Хусусиятхои физиологӣ ва психологии наврасон ва хонандагони мактабҳои миёна

      Синну соли наврасии хонандагони синфҳои 5-8 ро дар бар мегирад. Аз ин ҷиҳат таснифоти синнусоли хонандагони 11-12 то 14-15 сола ба ин зинаи синнусоли рост меояд. Ин зинаи синнусоли дар адабиётҳои психологи «давраи гузариш» ва давраи «пойдоргардии ҳаёти инсонй» ба қалам дода мешавад. Гарчанде дар ин синну сол организми наврасон аз чиҳати зоҳирӣ хеле монанд шаванд ҳам, бо вучуди ин дар байни онҳо тафовути куллии мавҷуд аст. Ин аз як тараф ва аз тарафи дигар, наврасон ҳоло на шахси баркамоланду на хурдсол. Онхо дар “зинаи гузариш” буда, тағйиротҳои куллии анатомию физиологӣ, психологӣ ва биологиро аз сар мегузаронанд. Аз ин ру, душвории овони навраси пеш аз ҳама дар тағйирёбии имконоти маънавӣ, ичтимоӣ ва шаклҳои нави муоширати байниҳамии онҳо бо ҳамсолон ва бо атрофин (волидайн, муаллимон ва шахсони калонсол) зоҳир мегардад.                                                                                                                                                   

      Зиёда аз ин, дар синну сол шароити зист, фаъолияти таълимӣ  ба куллӣ тағйир меёбад. Ин тағйиротҳо пеш аз ҳама дар системаи асаб, фаълияти психикӣ, дар тарзҳои муоширот бо атрофиён ва дар ҷараёни таълим бо муаллим ба вучуд меоянд.Табиист, ки чунин тағйирот аз наврасон дараҷаи  баланди фаъолияти фикриро талаб мекунад. Онҳо бояд мантиҳан фикр карда аз материалҳои  хондашуда хулосаҳои чуқуру асоснок бароранд, моҳияти таносуби байни мафҳумҳоро ошкор созанд ва мафҳумҳои навро аз бар намоянд.                                                                         

      Зинаи гузариши Низоми Ганчавӣ дар шеъри “Дониш талаб”, ки ба фарзандаш бахшида аст, ба як ҳассосии баланд тасвир кардааст, ки дар синни ҳафтсолагӣ бача ба бозӣ ва таълимомузӣ машғул шуданаш зарур аст. Лекин дар синни чордаҳсолагӣ, яъне овони наврасӣ вай бояд ба шавқу ҳаваси хеле зиёд дониш омузад ва худро аз амалу рафторҳои ночор дур созад, ҳамеша ба он саъй кунад, ки вақти пурқимати худро ба аз бар кардани илм, омухтани касбу ҳунар, ахлоқи ҳамида бахшад. Зеро,– таъкид мекунад Н. Ганчавӣ, — маҳз тавассути донишомузӣ сатҳи олами маънавӣ ва хулқу одоби наврас мунтазам васеъ шуда, обру ва эътибори вай дар рафти тарзҳои муоширати иҷтимоӣ ба зинаи боз ҳам баландтаре мебарояд. Ба фикри Н. Ганчавӣ ҳар қадаре, ки дар синни наврасӣ хонандаро соҳиби илму маърифат гардонем ва ба интихоби касбу ҳунар ба у ёрӣ расонем, ҳамон қадар у тезтар ба ҳар як мартабае, ки пештар сидқан ният карда буд, мерасад. Вале — мегуяд Н. Ганчавӣ — барои соҳибилму соҳибҳунар шудан бештар илм омухтан, чидду чаҳд ва саъю кушиши зиёд кардан лозим аст. Барои он ки сазовори ҳурмату эҳтироми омма гардад, бояд вақташро беҳуда нагузаронида, бештар ба илму ҳунаромузӣ машғул шудан зарур аст. Аз ин чиҳат дар сурати риояи ҳамбастагии илму ҳунар ба беҳ шудани фаровонии рисқ ва зиндагии хушу хуррам умед бастан мумкин аст.                                                                                                            

