АЛОҚАИ КАЛИМАҲО ДАР ИБОРА ВА ҶУМЛА

  • 607. Алоқаи калимаҳо дар ибора ва ҷумла яке аз масъалаҳои асосии синтаксис мебошад, зеро ки хусусиятҳои хоси миллии забои дар қоидаву қонунҳои алоқаи калимаҳо барҷаста зоҳир мегардад. Муносибати синтаксисй ва алокаи калимаҳои ба воситаи унсурҳои шаклии калимаҳо (бандаки изофӣ, бандакҳои феълию хабарӣ ва бан-дакҷонишин), инчунин пешоянду пасоянд ифода меёбад.

Шаклҳои гуногуни алоқаи калимаҳо муносибати гуногуни ҳамон як предмета фикрро нисбат ба предмети дигари фикр ифода меку-нанд: аз дарьё гузаштан, ба дарьё даромадан, дар болои дарьё давр задан, назди дарьё дам гирифтан, дар бораи Дарьё нақл кардан, дарьёх.ои Тоҷикистон ва ғайра.

Бандакҳои феълй ва хабарй флексияро мемонанд ва алоқаи му-вофиқат аз бисьёр ҷиҳат ба онҳо вобаста мебошад: ман хонам, ту хонӣ, ӯ хонад; мо хонем, шумо хонед, онҳо хонанд.

Истифодаи шаклҳои гуногуни як ибора (масалан, пеш аз тулӯи офтоб, пас аз тулӯи офтоб, ҳангоми тулӯи офтоб, тулӯи офтобро, ба тулӯи офтоб, аз тулӯи офтоб ва ғайра) ба хусусияти пайвастшавии он бо дигар калимаю ибораҳои таркиби чумла вобаста мебошад. Дар сохтани гурӯҳҳои асосии ибораҳо ҳамаи шаклҳои калимаҳо баробар иштирок намекунанд. Баъзе воситаҳои шаклии калимаҳо (масалан, бандакҳои феълию хабарй) дар сохти ҷумла мақоми асосй доранд. Вазифаи баъзе шаклҳои калимаҳо аз доираи ибора берун мебарояд, масалан, шаклҳои замон, сиға ва шахсу шумораи феъл мансуби ҷумла мебошад.

Омӯхтани вазифаю қоидаи истеъмоли шаклҳои калимаҳо ва му-каррар кардани қонунияти истифодаи онҳо барои сохтани ибора ва ҷумла аз масъалаҳои хеле муҳим ва ҳанӯз тадқиқнашудаи синтакси­сй забони тоҷикй ба шумор меравад. Дар ибораҳои навъи мубориза барои сулҳ, муҳаббат ба ватан, оҳу барин чолок, аз пул гузаштан, бо корд пора кардан, Москваро тамошо кардан, дидан замон шинохтан калимаҳои мустақил байни якдигар ба воситаи калимаи ёридиҳанда алоқа пайдо кардаанд. Пешоянду пасояндҳо барои ифодаи муносиба­ти синтаксисй калимаҳои мустақилро ба ҳамдигар алоқаманд мена-, моянд. Дар сохтани ибораҳои номии забони тоҷикй бандаки изофй ҳамчун воситаи шаклй мақоми хосса дорад. Дар забони адабии ҳозираи тоҷик тамоюли нави истифодаи баъзе пешоянду пасояндҳо ба чашм мерасад. Доираи вазифаю истифодаи онҳо дар ибора ва чумла васеъ гаштааст. Дар натиҷа қолиби баъзе навъҳои ибора фаъол гашта, дар ;баробари ин ибораҳои пав ҳам ба вучуд омадаанд (мусобикаи оид ба футбол, номзад ба устоди спорт, мубориза барои сулҳ, муҳаббат ба Ватан, аз ҷиҳати мазмун аниқ ва ғайра). Ҷараёни тақсим ва тасни-фи вазифаи пешоянду пасояндҳо, ки бо тағьироти системаи ибора ало-қаманд аст, инкишоф ёфта истодааст. Омӯхтани ҳамаи ин ҳодисаҳои синтаксисй,  ки  барои  фаҳмидани тамоюли  инкишофи системаи ҳозирай йбора ахамйятй калон дорад, аз вазифаҳои хеле зарурй тадқйқй синтаксиси забони тоҷикй мебошад.

Дар истифодаи калимаҳои ёридиҳанда дар байни ибора ва ҷум-ла тафовути ҷиддӣ мушоҳида мешавад. Маълум аст, ки таркибҳои пешояндй ба таркиби ҷумла низ дохил мегарданд.

Аммо  муносибати  гурӯҳҳои  дигари  калимаҳои  ёридиҳанда   (пайвандак ва ҳиссача)  ба ҷумла ва ибора фарқ дорад. Ҳиссачаҳо  (махсусан, ҳиссачаи модалӣ) дар ташкили хелҳои модалии ҷумла (саволию тасдиқӣ,   амрй   ва   ғайра)   бевосита   иштирок   мекунанд.     Ҳиссачаҳои модалӣ ба шакли ибора муносибате надоранд. Ифодаи муносибатҳои онҳо  бевосита  ба  категорияҳои  грамматикие  алоқаманд  аст,  ки  дар сохти  ҷумла  зоҳир  мегарданд ва  онро тавсиф  мекунанд.  Истифодаи бандакҳои  феълию хабарй  ва  ни до  низ  бо сохти ҷумла  марбут аст.,

Масъалаи пайвандак, ҳамчун  воситан алоқаи калимаҳо, якқадар мураккабтар аст. Ин навъи калимаҳои ёридиҳанда калимаҳои мустақил ва ҷумлаҳоро бо ҳам пайванд ва алоқаманд намуда, дар ифодаи муносибатҳои  гуногуни  байни  онҳо  хизмат  менамояд.   Баъзе  забонши-

носон зимни истилоҳҳои алоҳида («гурӯҳҳои сусти калимаҳо», «таркибҳои ноустувор», «қатораҳои кушод»,)   хелҳои гуногуни таркибҳои пайвастиро ба доираи ибора дароварданианд: шабу рӯз, бародару хоқар, китоб  ва дафтар;  баланд,  вале зебо;   на кам, на бисьёр  ва  монанди ин. Маълум аст, ки сохти ин таркибҳо ба алоқаи грамматикии байни

ҳиссаҳои нутқ вобаста нест. Дар онҳо калимаҳо паи ҳам меоянд ва дар   байнашон   алоқаи  тобеъ  дида  намешавад.  Масъалаи  таркибҳои чида бо назарияи аъзоҳои ҷумла мансуб аст, бинобар ин он ба фасли ибора дохил намешавад.

