Мақсад, мазмун  ва вазифахои фанни география

Мақсад, мазмун  ва вазифахои фанни география
Мавқеи  иқтисоди-географи, сархад ва тақсимоти маъмурии Чумхурии Точикистон
1.1. Мақсад ва вазифахои фанни «Географияи иқтисоди ва ичтимоии  Чумхурии Точикистон». Алоқамандии фанни мазкур бо дигар фанхои чамъияти.
1.2. Фан, метод ва вазифаҳои географияи иқтисоди ва ичтимои.
1.3.Мавқеи географи, сарҳадҳо, таьрихи ташаккулёби ва тақсимоти маьмури – сиёсии чумҳури.

Зарурияти омӯзиши географияи иқтисоди ва ичтимоии Точикистон дар донишкадахои оли аз он сарчашма мегирад, ки баъди пайдо намудани дониш ва тасаввурот оид ба табиату захирахои он донишчӯён минбаъд донишу малакаи худро нисбати дуруст ва оқилона чойгиркунии сохахои истехсолот ва дар ин асос самаранок истифода бурдани сарватхои табиати кишвар васеъ менамоянд. Географияи иқтисоди ва ичтимои қонуниятхои чойгиршавии қуввахои истехсолкунандаро татқиқ намуда, шароитхои чойгиршавии қуввахои истехсоли ва омилхое, ки дар чойгиронии сохахои гуногуни комплекси хочагидори таъсир мерасонад, муайян менамояд. Тадқиқоти географияи иқтисоди ва ичтимои дар баробари ташкили хочагии халқ, дуруст чойгиркунии қувва-хои истехсолкунанда, боз ба омӯзиши нохиябандии иқтисоди ва минтақавию байнидавлати низ равона карда шудааст.

Баъди гузаштан ба шароитхои иқтисоди бозоргони доираи тадқиқоти географияи иқтисодию ичтимои аз хисоби ба ин раванд дохил намудани муносибатхои молию қарзии минтақахои иқтисоди ва равобити ин минтақахо бештар мегардад. Дар пешрафти иқтисодиёти худ Точикистон бояд аз комёбихои тараққиёти иқтисодии мамлакатхои гуногун истифода намуда, дар баробари ин рохи нави инкишофи сохахои истехсолоти худро вобаста ба шароиту имкониятхои кишвар интихоб намояд. Фанни географияи иқтисодии Точикистон бо фанхои географияи мактаби, асосхои истехсолот, географияи табии Точикистон, нохиябандии иқтисоди-географи, проблемахои ташкили териториявиии истехсолот, математика, назарияи иқтисоди, географияи ахоли, асосхои демография ва ѓайра алоқаманд аст.

1.2. Фан, метод ва вазифаҳои географияи иқтисоди ва ичтимои.

Географияи   иқтисоди   хамчун фанни  зербунёди фундаментали  ба омӯзиш  ва   татқиқи   чойгиршавии   қуввахои   истехсолкунанда,  рушд ва  ташаккулёбии худудии системахои иқтисодию  ичтимои ва фаъолияти мунтазами онхо машѓул  мебошад.

Асоси   илми   географияи  иқтисодиро   равияхо   ва   қонуниятхои чойгиршавии   қуввахои   истехсолкунанда ташкил  менамояд,  даврахои   гуногуни таърихи вобаста  ба таѓйир ёфтани сохти сиёсию ичтимои   чомеа   такмил  ва  густариш  меёбад.

Географияи иқтисоди қоида (принсип) ва омилхои чойгиршавиро муайян намуда, дар чойгиршавии худудии истехсолот таъсир мерасонад. Асоси омӯзиш ва тадқиқи  фанни географияи иқтисоди комплекси   ягонаи хочагии халқ ва нохияхои   иқтисоди мебошад.

Дар шароити инкишофи муносибатхои бозоргони низ қонуниятхои муаяни чойгиркунии қуввахои истехсоли амал мекунанд. Ин қонуниятхо дар замони иқтисодиёти баплангири нақши асоси доштанд, ки мухимтарини онхоро номбар мекунем:

  1. Дуруст ва самаранок чойгиркунии сохахои истехсолот;
  2. Тараққиёти комплексии нохияхои иқтисоди ва сохахои мухими хочагии халқ;
  3. Тақсимоти оқилонаи мехнат дар дохил ва байни минтақахо;
  4. Дар сатхи баробар ва якхела инкишоф додани дарачаи тараққиёти иқтисоди ва ичтимоии минтақахо.

Раванди ташаккулёби ва рушди устувори иқтисоди бозоргони ба омилхои дуруст ва оқилона чойгир намудани қуввахои истехсолкунанда дар заминаи қонуниятхои гуногуни иқтисодию географи чараён мегирад. Дар равиши иқтисодиёти Чумхурии Точикистон амали гардонидани ин қоида ва қонуниятро дар натичаи мубодилаи қонуниятхои инкишофи чомеа дар давоми фосилахои гуногуни таърихи ба вучуд меояд. Қонуниятхои чойгиршавии қуввахои истехсолкунанда бошад, раванди муносибату фаъолияти чомеаи инсони ва ташкили минтақавии истехсолотро дар бар мегирад. Дар  шароити гузариш ба иқтисодиёти бозоргони тараққиёти иқтисодиёти чумхури бо оқилона чойгир намудани қуввахои истехсолкунанда дар худудхои алохида ниёз дорад, зеро самаранокии иқтисоди хамон вақт ба даст оварда мешавад, ки барои истихроч, коркарди ашёхои хоми саноати, истехсоли махсулот, кашонидани махсулот, чалб намудани қувваи коргари, сӯзишвори, барқ ва нақлиёт маблаѓ кам сарф шавад. Вобаста ба ин яке аз масъалаи баланд бардоштани самаранокии истехсолот коркарди комплексии сарватхои табии мебошад, ки он дар истехсолот чори ва истифода намудани техника ва технологияи навтаринро талаб менамояд. Аз ин лихоз, ташкили қаламрави  истехсолот хаматарафа ва оқилона истифода бурдани шароит ва сарватхои табии, пеш аз хама захирахои оби, гидроэнергетики, замин, сарватхои минерали захирахои мехнати ва шабакаи нақлиётро талаб менамояд. Ин на фақат ташкили минтақавии истифодаи онхоро бехтар менамояд, балки самаранокии иқтисодиёти чумхури ва нохияхои иқтисодиро баланд мебардорад.

