Географияи  сохахои хочагии қишлоқи  Чумхурии Точикистон

Географияи  сохахои хочагии қишлоқи  Чумхурии Точикистон
Географияи растанипарварии Чумхурии Точикистон.

Растанипарвари дар чумхури бо хусусиятхои хоси худ фарқ мекунанд. Дар заминхои оби пахта, сабзавот, зироатхои полези, боғдори (аз чумла растанихои ситруси), дар заминхои лалми аслан ғалладонагихо (гандум, чав), растанихои техники равғандиханда кунчит, зағир ва боғдории лалми ба рох монда шудааст.

Аз растанихои техники пахта, тамоку ва анчибар парвариш карда мешаванд. Пахтакори сохаи асосии хочагии қишлоқи чумхури мебошад. Ин сохаи фаъолият яке аз сохахои қадимтарини кишоварзии мардуми точик мебошад, ки онхо дар ин соха тачрибаи ғани доранд. Холо 32 % заминхои обёришавандаи чумхуриро ин растани ишғол намудааст. Сабаби асосии инкишофи пахтакори зиёд будани талаботи он чи дар бозори дохили ва чи дар бозори беруна мебошад.

Аз пахта махсулотхои гуногун истехсол мекунанд, аз чумла маъто, аз пумбадона равған, кунчора, глисерин ва решаю пояи он барои истехсоли қоғаз ва силюлоза ашёи хоми пурбахо мебошад. Умуман аз пахта қариб 80 намуд махсулот истехсол менамоянд.

Географияи пахтакори дар қаламрави чумхури тафовут дорад. Пахта дар заминхо обёришудаи вилоятхои Хатлону, Суғд ва нохияхои тобеи чумхури парвариш карда мешавад.

Дар чумхури аз растанихои техники боз анчибар парвариш карда мешаванд. Анчибар растании равғани эфирдор буда соли 1931 аз Гурчистон онро ба Точикистон овардаанд. Дар солхои Хокимияти Шўрави ду совхоз – заводхои махсусгардидаи анчибарпарвари дар нохияи Қумсангир («Геран») ва Турсунзода («Эфиранос») ташкил карда шуда буд, ки соле то 25 хазор тонна баргу пояи онро чамъовари мекарданд. Холо дар хочагии «Геран» тамоман анчибар парвариш карда намешавад. Танхо дар хочагии «Эфиранов»-и нохияи Турсунзода онро қисман кишт менамоянд. Шароитхои табиию географии чумхури барои дар оянда зиёд намудани майдони кишти ин растани хело мусоиданд.

Инчунин дар Точикистон аз растанихои равғандиханда кунчит, маъсар, зағир кишт мекунанд. Аслан онхоро дар заминхои лалмии вилоятхои Хатлону Суғд ва дигар минтақахои чумхури парвариш мекунанд.

Тамоку дар заминхои обии нохияхои ғайри пахтакор кишт мешавад. Парвариши он соли 1931 аввалан дар дар нохияхои Панчакенту Айни ва баъд дар нохияи Ёвон оғоз ёфт. Аз соли 1966 ба парвариши ин растани нохияхои водии Рашт ва ВМБК-ро чалб намуданд. Холо зиёда аз 70% тамокуи чумхури дар нохияхои Панчакент ва Айни парвариш карда мешавад.

Растанихои ғалладона. Дар Точикистон аз зироатхои ғалладона гандум, чав, илоли, чувормакка ва растанихои лубеги (нахуд) мош, лубе, носк ва ғайра павариш карда мешавад.Хочагихои ғаллапарвар ахолиро бо ғизо ва чорворо бо хурок таъмин менамояд. Гандум, чав, нахуд ва наскро бештар дар заминхои лалми ва шолиро дар заминхои оби парвариш мекунанд. Парвариши ғаладонагихо дар заминхои лалмии минтқахои Кўлобу Хисор, водихои Зарафшону Рашт, нохияхои Истаравшпну Ғончи бартари доранд. Ба мақсади таъминоти озуқоварии ахоли ба махсулоти маххалли бо фармони президенти кишвар 75 хазор гектар заминхо тақсим шуданд, ки ин боиси зиёд шудани майдони ғалладонагихо гардид. Сабзавот ва растанихои полизи қариб дар тамоми нохияхои чумхури парвариш карда мешаванд. Мардуми точик аз кадом ба парваригши ин зироатхо сару кор дошт ва дар солхои Хокимияти Шурави онро такмил доданд.

Картошкаро дар охири асри Х1Х дар шохияхои Хучанду Истаравшан парвариш менамуданд. Ва охиста-охиста дар дигар нохияхо низ пахншудаю ба водии Рашт онро дехқононе, ки барои кор ба Фарғона картошкаро мерафтан оварданд. Баъдтар дар Бадахшон ба парвариши картошка шурўъ намуданд.

