Географияи саноати мошинасози, масолехи сохтмони ва химияи  Чумхурии Точикистон

Географияи саноати мошинасозии Чумхурии Точикистон.

Саноати   мошинасозияке аз сохахои мураккаб буда, ба истехсоли махсулотхои гуногун махсус гардонда шудаанд. Дар корхонахои он қисмхои эхтиётии тракторхо, автомобилхо, дастгоххои бофандагии автомати, мошинхои хочагии қишлоқ, тачхизот барои системаи савдо ва дигар махсулотхо истехсол карда мешаванд. То замони истиқлол корхонахои мошинсози бо техникаи пуриқтидори пешқадам тачхизонида шуда буданд. Махсулоти ин корхонахо қариб ба 40 давлати чахон фиристонда мешуданд.

Корхонахои калонтарини мошинсози ва металлкоркуни дар шахри Душанбе – заводхои «Точиктекстилмаш», «Торгмаш», «Тадикгидроагрегат», (ЧСШК «Хумо»), ЧСШК «Заводи арматурбарори», корхонаи унитарии «Элто», «Точиккабел», заводи «Яхдон», заводи арматура, дар Хучанд – заводи таъмири автомобил, дар Конибодом – заводи «Автозапчаст» ва «Точиктекстилмаш», дар Кўлоб заводи тачхизоти технологи, дар Турсунзода заводи «Стройинструмент», дар Спитамен заводи тачрибави, заводи электроникии Исфара ЧСШК «Чароғ», заводи аппаратхои пастволти Адрасмон, заводи трансформатории шахри Қурғонтеппа, иттиходияи истехсолии (Востокредмет) металлхои нодири шахри Чкаловск ва ғайра мебошанд.

Географияи саноати масолехи сохтмонии Чумхурии Точикистон.

Саноати маснуоти сохтмонбарои тезонидани суръати индустриякунонии чумхури бо манзил таъмин кардани ахоли, сохтмони шахр, роххо ва ғайра зарур аст. Ин сохаи саноат ашёи хоми махалиро кор мефармояд: гач, рег, охак, доломит, санг, гил ва ғайра. Корхонахои ин сохаи саноат семент, шифери сафоли бомпўши, маснуоти охану бетон, тахтадевор ва ғайра истехсол мекунанд.

Корхонахои саноати масолехи бинокори бисёр буда, дар хама чой мавчуд аст. Алхол марказхои калонтарини саноати маснуоти сохтмони Душанбе, Хучанд ва Исфара мебошад. Корхонахои начандон калони он дар шахрхои Вахдат, Ёвон, Турсунзода, Кўлоб, Хоруғ ва шахракхои Колхозобод, Шахритус ва ғайрахо чойгиранд. Дар шахри Хучанд заводи шиша мавчуд аст, ки шишаи консерв, шишаи тиреза, блокхои шишагин истехсол мекунанд. Заводи семент дар шахри Душанбе чойгир буда иқтидораш истехсолии он ба 1 млн тона семент мерасад. Саноати коркарди чўбнисбатан суст тараққи кардааст. Вай асосан қутихои чубин, мебел, плитахои тахтагин истехсол мекунанд. Корхонахои ин соха дар Душанбе ва Хучанд чойгир мебошанд. Саноати чангал қариб тамоман дар асоси ашёи хом аз дигар чойхо оварда кор мекунанд, зеро дар Точикистон захираи чангал хело каманд.

Саноати хишт дар Точикистон нисбатан ба дигар сохахои саноати сохтмон тараққиёфта буда, географияи он гуногун мебошад. Корхонахои истехсоли хишт асосан дар шахри Душанбе, нохияи Вахдат ва дар вилоятхои Хатлону Суғд чойгир шудааст.

Саноати конструксия ва маснуоти охану бетоннисбатан сохаи нави индустрияи сохтмон мебошад. Махсулоти он барои сохтмони асоси истифода бурда мешавад, аз хамин сабаб ин соха дар нохияхо ва марказхои консентратсияи сохтмон чойгир карда шудаанд. Сангреза, рег ва дигар масолеххо, ки дар таркиби махлули бетони андохта мешаванд ва талаботи зиёд нисбат ба арматурахои на он қадар калони металли ва семент, боиси ба мақсад мувофиқ набудани кашондани ин махсулотхо хачмашон вазнину калон ба масофаи дур сабаб мешавад. Махсулотхои охану бетони дар сохтмони граждани ба таври васеъ истифода бурда мешаванд. Масалан, барои тахкурси ва қисмхои зеризаминии иморатхо, тахтасангхои тахкурси, ғалтак (блок), сутун, панел (лавхахои охану бетони, ки дар бинокории хозиразамон истифода мебаранд), инчунин каналхои маснуотхои гузаргохдор ва бегузаргохдор, дар дохили иморат ва сутунхо барои иморатхои якқабата ва бисёрқабата, тахтасангхо барои пўшонидани иморатхо ва ғайра истифода мешавад.

Географияи саноати химияи   Чумхурии Точикистон

Саноати химиядар чумхури сохаи нав мебошад. Татқиқотхои минбаъда муайян намуданд, ки Точикистон дорои захираи калони ашёи хоми саноати химияви мебошад. Дар заминаи энергияи арзони барқ, дар ин чо барои тараққи додани сохахои электрохимияви имкониятхо бузурганд.

Чумхури хусусан аз захираи намаки оши, гач, мармар, доломит, охаксанг, ангишти коксдиханда ва ғайра бой мебошанд. Дар заминаи ин гуна ашёи хом саноати бузурги химияро ташкилкардан мумкин аст. Мутаасифона на хамаи нохияхои чумхури чунин имконият доранд. Чунончи, дар шимолии чумхури, қатъи назар аз мавчуд будани ашёи хом, ба сабаби кам будани захираи об ташкил кардани баъзе сохахои саноати химия ғайри имкон аст. Барои ташкил кардани саноати химия дар чануби Точикистон имкониятхои калон вучуд дорад.

Дар ин чо баробари захираи зиёди об, ашёи хом ва миқдори зиёди захирахои мехнати мавчуд аст. Инкишофи саноати химия асосан аз сохтмони заводи нурихои азотии Вахш (1967) ибтидо ёфтааст. Ин завод карбамит (нурихои азоти) истехсол мекунад. Холо корхонаи муштараки Точикистону Кипр мебошад.

Корхонаи дигари саноати химиявии Точикистон заводи электрохимиявии Ёвон ба хисоб меравад. Ин завод дар асоси истифодабарии ашёи хоми махалли намаки оши ва ашёи хоми карбонати кор мекунад. Дар комбинати электрокимиёвии Ёвон коркарди муштарак ва комплексии ашёи хом ба рох монда шудааст. Холо дар комбинати истехсоли хлор, охаки хлори, соддаи каустики ва дигар намудхои гуногуни махсулотхои хлорид истехсол менамоянд.

Корхонаи дигари ин сохаи саноат ЧСШК – и «Заводи химияви» – и шахри Исфара мебошад, ки рангубор, нурихои маъдани, электрод барои кафшеркуни, моддахои тарканда ва ғайрахо истехсол менамоянд. Ғайр аз ин дар чумхури корхонахои хурди химиявии «Нилуфар», «Точиккимиё-рўзгор» фаъолият мекунанд.

8 Загрузки
test

Один комментарий

  1. Гулмамад

    Хел зур навиштед

Добавить комментарий