Дар сохти ибора тартиби калима низ аҳамияти калон дорад. Тартиби калима дар сохти ибора вазифаи соф грамматики дорад, масалан: китоби шавқовар, студенти курси панҷум, дувоздақ нафар коргар, бисьёр зебо, баъзе хонандагон, аз канор сеюм, қалам тароши-дан, ба кино рафтан, аз порсол инҷониб вонахӯрдан, даҳ қадам пеш-тар ва ғайра.

Тартиби калима дар ибораҳои исмию феълй мавқеи намоён дорад. Дар ибораҳои исмии изофӣ, ки тартиби калима устувор аст, ҷузъи асосӣ пеш аз ҷузъи тобеъ меояд:замини колхоз, қатори якум, нони гарм. Дар ибораҳои феълии пешояндӣ, пасояндй ва ҳамроҳӣ ҷои ҷузъ~ ҳо таъин аст: ҷузъи асосй пас аз ҷузъи тобеъ меояд: дар мактаб хон-дан, Душанберо сайр кардан, хурсандона омадан, шабона рафтан, пеш аз баромадани офтоб омаДан, барои касе харидан ва ғайра.

Дар. ибораҳои мураккаб ҷои ҷузъҳои тобеъ нисбат ба ҷузъи асо­сй ба таносуби мантиқии байни калимаҳо вобаста мебошад. Объекти бевоситаи суратнаёфта ва калимаи ифодакунандаи муносибати андо-заю дараҷа сарфи назар аз миқдори калимаҳои дохили ибора, ҳаме-ша пеш аз ҷузъи асосй меоянд: аз магазин китоб харидан-аз магазин барои Хуршед китоб харидан, дар завод нағз кор кардан — дар за­вод бо рафиқон нағз кор кардан — дар завод бо рафиком ҳамеша нағз кор кардан ва ғайра. Ҷои объекти бевосита ва объекти бавосита нис­бат ба калимаи асосии ибора низ муайян аст: аввал объекти баво­сита, сипае объекти бевоситаи суратнаёфта меояд: барои Хуршед китоб харидан, бо пиёла чой нӯшидан ва ғайра. Объекти бевоситаи суратна­ёфта аксар пеш аз объекти бавосита ҷой мегирад: чойро ҳамроҳи Ҷам-шед нушидан, китобро ҳамроҳи рафиқон харидан ва ғайра. Ҷои ка­лимаи ифодакунандаи маънои замон низ нисбатан таъин аст: вай беш-тар дар аввали ибора меояд: имрӯз ба театр рафтан, рӯзи якшанбе ҳамроҳи меҳмонон ба Москва паридан ва ғайра.

Тартиби калима дар ибора ва чумла аз якдигар фарқ мекунад. Доираи тадқиқи тартиби калима дар ҷумла нисбат ба ибора васеъ мебошад. Тартиби калима дар чумла аҳамияти грамматики, инчунин аҳамияти услубӣ дорад. Вай барои фарк кардани сараъзоҳои чумла хизмат мекунад: Садридин Айнй — сардафтари адабиёти советии тоҷик ва Сардафтари адабиёти советии точик — Садриддин Айнй. Са-фар кардан — ҷаҳон дидан ва Ҷаҳон дидан — сафар кардан. Мақсади ӯ — студент шудан ва Студент шудан — мақсади ӯ.

Тартиби калима якҷоя бо интонацияи хабарй воситаи ташкили муносибати хабарй шуда метавонад: ҳамин мактаб — мактаб ҳамин, ҳамин мақсад — мақсад ҳамин ва ғайра.

Вазифаи грамматикии тартиби калима дар ҷумлаҳои саволӣ рав-шантар  зохир  мегардад: Аз деҳа  кай баргаштед, Зарринаҷон?

  • 608. Калимаҳо ба ибора ва чумла дохил шуда, алоқаҳои муай-яни грамматики пайдо мекунанд, аммо хусусияти ин алоқаҳо дар ибора ва ҷумла як хел нестанд. Сохти ибора нисбат ба сохти ҷумла сод-датар аст, бинобар ин алоқаи калимаҳо дар он низ чандон мураккаб намебошад. Алоқаи калимаҳо дар ду гурӯҳи асосй — пайваст ва тобеъ муттаҳид мешавад.

Азбаски ибора ҳамеша аз ҷузъи асосй (калимаи тобеъкунанда) ва ҷузъи тобеъ (калимаи тобеъшаванда) иборат аст, дар он фақат алоқаи тобеъ дида мешавад. Алоқаи пайваст танҳо дар таркиби чум-ла вуҷуд дорад. Дуруст аст, ки яке аз ҷузъҳои ибора (ё чузъи асосӣ, ё ҷузъи тобеъ) дар шакли чида низ ифода щуда метавонад, чунончи: хонандагони аълохону пешқадам, муаллимону студентони институт. Аммо мафҳуми чида шудани калимаҳо ва ибораҳо бо қоидаи аъзоҳои ҷумла ва сохти ҷумла алоқаманд мебошад. Азбаски ибора дар ҷумла ба сифати материал истифода мешавад, бо хелу воситаҳои алоқаи грамматикии худ ба таркиби ҷумла дохил мегардад. Ба туфайли ин имтиёзи чумла дар он ҳама хелҳои алоқаи синтаксисии калимаҳо (алоқаи пайваст ва алоқаи тобеъ) равшан зоҳир мегардад. Ҳамин тавр, дар ҷумла ҳам алоқаи пайваст ва ҳам алокаи тобеъ дида ме­шавад, аммо ба ибора фақат алоқаи тобеъ хос мебошад.

  • 609. Алоқаи пайваст дар байни калима, ибора ва ҷумлаҳои мус-тақил зоҳир мегардад. Дар алокаи пайваст калима, ибора ва чумла-ҳо аз ҷиҳати синтаксисй баробарҳуқуқ буда, яке ба дигаре тобеъ нест. Алоқаи пайваст воситаҳои хоси грамматики — пайвандакҳои махсус дорад, ки аз рӯи маъно ба чунин хелҳо чудо мешаванд:
  1. Алоқаи пайвасти паиҳам, ки дар он калима ва чумлаҳои паиҳамомада ба воситаи пайвандакҳои ва,-у, ҳам, инчунин, чи… чи, балки ба якдигар муносибат пайдо мекунанд: дарахт ва санг, замину осмон, маориф ҳам маДаният, чи талх, чи ширин. Алоқаи паиҳам ба истис-
    нои пайвандакҳои ва, у, асосан, дар дохили чумла сурат мегирад:

Ҷавон буд, солим буд, каланд ҳам мезад, пахта ҳам мечид (Улуг-зода). Ҳамесозем хидмат содикона— Чи дар лафзу, чи дар фикру чи дар кор (Шукӯҳӣ). У натанҳо лаввоҳ ва ҷадвалкаш буд, балки рассо-ми ҳунарманд ҳам буд (Айнй).

