Географияи  саноати   энергетикаи Чумхурии Точикистон

Географияи  саноати   энергетикаи Чумхурии Точикистон
Тавсифи умумии саноати энергетика. Саноати сўзишвории Чумхурии Точикистон.

Энергетика яке аз сохахои мухимтарини хочагии халқи чумхури ба хисоб рафта, дар чойгиркуни инкишоф ва махсусгардонии хочагии халқ нақши мухим мебозад. Зеро географияи захирахои энергетики, истехсоли онхо ба географияи истехсо-лот на дар хама мавзеъ ва нохияхо мувофиқат мекунанд.

Энергетикаи истехсоли сўзишвори, қувваи барқ, кашонидан ва ба истеъмол кунандагон додани онхоро дар бар мегирад. Энергетика ба ду сохаи калон тақсим мешавад. Саноати Электроэнергетики ва Сўзишвори.

Саноати сўзишвори – дар Точикистон истихрочи ангишт, нефт, газ, варақсангхои сўзанда ва торфро дар бар мегирад. Вай нисбат ба электроэнергетика суст тараққи кардааст. Аммо барои минбаъда инкишоф ёфтани он дар чумхури имконияти бузург мавчуд дорад. Танхо захираи ангишти чумхури ба 4 млрд тонна мерасад, ки қариб 41% захираи ангишти Осиёи Марказиро ташкил медихад. Қисми зиёди он ангишти коксдиханда мебошад. Калнтарин конхои ангишти тахқиқшудаи чумхури Шўроб, Фон – Яғноб, Равот, Киштут, Моғиён, Зидди, Назарайлоқ, Миёнаду мебошанд. Аксарияти онхо дар мавзеъхои баландкўх воқеъ гардиданд, ки шароити истехсол ва кашонидани ангиштро душвор мегардонад.

Кони ангишти Фон – Яғноб дар хавзаи дарёхои Фон ва Яғноб дар баландии 1700 – 2500м чойгир шуда, 18 –қабати ангиштдихандаи ахамияти саноати дошта доранд, ки хар яке аз 0,5 м то 12 м ғафси доранд. Захираи умумиаш зиёда аз 2 млрд тонна буда, 86 % онро ангишти коксдиханда ташкил медихад. Алхол, аз он барои қонеъ гардидани талаботи комбинати металлургии кухии Анзоб ба миқдори кам барои қонеъ гардонидани талаботи ахолии махалли ангишт истихроч карда мешаваду халос. Дар оянда истехсоли ангишт дар ин хавза, аз бехтар намудаин роххои нақлиётии сохахои гуногуни хочагии халқи чумхури вобастаги дорад.

Кони ангишти Шўроб дар худуди нохияи Исфараи вилояти Суғд воқеъ гардидааст. Ангишти кони Шўроб ангишти сиёхтоб буда, 25 қабати ангиштдиханда дорад ва ғафсии умумии онхо аз 10 то 35 метрмерасад. Захираи ангишт бештар аз 500 млн. тонна буда, дар таркиби ангишти ин кон аз 3 то 30 фоиз хокистар мавчуд аст. Дар айни замон истехсоли ангишт дар ин кон қариб, ки қатъ гардидааст. Холо корхои аз нав барқароркунии шахтахо идома дорад. Дар солхои наздик истифодаи васеъи кони ангишти Назарайлоқ дар сатхи саноати банақша гирифта шудааст. Захираи умумиаш зиёда аз 500 млн тонна буда, сифтаи аъло дорад, ки тарқибаш хамаги 0,65 хокистар мавчуд аст. Аз чихати сифат кони мазкур хамто надорад.

Кони ангишти Зидди, Моғиён, Тошкутан, Сайёд, Равнов, Куртекка низ ахамияти иқтисоди доранд, ки дар хачми кам истифода бурда мешаванд.

Нефти Точикистон ханўз дар аввалхои асри 20 маълум буд. Чохи аввалини нефт дар мавзеи Селрохаи Точикистони Шимоли солхои 1908 – 1909 парма карда шудааст. Дар ин чо соли 1912 ширкати Осиёи Миёнагии савдои нефт (САНТО) ташкил карда шуд, ки ба он англисхо назорат мекарданд ва онро дар соли 1918 номашро иваз намуданд, (КИМ). Конхои нефту газ дар нохияи Конибодом ва Исфара (Равот, Конибодоми Шимоли, Ниёзбек, Айритан, Махрам, Маданият), водихои Вахш (Қичилбек, Қизилтумшук, Оқбошадир), Хисор (Қурғончаи Шимоли ва Шамбари, Андигон, Комсомол), Кўлоб (Бештентоқ, Хочасартез, Балчувон) чойгир шудаанд.

Нефти қисми шимолии мамлакат нисбатан баланд сифат буда якчанд қабатро дар бар мегиранд. Пештар нефти ин нохияро барои коркард хамчун ашёи хом ба дигар чумхурихо (заводи Фарғонаи, чумхурии Ўзбекистон) мефиристоданд. Холо дар якчанд корхонахо коркарди нефт бунёд ёфтаанд.