Картошка зироати гармдуст нест ва аз хамин сабаб дар нохияхои кўхсор (Рашт, Чиргатол, Масчохи Кухи, Нуробод) парвариш карда мешавад.

Сабзавот ва зироатхои полизи дар гирду атрофи шархои калон парвариш карда мешаванд. Барои таъмини ахоли бо сабзавот дар тамоми давраи сол гармхонахо буньёд гардидаанд.

Боғу токдори дар Точикистон аз замонхои қадим маълум буду ахоли дар ин соха махорати баланди дехқони дорад. Боғпарварони точик тўли садсолахо навххои гуногуни мевахоро рўёнидаанд, ки то хол чи дар миёни ахолии махалии ва чи дар бозори чахони шухрати худро гум накардаанд. Дар чумхури намудхои гуногунии дарахтон ва буттахои мевадиханда парвариш карда мешаванд. Дар байни онхо чойи аввалро зардолузорхо ва сипас боғхои себу шафтолу, олуча, нок, олу, бихи ва ғайра ишғол менамоянд.

Майдони боғзору токзорхо сол аз сол афзуда истодаанд. Қисми зиёди боғхо дар минтқахои Шимоли (30,3%) , Хисор (32,40%) ва Рашт (19, 5) чойгир шудаанд. Дар ВМБК 1,5 % майдони боғзорхои чумхури мавчудаст.

Шароитхои табии иқлимии Точикистон барои рўёндани хосили зиёди меваю ангур мусоидат мекунанд.

Шароитхои табиии нохияхои чануби чумхури барои парвариши растанихои суптропики мусоид мебошанд. Хусусан водии Вахш барои парвариш намудани анор, анчир , бодом, писта, хурмо ва растанихои ситруси (лиму) хеле мувофиқ аст.

Токдори низ бо суръат инкишоф ёфтааст, Холо дар Точикистон зиёда аз 100 наъви ангури махаллии хўроки (Чиллаги, Тоифи, Нимранг, Хусайни, чавз ва ғайра) ва навъхои шароби (Ғончи, Орзу, Хисор) парвариш карда мешаванд. Мавизи ангури навъхои точики кишмиш, сояги, обчўш хело шухратманданд. Токпарвари қариб дар дар тамоми нохияхои чумхўри инкишоф ёфтааст.

Минбаъд ривоч додани боғу токдори дар чумхури ин истифодаи заминхои лалмии минтақахои Рашт, Кўлоб, Вахш ва Хисор мебошад.

Географияи  чорводори дар  Чумхурии Точикистон.

Чорводори дар таркиби сохахои хочагии қишлоқ баъди пахтакори сохаи калонтарин ба шумор меравад. Зиёда аз 70 % заминхои хочагии қишлоқро чарогохо ташкил медиханд. Ачдодони точикон тули асрхо навъхои нави чорворо (гўсфанди хисори, аспи хатлони, қутоси бадахшони ва ғайра) ба вучуд овардаанд, ки хело шухрат доранд.Чорводори солхои мавчудияти Хокимяти Шурави бо сохаи инкишофёфта табдил ёфт,ки хазорхо хочагихои давлатию чамиятии чорвопарвар ташкил карда шуда, навъхои гуногуни чорвои сермахсул ба вучуд оварда шуданд.

Солхои Хокимияти Шурави истехсоли махсулоти чорво хеле зиёд шуд. Дар сохаи чорводори хам аз чихати миқдор ва хам аз чихати сифат таъғирот ба вучуд омад. Комплексхои калони чорводори, фабрикахои мурғпарвари, корхонахои истехсоли хўроки чорво сохта шуданд. Чорводори дар водихо сохаи дуюм ва дар нохияи кўхи сохаи аввалиндарача мебошад. Чорводори ба чунин зерсохахо тақсим шудааст: говпарвари, гўсфандпарвари, бўзпарвари, асппарвари, мурғпарвари, хукпарвари, занбурпарвари,мохипарвари ва ғайра Говпарвари дар чумхури равияи гушту шир дорад. Гов парвари қариб дар хамаи нохияхои чумхури ривоч ёфтааст. Ба ин соха хочагихои шахси ва фермери дохил мешаванд, ки зотхои наву сермахсулро вобаста ба шароитхои махал парвариш мекунанд. Дар Помири Шарқи қутоспарвари ба рох мондашудааст. Ин гов бештар ба шароитхои ин минтқа мутобиқ буда онро барои шир ва гўшт, пашм, пуст ва воситаи боркашони парвариш мекунанд.

