар шакли ягона амалӣ кардан зарур аст.

Ҳозирини гиромӣ!

Истиқлолияти давлатӣ ҳамон вақт устувору пойдор мегардад, ки ҳар як фарди ҷомеа ба кадри он расад ва ҳамчун дастоварди бузурги таърихӣ ҳифз намуда, озодиву соҳибихтиёриро асоси хушбахтии худ ва наслҳои ояндаи миллат шуморад.

Дар шароити торафт шиддат гирифтани равандҳои чаҳонишавӣ барои мо ва махсусан барои наврасону ҷавонони сарзаминамон Ватан, модар, забон, фарҳанг ва расму ойинҳои миллӣ, инчунин эҳтирому арҷгузорӣ ба рамзҳову муқаддасоти милливу давлатиамон ҳаётан муҳим доранд.

Ватанро дуст доштан, аз он ифтихор кардан, барои ҳимояи он омода будан, ба кадри сулҳу субот, осудагиву ваҳдат ва истиқлолият расидан, шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатиро ба чо овардан аз ҷумлаи арзишҳо мебошанд, ки ҷавонони мо бояд онҳоро дастури зиндагии ҳаррузаи худ карор диҳанд ва итминон дошта бошанд, ки танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем кишвари воқеан ободу пешрафта ва тавоно бунёд намоем.

Самимона ва сидкан дуст доштани ин Ватан ва ин сарзамин, арҷ гузоштан ба арзишҳои неки миллӣ ва саъю талош кардан ба хотири ҳифзу густариши онҳо, инчунин оштинопазир будан бо ақидаву гароишҳои бегонапарастӣ дар маҷмуъ андешаи миллиро ба вучуд меорад.

Андешаи миллӣ раванди инкишофи ҷаҳонбинии афроди миллатро тақвият бахшида, ҷавононро ба худшиносиву худогоҳӣ ҳидоят месозад.

Мо умед дорем, ки ҷавонон дар раванди тачдиди чомеа тавассути таҳким бахшидани фикру андешаи нав, бахусус ҳифзи истиқлоли давлатӣ ва дастовардҳои он, арзишҳои бунёдии миллатсозӣ ва ватансозиву ватандорӣ бо давлату Ҳукумат ҳамкории фаъол мекунанд.

Зеро насли ҷавон бо дониши амиқ, ҷаҳонбинии фароҳу андешаи мустақил ва бо масъулияти баланди шаҳрвандӣ бояд карзи фарзандии хешро дар назди халку Ватан эҳсос намуда, ҷомеаи моро ба пеш – ба суи ободиву пирузиҳои нав барад.

Аз ин ру, масъалаи баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ ва худшиносиву худогоҳии насли чавон бояд ба яке аз самтҳои асосии рушди давлатдории миллии мо табдил ёбад.

Арзишҳои умумимиллии Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол ва ҳифзи манфиатҳои кишвар бояд аз ҳамаи манфиатҳои дигар боло ва пойдевори тарбияи ватандустии ҷавонон бошанд.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.