Дар нохияхои Точикистони Чануби якчанд конхои нефту газдиханда кушода шудаанд. Соли 1949 дар нохияи Чалолиддини Руми кони гази Қизилтумшуқ ва солхои 1960 – 1961 конхои нефти Кичикбел ва Оқбашадир кушода шудаанд. Баъдтар кони гази нефтдихандаи Шамбари кашф шуд. Нефти конхои Кичикбел ва Оқбашадир сулфур ва катрони бисёр дошта, пастсифат аст. Он ашёи хоми бехтарин барои мумфаршкардани роххо мебошад.

Гази табии дар хамон конхое, ки нефт истихроч карда мешавад хамрох мавчуд аст. Ба конхои мухимтарини гази чумхури Қизилтумшуқ, Сулдузи, Хочасартез, Комсомол, Шамбари ва ғайрахо мансуб мебошанд.

Газе, ки аз конхои Конибодом истехсол карда мешавад хеле кам буда талаботи нохияхои шимолии чумхуриро қонеъ карда наметавонанд. Боқимонда талабот ва гази табии Бухоро таъмин карда мешаванд.

Гази кони Қизилтумшуқ ба воситаи қўбур то Душанбе оварда шудааст. Соли 1975 газопроводи Келиф – Душанбе сохта шуд, ки 300 км тўл кашида, то соли 1979 аз кони гази Шибирғони чумхурии Афғонистон газ гирифта мешуд. Солхои охир дар Точикистон 35,3 млн метри мукааб газ ва 18,1 хазор тонна нефт истихроч карда шуд. Дар чумхури аз худ намудани конхои нефту газ идома дорад.

Саноати электроэнергетикаи Чумхурии Точикистон.

Электроэнергетикаасоси инкишофи иқтисодиёт, пешрафти хамаи сохахои хочагии халқ ва чори намудани прогресси техники дар истехсолот мебошад. Заминаи табии инкишофи электроэнергетика дар Точикистон захираи зиёди энергияи об ба хисоб меравад. Аз худ намудани ин соха солхои 30 – уми асри ХХ ибтидо ёфта буд. Сохтмони онхо дар солхои баъди 50 – ум авч гирифт. Дар дарёхои Сир ва Вахш як қатор неругоххои барқи – оби бунёд гардиданд. Дар айни замон истехсоли солонаи қувваи барқ дар Точикистон 14247 млн кВт/с ташкил менамояд, ки аз ин хисоб ба истгоххои барқии оби 14025 млн кВт/с ва ба истгоххои барқи олави 222 млн кВт/с рост меояд. Калонтарин истгоххои барқии оби: Норак иқтидораш (3 млн кВт), Сарбанд (210 хаз.кВт) дар дарёи Вахш, Қайроқум (216 хаз. кВт) дар дарёи Сир ва истгоххои барқии олавии Душанбе (223 хаз. кВт), Ёвон (180 хаз. кВт) ба хисоб меравад.

Нерўгоххои обии чумхурии ба тарзи силсила, яъне дар як дарё якчанд истгоххо сохта мешаванд. Ин барои самаранок истиофда бурдани энергияи обии дарёхо ахамияти калон дорад. Дар хавзаи дарёи Варзоб 3 – то (Варзоби боло, Варзоби поён ва Варзоб), дар Вахш 6 – то (Шаршара, Сарбанд, Маркази, Норак, Бойғози, Сангтуда – 1) НБО – сохта шудааст. Дар дарёхои Ванч, Бартанг, Ғунд, Сир, ва ғайра НБО – и хурди алохида сохта шудаанд.

Дигар чихати мухими сохтмони НБО дар он аст, ки онхо хусусияти комплекси доранд. Чунончи, дар назди НБО бунёд кардани обанборхо барои идоракунии мачрои дарёхо, пешгирии обхезихои харобиовар, обшоркунии заминхои лалми ва аз об таъмир намудани шахру дехот имконият фарохам меоваранд. Одатан, хар чи сохтмони олави арзон аст аммо ба сабаби зиёд будани сарфи сўзишвори дар онхо нархи аслии истехсолоти қувваи барқ хело қиммат мебошад. Холо сохтмони хатхои баландшиддати интиқоли барқ барои пайваст намудани системаи энергетики шимол бо чануби мамлакат ба охир расид.

Дар Точикистон чун дигар давлатхои Осиёи Миёна қувваи барқ ба истеъмолкунандагон бо хатхои баландшиддати барқи фиристода мешаванд, зеро нохияхои истехсол ва истеъмоли қувваи барқ аз якдигар дар масофаи дур воқеанд. Дар оянда аз хисоби захирахои бузурги оби дар Точикистон сохтмони як қатор нерўгоххои барқи ба анчом расонда хохад шуд. Инхо неругоххои Роғун, Сангтуда – 2, Даштичум ва як қатор неругоххои хурду миёна дар нохияхои гуногуни мамлакат сохта мешаванд.

Холо яке аз масъалахои асоси ва мухим дар чумхури ба даст овардани истиқлолияти энергетики ва таъмини пурраи тамоми сохахои хочагии халқ бо қувваи барқ мебошад.

13 Загрузки

О L-BRO Admin

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.