Гўсфандпарвари сохаи анъанавии мардуми точик мебошад. Вобаста ба шароитхои табиию географи, географияи гўсфандпарварии чумхури фарқ мекунанд. Дар қадим гўсфанди навъи дарвози, ба шароити кўхистон мутобиқ дар нохияи баландкўх парвариш карда мешуд. Дар водии Вахш гўсфандони навъи қароқўли ва дар водии Хисор гўсфанди Хисори парвариш карда мешуданд. Ба нохияхои шимоли чумхури (вилояти Суғд ) гўсфанди «чойдори» хос аст, ки аз чихати вазн баъди гусфанди хисори чои дуюмро ишғол мекунад. Дар тули солхои Хокимияти Шурави навъхои сермахсули гўсфандонро пайдо карданд. Холо дар минтқахои баландкўх-гўсфандони махинпашми дарвози дар шимол – гўсфандони чойдори;дар водии Вахш ва Кулоб гўсфандони қароқули ва дар дигар нохияхо гусфандони навъи хисори парвариш мекунанд.

Сохаи дигари чорводории чумхури бузпарвари мебошад, ки он дар минтиқахои кўхи ва доманакўхи сохаи ривочёфта ба хисоб меравад, Хусусан парвариши бузхои махинпашми ангори ахамияти калони хочаги доранд. Ин соха бештар дар шимоли чумхури рушт ёфтааст.

Парандапарвари дар чумхури аз соли 1965 оғоз ёфта дар солхои Хокимияти Шурави ин соха дар сатхи саноати амал мекард, ки хочагихои махсусгардидаи дорои техналогияи бузурги истехсоли буд. Ба хайати он фабрикаи Душанбе, Чиптура, Хучанд, Конибодом, Вахдат, стансияхои мурғпарварии Панчакент, мурғи марчони Файзобод дохил мешуданд. Холо дарачаи истехсолии ин корхонахо хеле паст шудаанд. Аксари онхо бо кумаки сармояи хоричию махали хамчун корхона мекунанд.

Кирмакпарвари яке аз сохахои қадимтарини кишоварзии Точикистон мебошад, Дар ибтидо ба кирмакпарвари уезди Хучанд ва гурўх нояхои чануби чумхури (н.Қабодиён ) парвариш менамуданд. Дар солхои Шурави базаи ғизоии он мустахкам шуда ин соха хеле ривоч ёфт, ки холо қариб дар хаммаи винтиқахои чумхури парвариш карда мешавад. Дар тули дахсолахо зиёда аз 36 млн бех нихоли тут шинонида шуд, ки заминаи ғизоии кирмакпарвари мансуб меёбад. Нихолхои тутро дар қад- қади раххо, чуйхо атрофи заминхои кишт мешинонанд, ки он нафақат ғизои кирмак балки заминхоро аз шамол ва бодхудшави нигох медоранд.

Барои истехсоли 1 кг пилла барои кирмак тахминаи 18-19кг барги тут лозим аст. Кирмакпарвари сердаромад буда рушти он ба зиёд намудани майдони тутзорхо ва дастовардхои илми вобастаги дорад,

Занбўрпарвари нисбат ба дигар сохахои чорводори чавонтар аст. Аммо барои мардуми точик ин соха аз замонхои қадим маълум буд. Мувофиқи маълумотхои омори дар чумхури холо хиёда аз 64829 хазор оилаи занбур мавчуд аст. Зиёда аз 70 %-и он ба хочагихои шахси таълуқ доранд. Ғайр аз ин ба занбўрпарвари хочагихои чангал, хочагихои ёрирасони назди корхонахои саноати, хочагихои дехқони ва ғайра машғуланд. Холо қариб дар тамоми қаламрави чумхури ба ин соха диққат медиханд.

Асалпарвари дар Точикистон сохаи қадима аст. Зотхои аспи точики, хуталони, аз қадим машхуранд, ки онхо дар намуди бозихои асптози, ва чавгонбози шўхрати зиёд доранд.

Аспро инчунин барои боркашони, савори ва корхои хочагихои васеъ истифода мебаранд. Холо дар чумхури ипподром, хочагихои аспарварии шахсию давлати амал мекунанд. Ба ин кор инистути илми – тадқиқотии чорводории Точикистон рохбари мекунанд. Соли 2008 шумораи асп дар мамлакат 75,4 хазор сарро ташкил менамуд.

Мохидори бошад дар Точикистон баъди сохтимони обанборхо ва хавзхои сунъи аз солхои 60-уми асри ХХ оғоз ёфт. Хусусан баъди сохтмони обанбори Қайроқум, хочагихои мохирпарварии Чубек, Чиликўл, Қумсангир ва Панчакент хачми мохидори афзуд. Холо дар чумхури хочагихои мохидории Қайроқум, Панчакент Чубек, Кофарнихон ва Хочамастон фаъолият мекунанд. Дар ин хочагихо намуди мохихои зағора, амури сафед, судак, карас сазан, гулмохи ва ғайра парвариш карда мешаванд. Чумхури барои дар оянда ташакул додани ин соха имкониятхои зиёд

дорад.

Дар кўлхои водии Вахш нутрияпарвари мавчуд аст.

О Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.ru

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.