Пайвандакҳои паиҳам, алалхусус ва,-у, чумлаҳои соддаи тар­киби чумлаи мураккабро ба якдигар пайваст карда, хусусият ва му­носибати байни онҳоро нишон медиҳанд:

У як байт хонд ва май ба ӯ ҷавоб додам… (Айнй). Халтаро Ҷӯра бардошту онҳо аз барак берун баромаданд (Раҳим Ҷалил). Аз бои-гарии адабиёти тоҷик истифода бурдан даркор аст, инчунин аз лаҳҷа-ҳои забони точикй ҳам мо бояд чизҳои нағзи ҳамафаҳмро ба забони адабй дохил кунем (Улугзода).

  1. Алоқаи пайвасти хилофй, ки дар он муносибати байни кали­ма ва ҷумлаҳо ба воситаи пайвандакҳои хилофии аммо, лекин, вале ба таври қиёсу муқобилгузорй ифода меёбад: овози паст, вале форам; ҳавои соф, аммо хунук; чойники зебо, лекин, шикаста. Алоқаи пай­
    васти хилофй аксар чумлаҳоро пайваст мекунад;

Дар роҳ шитоб кардан лозим буд, аммо аспи ман ҳеҷ шитоб на-мекард (Айнй). Дар ҳамин вақт асп аз дастам чудо шуд, лекин дас-там сӯзиш мекард (Айнй). Саодатбибй ҳоло пир набуд, вале дар солҳои охир худро бедармон ҳис мекард (Раҳим Ҷалил). Ҳазор-ҳазор муҳоҷиронро ба Вахш на аробаҳои чорчарха, балки мошинҳо, поезд-хо ва киштиҳо мекашонданд (Улуғзода). Аз дур овози паст, аммо форами зане ба гӯш мерасид («Садои Шарк»).

Дар чумла калимаи бошад (дар ҳамаи шахсу шумора) ва пайван-даки паиҳами-у ба сифати пайвандаки хилофй низ истифода меша-ванд:

Вай ба ман нигоҳ карда табассум мекард, ман бошам маҳву мот шуда, сурати девор барин беҳаракат мондам (Деҳотӣ). Абр гирьёну лолаҳо хандон — Бод ларзону сабзаҳо рақсон (Турсунзода). Чаро Шумо ин корро дар вақташ анҷом надодед, ҳол он ки барои Шумо ҳамаи шароитҳо муҳайё буданд («Тоҷикистони советӣ»). Бори ман қуввати як навҷавони пондздаҳ- шонздаҳсолаи тандурустро талаб ме-намуд ва ҳол он ки ман бачаи ёздаҳсола будам   (Улуғзода).

  1. Алоқаи пайвасти ҷудоӣ, ки дар он калима, ибора ва ҷумлаҳо ба воситаи пайвандакҳои ҷудоии ё… ё, ё ки, ё ин ки, ва ё пайваст мешаванд. Ин навъи алоқаи  пайваст дар  чумла  ба  амал  меояд:

; У аз магазин ё китоб мехарид, ё дафтар, ё ягон чизи дигар («Ма-ориф ва маданият»). Шумо сухани маро нағз нафаҳмидед, ё ин ки худам нағз фаҳмонида натавонистам (Айнй).

  1. Алоқаи пайвасти бепайвандак хоси ҷумла аст. Дар алоқан калима, таркиб, ибора ва ҷумлаҳои бепайвандак муносибати маъной, тартиби калима, оҳанги такрор, интонация мавқеи асосй доранд: ка­лам, дафтар, китоб; дар хона, дар дӯкон, дар магазин; аз Институти
    хоҷагии қишлоқ, Институти политехники, Университети давлатии Тоҷикистон; Занг зада шуд, талабагон ба синфҳояшон даромаданд; Вақт саҳаргоҳон буд, тамоми биёбонро хомӯшй фаро гирифта буд (Айнй).
  • 610. Алоқаи тобеъ ҳам ба ибора ва ҳам ба чумла мансуб аст. Дар алоқаи тобеъ калима, ибора ва ҷумлаҳо байни якдигар дар му­носибати вобастагӣ мебошанд. Мувофиқи алоқаи тобеъ як чузъи воҳиди синтаксисй асосй буда, чузъи дигар ба он аз ҷиҳати грамматики тобеъ мебошад ва онро аз ягон ҷиҳат шарҳу эзоҳ медиҳад. Доираи ифода ва истифодаи хел ва воситаҳои грамматики дар алоқаи тобеъ нисбат ба алоқаи пайваст хеле васеъ мебошад. Алокаи тобеъ вобаста ба хусусияту тарзи ифодаи воситаи грамматикии байни ҷузъҳои ибора ва ҷумла ба хелҳои зерин чудо мешавад: 1) алоқаи мувофикат, 2) ало­каи изофӣ, 3) алоқаи пешояндй, 4) алоқаи пасояндӣ, 5) алоқаи ҳамроҳӣ, 6) алоқаи изофию пешояндй, 7) алоқаи изофию пасояндй, 8) ало­каи пешояндии чуфт, 9) алокаи пешоянду пасояндӣ, 10) алокаи ар­тиклї, 11) алоқаи пасояндиву бандакҷонишинй.
  • 611. Алоқаи мувофикат хоси чумла буда, дар он калимаҳои алоқаманд аз рӯи категорияҳои ҳаммаънои морфологии шахсу шумо­ра ба ҳамдигар баробар меоянд. Дар забони тоҷикй алоқаи мувофи­кат дар байни хабару мубтадо ба вучуд меояд, яъне аз рӯи шахсу шумора ба мубтадо мувофиқат кардани хабар алокаи мувофикат номи-да мешавад, масалан: Падар писарро сахт ба оғӯш кашид. Онҳо хеле вақт хомӯшона роҳ рафтанд (Раҳим Ҷалил).