1.3.Мавқеи географи, сарҳадҳо, таьрихи ташаккулёби ва тақсимоти маьмури – сиёсии чумҳури.

Ханӯз пеш аз мелод дар худуди хозираи Точикистон одамон аллакай хаёт ба сар мебурданд. Аз маълумотхои бостоншиноси бар меояд, ки хаёти инсон дар ин қаламрав аз палеолити миёна оѓоз ёфтааст. Дар ин диёри кӯханбунёд қадимтарин давлатхои ѓуломдори Суѓд ва Бохтар ташаккул ёфтанд.  Дар асрхои VI-IV пеш аз мелод Бохтар ва Суѓд ба хайати империяи хахоманишинхо дохил шуданд.

Хучуми арабхо ба Осиёи Миёна (асри VII-VIII) ба иқтисодиёт ва маданияти ин давлатхо зарбаи сахт расонид. Дар асри I ташкилёби ва муттахидшавии халқи точик хамчун миллат дар доираи империяи Сомониён ба амал омад. Баъди хучуми Туркони Қарахони ва Ѓазнави ба империяи Сомонихо соли 999 давлати Сомонихо шикаст хурд. Як қисми қаламрави Точикистони имрӯзаро ѓазнавиён тасарруф намуданд. Дар ибтидои асри II сарвари Ѓурихо Мухаммади Ѓури лашкар кашида,  қисми чанубии Точикистони имрӯза ба хайати давлати Ѓурихо дохил гардид. Солхои 1220-1222 ба Осиёи Миёнаро муѓулхо забт намуданд. Сипас дар солхои 60-уми асри IV аз қавми барлосхои Шахри Сабз Темур арзи вучуд намуд. Ӯ дар соли 1370 дар Мовароуннахр хокимиятро ба даст даровард. Пойтахти он шахри Самарқанд буд. Точикон дар ин давр дар мулкхои худ хаёт ба сар мебурданд. Забони точики дар замони темуриён забони давлати буд.

Дар нимаи дуюми асри VIII ва миёнаи асри I қаламрави ахолии точикнишин ба қисмхо тақсим гардид. Қисмати болооби Зарафшон, водии Хисор, Кӯлоб, Қабодиён, Қаротегин, Дарвоз, Ѓарбии Помир ба хонигарии Бухоро, Исфара, Конибодом, Шарқии Помир ба хонигарии Қӯқанд хамрох карда шуданд. Соли 1842 Ӯротеппа ба хайати хонигарии Бухоро, Хучанд ба хонигарии Қӯқанд дохил карда шуданд. Дар солхои 40-50 асри Iба Осиёи Миёна Россия сар даровард.

Мохи  ноябри соли 1917 ва миёнаи соли 1918 Хокимияти Совети дар Точикистони Шимоли ва дар охири соли 1918 дар Помир барқарор гардид. Қаламрави Точикистони чануби, ки дар хайати аморати Бухоро буд, баъди гурехтани амир мохи майи соли 1921 озод карда шуд.

12 июни соли 1924 КМ РКП (б) дар бораи дар Осиёи Миёна гузаронидани тақсимоти милли қарор баровард. Дар асоси ин қарор дар хайати РСС  Ӯзбекистон Республикаи Автономии Точикистон ташкил ёфт. Қаламрави РАСС Точикистон Душанбе, вилоятхои Ѓарм, Кӯлоб, Қӯрѓонтеппа, Сари Осиё, Ӯротеппа, Панчакент ва Помирро дар бар мегирифт. Пойтахти РАСС Точикистон Душанбе шуд. Нохияхои Хучанд, Нов, Исфара, Конибодом ба хайати Ӯзбекистон монд. Хамин тавр РАСС Точикистон таъсис ёфт. Сентябри соли 1929 ин нохияхо ба РАСС Точикистон бозгардонида шуд. 16 октябри соли 1929 съезди сеюми фавқулоддаи Точикистон дар бораи ба республикаи иттифоқи табдил додани РАСС Точикистон Декларатсия қабул кард. Сипас, Точикистон ба хайати СССР дохил гардид.

Чумхурии Точикистон дар қисми чанубу-шарқии Осиёи Маркази чойгир буда, аз шимол дар масофаи 630 км бо Қирѓизистон, аз чануб дар масофаи 1030 км бо Афѓонистон, аз шарқ дар масофаи 430 км бо Хитой ва аз  шимолу -ѓарб дар масофаи 1180 км бо Ӯзбекистон хамсархад аст. Точикистон 9 сентябри соли 1991 давлати сохибистиқлол эълон гардид. Дар Чумхурии Точикистон 3 вилоят, 6 нохияи иқтисоди, 58 нохияи маъмуриву сиёси, 17 шахр, 57 шахрак ва 369 чамоатхои дехот мавчуд аст.

2 Загрузки
test

Добавить комментарий