Талабот ба муошироти дусти ва рафокат

Талабот ба муошироти дустй ва рафокат

   Дар синни наврасй хохиш ва талаботи муносибат бо хамсолон, дустону рафикон ва ба каллективи хамсолон дохил шудан равшан ифода мешавад. Хиссиёти дустй, рафокат дар асоси хавасхои умумй, марок ва якчоя амал кардан инкишоф меёбад.

   Тадкикотхо нишон медиханд,ки кисми зиёди наврасон ба мактаб бо хавас меоянд, зеро мактаб маркази васеи муоширот бо хамсолон ва дустону рафикон мебошад.

    Мафхуми рафокат ва мафхуми дустй дар синни наврасй мазмуни нав пайдо мекунад. Мафхуми рафокат бо хисси коллективизм, ягонагии рафокат, рафокати хамкорй алокаи зич дорад. Мафхуми дустй дар снни хурди наврасй фахмиши махдудтар дошта, доираи муайяни одамонро дар бар гирифта бо хавасхои шахсй, боварй нисбат ба шахси наздик ва гайрахо ифода меёбад. Лекин бо тагйир ёфтани синну сол мазмуни дустй ва рафокат пурмазмунтар мегардад. Аз ин чихат, дар ин синну сол наврасон на барои он устй мекунанд,ки дар ЧК парта мешинанд, якчоя ба мактаб мераванд ва аз як махаллаанд ва гайрахо. Зеро,ки чунин шакли дустй ба хонандагони синни хурди мактабй хос аст:

    Дустии овони наврасй дар заминаи хавасхои умумй, рагбатхои ягона, фаъолияти якчоя бурдан ва хурмату эхтироми якдигар, боваринокй, якдигарро фахмида тавонистан, акидахои ягона ташаккул меёбад.

    Дар бораи муносибати дустии наврасон изхори акида карда, гуфтан лозим аст,ки дар ин синну сол дар байни духтарон ва писарон, муошироти байнихамй баркарор мешавад. Масалан, дар синфи 5,6-умдар байни писару духтарон хисси дустй дар шакли интихоби дусти наздик ва бо хам муттахидшавии наврасон, алокаи бисёр зичи психологй ва боварии тарафайн зохир мешавад. Лекин дар синфхои 7,8-ум бештар масъалаи,ки ба ки маъкул аст, ба миён омада, мавкеи хосро ишгол мекунад. Бо вучуди ин, дар синфи 7-8-уми дар мазмуни дустии писарону духтарон нишонахои аввалини ишку мухаббат пайдо мешавад. Дар наврасон майлу хавас ба чинси дигар пайдо шуда, дар ташаккули сифатхои маънавии онхо сахми калон мебозад.

    Мушохидахои мо нишон медиханд,ки нишонахои аввалини ишку мухаббат ва майл ба чинси дигар дар духтарон нисбат ба писарон барвакттар пайдо мешавад.зеро ки давраи ба балогатрасй дар духтарон нисбат ба писарон 2 сол пештар сар мешавад. Дар ин давра духтарон ба рафтору кирдор, тарзи суханронй, тарзи либоспушй, оро додани муйхо, истифодаи рангу бор, муносибат бо хамсолон ва чинси дигар марок марок зохир мекунанд.

    Диккати наврасонро бештар кинофилмхое ба худ чалб мекунанд,ки вар то вари онхоро масъалахои дустй ва ишку мухаббат фаро гирифтаанд. Бояд гуфт,ки духтарон на танхо бо хамсолони худ, балки бо чавонони нисбатан калон ва ё хонандагони синфхои болой хисси таваччух зохир мекунанд. Аз ин ру, мухаббати давраи наврасй хусусиятхои ба худ хос дорад ва агар онро муаллимон ва падару модарон ба хубй донанд, имконият пайдо мекунанд,ки дар вакти бо наврасон корхои тарбиявй сухбатхо гузаронидан онхоро ба эътибор гиранд.

    Равоншинос И.С.Страхов масъалахои дустиро тадкик карда, хусусиятхои онро ба таври зайл муайян кардааст; 1)Ба дусти хакикй шудан хисси боваринокй, садокат, муттасилй кушодаруй, дар хама холат бо хам будан лозим аст;

    2)Ошкорбаёнй, боварии тарафйн ва хамдигарфахмй, бодиккатй ва хозирчавобй ба дусти хакикй зарур аст;

    3)Мувофикатии шавку хавасхо, фаъолияти якчоя ва максаду саъю кушишхои ягона;

    4)Риояи ёрии байнихамй ва омодагии у барои дастгирии хамдигарй дар холатхои ба миён омадани душворихо.

   Дар баробари ин дар байни шоирон, нависандагон, олимон дар бораи мухаббати давраи наврасй акидахои мухталиф мавчуд аст. Як гурух олимон хиссиёти овони наврасиро мухаббати чиддй шуморида, ба он бахои баландмедиханд, гурухи дигар онро як навъ шухии давраи бачагй шуморида кайд мекунанд,ки ин хиссиёти ноустувор буда, калб ва дилу дидаро фаро намегирад.

