Географияи  нақлиёти  Чумхурии Точикистон

Географияи  нақлиёти  Чумхурии Точикистон
Тавсифи умумии ахамияти  нақлиёт.

Дар шароити қўхсори Точикистон, ки қисматхои алохидаи онро ағбахои баланд аз хамдигар чудо месозанд сохтимони роххо ахамияти бузург доранд. Нақлиётро артерияи хар як мамлакат меноманд, ки тавасути он робитахои дохилию беруниро амали мегардонад, ва ба пешрафти хочаги мусоидат мекунад.

Дар чумхури ғайр аз нақлиёти оби дигар тамоми намудхои нақлиёт – рохи охан, автомобили, хавои, қубури ва хатхои интиқоли барқ вучуд доранд. Хаммаи ин роххо боякдигар алоқаманд буда, яке дигареро пурра месозад, ки инро системаи ягонаи нақлиёти меноманд. Ахамияти нақлиёти рохи охан робитахои дохилию берунии кишвар амали мегардад. Нақлиёти автомобили бошад бештар ахамияти дохили дорад.

Дар қаламрави амарўзаи Точикистон аввалин маротиба соли 1897 рохи охани Хавос – Хучанд сохта шудааст. Сипас солхои 1926 – 1929 рохи охани Термиз – Душанбе бунёд мегардад. Дар солхои 30 – уми асри ХХ инчунин роххои автомобилгарди Душанбе – Хучанд, Ош – Хоруғ, Душанбе – Рашт, Душанбе – Хоруғ сохта шудаанд. Соли 1929 аввалин рохи хавои Душанбе – Тошкент кушода шуд. Нақлиёт дар боркашони ва мусофиркашони нақши мухимро мебозад. Бо ёрии он алоқахои дохилию сохави, байналмиллали ва байнидавлати амали мегардад.

Нақлиёти автомобилии  Чумхурии Точикистон.

Нақлиёти автомобили  дар  шароити  чумхурии  кўхсори мо ахамияти бузург дорад. Қариб 90 %-и боркашонии дохили чумхури таввасути нақлиёти автомобили ичро мешавад. Аввалин маротиба солхои 1931 – 1933 аз шахри Оши чумхурии Қирғизистон ба шахри Хоруғ рохи автомобили сохта мешавад, ки 732 км дарози дорад. Дар соли 1935 шохрохи автомобилгарди Душанбе – Истаравшан – Хучанд тавасути ағбахои Анзоб ва Шахристон сохта мешавад.

Соли 1940 бошад яке аз шахрххои мухимтарини минтақаи баландкўх Душанбе – Хоруғ кушода шуд, ки 556 км дарози дошта, Вилояти Мухтори Бадахшони Кўхиро ба маркази чумхури пайваст намуд.

Дарозии умумии роххои автомобилгарди чумхури зиёда аз 20 хазор км мебошад, ки 13,5 хазор км – и он мумфарш аст. Тавассути нақлиёти автомобили ба тамоми нохияхои чумхури алоқа вучуд дорад. Аз пойтахт – шахри Душанбе ба нохияхои чумхури автобусхо, микроавтобусхо ва автомобилхои сабукрави такси равон мекунанд. Дар чумхури хочагихои автомобили мутахидгардида ва чамъиятихои автомобили ташкил шудаанд. То давраи истиқлолият роххои автомобилгарде, ки як гурух минтақахои чумхуриро бо хам мепайвастанд, аз сабаб гузаштан аз ағбахои баланд дар фасли зимистон баста мешуданд. Онхо хусусияти мавсими доштанд. Хусусан шохроххои Душанбе – Хоруғ ва Душанбе – Хучанд.

Барои халли ин мушкилот дар ағбахои Анзоб, Шахристон, Шаршар, Чормағзак сохтмони тунелхо ба нақша гирифта шудаанд. Соли 2006 мутахассисони Эрони туннели Анзобро дар тулии 5 км кушоданд, ки рох 30км кутох шуда робитаи нохияхои чанубу шимоли Точикистон дар тамоми давраи сол кушода шуд.

