Ноҳияи иқтисоди Ҳисор

 

Ҳисор дар қисми ғарбии ҷумҳурӣ воқеъ гардидааст. Масоҳати он 10,5 ҳазор километри мураббаъ мебошад. Вай аз Шимол бо ноҳияи иқтисоди Зарафшон, аз Ҷануб бо ноҳияи Вахш, аз Шарқ бо ноҳияи Ғарм (Рашт) ва аз Ғарб бо узбекистон ҳамҳудуд мебошад. Алоқаи дохилӣ ва байни ноҳияи бо воситаи роҳҳои мошингард сурат мегирад. Дар Шимол бо роҳи мошинагард ба ноҳияи Зарафшон ва Шимоли Тоҷикистон ба воситаи ағбаи Анзоб ва Шаҳристон мегузарад. Чунин мавқеъи иктисодӣ-географӣ бо роҳи ташакул ва инкишофи иқтисодиёти бисёрсоҳаи ноҳия роли муҳим мебозидааст. Ноҳия ба яке аз минтақаҳои саноатии ҷумҳуриӣ табдил ёфтааст.

     Шароит ва сарватҳои табиӣ.

Ноҳия аз вилояти Суғд бо қаторкӯҳи Ҳисор ҷудо мешавад. Аз ноҳияи Рашт онро шохаҳои доманакуҳои Қаротеғин ва Вахш ҷудо менамоянд. Ҳудуди табиии  ноҳия ва ноҳияи Кулоб, кӯҳи Вахш ва дарёи Вахш ба ҳисор мераванд. Сатҳи ноҳия ноҳамвор мебошад. Дар байни канори Шимолӣ доманаи ин кӯҳҳо ва канори Ҷануби доманакӯҳҳои қаторкуҳи Ҳисор, водии Ҳисор аз Ғарб ба Шарқ кашол ёфтааст. Вай аз сатҳи баҳр дар баландии 700-1000 метр воқеъ гардидааст. Дарозии он 70 километр, бараш 20 километрро ташкил менамоянд. Водиро дарёи Кофарниҳон, шохобаҳои он ва шохобҳои Сурхондарё (Шеркен, Қаратоғ), обёрӣ менамояд.

Иқлими ноҳия хушки континенталӣ мебошад. Барои он тобистони гарми дароз, зимистони кутоҳӣ нисбатан хунуки нам хос мебошад. Ҳарорати миёнаи моҳи июл +28 градус, моҳи январ тақрибан 0 градус, баъзе рӯзҳои тобистон то 40 градус гарм ва дар зимистон то -20-25градус хунук мешавад. Боришот дар ҳамворӣ 500-600мм меборад. Хоки ноҳия гуногун аст. Дар водӣ хоки хокистари муқаррарии тира, дар кӯҳҳо равшани ҷигарӣ ва марғзори баландкӯҳӣ паҳн гардидаанд. Аз сабаби зиёд будани боришот намудҳои мухталифи наботот ва ҳайвонот паҳн гардидаанд. Хусусан, дар ин ҷо дарахтони мевадиҳандаи ёбоӣ зиётанд, ки онҳо аҳмияти хоҷагӣ доранд.

Афсудани маҳсулоти кишоварзӣ сабаби ба миён омадани як қатор корхонаҳои саноатӣ гардид. Ноҳия аз ҷиҳати миқдори нуфуз ва зичии аҳолӣ дар ҷумҳурӣ чои аввалро ишғол менамояд. Зичии аҳолӣ дар як километри мураъбба 83 нафарро ташкил мекунад. Зичии аҳолӣ дар ду тарафи роҳи мошинагарди Ваҳдат – Турсунзода бештар ба назар мерасад. Зиёда аз 52% – и аҳолӣ дар шарҳо зиндагӣ мекунанд. Шарҳҳои ноҳия Душанбе, Кофарниҳон ва Турсунзода ба ҳисоб меравад. Дар таркиби аҳоли шаҳру деҳаҳо ҳиссаи ҷавонон зиёдаст. Ба ҷои кор таъмин кардани онҳо яке аз масъалаҳои муҳими рӯз мебошад. Дар инҷо, тақрибан қариб 35%- и маҳсулоти умумии кишоварзӣ истеҳсол карда мешавад корхонаҳот саноати ноҳия зиёд аст 40% маҳсулоти саноатии Тоҷикистонро истеҳсол менамояд. Саноати он бисёрсоҳа мебошад. Дар таркиби он ҷой асосиро саноати вазнин (машинасозӣ, истеҳсоли масуноти сохтумон, энергетика металургияи ранга ва ғайра) ишғол менамояд. Саноати мошинасозиӣ ва коркарди металу чӯб, истеҳсолотаи маҳсуноти сохтумон матоъҳои пахтагин, кешбофӣ, чармгарӣ ва пойафзол, равғанбарорӣ ва шаробпазӣ соҳаҳои махсусонидаи саноати ноҳия ба шумор мераванд. Кишоварзии ноҳия ҳам ба якчанд соҳа махсус гардонда шудааст, ки пахтакорӣ, боғдорӣ, сабзавод, чорводорӣ, аз қабили онҳо мебошанд

О Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.ru

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.