Луғат ва терминхо аз фанни география

ЛУҒАТ

            Географияи иқтисоди ва ичтимои– илмест, ки қонуниятхои тараққиёт ва чойгиршавии қуввахои истехсолии мамлакат  ва инкишофи нохияхои иқтисоди онро меомўзад.

Сарватхои табии – ин релеф, иқлим, олами наботот ва хайвонот,  сарватхои оби, хок ва канданихои фоиданок мебошад.

Манбахои омўзиши ахоли – сохахое, ки доир ба ахолии худуд ё минтақа маълумоти доими медихад.

Ахолии доими – шумораи ахолие, ки дар худуди муайян  доими ба қайд гирифта шудааст ва   истиқомат мекунад.

Ахолии мавчуда– шумораи ахолие, ки  дар худуди муайян якчоя бо ахолии доими муваққатан  истиқомат  мекунад.

Таркиби ахоли – тафовути чинси, синусоли, касби ва дигар  тафовутхои   ахолии  худуд.

Омори демографи– сохае, ки тараққиёти демографии ахолиро  бо усули математики меомўзад.

Чараёнхои демографи – чараёнхои ба монанди таваллуд, фавт, никох ва  вайроншавии ахоли, ки    байни ахоли доимо амал мекунанд.

Коеффитсентхои демографи – нишондихандаи омории чараёнхои демографие, ки  байни ахоли ба 1000 нафар нафар ахоли хисоб карда мешавад.

Таркиби синусолии ахоли – равияи бо хам алоқаманд намудани гурўххои гуногуни синусоли дар байни ахоли.

Таркиби чинсии ахоли – мафхуми дар байни ахоли  миқдори тафовути чинсхоро ифодакунанда.

Чараёнхои демографи – шароити таваллуд, фавт, динамика, мухочират ва таркиби чинсиву синусолии нохия ва ё худуди муайнро меноманд.

Нишондихандахои таваллуди ахоли – дар давоми сол ба 1000 нафар ахоли шумораи зинда таваллудшудагон.

Нишондихандахои фавт– шумораи фавт нисбат ба 1000 нафар.

Афзоиши табии – нисбат ба нишондихандахои фавт баланд будани холати тавалуд.

Депопуляция – дар худуди муайян бо сабабхои комплекси кам шудани ахоли.

Бозтавлиди ахоли – чараёнхои ивазшавии авлодхо дар натичаи  афзоиши табиии ахоли.

Мухочират (мигратсия) – аз як худуд ба худуди дигар  кўчидани ахоли.

Иммигратсия – ба ягон малакат     кўчида омадани шахрвандони дигар мамлакат.

Эмигратсия – аз ягон мамлакат ба мамлакати дигар кўчида рафтани шахрвандон.

Салдои мухочират – фарқияти нисбии байни иммигратсия ва эмигратсия.

Мухочирати захираи мехнати – аз як давлат ба давлати дигар дар давоми аз як сол зиёдтар кўчидани ахолии қобили мехнат.

Талафоти ақлони – мухочирати байналмиллалии мутахасисоне, ки   малакаву   махорати баланди   тахасуси доранд.

Реэмигратсия – бо мақсади осоишта зиндаги намудан ба ватани худ баргаштани  эмигрантхо.

Мухочирати  беруна – аз як давлат ба давлати дигар кўчидани ахоли.

Мухочирати дохили – дар дохили як давлат аз як чо ба чои дигар кўчидани ахоли.

Мухочирати мавсими – мухочирати ба корхои мавсими алоқаманд.

Афзоиши мигратсиони  – аз хисоби мухочирони воридшуда зиёдшавии

шумораи ахоли.

Вазъияти демографи – ин холати демографии нохия ва ё мамлакат мебошад.

Мусоид, номусоид ва мобайни (васати) -намудхои вазъияти демографи  мебошад.

Архетип, Анъанави, Хозиразамонавиё ин ки ратсионали-таърихан, шакли бозтавлиди ахоли.

Оптимуми демографи –  бозтавлиди ахолие, ки    он ба имконияти дарозумуддати иқтисоди ва манфиати сиёсии давлат ва оила мувофиқ меояд.

Сиёсат –   калимаи юнонии «pollitika» буда,  санъати идора кардани корхои давлатиро мефахмонад.

                Пешгўии демографи – дар асоси афзоиши табии  хозира аз нуқтаи назари илими пешгўи кардани    вазъи демографии ахоли  дар оянда мебошад.

Типхои афзоиши ахоли – нишондихандахое, ки фарқияти чараёнхои демографиро вобаста ба  минтақахо  тахлил менамояд.

Вазъи демографи – холати афзоиши табии ахолии худуди муайянро ифодакунанда.

                Таркиши демографи – ба нишондихандахои баланд  расидани  афзоиши табии ахоли.

                Зиччии ахоли – ахолие, ки  дар худуди муайян доими истиқомат мекунанд  ва дар 1км2  хамин худуд рост омадани шумораи  он.

                Чойгиршавии ахоли – ба шароитхои гуногуни табии ва географи мувофиқ чойгир шудани ахоли.

             Забони давлати –забоне, ки дар муносибатхои иқтисоди, ичтимои ва сиёсии  давлат  расман қабул карда шуда аст.

Хочагии халқ-комплекси ягонаест, ки аз мачмўи корхонахои истехсоли ва ғайриистехсоли таркиб ёфтааст.

            Сохахои истехсоли-он гурўхи сохахое, ки  онхо хар соат, хар рўз, хар  мох ва  хар сол  махсулотхои гуногунро истехсол  мекунад.   Ин сохахо хар сол  даромади  миллии мамлакатро ғани мегардонанд.  Ба ин соха  сохахои зерин дохил мешаванд: Сохахои саноат, нақлиёт, алоқа,  сохтмон, савдо, хўроки умуми, махсулоттайёркуни ва ғайра…

Сохахои ғайриистехсоли–  он гурўхи сохахое, ки  онхо  дар давоми фаъолияти худ  ба монанди сохахои истехсоли неъматхои модди  махсулот истехсол намекунанд, лекин  онхо зербунёди ташаккулёбии  сохахои итсехсоли неъматхои модди  ба хисоб мераванд. Ба сохахои ғайриистехсоли сохахои зерин дохил мешаванд: илм, маориф, тандурусти,  маданият,  тиб,  варзиш, хочагии манзили ва хизмати маиши, органхои давлатву  идоракуни ва ғайра.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.