Ноҳияи иқтисоди Бадахшон

 

Ноҳияи бадахшон дар қисми шарқии мамлакат ҷойгир шудааст. Масоҳати он ба 63,7ҳаз. Кмквадрат (зиёда аз 44% ҷумҳури) ва аҳолиаш зиёда аз 2012 ҳазор нафар мебошад.

Дар Шарқ Бадахшон бо Хитой( дар масофаи 430км) ва дар Ҷанубу Ғарб бо Афғонистон (дар масофаи 600 км) ҳамсарҳад аст.

Шароит ва сарватҳои табиӣ. Бадахшон хусусияти ба худ хос дорад. Ҳудуди он саросар кӯҳсор буда, дар ин ҷо баландии кӯҳҳои ҷаҳон, куллаҳои доиман барфпушида, пиряхҳҳои доимӣ, биёбонҳои хунук ва хушк баландкӯҳ ҷойгир шудаанд.

Қисми зиёди масоҳати ноҳияро (95%) пиряхҳо, харсангҳо, нишебиҳо ва заминҳои серсанг ташкил медиҳанд. Бадахшон ба Бадахшони Ғарбӣ Шарқӣ ҷудо мешавад. Ҳудуди Бадахшони Ғарбиро қаторкӯҳҳои ба таври горизонталӣ ҷой гирифта ишғол намудаанд: Пушти Олой ( бо қуллаи Истиқлол 7134 м), Ванҷ (5464м), Язгулом (Қуллаи Инқилоб 6974 м ), Рӯшон ( 6000-6100 м), Шуғнон ( 5704 м). Дар ин ҷо боз қаторкӯҳҳои ба таври мередионалӣ: Академияи илмҳо (қуллаи Исмоили Сомонӣ 7495 м), Зулумарт, Шоҳдара ва ғайрар низ ҷойгир шудаанд.

Вобаста ба мавқеи географи ва релёефи маҳал шароитҳои иқлимӣ низ гуногун мебошанд. Ҳарорати минайи моҳи январ Хоруғ -7-8 градус, дар Мурғоб -19-20 градус ва дар Федченко -17-18градус аст. Ҳарорати моҳи июл низ нисбати дишар қисмҳои ҷумҳурӣ фарқ мекунад. Масалан ҳарорати моҳи июл дар Хоруғ +35 градус, Ҷавшангез +26 градус, Мурғоб + 31 градус ва Қароқӯл +20 градус мерасад. Боришот бошад, дар Бадахшони Ғарби нисбатан ба Шарқи фарқ мекунад. Масалан, боришоти миёнаи солона дар Бадазшони Ғарбӣ то 250мм, вале дар Бадахшони Шарқӣ 100-120мм аст.

Дар ҳудуди бадахшон 500 дарёи калон ва миёна бо дарозии аз 25 то 300 км ба ҳисоб гирифта шудааст. Калонтарини онҳо Панҷ, Вахон, Ғунд, Шохдара, Бартанг, Язгулом, Ванҷ ва Оби хумбоб мебошад.

Дар ҳудуди Бадахшон зиёда аз 900 кғлҳои хурду калон ба қайд гирифта шудаанд. Захираи умумии кғлҳо ба 50 млн. Мкуб баробар мебошад, ки калонтаринион Қарокӯл -26,6 кмкуб, Сарез -17,0 кмкуб ва Зоркӯл -5,7кмкуб ба ҳисоб меравад.

 Аҳоли. Бадахшон чун дигар ноҳияҳои Тоҷикистон дар солҳои Ҳокимияти Шӯравӣ бо суръати баландафзоиш намуд. Агар охири соли 1926 дар ҳудуди ҳозираи ноҳия аҳолӣ 54,6 ҳазор нафарро ташкил менамуд, пас соли 1979 ба 126,8 ҳазор ва ҳоло аз 215 ҳазорро дар бар мегирад. Ҳоло дар инҷо ҳиссаи тоҷикон ба 94% ва қирғизҳо 5,8% дар бар мегирад. Зичии аҳолӣ низ фарқ мекунад. Масалан агар зичии миёнаи аҳолӣ дар Бадахшони Ғарби дар 1 км квадрати 7,4 нафарро ташкил кунад пас ин нишондиҳанда дар Бадахшони Шарқи ба 0,4 нафар мерасад. Яъне, ба ҳар сар аҳолии ноҳия ба ҳисоби миёна соле аз ҳисоби мардикорон аз 119 то 224 доллари америкои ворид мегардад, ки ин маблағ барои рузгузаронӣ кифоя нест.

Инкишофи соҳаи энергетика дар ноҳя баъди сохтмони нерӯгоҳи Хоруғ (соли 1941) ибтидо мегирад. Минбаъди сохтумони неругоҳи Қалъалихумб (соли 1959), Оқсуй дар Мурғоб (соли 1965), Намадгут дар Ишкошим (соли 1971) ва нерӯгоҳи нав Помир-1 дар Хоруғ бунёд гардид.

О L-BRO Admin

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.