Алоқаи мувофиқат дар забони тоҷикй ягона хели алоқаи шаклист, ки ба воситаи категорияҳои муайяни морфологи ифода меёбад. Аммо, чунон ки таърихи инкишофи ин масъала нишон медиҳад, мувофиқати хабар бо мубтадо ба хусусияти луғавию грамматикии мубтадо вобас­та мебошад. Дар забони адабии точик хабар бо мубтадо аксар пурра мувофиқат намояд хам, вале мавридҳое ба назар мерасанд, ки дар байни онҳо мувофиқати пурра дида намешавад. Мувофиқати хабар бо мубтадо дар забони адабии ҳозираи точик аз забони адабиёти клас­сики’ то андозае фарк мекунад. Дар забони адабиёти пешина ба муво-фиқати семантикию грамматики бештар диккат дода мешудааст, вале дар забони адабии ҳозираи тоҷик мӯвофиқати грамматики афзалият до-рад. Мувофиқати пурраю нопурраи хабар бо мубтадо аз рӯи анъана бо масъалаи ҷамъи грамматикию семантикии мубтадо пйвастагии зич дорад. Аз тарафи дигар, суффикси ҷамъбандӣ гирифтану нагириф-тани мубтадо ба хусусияти луғавию грамматикии калима ва мазмуни матн вобаста мебошад: агар мубтадои исми шахс ҷамъи грам­матики дошта бошад, хабар аз рӯи шахсу шумора бо он пурра му-вофиқат мекунад; мубтадои исми ғайришахс ҷамъи грамматики дош­та бошад, хабар метавонад бо он пурра мувофиқат накунад. ‘Аммо дар забони адабии ҳозираи тоҷик масъалаи мувофиқати хабар бо мубтадо тағьир ёфтааст. Ҳоло дар забони матбуот ва радиою теле-визион хабар бо мубтадо, сарфи назар аз он ки бо исми шахс ифода шудааст ё бо ғайришахс, аксар мувофиқат мекунад.

  • 612. Алоқаи изофй хоси ибора ҳисоб меёбад. Воситаи грамма­тикии ин алоқа бандаки изофии -и мебошад. Изофат (-и) худ маъ-ное надорад ва дар талаффузи адабй зада намегирад, бо чузъи яку-ми ибора якҷоя навишта мешавад:талабаи хушзеҳн, китоби хонанда, хондани китоб, сафеди сафед, сиёҳи мазанг.

Доираи алокаи изофй бисьёр васеъ мебошад. Бандаки изофй дар байни ду ва зиёда калима меояд. Ибораи изофии содда ду калима, ибораи изофии мураккаб зиёда аз ду калимаро дар бар мегирад. Дар ибораи изофй калима бо калима, калима бо ибора ва ё ибора бо ка­лима, ибора бо ибора алоқа пайдо мекунад: муваффақияти коллектив, нависандаи тараққипарвар, студенти Университети давлатии Тоҷикис-тон, қарори Совети Вазирони СССР, маҷлиси Президиуми Совети Олии Тоҷикистон, механизаторони пешқадами колхоз, райони Дан-ғараи вилояти Кӯлоб, дар мактаби олӣ таҳсил кардани фарзанди коргару деҳқон.

Бандаки изофй аслан ибораи муайянкунандагй (атрибутивй) ме-созад. Маънои ибораи изофй ба маънои лугавию грамматикии ҷузъҳо ва муносибати синтаксисие, ки дар натиҷаи алоқаи онҳо пайдо ме-тнавад, вобаста аст.

Бандаки изофй калимаҳои гуногунсохту гуногунмаъноро, ки ба ҳар хел категорияи лугавию морфологи тааллуқ доранд, алоқаманд менамояд. Ҳамин аст, ки ибораи изофй муносибатҳои гуногуни синтаксисиро ифода менамояд. Дар ибораи изофй калимаи якум кариб ҳамеша асосй буда, калимаи дуюм онро аз ягон ҷиҳат шарҳу эзоҳ ме-диҳад.

Дар ибораи изофй ба вазифаи ҷузъи асоси исм, масдар, сифати феълй, ҷонишин, сифат ва шумора истифода мегарданд: муборизи сулҳ, навиштани мактуб, равандагони Душанбе, мани хушбахт, калони калон, дуй Шумою чори ман.

Аммо доираи истеъмоли калимаҳо ба сифати чузъи тобеи ибо­раи изофй ниҳоят васеъ мебошад. Ҳамчун чузъи тоб^ъ исм, сифат, шу­мора, чонишин, сифати феълй ва масдар истеъмол мегарданд: барги дарахт, духтари хушзеҳн, соли ҳаштодум, модари ман, мактуби навишташуда, маҷоли хестан. Дар ибораи изофй бандаки изофй нафа-кат шакли ифодаи ибора, балки нишондиҳандаи чузъи ибора низ ме­бошад. Дар ин хели ибора маҳз ба туфайли бандаки изофй ҷузъи асо­сй ва тобеъро ба осонй муайян намудан мумкин аст. Чунончи, дар ибораҳои қалами сурх, рафики ғамхор, либоси бачагона, чидани пах­та, варақи дафтар, сайри Душанбе, ҳавлии онҳо калимаи якум, ки бандаки изофй гирифтааст, чузъи асосй ва калимаи дуюм чузъи тобеъ мебошад. Маълум аст, ки бандаки изофй хусусияти шаклсозй низ дорад. Дар ибораи изофй тобеияти чузъи тобеъ ба чузъи асосй ҳам бо роҳи маъно ва ҳам бо рохи шакл (бандаки изофй) зоҳнр мегардад. Агар чузъи тобеи ибора сифат бошад, бештар ҷиҳати маъно, агар чузъи тобеъ исм ё чонишини шахсй бошад, бештар ҷиҳати шакл на-моёнтар аст, чунки чузъи асосй ва ё чузъи тобеи ибораро ба воситаи бандаки изофй таъин менамоем: қарори мачлис, хонаи ман.

  • 613. Алоқаи пешояндӣ ҳам дар ибора ва ҳам дар чумла васеъ истифода мешавад, аммо дар чумла доираи истеъмоли он васеътар аст. Мувофики ин навъи алока калимаҳои мустакил байни якдигар ба воситаи пешоянд робита пайдо карда, муносибати гуногуни синтаксисиро ифода менамоянд: мубориза барои сулҳ, ба девор баробар, аз панҷ ду, рӯи саҳна баромадан, баъзе аз хонандагон, ба даромадгох наздиктар.

Алоқаи пешояндй дар забони тоҷикӣ бисьёр сермаҳсул ва серистеъмол мебошад. Ин аз он сабаб аст, ки адади пешояндҳо, маҳсусан пешояндҳои номй, бисьёр аст. Миқдоран зиёд будани пешояндхо имконият медиҳад, ки ибораҳои гуногунсохту гуногунмаъно тартиб ёбанд: бо қалам навиштан, аз ҷӯй гузаштан, Дар мубоҳиса иштирок кардан, то Ленинобод рафтан, ба касе (чизе) додан, зери дарахт ни-шастан, ҳангоми пахтачинй вохӯрдан, дар ҳаққи касе (чизе) гуфтан, оид ба ягон масъала сӯҳбат кардан, мулоқот бо меҳмон, муҳаббат ба ватан, аз гул зеботар, бо тилло баробар ва ғайра.