    Аз чумла Гёте гуфтааст; «Мухаббати аввалин наврасонро нохуш намекунад, балки онхоро рухбаланд мекунад. Табиат гуё мехохад,ки як чинси дигар мехрубонию зебогиро дарк кунад».

   Шоир Лоик Шералй ишки аввалини давраи наврасиро ба «гураи сармозада» монанд кардааст,ки баъзан боиси дилшикастагй, нобоварй, умедхои барбодрафтаи наврасон мегардад.

  Дар бораи мухаббати давраи наврасй дар байни падару модарон, муаллимон ва мухаккикон низ акидахои мухталиф вучуд дорад. Як гурухи онхо кайд мекунанд, ки «Мухаббати давраи наврасй ин ухаббати хакикй аст» ва гурухи дигар бошад; «Мухаббати давраи наврасй вучуд надорад ва дар ин синну сол дуст доштан холо барвакт аст »­­ – мегуянд. Бояд гуфт, ки акидаи гурухи якум барои он хато аст, ки ба хиссиёти давраи наврасй бахои баланд додаанд ва дар акидаи гурухи дуюм нобоварй ба мухаббати давраи наврасй мушохида карда мешавад.

  Бояд кайд кунем,ки мухаббати давраи наврасиро мо инкор ё рад кардани нестем, чунки дар бораи вай дар хама давру замонхо асархои бадеии чахонй офарида шудааст ва осори мухаббат дар хотири хамаи калонсолон накш бастааст. Вале хангоми ба мухаббати давраи наврасй бахо додан бисёр эхтиёт шудан лозим аст, зеро ин хиссиёт дар зинаи ташаккулёбии шахсияти наврасон ба амал меояд. Наврасон холо аз чихати ичтимой, маънавй, физиологй ва психологй обутоб наёфтаанд. Мухаббати давраи наврасй бошад, хусусиятхои ба худ хос дорад;

  а) масъалаи дуст доштан, хиссиёти ишку мухаббатро дарк кардан таваччухи наврасонро бо шаклгирии расиши чинсй ба ташвиш меорад. Онхо аз афсонахо, хикояхо, хондани асархои бадей, аз шеъру сурудхо, тамошои кинофилмхо, барномаи телевизионй «Мухаббат бо нигохи аввалин», аз накли шахсони калонсол дар бораи мухаббат, дустдорй вокиф мешаванд. Ба хубй мефахманд, ки мухаббат хиссиётест, ки тамоми вучуди инсонро фаро мегирад. Мухаббат калбхоро пурхаророрат карда оташи ишкро меафрузад вар рузе ба дарди дили онхо низ садо медихад.

  б) мухаббати давраи наврасй мухаббати зохирй буда, аз хаёт, зиндагй ва масъалахои оилаю оиладорй дурр аст. Наврасон дар ин синну сол ба хаёт ва зиндагй дакик нигох намекунанд, орзую умедхои онхо ба ташкили оила алокаманд нест. Вай ба бозии шавковар монанд буда онхо аз чихати маънавй, ичтимой, иктисодй ва физиологй ба хаёт тайёр нестанд.

  в) асоси мухаббати давраи наврасй аз муносибатхои дустй ва рафокат сар мешавад ва аз ин ру, дустиро мактаби мухаббат меноманд.

    Хамин тавр, мухаббати давраи наврасй аз давраи баркароршавй то авчи камолот давом мекунад. Дар вакти пайдо шудани чунин хиссиёт риояи покизагии ахлок ахамияти калон дорад. Зеро,ки дар хамин синну сол наврасон бомулохиза рафтор накунанд, давраи хушу хуррамй, орзую умедхои худро барбод медиханд ва ин хама боиси дили шикаста, хониши нотамом, орзухои амалинашуда сабаб мешавад. Аз ин чихат ба падару модарон, муаллимон ва дигар шахсони калонсол лозим аст,ки оиди ин масъала бо наврасон сухбатхои судбахш гузаронанд, адабиётхои лозимиро тавсия намуда, роху равиши дурусти зиндагиро хидоят намоянд.

   Дар рафти сухбат хусусиятхои синнусолй ва фардй-психологии наврасон (мизоч, характер, кобилият, шавку хавас, талаботхо) ба хисоб гирифта шавад. Ин чунин одоби муошироти педагогиро риоя намуда, эхтиёткору дурандеш будан зарур аст. Ба наврасон фахмонидан зарур аст,ки барои дурусттар ва хаматарафа фахмида гирифтани якдигар вакти муайяне зарур аст. Мухаббат на танхо ба хиссиёт ва вазъи рухй, балки ба чихатхои ичтимои, иктисодй ва маънавии чавонон вобаста мебошад. Аз ин вачх, барои ташкили оила лозим аст,ки аз чихати иктисодй чавонон ба калонсолон вобаста набошанд, махорат ва малакахои мехнати оилавй-маиширо ташаккул диханд, сири рузгордориро ба хубй донанд.

test

Добавить комментарий