Тавсифи умумии сохахои саноати  Чумхурии Точикистон

Тавсифи умумии сохахои саноати  Чумхурии Точикистон
1.Тавсифи умумии саноат.
2.Даврахои ташакулёби ва вазъи кунунии саноати Чумхурии Точикистон.
3.Тавсифи умумии саноат.

Географияи иқтисодию ичтимои – тадқиқоти обекту ходисахоро дар холати инкишоф, алоқаманди ва пайвастаги омўхта, ба онхо бахои иқтисоди дода, қонуну қонуниятхои чойгиршави ва ташкили худудии истехсолоти чамъиятиро меомўзад. Барои Точикистон истехсоли махсулоти саноатие хос мебошанд, ки вобаста ба шароитхои табиию иқтисоди фоидаовар бошад. Ба ин сохахои гидроэнергетика, саноати кўхи, металлургияи ранга, саноати сабук ва хўроквори мисол шуда метавонанд, ки дар таркиби саноат сохахои асоси ба хисоб мераванд.

Қонуниятхои чойгиршавии истехсолоти саноати ба қонуну қонуниятхои умумии инкишофи чамъият алоқаманд буда дар шароити имрўза дар алоқаманди бо қонуниятхои муносибатхои бозори дар холати гўзариш амал мекунанд. Онхо қисми чудонашавандаи системахои қонунхои иқтисо-дии чамъият ба хисоб рафта дар нохияхою минтақахои қаламрави мамлакат холатхои дигаргуншавию хамешагии чойгиршавии географияи истехсолро тасвир мекунанд.

Таъмин намудани талаботи ахоли бо махсулоти саноати боиси ба низом даровардани чараёни истехсолот мегардад. Муносибатхои сифатан нав байни истехсолкунандагон ва истеъмолкунандагон чори мешавад. Ташкил намудани иқтисодиёти гуногунсоха боиси ташкил шудани миқдори зиёди корхонахои шахси, муштарак, чамъияти, сахоми ва шаклхои дигар хочагидори мегардад.

3. Даврахои ташакулёби ва вазъи кунунии саноати Чумхурии Точикистон.

Хочагии халқи Точикистон дар солхои мавчудияти Хокимияти Шўрави ба монанди дигар давлатхои собиқ Шўрави дар асоси нақшаи ягона ва принсиппхои чойгиркунии сотсиалисти истехсолот тараққи мекард. Дар шароитхои имрўза аксар сохахои истехсолоти саноати ба бўхрони иқтисоди гирифтор шудаанд ва эхтиёч ба мутахассисони баландихтисосу технологияи муосири чахони доранд. Чунки махсулоти истехсол намудаи онхо бояд ба стандартхои чахони чавобгўй буда дар бозори саноати рақобатпазир бошад.

Аз хамин сабаб Точикистонро лозим меояд, ки вобаста ба шароитхои географию таърихи ва муассисахои истехсоли шаклхои сифатан нави тараққиёти иқтисоди ва чойгиркунии сохахои истехсолоти ба худ хосро интихоб намуда ба муносибатхои нави истехсоли чун давлатхои дигари рўбаинкишоф мутобиқ шавад. Дар сурати амали гардидани чунин чорабини чумхури метавонад роххои барқарор намудани истехсолоти саноати ва бо чои кор таъмин намудани ахолиро таъмин намояд, ки ин боиси рушди иқтисодии Точикистон мегардад.

Дар Чумхурии Точикистон тамоми сохахои саноат мавчуд буда, сохахои  саноати электроэнергетика, металлургияи ранга, масолехи сохтмони, сабук ва хўроквори хубтар рушд ёфтааст. Дар Чумхурии Точикистон 1386 корхонахои саноати мавчуд буда, хар сол ба маблағи 8,2 млрд сомони махсулот истехсол мекунад. Зиёда аз 43,7% корхонахои саноати ба сектори ғайридавлати таалуқ дорад.

О L-BRO Admin

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.