Алоқаи пешояндӣ дар ҳамаи хелҳои луғавию грамматикии ибора — ибораҳои исмй (мубориза барои сулҳ), сифатй (аз қанд ширин), шуморагй (аз канор сеюм), ҷонишинй (баъзе аз онҳо), феълӣ (дар мактаб хондан), зарфй (аз Карим пештар) иштирок мекунад. Ба воситаи алоқаи пешояндӣ муносибатҳои гуногуни синтаксисй: муноси­бати объектї (муҳаббат ба ватан, дар пиёла андохтан, бо корд буридан), муносибати маконй (дар синф нишастан, то мактаб давидан, аз хона баромадан), муносибати замонӣ (дар вақти дарс омадан, то тобистон мунтазир шудан, аз баҳорон cap кардан) ва амсоли инҳо ифода меёбанд. Дар алоқаи пешояндй ба сифати чузъи асосй ва чузъи тобеи ибора ҳамаи ҳиссаҳои мустақили нутқ истифода мешаванд. Во­ситаи ифодаи грамматикии ин алоқа пешояндҳои аслй ва номӣ мебошанд.

  • 614. Алоқаи пасояндй ҳам дар ибора ва хам дар ҷумла васеъ истифода мешавад. Дар ин тарзи алоқа низ калимаҳо бо ҳам роби­та пайдо карда, муносибати муайяни синтаксисиро ифода менамоянд: Далерро дидан, Москваро тамошо кардан, оҳу барин чолок, қанд ба­рин ширин ва ғайра.

Доираи истифодаи алоқаи пасояндй нисбат ба алоқаи пешоян­дй маҳдудтар аст, чунки системаи пасоянд дар забони адабии тоҷик инкишоф наёфтааст. Аз ин рӯ миқдори пасояндҳо нисбат ба пешоянд­хо чандин маротиба кам аст.

Дар забони адабии ҳозираи тоҷик ғайр аз пасоянди қадимаи -ро бо таъсири забони гуфтугӯ як гурӯҳ калимаҳо ба вазифаи пасоянд истифода шуда, ҳамчун воситаи алокаи синтаксисии байни чузъҳои ибораю ҷумла намоён мешаванд: боз, барин, замон/ замоно (хамон/ ҳамоно) инҷониб, интараф, шуда ва ғайра:

Қосим-ака, аҷаб одаме будаед. Ҷасадатон фил барин бошад њам, пашша барин заҳра надоштаед (Деҳотй). Кораш мӯл, барои ҳамин як хафта боз наомаДааст (Муҳаммадиев). Ба бемористон оварданд. Солҳои ҷанг инҷониб ба бемористон наомада буд (Муҳаммадиев). Қариб се чор рӯз интараф ба cap хоридан дасташ намерасад (Икро-мй). Ризо вайро дидан замон рӯяшро бо кафи дастҳояш пинҳон карД (Улуғзода). Ба хона даромадан ҳамон диққати боборо намоиши те-левизион ба худ кашид (Деҳотй). Некй мекунам гуфта гоҳо бегуноҳе-ро меранҷонй (Мухаммадиев). Майлаш, вай дар назди Асад комиссар шуДа кор мекунад (Икромй).

Пасоянди-ро дараҷаи баланди абстракцияи грамматикиро аз cap гузаронидааст. Вай маънои луғавй надорад, нисбат ба дигар пасояндҳо серистифода бошад ҳам, на ҳамеша хамчун воситаи грамматикии иборасоз намоён мешавад. Ин пасоянд хусусияти худро ҳамчун воситаи алокаи грамматикии байни чузъҳои ибора, одатан, дар ҷумла зоҳир мекунад. Бинобар ин дар чумла дар як маврид ҳамчун воситаи алоқаи  грамматикии  байни чузъҳои ибора  ва  дар  мавриди дигар  ҳамчун артикль воқеъ мегардад.

  1. Пасоянди-ро дар мавридҳои зерин ҳамчун воситаи алоқаи грам­матики зоҳир мешавад:

а)  агар дар ибора ва ҷумла бо исми хос, исми ҷинси мансуби шахс, ҷонишини  шахсӣ ва ҷонишини нафсӣ истифода  шуда  бошад:

Гулрӯро аз ҳафтсолагӣ ба мактаб доданд (Раҳим Ҷалил). Мачлиси колхоз бригадирро ба раисии колхоз интихоб намуд («Точикистони советӣ»). Хайр, акнун маро ҷавоб диҳед (Айнй). Аз он гуна ҷо-ҳо асп худро ба осонй хоҳад берун кашид (Айнй);

б) агар дар ибора чузъи тобеъ бо исми хос, исми ҷинси мансуби шахс, ҷонишини шахсй ва нафсӣ ифода ёфта бошад:

Имрӯз мақсади ман адреси хонаи Қорӣ-ишкамбаро ёфтан буд (Айнй). Ин фикру андешаҳо дили модарро бадтар мефушурданд (Ниёзй). Ман сӯҳбатҳои ӯро бо завқ мешуниДам («Точикистони советӣ)». Вай дарҳол модари худро ба хотир овард (Ниёзӣ);

в) агар калима бандакчонишин дошта бошад: Шайпурнавоз шайпурашро навохт (Раҳим Ҷалил). …он ду мӯйсафед китфҳояшонро наҷунбонида, дастҳояшонро дароз карданд (Айнй);

г)  агар ҷузъи тобеи ибора ҷонишини ишоратии ин, он, ҳамин ва ҳамон бошад:

Маҷлис ин масъаларо ҳам ҳал кард (Икромӣ). Ҳамон одамро ман дирӯз Дида будам (Муҳаммадиев). Қозикалон ба чавобгари дуюм хам ҳамин саволро доД… (Айнӣ). Он мактубро ба ман диҳед (Ҳаким Ка­рим) ;

д) агар бо исми ҷинсе, ки мафҳуми умумй дорад ва предмета ягонаро ифода мекунад, омада бошад:

Офтобро бо доман пӯшиДан мумкин нест (Фольклор). Заминро дар вақташ ба кишт тайёр кардан гарави ҳосили фаровон аст «(То­чикистони совета»).  Осмонро  абрҳо фаро гирифт   (Икромӣ).

Пасоянди-ро дар ҷумла дар ифодаи объекти бавосита муродифи пешоянди муайяне шуда метавонад, ки дар чунин маврид низ чун воситаи алоқаи грамматикии чузъҳои ибора хизмат мекунад, масалан: дарьёро гузаштан (аз дарьё гузаштан), кӯҳро баромадан) ба кӯҳ баромадан),  касеро чизе додан   (ба касе  чизе додан)   ва ғайра.