Соли 1999 ба муносибати 1100 – солагии давлати Сомониён таввасути ағбаи Кулма рохи нав Кўлоб – Қалъихумб – Мурғоб – Кулма сохта шуд, ки ба шохрохи байналмиллалии Кароқум пайваста шуд.

Туннели ағбаи Шаршар аз чониби мутахассисони Хитой соли 2009 пурра сохта шуда ба истифода дода шуд. 18 – марти соли 2010 сохтмони туннели ағбаи Чормағзак оғоз ёфт, ки ширкати чумхурии Хитой инро ба ухда дорад. Сохтмони туннели Шахристон идома дорад. Мувофиқи нақша таъмири шохрохи Душанбе – Рашт – Чигатол – Саритош идома дорад. Сохтмони ин гуна роххо боиси пешрафти хочагии халқи чумхури мегардад.

Нақлиёти рохи охани  Чумхурии Точикистон.

Нақлиёти рохи охан аз чихати боркашони дар дохили чумхури дар зинаи дуюм ва дар боркашони беруна мавқеи асосиро ишғол менамояд. Таввасути он 90 % боркашонии берунаи чумхури кашонида мешавад. Шохахои асосии рохи охани чумхури Хавос – Исфара – Шўроб, Термиз – Душанбе ва Термиз – Қурғонтеппа – Ёвон, ки соли 1975 дар тули 265 км ба фаъолият шурўъ кард. Чанде пеш рохи охан байни Қурғонтеппа ва Кўлоб бунёд гардид. Сохтмони рохи охани Вахдат – Ёвон, Панчакент – Самарқанд ба нақша гирифта шудаанд. Тавассути роххои охан махсулотхои гуногун ва мусофирон кашонида мешаванд. Сохтмони ин роххо барои инкишофи минбаъдаи сохахои хочагии халқи чумхури ва аз худ намудани сарватхои табии нохияхо зарур аст.

Нақлиёти хавои, қубури ва обии   Чумхурии Точикистон

Барои Точикистони кўхсор нақлиёти хавоиахамияти бузург дорад. Ба воситаи нақлиёти хавои мусофир, алоқа ва баъзе намуди борхои дигар кашонида мешаванд. Нақлиёти хавоиро дар кишоварзи ва геология низ васеъ истифода мебаранд. Бо кўмаки он нурихои минерали ва захрхимикатхо мепошанд.

Нақлиёти хавоии чумхури мунтазам такмил ёфта, бо самолётхои нав мукамал мегардад. Холо аз шахри Душанбе қариб ба аксарият давлатхои дунё ва ИДМ робитахои хавои амал мекунад. Дар чумхури 2 – ширкати хавопаймои «Точикаэйр» (ширкати давлати) ва «Сомонаэйр» (ширкати хусуси) фаъолият мекунанд. Фурўдгоххои Душанбе, Хучанд ва Кўлоб фурўдгохи байналмиллали мебошанд, ки алоқа пайваста сурат мегирад.

Нақлиёти қубури ва оби дар чумхури суст инкишоф ёфтаанд. Нақлиёти қубури аввалин маротиба соли 1964 пас аз сохтмон газопроводи Қизилтумшуқ – Душанбе дар Точикистон пайдо шуд. Холо тавассути қубур нохияхои шимоли ва чанубу ғарбии Точикистон аз чумхурии Узбекистон газ мегиранд. Инчунин аз конхои гази нохияхои Чалолиддини Руми ва кони Хочасартез нохияхои чануби газ мегиранд.

9 Загрузки
add

Один комментарий

  1. УБАЙДУЛЛО

    РАХМАТ БАРОИ НАВИСОНДАГИТ ХАМНОМ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.