Таърихи пайдоиши аҳолӣ.Маълумот доир ба географияи маскуншавии аҳолӣ
Маълумот доир ба географияи маскуншавии аҳолӣ.
Доир ба пайдоиши таърихи инсоният дар адабиётҳои илмӣ далелҳои бо ҳам номувофиқ вуљуд доранд. Қисми зиёди олимҳои соҳаи антропология дар он ақидаанд, ки инсони аввалин яъне «австралопитекҳо» 5-7 миллион сол қабл дар Африка ва минтақаҳои тропикии Осиё пайдо шудаанд. Ақидае, низ вуљуд дорад, ки 2-3 миллион сол қабл «архатропҳо» дар Африкаи шарқӣ зиндаги намудаанд ва 600-700 сол қабл онҳо ба палеантропҳою питекантропҳо омехта шуда ба неандерталҳо табдил ёфта, дар Осиёи Љанубу-Шарқӣ ва Љанубу Ғарбӣ паҳн гардидаанд. Аз ин 40-50 ҳазор сол пеш бошад инсонҳои бошуур «Homo Sapines» ба вуљуд омадааст.
Дар замонҳои қадим тасаввурот оид ба узвҳои бадани инсон ниҳоят кам буд ва бурдани корҳои татқиқотӣ ва љарроҳӣ намудани одами фавтида қатъиян манъ буд. Ҳатто шакли бо ин ё он сурат сохта шудаи одамонро вохўрдан душвор буд. Татқиқотчии машҳури Рим, табиби бузург Клавдий Гален, ки солҳои 131-201 милодӣ умр ба сар бурдааст, барои омўзиши анатомияи инсон маймунҳоро љарроҳӣ намудааст ва аз рўи узвҳои маймун шакл-ҳайкали инсонро тартиб дода буд. Сохти берунаи шакл-ҳайкал аз одам ва узвҳои дохилаш бошад аз маймун буданд. Ин шакл-ҳайкал ҳоло дар осорхонаи Ватикан нигоҳ дошта шудааст. Бурдани корҳои татқиқотӣ дар љасади инсон қариб 1400 сол манъ буд, ки дар ин давра асарҳои Гален аз тарафи табибон ва донишљўёни соҳаи тиб ҳамчун датурамал истифода бурда мешуд. Дар давоми 1000 сол бошад номи Гален ҳаммаънои «тиб»-ро дошт.
Вазъи демографии аҳолӣ дар замони гузашта.
Дар давраи пеш аз милод аҳолии кураи замин якчанд ҳазор нафарро ташкил медод. Мувофиқи маълумотҳои илмӣ 7 ҳазор сол қабл аз милод дар кураи Замин ҳамаги 10 миллион аҳолӣ зиндаги мекард. Аҳолӣ дар ҳамон давра дар ҳар 1000 сол тахминан 10-20% зиёд мешуд. Сабаби чунин суст афзоиш ёфтани аҳолӣ ба дараљаи баланди фавти онҳо алоқаманд буд. Аҳолӣ бисёртар аз бемориҳо ва љангҳои байни қабилавӣ нобуд мегаштанд. Дарозумрии миёнаи аҳолӣ аз 20 сол зиёд набуд.
Бояд хотирасон намуд, ки зиёдшавии аҳолии ҳар як давр ба шароити иқтисодӣ ва иљтимоии он зич алоқаманд аст. Дар давраи аввали рушди љамъиятӣ афзоиши аҳолии кураи Замин ниҳоят суст буд. Дар љойгиршавии аҳолӣ омилҳои табиӣ (иқлим, релеф, об, замин) ва љойгиршавии қабилавӣ мавқеи хос дошт. Зери таъсири офатҳои табиӣ (зимистони шадид, сел, обхезӣ) миллионҳо одамон нобуд мешуданд. Аз ин лиҳоз дар қисми шимолии материки Евраосиё зичии аҳолӣ хеле паст буд. Дар Америка ва Австралияниз дар давраи палеолит аҳолӣ ниҳоят кам зиндагӣ мекард. Қисми зиёди аҳоли дар минтақаҳои дорои шароити хуби табиӣ (сарватҳои обӣ, замин, иқлимӣ мусоид)-и атрофи баҳри Миёназамин, Африкаи Шимолӣ ва қисми љанубии материки Евраосиё маскун шуда буданд.
Дар давраи љамъияти ибтидоӣ сатҳи шароити иқтисодиву иљтимоии аҳолӣ хеле вазнин буд. Одамон бештар дар ғорҳо, ки ҳамчун хонаи истиқомати хизмат менамуд зиндагӣ мекарданд. Дар ҳамон давра мақсади рўзмараи асосии одамон қонеъ намудани талабот бо хўрока ва дар ягон љои бехавфу гарм шабгузаронӣ буд. Онҳо бештар ба шикори ҳайвонҳои ёбоӣ ва истеъмоли меваҳои ваҳшӣ машғул буданд. Аз сабаби бар зидди офатҳои табиӣ нотавон буданашон ва шароити бади иқтисодиву иљтимоӣ дараљаи фавт хеле баланд буд. Мувофиқи маълумотҳои таърихӣ дар давраи љамъияти ибтидоӣ дараљаи миёнаи дарозумри 20-25 солро ташкил медод. Одамони љамъияти ибтидоӣ нисбат ба одамони ҳозира 2,7-2,9 маротиба камтар умр медиданд. Новобаста ба чунин вазъи демографӣ шумораи аҳоли оҳиста –оҳиста меафзуд.
Сабаби асосии афзоиши табиӣ дар љамъияти ибтидоӣ ин ба зиёд будани дараљаи таваллуд вобаста аст. Дар минтақаҳои Осиёи Љанубӣ, Европаи љанубӣ ва Африка аҳолӣ нисбатан зич љойгир шуда буд. Дар ин давра дар минтақаҳои қисми шимолии Европа ва Осиё, Австралия ва Америка зичии аҳолӣ хеле паст буд. Дар давраи љамъияти ибтидоӣ суръати афзоиши аҳолӣ хеле суст буд. Тахминан 15 ҳазор сол қабл дар аввали давраи мезолит дар кураи Замин ҳамаги як чанд миллион аҳолӣ истиқомат мекард.