  1. Пасоянди -ро дар ҷумла чун артикл воқеъ мешавад: китобро хондан, мактубро навиштан ва ғайра. Дар ин гуна ибораҳо пасоян­ди-ро ҳамчун воситаи грамматикии алоқаи калимаҳо намоён намешавад, бинобар ин аҳамияти иборасозӣ надорад. Вай дорои аҳамияти
    таъкидй ва чудоӣ буда, предметеро нишон медиҳад, ки аз чумлаи предметҳои ҳамҷинс чудо карда ва ба ин васила муайян шудааст. Ин навъи ибораҳо муносибати объектӣ доранд ва ин муносибат бе па­соянди -ро низ ифода мешавад. Мукоиса кунед: китобро хондан-ки-
    тоб хондан, меҳмонро даъват кардан-меҳмон даъват кардан. Бо пасо­янди -ро объекти муайян, бе пасоянди-ро объекти умумй ифода мегардад.
  • 615. Алоқаи ҳамроҳӣ дар ибора ва чумла дида мешавад, вай бе ягон бандак ва ё калимаҳои ёридиҳанда сурат мегирад. Воситаи асосии алоқа дар байни чузъҳои ибораҳое, ки бо роҳи алокаи ҳамроҳӣ ташкил меёбанд, тартиби калима ва интонация мебошад. Чузъи асосй ва тобеи чунин ибораҳо бо мавқеъ, маъно, вазифа ва муносибати грамматикии онҳо муайян карда мешавад. Дар сохтани ибораҳо бо роҳи алоқаи ҳамроҳӣ бисьёр ҳиссаҳои нутқ иштирок мекунанд. Дар онҳо ба сифати калимаи асосӣ исм, сифат, шумораи миқдорӣ, ҷони-шин, зарф, сифати феълӣ ва феъли ҳол истифода мешаванд: чой нӯ-шидан, саросема рафтан, шаш қалам, ҳамии хона, ночор хуфтан, лағжида афтидан, давон омадан, табассумкунон хондан, садафвор сафед, хеле бармаҳал ва ғайра.

Ба воситаи алоқаи ҳамроҳй ибораҳои исмии бо ҷонишин, сифат, шумораи микдорй, исм ва таркиби устувори нумеративу исм (ин да-рахт, калоитарин шаҳр, хдфт коргар, рафик, Рахимзода, лейтенант Шарифов, профессор Мухторзода, шоир Рӯдакӣ, нависанда Толис, бри­гадир Тошматов, ду сабад ангур): ибораҳои феълии бо зарф, сифат, исм, таркиби шумораи микдорию нумератив, сифати феълй, феъли ҳол (ҳамеша омӯхтан, хомӯш истодан, ганДум даравидан, панҷ маро-тиба омадан, ларзида хестан, гирьякунон гуфтан ва ғайра); ибораҳои сифатии бо зарф ва таркиби шумораи микдорию нумератив (бисьёр нағз, комилан дуруст, ду метр дароз, чор баробар зӯртар ва ғайра) сохта мешаванд.

  • 616. Алоқаи изофию пешояндй чунин навъи калимабандиест, ки дар сохтани ибора ду воситаи грамматики: бандаки изофй ва пе-шоянд иштирок мекунанд. Дар ташкили ин навъи ибораҳо изофат ва пешояндҳои бо, ба, аз, оид ба, дойр ба истифода мешаванд:

Соли якум муомилаи бо хуҷаини нав ба хубй гузашт (Айнй). Ҷанги бо ашрофро бар ӯҳдаи ӯ вогузор—Андар ин майдон чу Лоҳу-тӣ касе чолок нест (Лоҳутй). Дар бозгашти ба хонаи ошнояш Мир­зой Қорй ба корвонсарой даромад (Улуғзода). Аз рафтани ба Чил-духтарон хурсанд шудам (Улуғзода). Қорй-Исмат… ҳамаи ҳиммат ва ғайраташро ба ошхӯрии аз хонаи қарздорон ва ҳуҷранишинонаш сарф мекард (Айнй). Ӯ барои то охир никоргирии аз душманони синфй миён бастааст (Айнй). Агар мо дар асри XII навишта шудани «Ки-тоб-ул-ансоб»-ро ба назар гирем,… ин ривоят росттарини нақлҳои оид ба Рӯдакӣ ва Рӯдак мебарояд (Айнй). Дар айнй замон баъзе аз асарҳои оид ба фалсафаи тасаввуфро дар ҳамон солҳо дар пеши Ҷомй хонд (Айнй). Аз ҷумла, як китобчаи дойр ба аҳволи таърихӣ, ҷуғрофй ва этнографии тоҷикон дар Тошканд… дар дасти муаллиф аст (Айнй). Дар ин асар муаллиф фикрҳои худро дойр ба фалсафаи зиндагй  кушоду  равшан  баён  кардааст   («Маориф  ва  маданият»).

Алоқаи изофию пешояндй дар забони адабиёти классики ба таври васеъ дар истифода буд. Ин навъи иборасозй дар забони адабии ҳо-зираи точик асосан дар асарҳои Садриддин Айнй, Абдулқосим Лоҳутӣ ва қисман дар асарҳои Сотим Улуғзода ва Ҳаким Қарим дучор ме-шавад.

Дараҷаи зичии алокаи бандаки изофй ва пешоянд дар ин ибо-раҳо як хел намоён намешавад: дар онҳо аҳамияти алоқаи изофй на­зар ба алоқаи пешояндй сует аст. Бинобар ин агар бандаки изофй зо­ил шавад, ибора на аз рӯи сохт халал мебинад ва на аз рӯи маъно. Муқоиса кунед: сӯҳбати бо муаллимон — сӯҳбат бо муаллимон, нақл-ҳои оид ба Рудакӣ — нақлҳо оид ба Рӯдакй. Баръакс, алоқаи пешо­яндй бисьёр устувору мустаҳкам аст ва бе иштироки пешоянд сохт ва маънои ибора халал мебинад. Мукоиса кунед: ошхӯрии аз хонаи қарзДорон — ошхӯрии хонаи қарздорон /?/; муомилаи бо хӯҷаин-му-омилаи хучаин /?/; нақлҳои оид ба Рӯдакй — нақлҳои Рӯдакй /?/; фикрҳои дойр ба фалсафаи зиндагй — фикрҳои фалсафаи зиндагй /?/.

Алоқаи изофию пешояндй ибораҳои исмиеро низ фаро мегирад, ки ба воситаи бандаки изофию пешояндй соддаи номй сохта шудаанд: дарахти лаби ҷӯи, китоби даруни шкаф, антенаи болои бом, биринҷи таги халта. Ин ибораҳо нисбат ба гурӯҳи аввал, ки дар боло таҳлил шуданд, миқдоран зиёд ва серистеъмол буда, хусусияти умумиистеъ-молӣ доранд. Ҷиҳати чолиби диққат дар ин қолиби ибораҳои номй иборат аз он аст, ки мавқеи ҳарду воситаи алокаи грамматики — ҳам бандаки изофй ва ҳам пешоянд дар онҳо устувор аст, яъне ҳарду ҳам барон сурат гирифтани ибора баробар иштирок мекунанд. Ин аст, ки истифода нашудани изофат ё пешоянд’ боиси аз ҷиҳати сохт ва маъно вайрон шудани ибора мегардад.