Зимнан, тағйиротҳои муҳими физиологӣ, психологӣ, аклӣ, маънавӣ ва инчунин иҷтимоӣ дар ниҳоду сиришти наврасон ба вучуд меоянд. (Пеш  аз хама ин тагйиротҳо дар расиши ҷинсии духтарон ва писарон ба вучуд меоянд)Дар минтакаҳои миёнаи собиқ Иттиҳоди Шуравӣ ибтидои расиши чинсӣ дар духтарон дар синни 11-12 солагӣ ва дар писарон дар синни 12-13 солагӣ мегузарад.Лекин дар дигар минтақаҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ расиши чинсӣ дар духтарон дар синни 13-14 солагй ва дар писарон дар синни 15-16 солагӣ мегузарад. Вале давраи гузариш тулонӣ буда, вай дар духтарон то синни 19-солагӣ ва дар писарон то синни 21-солагӣ давом мекунад.     Дар ин синну сол организми наврасон бо суръати тез ва номутаносиб инкишоф меёбад. Аз як тараф, ҳачми бадан, қадкашй, аппаратҳои мушакй такмил меёбад ва рафти ба устухон мубаддалшавии скелет давом мекунад, ҳачми дил ва дигар узвҳои дохилӣ бо суръати тез инкишоф меёбанд.  Вале инкишофи ҳафаси сандуқи сина, устухони кос нисбат ба дигар узвҳо қафо мемонанд. Бинобар ин, инкишофи номутаносиби узвҳо ва ҳучайраҳои асаб ба фаъолияти дил бетаъсир намемонанд. Ҳачми дил нисбат ба ҳачми диаметри рагҳои хунгард тезтар инкишоф меёбад ва ин боиси вайроншавии фаъолити системаи дилу раг шуда, дар шакли дилзанӣ, баландшавии фишори хун, дарди сар, сарчархзанӣ, тез мондашавӣ ва ғайра ифода меёбад.

 Тағйиротҳои куллии биологие, ки дар синну соли наврасӣ ба вучуд меоянд, дар узвҳои дохилӣ, яъне ғадудҳои секреттсияи дарунӣ, аз чумла ғадудҳои сипаршакл ва ғадудҳои таносули ҷинсй ба амал омада, мубодилаи моддаҳоро ба вучуд меоранд. Азбаски системаи эндокринии системаи асаб бо ҳам алокаманд аст, вай аз як тараф боиси баландшавии пуравчи кувва мусоидат мекунад ва аз тарафи дигар баландшавии ҳассосият ба таъсиротҳои петогенӣ мушоҳида мешавад. Бинобар ин, мондашавии фикрию чисмонӣ, дурандоз ба асаб фишор овардан, сар задани ҳолатҳои аффективӣ ва аз сар гузаронии ҳолатҳои эмоционалӣ (масалан, ҳодисаҳои тарс, қаҳру ғазаб, ранҷиш, таҳқир ва ғайра) боиси вайроншавии системаи эндокринӣ (яъне дар вақти муайян боздории ҳайз) ва вайроншавии вазифаи системаи асаб (баъзе аломатҳои он; баландшавии ҳаяҷоннокӣ, ҳолатҳои эмоционалӣ, мондашавӣ, бехафсалагӣ, сустшавии механизмхои нигохдоранда, парешонфикрӣ, пастшавии фаъолияти мехнатӣ, вайроншавии речаи хоб) шуда метавонад. Инчунин тағйиротҳои биологй аз он сабаб руй медиҳанд, ки дар духтарон то саршавии ҳайз ва ё дар ҳолати амали ҳайз асабонишавӣ, тезхашмӣ, ҳаяҷоннокӣ, пастшавии иштиёҳ, дилвардӣ, ноумедӣ ва дигар ҳолатҳои руҳӣ мушоҳида карда мешавад.

    Илова бар ин, балоғати ҷинсӣ ва тағйиротхои куллии биологие, ки дар организми наврасон ба вуҷуд меоянд ба фаъолияти системаи асаби онҳо таъсир бахшида, боиси инчикӣ, зудранчӣ, тундмизочӣ ва дағалии онҳо сабаб мешавад. Масалан, дар зери таъсири ангезандаҳои гуногун вазъи руҳии наврасон яку якбора хира шуда, дар онҳо руҳияи ғамгинӣ, бетафовутӣ нисбат ба ҳодисаҳои гирду атроф, парешонфикрӣ, беташаббусӣ, асабонишавӣ, ҳаяҷоннокӣ, вайронкориҳои коидаҳои ахлокӣ ва ғайраҳо ба вуҷуд меоянд. Аз ин нигоҳ чунин хусусиятҳои психологии наврасонро дар рафти кори таълиму тарбия ба ҳисоб гирифтан зарур аст.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.