 

 

Алоқаи изофию пешояндй дар доираи ибораҳои сифатй низ ду-чор мешавад. Аммо фарқ дар ин ҷост, ки дар ташкили ин хели ибо-раҳо асосан пешояндҳои номй иштирок мекунанд: (оби) хунуки мис-ли яхоб, (одамони) Донишманди рӯи ҷаҳон, (меваи) ширини монанди асал ва ғайра.

Дар он ҷо, дар оби хунуки мисли яхоб ду харбуза: яке такрибан панчкилогӣ, дигаре секилогй гузошта шуда буд (Деҳотй). Дидай дар зери замин зинаҳо. — Софтар аз чеҳраи оинаҳо, — Меваи ширини ба мисоли қанд, — Сояи боғу чамани дилписанд (Турсунзода).

Дар ин ибораҳо мавқеи алоқаи изофй нисбат ба алокаи пешоян­дй устувор мебошад, аз ҳамин сабаб бе бандаки изофй сохту маънои ибора зарар мебинад. Вале азбаски мавқеи алоқаи пешояндӣ сусттар аст, ин ибораҳо бе пешоянд низ истеъмол мешаванд. Мукоиса кунед: (одами) донишманди рӯи ҷаҳон—донишманди ҷаҳон.

Алоқаи изофию пешояндй асосан дар ибораҳои исмй ва ибора-ҳои сифатй вомехӯрад.

  • 617. Алоқаи изофию пасояндӣ чунин хели калимабандиест, ки дар он калимаҳо ба воситаи изофату пасоянд робита пайдо мекунанд. Ибораҳое, ки ба воситаи бандаки изофию пасоянд сохта шудаанд, каммиқдору камистеъмоланд. Ин хели алоқаи тобеъ одатан дар ибо-раҳои сифатй дучор мешавад: (мӯҳри) калони даҳони пиёла барин, (зулфи) сиёхи пари зоғ барин:

Дар поини ин коғаз як мӯҳри калони даҳани пиёла барин пахш карда шуда буд (Айнй). Дар поёни суфа, дар рӯи кат як косаи кало­ни табак, барин истода буд («Маориф ва маданият»).

Дар ин ибораҳо алокаи пасояндй чандон устувор нест, бинобар он ибора бе пасоянд низ истифода мешавад. Шакли бепасоянди ин ибораҳо серистифода мебошад. Аз тарафи дигар, иборақо.и навъи (мӯҳ-ри) калони даҳони пиёла барин дар забони адабии тоҷик инчунин дар қолибҳои (мӯҳри) даҳони пиёла барин калон ва дахони пиёла барин (мӯҳри) калон ифода мешаванд.

Ин хели алокаи изофию пасояндй аҳамияти услубию синтаксисй дашта, ҳодисаи умумй ба шумор намеравад.

  • 618. Алоқаи ҷуфти пешояндй. Ибораҳое ҳастанд, ки дар ҷумла ба воситаи ду пешоянд сохта мешаванд. Ин ибораҳо аз рун сохт мураккаб буда, як навъ хусусияти устуворй доранд. Дар сохтани онҳо пешояндҳои аслй ва ё таркибии номй (асосан, пешояндй аслии аз бо пешояндҳои то ва ба, инчунин шакли таркибии номии онҳо) ҷуфт-ҷуфт истифода мешаванд: аз…то, аз… то ба, аз… ба; аз вақти… то вақти ва ғайра. Ин тарзи истеъмоли пешояндҳоро ба назар гирифта, онҳоро пешояндҳои чуфт ва ин хеле алокаи синтаксисиро алокаи ҷуфти пе­шояндй номидан мумкин аст. Дар сурат гирифтани ибора пешояндҳои чуфти аслй, таркибии номй ва омехта истифода мешаванд: аз пагоҳи то бегоҳӣ нигоҳ доштан, аз ҷавонй то ба хамин синну сол муаллимй кар­дан, аз 27 декабрь ба 29 декабрь гузароиидан, аз вақти алафДарави то вақти пахтачинӣ давом кардан, аз соати ҳашт то вақти хуроки пе-шин пахта чиДан:

Саъдй тарҷеъбанди худро ба 22 банд тамом кардааст, ки ҳар кадоми он бандҳо (ғайр аз сари банд) аз 20 то 24 мисраъро дар бар гирифтаанд (Айнй)…. аз таки дарвоза то гирдогирди шипанг хуб об зада рӯфта шудааст (Деҳотй). Аз лаби Сурхоб ба пои қалъа ва аз пои қалъа ба тарафи шимол шаҳрро миёнабур карда, кучаи асосй меравад (Улуғзода). Дарахтоне ҳастанд, ки аз моҳ ба моҳ тағьири ранг мекунанд (Расул Гамзатов).

  • 619. Алокаи пешоянду пасояндй чунин навъи калимабандиест, ки дар сурат гирифтани ибора ҳам пешоянд ва ҳам пасоянд иштирок мекунад: аз хдфтсолагй боз кор кардан, аз пагоҳ инчониб /чизе/ нахӯрдан, аз рӯзи шанбе интараф қафо намондан, аз ӯ дида ту чобуктар, барои Карим шуда хафа кардан:

Ҳукумати Тоҷикистон аз соли 1934 инҷониб барои хубтар ба роҳ мондани курорти Хоҷа-Оби Гарм муттасил ғамхорӣ мекунад (Деҳотӣ). Сабр кун, ҷӯра, барои ту шуда ман, ба гуфти қадимаҳо, он дуньёямро сӯзонидам (Мухаммадиев). Ман аз ҳафтсолагиам боз кор карда ома-даам (Айнй). Ҳарчанд имрӯз аз пагоҳӣ инҷониб чизе нахӯрда буд, гуруснагиро ҳис намекард (Икромӣ). Аз рӯзи сешанбе интараф ӯ аз дарсҳо ягон соат қафо намондааст («Маориф ва маданият»). Дар на-зарн одами пир аз ҷавонон дида пул ширинтар аст (Айнй). Лекин Махсумҷони ту барои Карим шуда Асоро ҳабс карда мондааст (Икро­ми).

Дар ин ибораҳо ба вазифаи пасоянд калимаҳое меояд, ки ҳанӯз маънои равшани луғавӣ зоҳир мекунанд (дар мавридаш мустақидона истифода мешаванд,) вале дар вазифаи пасоянд маънои луғавии худ-ро сует намуда, абстракцияи грамматики пайдо мекунанд. Алокаи синтаксисии ин пасояндҳо бо ҷузъҳои ибора сует аст, бинобар ин аз наомадани онҳо сохт ва маънои ибора зарар намебинанд: аз рӯзи се­шанбе интараф қафо намондан — аз рӯзи сешанбе қафо намондан. Алоқаи пешоянду пасояндй асосан дар иборахри феълӣ ва ибораҳои сифатие, ки чузъи  асосиашон  предикат  аст,  истифода  мешавад.

Э зо ҳ. Дар забони адабӣ бо таъсири нутки гуфтугӯӣ як гурӯҳ ибораҳое пайдо шудаанд, ки аз рӯи хусусияти калимабандии ҷузъҳо ба гурӯҳи ибораҳои алокаи пеш-ояндиву пасояндй медароянд. Дар сохтани ин ибораҳо се воситаи грамматики ишти-рок менамояд: пешоянд… пасоянд… пешоянд. Ба сифати пасоянд калимаи «гирифта» ва таркиби «cap карда» истифода мешавад. Алоқаи синтаксисии пасоянд чандон ус-тувор нест:

Заминҳои ин деҳа ҳосилхез буда, дар онҳо киштҳои гуногун мерасиданд ва аз шолй гирифта то сабзавот, ки киштҳои серобиталаб мебошанд, дар ин деха кишта мешуданд (Айнй). Аз нисфи тахтапул гирифта то болои ҳавз бомҳо ҳама пур.и одам буд (Айнй). Як бор онҳо аз ҳаёти занҳо сӯҳбати дурмадарозе карданд. Аз курта cap карда то парвоз ба коинот расиданд («С а д о и   III ар к»).

  • 620. Алоқаи артикли дар ибораҳое ба назар мерасад, ки дар қолиби анъанавӣ сохта шудаанд. Дар ин ибораҳо артикли – е ба монанди бандаки изофӣ ҳамчун воситаи грамматики намоён гашта, аҳамияти иборасозй пайдо мекунад: марде бузург, соате чанд, дастае аз аскарони сурх ва ғайра. Ин ибораҳо бе артикли -е сохт ва маънои худро гум мекунанд.

Ибораҳое, ки ба воситаи артикли -е сохта шудаанд, аз рӯи сохт ба ибораҳои исмии изофй монанд мебошанд. Дар забони адабиёти классики вазифаи иборасозии артикли -е ба вазифаи иборасозии бан­даки изофй дар бисьёр мавридҳо монанд аст. Баъдтар ин вазифа асо­сан ба зиммаи бандаки изофй меафтад: коре бузург — кори бузург, дастае аз сарбозон — Дастаи сарбозон. Аммо ибораҳое, ки бо артикли -е сохта шудаанд, дар забони адабии ҳозираи тоҷик аҳамияти услубию синтаксисй доранд. Ин ибораҳо асосан дар доираи ибораҳои исмӣ дучор мешаванд ва камистеъмоланд:

Тарфҷойкунандагон сӯрохи зерини вайро аз дарун бо кулӯх банд карда, аз болои кулӯх дору рехта, бо чӯбе уғурчадастамонанд зада зер мекарданд (Айнй). Баъд аз он ки ба таъмини маишати худ имконият ёфтааст, дар мадрасае аз мадрасаҳои Бухоро хучрае ёфта, дар он чо ба сари худ ва мустақилона рӯз мегузаронидааст (Айнй). Дар лаби оби Сорбуғ дастае аз аскарони сурх, ки дар зери фармони Швецов аз Самарканд меомад, сиёҳии касеро дар паси харсанге ди­да, он чоро нишон гирифта тирборон кард (Айнй). Хотирам хает, ки бо порчае аз шиша — Метарошид Григо.р сари Муҳиддинро (Лрҳутӣ). Аз таги девори хучра ба тарафи беруни сарой сурохе ба қадри даҳони оташдон шуда буд (Улуғзода). Бай Духтаре буд шонздаҳ-ҳабдаҳсола, қадбаланд, нозукандом, сафедпӯст ва мисли гули навбаҳор тару тоза ва зебочеҳра… (Икромй).

Дар ибораҳое, ки ба воситаи артикли-е сохта шудаанд, ду во­ситаи грамматики    (ҳам артикли-е ва ҳам пешоянд)    иштирок карда метавонанд. Ҳар ду воситан грамматики ҳам дар сохтани ибора баро-бар иштирок мекунанд, яъне алоқаи синтаксисии артиклу пешоянд бо ҷузъҳои ибора устувор аст: чашмане монанди чашмони аз шишаи тира сохташуда, сӯрохе ба қадри даҳони оташдон ва ғайра.

Рӯе пур аз доғи нағзак ва монанди рӯи мурДа бенур, бинии пасти пачақи пуҷукмонанд, чашмоне монанди чашмони аз шишаи тира сох­ташуда беҳаракат ва бемижгон ба назараш намоён шуданд (Айнй).

Артикли-е дар қатори пайвандаки ки аҳамияти ҷумлабандй низ дорад, ки ин дар ҷумлаҳои мураккаби тобеи бо чумлаи пайрави му-муайянкунанда равшан намоён мегардад. Вазифаи калимабандй ва ҷумлабандии артикли -е ба ҳам моҳиятан наздик аст. Ҷумлаи пайрави муайянкунанда аз ҷиҳати мавкеъ ва вазифаи синтаксисй ба чузъи то­беи ибораи исмии изофй монанд мебошад. Аз ин нуқтаи назар ҷумлаи пайрави муайянкунанда аз рӯи хусусияти алоқаи синтаксисиаш чузъи тобеи ибораи изофиро мемонад. Аҳамияти калимаю чумлабандии ар-тикли-е дар муқоисаи чумлаи пайрави муайянкунанда бо ибораи сифати феълй, ки муродифи якдигар мебошанд, равшантар зоҳир ме-шавад.

Аз хелҳои алоқаи тобеъ алоқаи изофй, пешояндй, ҳамроҳй ва пасояндй асосй ва серистеъмол мебошанд. Ҳар кадоми ин тарзи ало-қаҳо дар навбати худ аз рӯи мавқеъ ва дараҷаи истеъмол фарқ меку-нанд. Ибораҳо, ки бо ин хелҳои алоқа сохта шудаанд, тобишҳои зиё-ди маъно дорадд, ки дар боби ибора дарч шудаанд.

add

Один комментарий

  1. Салом бародар аз шумо хохишмекунам дар мавзуи пешоянди то ягон маълумот дошта бошед равон кунед.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.